Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мубориза барои медалҳои Лигаи олии футболи Тоҷикистон идома меёбад


Акс аз бойгонист.
Акс аз бойгонист.

Бозиҳои даври 20-уми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ рӯзҳои 24-25 ва 28-уми октябр баргузор шуданд.

Дастаи “Вахш”-и Бохтар, пешсафи мусобиқоти лигаи олӣ, дар бозии даври 20-ум дар варзишгоҳи “Кӯлоб-Арена”-и шаҳри Кӯлоб бар тими “Ҳулбук”-и Восеъ бо ҳисоби 2:0 ғалаба кард.

“Истиқлол”-и Душанбе дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор тими “Равшан”-и Кӯлобро бо ҳисоби бузурги 6:2 шикаст дод. Бозии КМВА (Клуби марказии варзишии артиш)-и Душанбе бо дастаи меҳмон – “Эсхата”-и Хуҷанд - бо ҳисоби 3:3 хотима ёфт.

“Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд бозиро дар сафар бо тими “Панҷшер”-и Ҷалолиддини Балхӣ бо ҳисоби 2:2 ба поён расонд. Бозии “Барқчӣ”-и Ҳисор бо тими меҳмон – “Истаравшан”-и шаҳри Истаравшан – бидуни гол хотима ёфт.

Бозии даври 20-ум миёни дастаҳои «Ҳосилот»-и Фархор ва «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода ба далели иштироки регариҳо дар Лигаи даъвати Конфедератсияи футболи Осиё мавқуф гузошта шуд.

Ба ин тартиб, ҳоло дар ҷадвали мусобиқот “Вахш” бо 40 имтиёз аз 19 бозӣ дар ҷойи аввал аст. “Истиқлол” бо 37 имтиёз аз 17 бозӣ мақоми дуюмро касб кардааст. Клуби марказии варзишии артиш ва “Равшан” ҳар кадом дар 20 бозӣ 33-имтиёзӣ гирифтаанд. Аз рӯи таносуби беҳтари тӯбҳо КМВА дар ҷойии сеюм ва “Равшан” дар ҷойи чорум қарор доранд.

Дар даврҳои боқимонда мубориза барои унвони қаҳрамонӣ байни ду дастаи пешсаф – “Вахш” ва “Истиқлол” – сурат мегирад. “Истиқлол” панҷ бозӣ, “Вахш” се бозии дигар анҷом медиҳанд.

Барои медалҳои биринҷии мусобиқот КМВА ва “Равшан” талош меварзанд, ки ҳар кадом боз ду бозӣ барпо мекунанд.

Мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон-2025

Лигаи олӣ. Даври 20-ум

«Ҳулбук» – «Вахш» - 0:2

Голҳо: Фатҳулло Фатҳуллоев, 72 (0:1), Константин Черний, 76 (0:2).

«Панҷшер» – «Хуҷанд» - 2:2

Голҳо: Игор Вукчевич, 40 (0:1), Шарифов, 44 (0:2), Равшан Азизов, 60 (1:2), Аббос Андалибов, 83 (2:2).

«Барқчӣ» – «Истаравшан» - 0:0

КМВА – «Эсхата» - 3:3

Голҳо: Диёр Шавқиев, 52 (0:1), Анани Кваси, 57 (1:1), Вайсиддин Сафаров, 68 (2:1), Комрон Иброҳимов, 77 (3:1), Акбарзода, 90+3 (3:2), Сардорбек Хурсандов, 90+5 (3:3).

«Истиқлол» – «Равшан» - 6:2

Голҳо: Аянвале Олаолува, 11 (0:1). Рустам Соиров, 22 (1:1). Сиёваш Ҳақназарӣ, 27 (2:1). Амирбек Ҷурабоев, 42 - аз пеналтӣ (3:1). Шериддин Бобоев, 52 (3:2). Эҳсони Панҷшанбе, 78 (4:2). Масрур Ғафуров, 80 (5:2). Пол Камолафе, 90+4 (6:2).

Бозии «Ҳосилот» – «Регар-ТадАЗ» мавқуф гузошта шуд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқоти лигаи олӣ:

1. “Вахш” - 19 бозӣ 40 имтиёз, таносуби тӯбҳо – 30-17

2. “Истиқлол” - 17 бозӣ 37 имтиёз, таносуби тӯбҳо – 33-13

3. КМВА - 20 бозӣ 33 имтиёз, таносуби тӯбҳо – 37-23

4. “Равшан” - 20 бозӣ 33 имтиёз, таносуби тӯбҳо – 25-19

5. “Эсхата” - 20 бозӣ 29 имтиёз, таносуби тӯбҳо – 28-23

6. “Хуҷанд” - 20 бозӣ 27 имтиёз, таносуби тӯбҳо – 23-25

7. “Регар-ТадАЗ” - 19 бозӣ 27 имтиёз, таносуби тӯбҳо – 21-19

8. “Барқчӣ” - 20 бозӣ 26 имтиёз, таносуби тӯбҳо – 21-18

9. “Ҳосилот” - 18 бозӣ 20 имтиёз, таносуби тӯбҳо – 23-25

10. “Истаравшан” - 20 бозӣ 19 имтиёз, таносуби тӯбҳо – 22-36

11. “Ҳулбук” - 10 бозӣ 12 имтиёз, таносуби тӯбҳо – 13-32

12. “Панҷшер” - 20 бозӣ 8 имтиёз, таносуби тӯбҳо – 13-39

Беҳтарин нишонзанҳо: Дмитрий Билоног (“Вахш”), Квадво Фримпонг (“Регар-ТадАЗ”), Шериддин Бобоев (“Равшан”), Аянвале Олаолува (“Равшан”), Пол Камолафе (“Хуҷанд”/”Истиқлол” – 7-голӣ.

Даври 21-ум

1-уми ноябр (шанбе)

18.00 - «Хуҷанд» – КМВА

2-юми ноябр (якшанбе)

16:30 - «Ҳосилот» – «Ҳулбук»

17:00 - «Эсхата» – «Барқчӣ»

17:00 - «Равшан» – «Вахш»

5-уми ноябр (чоршанбе)

16:00 - «Регар-ТадАЗ» – «Панҷшер»

Бозии «Истаравшан» – «Истиқлол» мавқуф гузошта шуд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG