Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Игор Черевченко: "Умедворем, ки мухлисонро шод хоҳем кард"


Игор Черевченко, сармураббии дастаи "Истиқлол".
Игор Черевченко, сармураббии дастаи "Истиқлол".

Дастаи “Истиқлол”-и Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои дуи AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2025/26 рӯзи 1-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бо тими “Гоа”-и Ҳиндустон рақобат мекунад. Бозӣ соати 18:45 оғоз меёбад.

Сармураббии дастаи “Истиқлол” Игор Черевченко дар нишасти матбуотии пеш аз бозии Лигаи қаҳрамонҳои дуи AFC бо тими “Гоа” ба хабарнигорон гуфт, “бозӣ бояд хуб ҷараён гирад. Рақиб дастаи пурқувват аст. Дар ҳайати худ легионерҳои зиёд дорад. Умедворем, ки мухлисонро шод хоҳем кард. Пеши даста вазифаи аз гурӯҳ баромадан гузошта шудааст. Мо ҳамаи саъю кӯшиши худро ба харҷ медиҳем, то ки сазовори боварӣ бошем.”

Дар бозии дигари даври дуюм дар гурӯҳи D 1-уми октябр тими “Ал-Наср”-и Арабистони Саудӣ дар меҳмонӣ бо дастаи “Ал-Завра”-и Ироқ вориди рақобат мегардад. Ин бозӣ соати 23:15 бо вақти Душанбе шуруъ мешавад.

Ёдовар мешавем, «Истиқлол» дар нахустин бозиаш дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои дуи AFC 17-уми сентябр дар меҳмонӣ аз тими «Ал-Наср» бо ҳисоби бузурги 0:5 шикаст хӯрда буд.

Мусобиқот дар Лигаи қаҳрамонҳои дуи AFC бо ширкати 32 даста сурат гирифтааст. Дастаҳо ба ду минтақа – Шарқ ва Ғарб тақсим шудаанд. Ҳар як минтақа аз 16 даста иборат мебошад.

“Истиқлол” ба минтақаи Ғарб дохил аст. Дастаи ғолиби минтақаҳо ҳуқуқ пайдо мекунад, ки соли оянда дар Лигаи элита ё бартари бошгоҳҳои футболи Осиё иштирок намояд.

Марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои дуи AFC-2025/26

Минтақаи Ғарб

Гурӯҳи D

«Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ)

«Ал-Завра» (Ироқ)

«Истиқлол» (Тоҷикистон)

«Гоа» (Ҳиндустон)

Даври 1-ум

«Гоа» (Ҳиндустон) - «Ал-Завра» (Ироқ) – 0:2

Голҳо: Розиқ Банӣ Ҳанӣ, 44 (0:1), Низор Ал-Рашдан, 90+5 (0:2)

17-уми сентябр. Гоа. Варзишгоҳи Ҷавоҳирлол Неҳру

«Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ) - «Истиқлол» (Тоҷикистон) – 5:0

Голҳо: Абдулраҳмон Ғариб, 14 (2:0). Ангело, 17 (2:0). Уэсли Тейшера, 59 (3:0. Кинсли Коман, 89 (4:0). Садио Мане, 90+3 (5:0).

17-уми сентябр. Риёз. Варзишгоҳи Донишгоҳи Шоҳ Сауд

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи D

ҶДастаҳоБҒМБТИ
1“Ал-Наср”1100 5-03
2“Ал-Завра”11002-03
3“Гоа”10010-20
4“Истиқлол”10010-50

Даври 2-юм

1-уми октябр (чоршанбе)

18:45 - «Истиқлол» (Тоҷикистон) - «Гоа» (Ҳиндустон)

Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ

23:15 (бо вақти Душанбе) - «Ал-Завра» (Ироқ) - «Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ)

Бағдод. Варзишгоҳи Ал-Завра

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG