Озарбойҷон бо касби 55 медал (7 тило, 18 нуқра ва 30 биринҷӣ) дар ҷойи дуюм ва Беларус бо касби 40 медал (7 тило, 16 нуқра ва 17 биринҷӣ) дар ҷойи сеюм қарор доранд.
Инчунин Узбекистон бо касби 25 медал (3 тило, 6 нуқра ва 16 биринҷӣ) дар ҷойи чаҳорум, Қазоқистон бо касби 27 медал (2 тило, 8 нуқра ва 17 биринҷӣ) дар ҷойи панҷум, Қирғизистон бо касби 7 медал (4 нуқра ва 3 биринҷӣ) дар ҷойи шашум, Тоҷикистон бо касби 4 медали биринҷӣ дар ҷойи ҳафтум мебошанд.
Варзишгарони Куба, Кувайт, Покистон, Туркия, Туркманистон ва Умон то ҳоло медал надоранд.
Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ин Бозиҳо 142 варзишгар дохиланд, ки дар 18 намуд ширкат меварзанд.
Варзишгарони тоҷик дар риштаҳои таеквондо WT ва самбо чаҳор медал гирифтанд. Таеквондочиён Абдуҷаъфари Баҳодур дар вазни то 54 кило ва Нурулло Муродов дар вазни то 74 кило медалҳои биринҷӣ ба даст оварданд. Инчунин самбочиён Назаралӣ Холов дар вазни то 64 кило ва Ёсин Ҳукуматов дар вазни то 71 кило соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд.
Дар мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳои сеюм, ки то рӯзи 8-уми октябр идома хоҳанд кард, ба ҷуз аз варзишгарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ҳамчунин намояндагони Куба, Кувайт, Покистон, Туркия ва Умон ширкат доранд.
Мусобиқот дар 12 иншооти варзишӣ дар ҳафт шаҳри Озарбойҷон баргузор шудааст. Варзишгарон барои 246 маҷмӯи медалҳо дар 23 намуд рақобат мекунанд.
Гуфтугӯ