Ба иттилои сомонаи расмии Бозиҳои III кишварҳои ИДМ, то имрӯз дар ҳисоби медалҳо Русия бо касби 117 медал (73 тило, 27 нуқра ва 17 биринҷӣ) мисли пешин дар ҷойи аввал аст.
Беларус бо касби 63 медал (15 тило, 20 нуқра ва 28 биринҷӣ) дар ҷойи дуюм ва Озарбойҷон бо касби 85 медал (13 тило, 27 нуқра ва 45 биринҷӣ) дар ҷойи сеюм қарор доранд.
Инчунин Узбекистон бо касби 41 медал (4 тило, 13 нуқра ва 24 биринҷӣ) дар ҷойи чаҳорум, Қазоқистон бо касби 45 медал (3 тило, 14 нуқра ва 28 биринҷӣ) дар ҷойи панҷум, Қирғизистон бо касби 10 медал (7 нуқра ва 3 биринҷӣ) дар ҷойи шашум, Тоҷикистон бо касби 9 медали биринҷӣ дар ҷойи ҳафтум мебошанд. Туркия бо як медали биринҷӣ дар ҷойи ҳаштум аст.
Варзишгарони панҷ кишвар - Куба, Кувайт, Покистон, Туркманистон ва Умон то ҳоло медал нагирифтаанд.
Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ин Бозиҳо 142 варзишгар дохиланд, ки дар 18 намуд ширкат меварзанд.
Варзишгарони тоҷик то имрӯз дар Бозиҳои III кишварҳои ИДМ ба гирифтани 9 медал даст ёфтаанд. Абдуҷаъфари Баҳодур (54 кг) ва Нурулло Муродов (74 кг), ҳарду дар намуди таеквондо WT, Назаралӣ Холов (64 кг) ва Ёсин Ҳукуматов (71 кг), ҳарду дар риштаи самбо, Идрис Баҳромов (71 кг) дар гуштии озод, Дамир Назаров (46 кг), Умарҷон Асроров (66 кг), Амир Нозимов (75 кг) ва Фурӯғ Сарҳадзода (60 кг), ҳарчор дар риштаи бокс, барандагони медалҳои биринҷӣ шуданд.
Боз се муштзани тоҷик - Аъзамҷон Ҳасанов (48 кг), Беҳрӯз Умаров (50 кг) ва Акбарҷон Абдуллоев (57 кг), ки ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтанд, ҳадди ақал бо нишонҳои нуқра мукофотонида мешаванд.
Дастаи мунтахаби то 16-солаи футболи Тоҷикистон дар Бозиҳои III кишварҳои ИДМ рӯзи 3-юми октябр барои ҷойи сеюм аз тими Беларус бо ҳисоби 0:2 шикаст хӯрд. Дар бозии ниҳоӣ 4-уми октябр Озарбойҷон ва Русия рақобат хоҳанд кард.
Дар марҳилаи гурӯҳӣ футболбозони навраси тоҷик аз тими Озарбойҷон бо ҳисоби 0:1 мағлуб шуда, дастаи Қирғизистонро бо ҳисоби 7:1 шикаст дода буданд.
Дар мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳои сеюм, ки то рӯзи 8-уми октябр идома хоҳанд кард, ба ҷуз аз варзишгарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ҳамчунин намояндагони Куба, Кувайт, Покистон, Туркия ва Умон ширкат доранд.
Мусобиқот дар 12 иншооти варзишӣ дар ҳафт шаҳри Озарбойҷон баргузор шудааст. Варзишгарон барои 246 маҷмӯи медалҳо дар 23 намуд рақобат мекунанд.
Гуфтугӯ