Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тими ҷавонони Тоҷикистон Афғонистонро шикаст дод


Дастаи мунтахаби ҷавонони то 18-солаи Тоҷикистон дар аввалин бозиаш дар мусобиқоти қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA U-20) бар тими Афғонистон бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, бозии даври аввал дар гурӯҳи “А” байни футболбозони ҷавони Тоҷикстон (U-18) ва Афғонистон (U-20) шаби сешанбеи 10-уми июн дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор доир гардид.

Голҳоро футболбозони ҷавони тоҷик Абдулло Иброҳимзода дар дақиқаи 15-ум ва Зариф Зарифзода (90+6) аз пеналти ё ҷаримаи 11-метрӣ ба самар расонданд.

Дар бозии даври аввал дар гурӯҳи “В” тими ҷавонони Эрон бар дастаи Туркманистон бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд.

Бозиҳои даври дуюми мусобиқот рӯзи панҷшанбеи 12-уми июн дар варзишгоҳи «ТАЛКО Арена»-и шаҳри Турсунзода байни дастаҳои Қирғизистон – Афғонистон ва Узбекистон – Туркманистон баргузор мешаванд.

Дастаи Тоҷикистон, ки дар даври дуюм истироҳат мекунад, дар даври сеюм рӯзи шанбеи 14-уми июн бо тими Қирғизистон рақобат хоҳад кард.

Тибқи низомномаи мусобиқот ғолибони гурӯҳҳо ба финал роҳ меёбанд. Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳои худ ҷойи дуюмро мегиранд, дар бозӣ барои ҷойи сеюм рӯбарӯ хоҳанд шуд. Инчунин барои ҷойи панҷум бозии тасаллобахш баргузор мешавад.

Мусобиқоти қаҳрамонии CAFA U-20

Гурӯҳи «А»

Тоҷикистон

Қирғизистон

Афғонистон

Гурӯҳи «В»

Эрон

Узбекистон

Туркманистон

Даври 1-ум

Гурӯҳи “А”

Афғонистон – Тоҷикистон – 0:2

Голҳо: Абдулло Иброҳимзода, 15 (0:1). Зариф Зарифзода, 90+6 – аз пеналти (0:2).

10-уми июн. Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

Гурӯҳи “В”

Туркманистон – Эрон – 0:1

10-уми июн. Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

Даври 2-юм

12-уми июн (панҷшанбе)

17:00 – Қирғизистон - Афғонистон

21:00 – Узбекистон - Туркманистон

Турсунзода, варзишгоҳи “ТАЛКО-Арена”

Даври 3-юм

14-уми июн (шанбе)

17:00 – Эрон - Узбекистон

21:00 – Тоҷикистон - Қирғизистон

Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

Бояд гуфт, ки асоси дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-18) аз бозигарони мунтахаби наврасони кишвар (U-17) иборат аст, ки моҳи ноябр дар Ҷоми ҷаҳон-2025 ширкат мекунанд.

Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон зери раҳбарии сармураббӣ Марко Раҷини, мутахассиси итолиёӣ, дар Ҷоми Осиё-2025 дар Арабистони Саудӣ ба марҳилаи чорякниҳоӣ роҳ ёфт ва ба Ҷоми ҷаҳон-2025, ки аз 3-юм то 27-уми ноябр дар Қатар баргузор мешавад, роҳхат гирифт.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG