Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, агар замони асосии бозиҳои даври 1/8-ниҳоӣ мусовӣ анҷом ёбад, онгоҳ ду қисми иловагӣ иборат аз 15-дақиқаӣ таъйин мешавад. Агар он ҳам ғолибро муайян насозад, бар асоси муқаррароти FIFA (Федератсияи байналмилалии футбол) силсилаи зарбаҳои пеналти таъйин мегардад.
Барандаи феълии Ҷоми Тоҷикистон – “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода мебошад, ки дар марҳилаи 1/8-ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон 29-уми июл дар майдони худ бо тими «Барқчӣ»-и Ҳисор рӯбарӯ мешавад.
Дар ҳафт бозии дигари даври ҳаштякниҳоӣ дастаҳои зерин бо ҳам рақобат мекунанд:
«Парвоз» (Фурудгоҳи Хуҷанд) - «Ҳулбук» (Восеъ) – 29-уми июл;
«Саройкамар» (Панҷ) - «Ваҳдат» (Ваҳдат) - 29-уми июл;
«Равшан» (Кӯлоб) - «Сардор» (Турсунзода) - 30-юми июл;
«Эсхата» (Хуҷанд) – КМВА (Душанбе) - 30-юми июл;
«Истаравшан» (Истаравшан) - «Ҳосилот» (Фархор) – 31-уми июл;
«Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ) - «Вахш» (Бохтар) – 1-уми август;
«Хуҷанд» (Хуҷанд) - «Истиқлол» (Душанбе) – 1-уми август.
Мусобиқот барои Ҷоми Тоҷикистон бори 34-ум сурат гирифтааст. Ҷоми миллиро аз ҳама бештар - 10 бор - дастаи “Истиқлол”-и Душанбе ба даст овардааст.
Ҷоми Тоҷикистон-2025
1/8 финал
29-уми июл (сешанбе)
Оғози бозӣ – соати 16:45
«Парвоз» - «Ҳулбук»
Сардовар: Қурбонмурод Шарипов (Турсунзода).
Бобоҷон Ғафуров, варзишгоҳи «Фурудгоҳ»
29-уми июл (сешанбе)
Оғози бозӣ – соати 16:45
«Саройкамар» - «Ваҳдат»
Сардовар: Амирҷон Хоркашев (Душанбе).
Панҷ, Варзишгоҳи марказӣ
29-уми июл (сешанбе)
Оғози бозӣ – соати 19:00
«Регар-ТадАЗ» - «Барқчӣ»
Сардовар: Бахтиёр Комилов (Кӯлоб).
Турсунзода, варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»
30-юми июл (чоршанбе)
Оғози бозӣ – соати 19:00
«Равшан» - «Сардор»
Сардовар: Наврӯз Воҳидов (Вахш).
Кӯлоб, варзишгоҳи «Кӯлоб-Арена»
30-юми июл (чоршанбе)
Оғози бозӣ – соати 20:00
«Эсхата» - КМВА
Сардовар: Абдулло Давлатов (Шаҳринав).
Хуҷанд, варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»
31-уми июл (панҷшанбе)
Оғози бозӣ – соати 20:00
«Истаравшан» - «Ҳосилот»
Сардовар: Рустам Нурматов (Душанбе).
Истаравшан, Варзишгоҳи марказӣ
1-уми август (ҷумъа)
Оғози бозӣ – соати 16:45
«Панҷшер» - «Вахш»
Сардовар: Шаҳбоз Зардов (Душанбе).
Бохтар, варзишгоҳи «Вахш»
1-уми август (ҷумъа)
Оғози бозӣ – соати 20:00
«Хуҷанд» - «Истиқлол»
Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).
Хуҷанд, варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»
Гуфтугӯ