Темури 27-сола, ки дар рӯзи охиринни мусобиқот - 19-уми июн - дар вазни +100 кило ба сабқат аз даври дуюм пардохт, рақибаш Сеунгёб Лии 25-соларо аз Кореяи Ҷанубӣ шикаст дод. Темур дар даври дуюм бар Мовлӣ Борчашвиллии 24-сола аз Австрия пирӯз шуда, ба чаҳорякфинал роҳ ёфт. Раҳимов дар даври чаҳорякниҳоӣ Гончигсурен Батхуяги 25-солаи муғулро мағлуб карда, ба нимфинал баромад.
Аммо Темур дар даври ниманиҳоӣ аз Инал Тасоеви 27-сола аз дастаи Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) ноком шуд. Раҳимов барои медали биринҷӣ бар Ушанги Кокаурои 33-сола аз Озарбойҷон ғолиб омад. Ин аввалин медали Темур Раҳимов дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон ба шумор меравад.
Ба ин тартиб, паҳлавонони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии инфиродии ҷаҳон миёни бузургсолон дар Будапешт се медал (як нуқра ва ду биринҷӣ) гирифтанд, ки ин натиҷаи беҳтарин дар таърихи ҷудои кишвар мебошад.
Медали нуқраро Эмомалӣ Нуралии 23-сола, ки ҳоло ҷудокори шумораи яки ҷаҳон дар вазни то 66 кило мебошад, ба даст овард. Дарвоқеъ, ин аввалин ва ягона медали нуқра дар таърихи ҷудои тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон аст.
Паҳлавони 27-солаи тоҷик Обид Ҷебов дар вазни то 66 кило бо медали биринҷӣ сарфароз шуд. Медали дуюми биринҷиро дар Будапешт Темур Раҳимов дар вазни беш аз 100 кило ба Тоҷикистон овард.
Натиҷаи нишондодаи Ҷаҳонгир Маҷидови 25-сола низ дар қаҳрамонии ҷаҳон дар Будапешт қобили қайд аст. Вай дар вазни то 100 кило мақоми ҳафтумро касб кард.
Аммо панҷ гуштигири тоҷик - Меҳрзод Суфиев дар вазни то 60 кило, Беҳрӯзи Хоҷазода ва Абубакр Шеров – ҳарду дар вазни то 73 кило, Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 81 кило, Кароматулло Ҳакимов дар вазни то 100 кило - дар даврҳои интихобӣ аз рақибонашон ноком шуда, аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум гаштанд.
Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар мусобиқоти қаҳрамонии инфиродии ҷаҳон, ки дар пойтахти Маҷористон рӯзҳои 13-19-уми июн доир гардид, 556 варзишгар (294 мард ва 262 зан) аз 93 кишвари 6 қораи олам иштирок карданд.
Ғолибону ҷоизадорони мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон дар Будапешти Маҷористон:
Мардон
60 кг
1. Рюҷи НАГАЯМА (Ҷопон)
2. Ромаин ВАЛИДЕ ПИКАРД (Фаронса)
3. Елк КАЗИРБЕК (Муғулистон)
3. Аюб БЛИЕВ (IJF)
66 кг
1. Такеши ТАКЕОКА (Ҷопон)
2. Эмомалӣ НУРАЛӢ (Тоҷикистон)
3. Обид ҶЕБОВ (Тоҷикистон)
3. Ҳифуми АБЕ (Ҷопон)
73 кг
1. Ҷоан-Бенжамин ГАБА (Фаронса)
2. Даниел ГАРГНИН (Бразилия)
3. Маҳмадбек МАҲМАДБЕКОВ (Имороти Муттаҳидаи Арабӣ)
3. Татсуки ИШИҲАРА (Ҷопон)
81 кг
1. Темур АРБУЗОВ (IJF)
2. Тато ГРИГАЛАШВИЛИ (Гурҷистон)
3. Зелим ТСКАЕВ (Озарбойҷон)
3. Ҷунван ЛИИ (Кореяи Ҷанубӣ)
90 кг
1. Санширо МУРАО (Ҷопон)
2. Гоки ТАҶИМА (Ҷопон)
3. Елжан ҲОҶИЕВ (Озарбойҷон)
3. Лука МАЙСУРАДЗЕ (Гурҷистон)
100 кг
1. Матвей КАНИКОВСКИЙ (IJF)
2. Дота АРАИ (Ҷопон)
3. Зелим КАТСОЕВ (Озарбойҷон)
3. Арман АДАМЯН (IJF)
+100 кг
1. Инал ТАСОЕВ (IJF)
2. Гурам ТУШИШВИЛИ (Гурҷистон)
3. Темур РАҲИМОВ (Тоҷикистон)
3. Минҷонг КИМ (Кореяи Ҷанубӣ)
Занон
48 кг
1. Ассунта СКУТТО (Италия)
2. Ҳабиба АБУЖАКИНОВА (Қазоқистон)
3. Лаура АРТИНЕЗ АБЕЛЕНДА (Испания)
3. Ваканда КОГА (Ҷопон)
52 кг
1. Ута АБЕ (Ҷопон)
2. Дистриа КРАСНИҚИ (Косово)
3. Роза ГЙЕРТИАС (Маҷористон)
3. Маша БАЛЛҲАУС (Олмон)
57 кг
1. Этери ЛИПАРТАДИАНИ (Гурҷистон)
2. Момо ТАМАОКИ (Ҷопон)
3. Ширлин НАСИМЕНТО (Бразилия)
3. Сара Леони СИСИК (Фаронса)
63 кг
1. Ҳарука КАҶУ (Ҷопон)
2. Катерина БУШЕМИ-ПИНО (Канада)
3. Ганхаич БОЛД (Муғулистон)
3. Лаура ФАЗЛИУ (Косово)
70 кг
1. Шихо ТАНАКА (Ҷопон)
2. Лара СВЕТКО (Хорватия)
3. Санне ВАН ДАЙК (Нидерланд)
3. Мариам БУТКЕРЕИТ (Олмон)
78 кг
1. Алисе БЕЛЛАНДИ (Италия)
2. Анна Монта ОЛЕК (Олмон)
3. Курена ИКЕДА (Ҷопон)
3. Патрисиа САНПАИО (Португалия)
+78 кг
1. Ҳаюн КИМ (Кореяи Ҷанубӣ)
2. Мао АРАИ (Ҷопон)
3. Ҳёнҷи Ли (Кореяи Ҷанубӣ)
3. Романе ДИСКО (Фаронса)
Дар ҳисоби медалҳо Ҷопон бо касби 14 медал (6 тилло, 4 нуқра ва 4 биринҷӣ) ҷойи аввалро соҳиб шуд. Дастаи IJF (Федератсияи байналмилалии ҷудо) бо касби 5 медал (3 тилло ва 2 биринҷӣ) дар ҷойи дуюм ва Италия бо ду медали тилло дар ҷойи сеюм қарор гирифтанд.
Тоҷикистон бо як медали нуқра, ду нишони биринҷӣ ва як мақоми ҳафтум дар байни 93 кишвар ҷойи ҳафтумро азони худ кард.
Ғолибону ҷоизадорони мусобиқоти қаҳрамонии инфиродии ҷудои ҷаҳон ба ҷуз аз медал, бо ҷоизаҳои молӣ - барои ҷойи аввал 26,000 евро (ба варзишгар – 20,800 евро, ба мураббӣ - 5,200 евро), барои ҷойи дуюм 15,000 евро (ба варзишгар – 12,000 евро, ба мураббӣ - 3000 евро) ва барои ҷойҳои сеюм 8000-евроӣ (ба варзишгар – 6,400 евро, ба мураббӣ - 1,600 евро) - қадрдонӣ шуданд.
Ёдовар мешавем, соли гузашта дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон дар шаҳри Абузабии Имороти Муттаҳидаи Арабӣ паҳлавони маъруфи тоҷик Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 81 кило барандаи медали биринҷӣ гардида буд.
Бояд зикр намуд, ки ин дуюмин медал дар таърихи ҷудои тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон миёни бузургсолон ба шумор меравад. Аввалин медалро дар ин мусобиқот Расул Боқиев соли 2007-ум дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия ба даст овардааст. Вай дар вазни то 73 кило бо медали биринҷӣ сарфароз шуда буд.
Дар маҷмуъ, паҳлавонони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон панҷ медал гирифтаанд, ки яктоаш нишони нуқра ва чаҳортоаш биринҷист.
Рӯзи 20-уми июн дар Будапешти Маҷористон мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон дар байни дастаҳои омехта доир мегардад, аммо гуштигирони тоҷик дар он ширкат намеварзанд.
Гуфтугӯ