Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон зери раҳбарии сармураббӣ Марко Раҷини шоми 17-уми апрел пас аз иштирок дар Ҷоми Осиё-2025 аз Арабистони Саудӣ ба ватан баргашт.
Дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе ҳайати мунтахаби наврасонро мақомот, рӯзноманигорон, мухлисон ва наздикони футболбозон, истиқбол карданд.
Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Ҷоми Осиё-2025 дар Арабистони Саудӣ дар маҷмуъ чаҳор бозӣ анҷом дода, ба марҳилаи чорякниҳоӣ роҳ ёфт ва ба Ҷоми ҷаҳон-2025, ки аз 3-юм то 27-уми ноябр дар Қатар баргузор мешавад, роҳхат гирифт.
Наврасони тоҷик дар марҳилаи гурӯҳии мусобиқот бар дастаҳои Уммон (2:1) ва Эрон (3:1) пирӯз шуда, аз тими Кореяи Шимолӣ (0:3) шикаст хӯрда, дар даври чорякниҳоӣ аз тими Кореяи Ҷанубӣ аз рӯи силсилазарбаҳои пеналти бо ҳисоби 3:5 (замони асосӣ – 2:2) мағлуб шуданд.
Сармураббии дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) Марко Раҷини, мутахассиси итолиёӣ гуфт, «дар Ҷоми Осиё-2025 ҳамагон шоҳиди ҳунарнамоии зебои дастаи мо буданд. Мо бояд бо ин бачаҳо ифтихор кунем, зеро онҳо ҳамаи қувваашонро сарф карданд, то ҳадди имкон пештар равем ва танҳо зарбаҳои пеналти муқобили дастаи Кореяи Ҷанубӣ моро аз роҳ ёфтан ба даври ниманиҳоӣ маҳрум кард. Шартномаи ман пас аз чанд рӯз ба охир мерасад ва пеш аз бозгашт ба Италия мо бояд ояндаро бо Федератсияи футболи Тоҷикистон баррасӣ кунем. Умедворам, ки ман метавонам дастаро дубора роҳбарӣ намоям, бо ин бачаҳои беҳтарин кор кунам. Бовар дорам, ки дастаи Тоҷикистон дар қаҳрамонии ҷаҳон ба сатҳи баланд мебарояд ва бачаҳои мо боз моро ба ҳайрат меоранд.”
Дастаҳои мунтахаби наврасони Узбекистон, Арабистони Саудӣ, Кореяи Шимолӣ ва Кореяи Ҷанубӣ ба нимфинал баромаданд. Дар даври ниманиҳоӣ 17-уми апрел Узбекистон бар Кореяи Шимолӣ бо ҳисоби 3:0 ва Арабистони Саудӣ бар Кореяи Ҷанубӣ аз рӯи силсилазарбаҳои пеналти бо ҳисоби 3:1 (замони асосӣ – 1:1) пирӯз шуда, ба финал роҳ ёфтанд.
Бояд зикр намуд дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бори сеюм дар таърихи худ ба қисми ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон роҳ ёфт. Қаблан наврасони тоҷик дар қаҳрамонии ҷаҳон дар Кореяи Ҷанубӣ (соли 2007) ва Бразилия (соли 2019) ширкат карда буданд.
Ҷоми Осиё-2025 байни дастаҳои мунтахаби наврасон (U-17)
Чорякфинал
13-уми апрел (якшанбе)
Ҷопон - Арабистони Саудӣ – 2:2 ( 2:3 – аз рӯи силсилазарбаҳои пеналти)
Узбекистон - Имороти Муттаҳидаи Арабӣ – 3:1
14-уми апрел (душанбе)
Индонезия – Кореяи Шимолӣ – 0:6
Тоҷикистон - Кореяи Ҷанубӣ – 2:2 (3:5 - аз рӯи силсилазарбаҳои пеналти)
Нимфинал
17-уми апрел (панҷшанбе)
Арабистони Саудӣ - Кореяи Ҷанубӣ – 1:1 (3:1 - аз рӯи силсилазарбаҳои пеналти)
Узбекистон - Кореяи Шимолӣ – 3:0
ФИНАЛ
20-уми апрел (якшанбе)
18:00 (20:00 – бо вақти Душанбе). Узбекистон – Арабистони Саудӣ
Тоиф. Варзишгоҳи “Шоҳ Фаҳд Спортс Сити”