Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намояндагони Узбекистон ғолиби ниммарафони байнулмилалии Душанбе шуданд 


Ниммарафони XV байнулмилалӣ бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки 19-уми апрел дар Душанбе доир гардид, бо пирӯзии варзишгарони Узбекистон  Шоҳрух Давлатов ва Екатерина Тингускова ба поён расид.

Дар понздаҳумин давраи ниммарафони байнулмилалии Душанбе дар баробари варзишгарони тоҷик, инчунин давандаҳои ҳирфаӣ аз кишварҳои хориҷӣ иштирок карданд.

Ниммарафони байнулмилалӣ, ки масофаи 21 километру 97,5 метрро дарбар гирифт, рӯзи шанбе аз шоҳроҳи назди "Наврӯзгоҳ"-и пойтахт шурӯъ шуда, дар майдони Дӯстӣ, назди муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ, хотима ёфт.

Шаҳрдорӣ барои баргузории ниммарафони XV байнулмилалӣ аз ҳисоби маблағҳои фонди рушди пойтахт 593 040 сомонӣ ихтисос дод.

Варзишгароне, ки ҷойҳои аз якум то шашумро байни мардон ва занон ишғол карданд, бо ҷоизаҳои молӣ сарфароз гардиданд: ҷойи 1-ум 38 500 сомонӣ, ҷойи 2-юм 33 000 сомонӣ, ҷойи 3-юм 27 500 сомонӣ, ҷойи 4-ум 16 000 сомонӣ, ҷойи 5-ум 14 800 сомонӣ, ҷойи 6-ум 11 500 сомонӣ.

Ба варзишгарони ҳаваскор, ки ба масофаи 5 км давиданд, барои ҷойи якум 7 700 сомонӣ, ҷойи дуюм 5 500 сомонӣ ва ҷойи сеюм 3 300 сомонӣ тақдим гардид.

Ғолибону ҷоизадорони ниммарафони XV байнулмилалии Душанбе:

Мардон

1. Шоҳрух Давлатов (Узбекистон) - 1:04,11
2. Фенти Гирма (Эфиопия ё Ҳабашистон) - 1:04,14
3. Ҳасан Мирсоатов (Узбекистон) - 1:04,42
4. Ярослав Белкин (Русия) - 1:05,19
5. Отабек Тошқувватов (Узбекистон) - 1:05,16
6. Виталий Шафа (Украина) - 1:06,12

Занон

1. Екатерина Тингускова (Узбекистон) - 1:18,31
2. Елена Сергеева (Русия) - 1:18,34
3. Александра Вдовина (Русия) -1:19,06
4. Светлана Кудзелич (Беларус) - 1:20,53
5. Елена Толстих (Русия) - 1:21,45
6. Азизахон Мирзоакбарова (Узбекистон) - 1:22,40

Аз Тоҷикистон Зуҳуршои Наҷмиддин дар байни мардон мақоми 11-ум ва Раҷабмоҳ Абдуллоева миёни занон ҷойи 12-умро ишғол карданд.

Бояд гуфт, ки ниммарафони байнулмилалии Душанбе аз соли 2014 ба тақвими мусобиқоти Созмони байнулмилалии марафон ва дав ба масофаҳои дур шомил шудааст. Аммо соли 2020 ниммарафон бо сабаби хуруҷи коронавирус дар ҷаҳон баргузор нашуд.

Дар умум дар понздаҳ даври ниммарафони байнулмилалии Душанбе дар байни мардон давандаҳои Узбекистон 5 бор, Эфиопия (Ҳабашистон) 3 бор, Кения, Русия ва Украина дуборӣ, Қазоқистон 1 бор; дар миёни занон бошад, намояндагони Қирғизистон 5 бор, Русия ва Узбекистон чаҳорборӣ, Беларус ва Эфиопия (Ҳабашистон) якборӣ ғолиб шудаанд.

Соли гузашта дар ниммарафони XIV байнулмилалии Душанбе байни мардон Виталий Шафа аз Украина бо натиҷаи 1:04,37 ва миёни занон Азизахон Мирзоакбароваи узбекистонӣ бо натиҷаи 1:18,44 пирӯз гардида буданд.

Натиҷаи беҳтарини варзишгарони тоҷик дар таърихи ниммарафони байнулмилалии Душанбе ҷойи дувум миёни занон ва ҷойи чаҳорум байни мардон мебошад.

Ҳамаи ғолибони ниммарафони байнулмилалии Душанбе:

Мардон

2010 – Тоҳир Мамашев (Қазоқистон)

2011 – Михаил Биков (Русия)

2012 – Андрей Петров (Узбекистон)

2013 – Андрей Петров (Узбекистон)

2014 – Роман Романенко (Украина)

2015 – Юрий Чечун (Русия)

2016 – Либога Вилсон (Кения)

2017 – Тилаҳун Гирма (Эфиопия)

2018 – Тефера Гоза (Эфиопия)

2019 – Фенте Ҷирма (Эфиопия)

2021 – Шоҳрух Давлатов (Узбекистон)

2022 - Тоо Лазарус (Кения)

2023 - Шоҳрух Давлатов (Узбекистон)

2024 - Виталий Шафа (Украина)

2025 – Шоҳрух Давлатов (Узбекистон)

Занон

2010 – Надежда Поволяева (Русия)

2011 – Алёна Самохвалова (Русия)

2012 – Камила Ханипова (Русия)

2013 – Александра Дулиба (Беларус)

2014 – Ситора Ҳамидова (Ӯзбекистон)

2015 – Юлия Чиженко (Русия)

2016 – Даря Маслова (Қирғизистон)

2017 – Виктория Полюдина (Қирғизистон)

2018 – Даря Маслова (Қирғизистон)

2019 – Даря Маслова (Қирғизистон)

2021 - Даря Маслова (Қирғизистон)

2022 - Течу Бекелу Абебе (Эфиопия)

2023 - Екатерина Тингускова (Узбекистон)

2024 - Азизахон Мирзоакбарова (Узбекистон)

2025 - Екатерина Тингускова (Узбекистон)

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG