Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), то ҳоло барои иштирок дар мусобиқоти қаҳрамонии инфиродии ҷаҳон дар пойтахти Маҷористон 548 варзишгар (286 мард ва 262 зан) аз 92 кишвар номнавис шудаанд.
Тоҷикистонро дар мусобиқоти қаҳрамонии инфиродии ҷудои ҷаҳон дар Будапешт 9 варзишгар дар рақобатҳо байни мардон намояндагӣ хоҳад кард:
-60 кг – Меҳрзод Суфиев
-66 кг – Эмомалӣ Нуралӣ
-66 кг – Обид Ҷебов -73 кг
-73 кг – Беҳрӯзи Хоҷазода
-73 кг – Абубакр Шеров
-81 кг – Сомон Маҳмадбеков
-100 кг – Ҷаҳонгир Маҷидов
-100 кг – Кароматулло Ҳакимов
+100 кг – Темур Раҳимов
Варзишгарон дар рақобатҳои инфиродӣ барои 14 маҷмуи медалҳо (7 вазн байни мардон ва 7 вазн миёни занон) талош мекунанд.
Тибқи дастури мусобиқот рақобатҳо ҳар рӯз дар як вазн миёни мардон ва дар як вазн миёни занон доир мегардад.
Ғолибону ҷоизадорони мусобиқоти қаҳрамонии инфиродии ҷудои ҷаҳон ба ҷуз аз медал, бо ҷоизаҳои молӣ қадрдонӣ мешаванд: барои ҷойи аввал 26,000 евро (ба варзишгар – 20,800 евро, ба мураббӣ - 5,200 евро), барои ҷойи дуюм 15,000 евро (ба варзишгар – 12,000 евро, ба мураббӣ - 3000 евро) ва барои ҷойҳои сеюм 8000 евро (ба варзишгар – 6,400 евро, ба мураббӣ - 1,600 евро).
Ёдовар мешавем, соли гузашта дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон дар шаҳри Абузабии Имороти Муттаҳидаи Арабӣ паҳлавони маъруфи тоҷик Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 81 кило барандаи медали биринҷӣ гардида буд.
Бояд зикр намуд, ки ин дуюмин медал дар таърихи ҷудои тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон миёни бузургсолон ба шумор меравад. Аввалин медалро дар ин мусобиқот Расул Боқиев соли 2007 дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия ба даст овардааст. Вай дар вазни то 73 кило бо медали биринҷӣ сарфароз шуда буд.
Гуфтугӯ