Мақомҳои истихборотии Украини бе ифшои номашон, ба бахши украинии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ гуфтаанд, ки эҳтимолан то 40 ҳавопаймои бомбафкан ҳадаф қарор гирифтанд.
Созмони амнияти Украина (SBU) низ дар баёнияе эълон кардааст, ки ин ҳамлаҳо "34 дарсад аз ҳамлкунандаҳои мушакҳои Курузро дар пойгоҳҳои аслии Русия"-ро нишон гирифтанд ва маҷмӯи зарар, ҳудуди 7 миллиард доллар бароварда шудааст.
Ба гузориши маркази хабари Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, ин амалиёт дар умқи хоки Русия анҷом шуда, ҳамлаи ҷасурона ва як шармандагии калоне барои ниҳодҳои истихборотӣ ва низомии Русия гуфта мешавад.
Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина дар "Телеграм" навишт, ки барои ин амалиёт беш аз як сол омодагӣ гирифта шуда буд. Ӯ афзуд, "Натиҷаи воқеан олӣ. Ва дастоварде, ки Украина ба таври мустақил ба он даст ёфтааст".
Мақомҳои Русия то ҳанӯз ба ин иддаоҳо вокуниш нишон надодаанд. Аммо Вазорати дифои Русия эълон кардааст, ки пойгоҳҳои ҳавоӣ дар панҷ минтақа -- Мурманск, Иркутск, Иваново, Рязан ва Амур ҳадаф қарор гирифтанд ва дар ду пойгоҳ "чанд ҳавопаймо дучори оташсӯзӣ шуданд".
Ин вазорат иддао кардааст, ки ҳамлаҳо дар Иваново, Рязан ва Амур, хунсо шуданд.
Дар ҳамин ҳол, каналҳои телеграмии Русия аксҳо ва видеоҳоеро нашр кардаанд, ки нишон медиҳад паҳбодҳо аз контейнерҳо партоб мешаванд ва пас аз бархӯрд ба ҳадаф, дар чанд маҳал таркиш ва оташсӯзӣ рух медиҳад.
Созмони истихбороти Украина низ видеоеро нашр кард, ки дар он паҳбодҳо ба ҳавопаймои бомбафкани TU-95-и паркшуда бармехӯрад ва дуд аз чанд пойгоҳ баланд мешавад.
Бомбафканҳои Русия, ки дар ҷанг алайҳи Украина нақши калидӣ доштаанд, бо партоби мушакҳои "Куруз" аз баландӣ мепарзоданд, ки фаротар аз имкони системаи дифои ҳавоии Украина аст.
Мақомҳои чанд минтақаи Русия мушоҳида шудани паҳбодҳои украиниро тасдиқ қардаанд, ҳарчанд онҳо ишорае ба сарнагунӣ ё бархӯрди онҳо ба бомбафкан накардаанд.
Тибқи гузоришҳо, пойгоҳҳое дар Мурманск, Рязан дар маркази Русия ва Иркутск дар Сибир ҳадаф қарор гирифтанд. Иркутск ҳудуди 4000километр аз марзи Русия дур аст.
Губернатори Иркутск гуфтааст, ин аввалин бор аст, ки паҳбодҳои украинӣ дар минтақа мушоҳида мешаванд.
Созмони истихбороти Украина ҳамчунин акҳоеро нашр кард, ки ҳавопаймоҳои бесарнишинро дар дохили сандуқҳои чӯбин дар як анбор нишон медиҳад.
Як мақоми Созмони истихбороти Украина гуфтааст, ки ин паҳбодҳо тавассути идораи онҳо ба дохили хоки Русия интиқол ёфтанд ва дарҳои чӯбии сандуқҳо аз роҳи дур ба таври автоматикӣ боз шуда, сипас паҳбодҳо барои ҳамла парвоз кардаанд.
Ӯ афзудааст, ин амалиёт бо номи "Тори анкабут" тавонист бомбафканҳои TU-22 ва TU-95-ро ҳадаф қарор диҳад.
Ин дар ҳоле аст, ки дар ҳамлаҳои ахири Русия ба як маркази омӯзишӣ дар Украина, 13 сарбоз кушта шуданд. Дар пайи ин ҳодиса, Михаил Драпатий, фармондеҳи нерӯҳои пиёдаи Украина, ки аз фармондеҳони шинохташудаи ҷангӣ аст, аз мақоми худ истеъфо дод. Ҳанӯз маълум нест, ки оё президент Зеленский истеъфои ӯро пазируфтааст ё не.
Ҳамлаҳои густурдаи Украина ба пойгоҳҳои низомии Русия дар ҳолест, ки имрӯз, 2 июн, дар Истанбул даври навбатии музокироти ҳайатҳои ҳарду ҷониб баргузор мешавад. Ҳарду ҷониб тасдиқ карданд, ки дар ин нишаст ширкат хоҳанд кард.
Гуфтугӯ