Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иштироки 14 даста дар мусобиқаи лигаи якуми футболи Тоҷикистон


Маросими қуръакашии тақвими бозиҳои мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон-2025 байни дастаҳои лигаи якум 12-уми март дар шаҳри Душанбе доир шуд.

Ба иттилои Фелератсияи футболи Тоҷикистон, дар мавсими нави лигаи якум, ки дар ду марҳила баргузор мешавад, 14 даста ширкат мекунад. Инҳо дастаҳои «Душанбе» (Душанбе), «Шодмон» (Ҳисор), «Ваҳдат» (Ваҳдат), «Рангон» (Рӯдакӣ), «Сардор» (Турсунзода), «Исфара» (Исфара), «Парвоз» (Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд), «Саразм» (Панҷакент), «Мастчоҳ» (Мастчоҳ), «Саройкамар» (Панҷ), «Сарҳадчӣ» (Ҳамадонӣ), «Моҳир» (Ёвон), «Сомон» (Данғара) ва «Норак» (Норак) мебошанд.

Аз рӯйи натиҷаи қуръакашӣ дар даври якуми мусобиқа дастаҳои зерин бо ҳам рақобат мекунанд:

«Саройкамар» – «Ваҳдат»

«Сардор» – «Моҳир»

«Исфара» – «Сарҳадчӣ»

«Рангон» – «Шодмон»

«Сомон» – «Норак»

«Саразм» – «Парвоз»

«Мастчоҳ» – «Душанбе»

Мусобиқаи имсолаи қаҳрамонии Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи якум ибтидои моҳи апрел оғоз меёбад. Дар маҷмуъ ҳар як даста дар лигаи якум 26 бозӣ анҷом медиҳад.

Бар асоси низомнома, ғолиби лигаи якуми Тоҷикистон-2025 ба ҳаққи ширкат дар мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон-2026 байни дастаҳои лигаи олӣ соҳиб мешавад. Барандаи медали нуқраи лигаи якум дар соли 2025 бо дастае, ки дар лигаи олии Тоҷикистон имсол мақоми ёздаҳумро мегирад, бозиҳои гузаришӣ баргузор менамояд.

Ёдовар мешавем, дастаи “Ҳулбук”-и ноҳияи Восеъ ғолиби мусобиқоти лигаи якуми Тоҷикистон дар мавсими соли 2024 гардида буд. “Ҳулбук”, ки бо Ҷоми қаҳрамонӣ ва медалҳои тило сарфароз гардид, дар мавсими имсола дар мусобиқаи лигаи олӣ ҳунарнамоӣ дорад. Ба дастаи “Парвоз”-и Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд медалҳои нуқра супурда шуд. Медалҳои биринҷӣ насиби дастаи “Моҳир”-и ноҳияи Ёвон гардид.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG