Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Густариши пайвастаи нақши Чин дар Осиёи Марказӣ дар канори ҳамоишҳои бузург


Дар ҳоле, ки дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай таваҷҷӯҳ ба раисҷумҳури Русия, Владимир Путин ва раҳбари Чин, Си Ҷинпин, равона шуда буд, Пекин бо ҳукумат ва ширкатҳои Осиёи Марказӣ, махсусан Қазоқистон ва Узбекистон бо маблағи миллиардҳо доллар, қарордодҳо баст.

Дар оғози моҳи сентябр, вақте раиси ҷумҳури Чин, Си Ҷинпин, дар роҳпаймоии бошукуҳи низомӣ дар канори президенти Русия Владимир Путин ва раҳбари Куриёи шимолӣ, Ким Чен Ин, аз рӯйи қолини сурх мегузашт, дар долонҳои ҳукумати Чин талош барои густариши нуфузи ин кишвар идома дошт.

Зимни ин раҳпаймоӣ Си Ҷинпин бо намоиши қудрати худ ба кишварҳои ғарбӣ паёми қатъӣ фиристод, вале дар айни замон мақомот ва корхонаҳои чинӣ бо ҳукумату ширкатҳои Осиёи Марказӣ ба маблағи миллиардҳо доллар созишномаҳои нав имзо карда, ҳамчунин аз тасвиби чанд қарордоди коҳиши монеаҳо дар роҳи фаъолияти ширкатҳои чинӣ дар минтақа хабар доданд.

"Ҳоло Чин комилан ба минтақа ҳамгиро шудааст. Ҳузури густардаи он дар Осиёи Марказиро ҳеҷ кас инкор намекунад", – гуфт, Фрэнк Мараккионе, коршиноси ҳамкориҳои Чин ва Осиёи Марказӣ дар Донишгоҳи Кент.

Ин бештар аз ҳама дар ду кишвари азими Осиёи Марказӣ – Қазоқистон ва Узбекистон чашмраст аст. Дар нишасти сарони Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ва дар ҳошияи роҳпаймоии низомӣ дар Пекин, президенти Қазоқистон, Қосимҷомарт Тоқаев беш аз 70 созишномаи нави тиҷоратӣ бо маблағи 15 миллиард долларро имзо кард. Сармоягузорӣ ба тарҳи нафту газ, долонҳои нақлиётӣ, марказҳои логистикӣ аз ҷумлаи ин қарордодҳоянд.

Президенти Узбекистон, Шавқат Мирзиёев ҳам аз Чин бо бастаи шартномаҳои нав барои сармоягузорӣ дар бахшҳои сохтмону нерӯгоҳи барқи ҳастаӣ, саноати мошинсозӣ баргашт.

Коршинос Фрэнк Мараккионе гуфт: "Гап акнун на танҳо сари робитаи Пекин бо ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ ё тарҳҳои азими зерсохторӣ аст. Бисёри одамон дар минтақа дар ширкатҳои чинӣ кор мекунанд. Молҳои Чинро харидорӣ ва забони онҳоро меомӯзанд. Чин ба ҷузъе аз зиндагии ҳаррӯза табдил ёфтааст".

ЭНЕРЖИИ ҲАСТАӢ, ЛӮЛАИ ГАЗ ВА АРСАҲОИ ДИГАР

Бино ба нишондоди Оҷонсии омори Узбекистон, дар соли 2024 шумори ширкатҳои чинӣ дар ин кишвар аз корхонаҳои русӣ бештар буда, торафт зиёд мешаванд. Соли 2025 дар ин кишвар беш аз 1000 ширкати нави чинӣ ба кор сар кардаанд.

Чин яке аз сармоягузорони асосии кишварҳои Осиёи Марказӣ аст. Қазоқистон, давлати аз лиҳози иқтисодӣ пешрафтаи минтақа ҳам барои дурнамои рушди худ Чинро намуна медонад ва талош дорад, вобастагии иқтисодашро аз нафту газ коҳиш диҳад.

Остона ва кишварҳои дигари минтақа ба таҷриба ва сармоягузории Чин дар бахши энержӣ таваҷҷӯҳ доранд. Чин дар ин ришта ба як кишвари қудратманди ҷаҳон табдил ёфтааст. Дар миёни созишномаҳое, ки ахиран дар Пекин имзо шуд, қарордоди хариди турбинаҳои бодӣ, истеҳсоли мошинҳои барқӣ ва бунёди корхонаҳои истеҳсоли пӯлод бо шарикони чинӣ ҳам ҳаст.

Дар ҳошияи ҳафтаи дидорҳои сатҳи баланд дар Чин, Қазоқистон ҳамчунин бо ширкатҳои чинӣ созишномаҳои иловагӣ ба маблағи 1,5 миллиард доллар барои сармоягузорӣ дар тарҳҳои нафту газ ба имзо расонд.

Мавзӯи ҳамкорӣ дар бахши энержии ҳастаӣ ё нерӯгоҳи атомӣ, ки Чин мехоҳад онро густариш диҳад, низ дар маркази таваҷҷӯҳ буд. Рӯзи дуюми сентябр, Шавқат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбекистон бо Шэн Янфен, раҳбари ширкати миллии ҳастаии Чин (CNNC) мулоқот кард. Мавзӯи аслии сӯҳбат ба густариши равобити ҳамкорӣ равона шуда буд. Дар ҳамин ҳол, вазири канданиҳои фоиданоки Узбекистон, Бобур Исломов эълон кард, ки миёни ду кишвар 13 созишномаи нав, аз ҷумла дар бахши маъдан бо маблағи 5 миллиард доллар ба даст омадааст.

Моҳи июни Узбекистон бо ширкати давлатии энергетикаи ҳастаии Русия - Росатом барои сохтмони корхонаи хурди атомӣ созишнома имзо кард. Аммо таҳримҳои ҷаҳонӣ алайҳои Русия ояндаи ширкати атомиро зери суол бурд ва эҳтимол Тошканд Чинро чун алтернатива ё як имконияти дигар истифода хоҳад бурд.

Мақомоти Қазоқистон ҳам моҳи июл эълон карданд, ки ширкати чинӣ дар ин кишвар нерӯгоҳи сеюми атомиро месозад.

НУСХАИ НАВ АЗ БОЗИИ ЧАНДБУЪДӢ

Темур Умаров, ходими илмии Маркази Авруосиёгии Карнегӣ дар Берлин мегӯяд, талошу таваҷҷӯҳи зиёди Чин барои ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар солҳои ахир сабаб шуда, ки ин кишвар ба як бозигари бисёр муҳими иқтисодӣ ва акнун сиёсӣ дар минтақа табдил ёбад.

Кишварҳо агарчӣ ба ҷалби таваҷҷӯҳи сармоягузорону ширкатҳои чинӣ манфиатдоранд, аммо аз ҳузуру вобастагии аз ҳад зиёд эҳтиёт мекунанд.

Темур Умаров афзуд: "Стратегияи ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ то ҳадде устувор шудааст ва онҳо кӯшиши тағйири равобит бо Чинро надоранд". Вай илова кард, ки: "Онҳо сиёсати қадимӣ ва бисёрсамтаи хориҷии худро идома медиҳанд".

Ин сиёсат аз дарёфту ҷустуҷӯи шарикони гуногун иборат аст. Ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ аз ҳузури густурдаи Аврупо истиқбол мекунанд ва ҳамчунин талош доранд, робитаи қавӣ бо ИМА-ро ҳам ҳифз намоянд.

Моҳи апрел дар Узбекистон, нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор шуд. Дар он ба созишномаҳо дар бахши энержӣ, канданиҳои фоиданок ва шартномаи транзитӣ таваҷҷӯҳ карданд.

Ҳаҷми савдо миёни Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, яке аз бузургтарин шарики тиҷоратӣ дар солҳои ахир ба таври бесобиқа афзуда, ба сатҳи рекордӣ расидааст. Соли 2024 он 94,8 миллиард долларро ташкил дод. Аммо дар маҷмӯъ Иттиҳоди Аврупо иборат аз 24 кишвар, ҳамоно бузургтарин сармоягузори хориҷӣ дар Осиёи Марказӣ дониста мешавад.

  • Акси 16x9

    Рид Стэндиш

    Рид Стэндиш рӯзноманигорест, ки масъалаҳои Русия ва АвруОсиёро бозтоб медиҳад. Вай пештар барои маҷаллаи Foreign Policy дар Маскав кор мекард ва борҳо ба кишварҳои Осиёи Марказӣ сафар кардааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG