Ин бозӣ 24-уми сентябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе доир гардид. Ҳарчанд футболбозони Бохтар дар ин бозӣ бартарӣ доштанд, натавонистанд ба дарвозаи “Барқчӣ” гол зананд. Голи ягонаро ба дарвозаи “Вахш” дар охири дидор, дар дақиқаи 85-ум, Ландри Онана Жайрус, ҳимоятгари 22-сола аз Камерун, ба самар расонд.
Ин аввалин бохти “Вахш” дар мусобиқоти имсолаи лигаи олӣ ба шумор меравад. “Вахш”, ки дар 17 бозӣ 36 имтиёз гирифтааст, дар ҷадвал мавқеи пешсафиашро нигоҳ дошт.
Ҳамлагари “Вахш” Дмитрий Билоног, легионери 30-солаи укроинӣ, инчунин Эммануэл Квадво Фримпонг, легионери африқоии 25-сола аз Гана, аз дастаи “Регар-ТадАЗ”, бо 7-голӣ дар рӯйхати нишонзанҳои беҳтарини мусобиқоти лигаи олӣ дар ҷойи аввал мебошанд.
Қаҳрамони феълии Тоҷикистон – “Истиқлол”-и Душанбе, ки бозиаш дар даври 18-ум бо “Ҳулбук”-и Восеъ мавқуф гузошта шуд, бо 34 имтиёз аз 16 бозӣ дар зинаи дуюми ҷадвал қарор дорад.
Зинаи сеюмро КМВА (Клуби марказии варзишии артиш)-и Душанбе бо 32 имтиёз аз 18 бозӣ соҳиб шудааст. Низомиён бозии даври 18-умро дар меҳмонӣ ба “Равшан”-и Кӯлоб бо ҳисоби 0:1 бохтанд. “Равшан” бо касби 32 имтиёз аз 18 бозӣ зинаи чаҳорумро ишғол кардааст.
Ба ин тартиб, дар даврҳои боқимонда мубориза барои унвони қаҳрамонӣ ва медалҳои мусобиқот байни чаҳор даста – “Вахш”, “Истиқлол”, КМВА ва “Равшан” – шиддат хоҳад гирифт.
Дар даври 18-уми мусобиқоти лигаи олӣ “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода дар майдони худ “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷандро бо ҳисоби 1:0 мағлуб кард. “Панҷшер”-и Ҷалолиддини Балхӣ низ бо ҳисоби 1:0 бар тими меҳмон - «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан ғолиб омад. Дарвоқеъ, ин ғалабаи нахустини “Панҷшер” дар мавсими имсола мебошад. Футболбозони ноҳияи Балхӣ бо 7 имтиёз дар зинаи охирини ҷадвали мусобиқот ҷойгир шудаанд.
Дар бозии дигари даври 18-ум «Ҳосилот»-и Фархор дар майдони худ тими “Эсхата”-и Хуҷандро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод.
Бозиҳои даври 19-уми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ рӯзҳои 17-19-уми октябр барпо мегарданд.
Мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон-2025
Лигаи олӣ. Даври 18-ум
27-уми сентябр (шанбе)
«Регар-ТадАЗ» - «Хуҷанд» - 1:0
Гол: Квадво Фримпонг, 13 – аз пеналти 1:0
Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).
Турсунзода, варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»
28-уми сентябр (якшанбе)
КМВА - «Равшан» - 0:1
Гол: Салоҳиддин Эргашев, 56 (0:1)
Сардовар: Абдулло Давлатов (Шаҳринав).
Турсунзода, варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»
«Панҷшер» - «Истаравшан» - 1:0
Гол: Ҳасанбой Қаҳҳоров, 85 (1:0)
Сардовар: Қурбонмурод Шарипов (Ҳисор).
Бохтар, варзишгоҳи «Вахш»
«Ҳосилот» - «Эсхата» - 1:0
Гол: Фаридун Шарифов, 30 (1:0).
Сардовар: Рустам Нурматов (Душанбе).
Фархор, Варзишгоҳи марказӣ
29-уми сентябр (душанбе)
«Барқчӣ» - «Вахш» - 1:0
Гол: Ландри Онана Жайрус, 85 (1:0)
Сардовар: Хуршед Дадобоев (Хуҷанд).
Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ
Бозии даври 18-ум миёни дастаҳои «Ҳулбук» ва «Истиқлол» мавқуф гузошта шуд.
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот чунин аст:
1. “Вахш” - 17 бозӣ 36 имтиёз, таносуби тӯбҳо – 27-16
2. “Истиқлол” - 16 бозӣ 34 имтиёз, таносуби тӯбҳо – 27-11
3. КМВА - 18 бозӣ 32 имтиёз, таносуби тӯбҳо – 33-18
4.“Равшан” - 18 бозӣ 32 имтиёз, таносуби тӯбҳо – 21-11
5. “Регар-ТадАЗ” - 17 бозӣ 25 имтиёз, таносуби тӯбҳо – 20-18
6. “Эсхата” - 18 бозӣ 25 имтиёз, таносуби тӯбҳо – 24-20
7. “Барқчӣ” - 18 бозӣ 24 имтиёз, таносуби тӯбҳо – 18-16
8. “Хуҷанд” - 18 бозӣ 23 имтиёз, таносуби тӯбҳо – 19-22
9. “Ҳосилот” - 17 бозӣ 20 имтиёз, таносуби тӯбҳо – 22-23
10. “Истаравшан” - 18 бозӣ 15 имтиёз, таносуби тӯбҳо – 20-35
11. “Ҳулбук” - 17 бозӣ 11 имтиёз, таносуби тӯбҳо – 13-30
12. “Панҷшер” - 18 бозӣ 7 имтиёз. , таносуби тӯбҳо – 11-36
Беҳтарин нишонзанҳо: Дмитрий Билоног (“Вахш”) ва Квадво Фримпонг (“Регар-ТадАЗ”) – 7-голӣ.
Даври 19-ум
17-уми октябр (ҷумъа)
«Регар-ТадАЗ» – «Ҳулбук»
«Хуҷанд» – «Ҳосилот»
18-уми октябр (шанбе)
«Эсхата» – «Панҷшер»
«Вахш» – «Истиқлол»
19-уми октябр (якшанбе)
«Истаравшан» – КМВА
«Равшан» – «Барқчӣ»
Гуфтугӯ