Дастаи “Соро компания” зери раҳбарии сармураббӣ Пайрав Воҳидов дар бозии ниҳоӣ, ки 11-уми июн дар шаҳри Душанбе, дар Маҷмааи варзишии Кумитаи андози Тоҷикистон доир гардид, тими "Сипар"-и Хуҷандро бо ҳисоби 3:1 шикаст дод.
Аз ҳайати “Соро компания” Идрис Ёров ду гол зад. Як голи дигари душанбегиҳоро Фирӯз Сангов ба самар расонд. Голи ягонаи “Сипар” ба Иқбол Воситзода марбут аст.
Пас аз анҷоми бозии ниҳоӣ маросими ҷоизасупорӣ доир гардид. Ба “Соро компания” Ҷоми Тоҷикистон-2025 супурда шуд. Бозигарону мураббиёни даста бо медалҳои тилло сарфароз гаштанд. Дастаи “Сипар” бо медалҳои нуқра мукофтонида шуд.
Беҳтарин бозигари бозии ниҳоӣ Иқбол Воситзода («Сипар») дониста шуд. Ҷоизаи беҳтарин дарвозабони мусобиқот насиби Нуриддин Ҷабборов (“Соро компания”) гардид. Идрис Ёров (“Соро компания”) беҳтарин нишонзани мусобиқот шуд.
Зимнан, дастаи “Соро компания” қаблан солҳои 2020, 2021, 2022 ва 2023 Ҷоми Тоҷикистонро ба даст оварда буд.
Ёдовар мешавем, моҳи майи соли равон бошгоҳи «Соро компания»-и Душанбе, ки аз рӯи натиҷаҳои се бозии силсилаи ниҳоии Суперлигаи футзали Тоҷикистон-2024/2025 бар тими “Истиқлол”-и Душанбе бо ҳисоби умумии 3:0 пирӯз шуд, ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфт.
“Соро компания” бори панҷум бо Ҷоми қаҳрамонӣ, медалҳои тиллои Суперлигаи футзали Тоҷикистон ва ҷоизаи молӣ ба маблағи 50 ҳазор сомонӣ сарфароз гашт. “Соро компания” солҳои 2018, 2019, 2021, 2022 ва 2025 қаҳрамони Тоҷикистон шудааст.
Гуфтугӯ