Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пахта фоидаовар аст ё зараровар? Баҳс дар Вазорати кишоварзӣ


Қурбон Ҳакимзода
Қурбон Ҳакимзода

Кишти иҷборӣ ва фоидаовар набудани пахтакориву иҷро нашудани нақшаи истеҳсоли он дар соли 2024 дар нишасти хабарии Вазорати кишоварзӣ баҳси доғеро ба бор овард.

Қурбон Ҳакимзода, вазири кишоварзии Тоҷикистон, рӯзи 30-юми январ гуфт, пахта зироати муҳими содиротӣ барои кишвар аст ва наметавон аз он даст кашид.

"Пахта ягон вақт зироати зараровар нест. Инро ҳамчун мутахассис, ҳамчун агроном мегӯям, албатта, агар ҳосилнокиро таъмин намоем. Агар 15, 16 ё 20 сентнер гиред, албатта, зараровар аст. Дар ҳолати аз 30 сентнер зиёд ба даст овардан, фоидаи худашро дорад", -- гуфт вазир.

Солҳои охир мақомот дар ноҳияҳои пахтакор деҳқононро маҷбур мекунанд, ки дар қисми зиёди заминҳояшон пахта коранд. Аммо вазири кишоварзӣ дар нишасти хабарӣ инро напазируфт ва гуфт, "деҳқон озод аст".

"Дар мисоли вилояти Хатлон мегӯям. 13 сол дар онҷо кор кардам, дар сатҳи ноҳия, дар сатҳи вилоят. Деҳқонон истеҳсол мекунанд, дар хонаашон, дар дигар ҷой захира мекунанд, дар вақти зарурӣ худашон пахтаро ба фурӯш мебароранд. Пеши инро ягон кас нагирифтааст. 4 сол раиси вилоят кор кардам, ягон вақт пеши инро нагрифтам, мегуфтам, деҳқон озод аст, ба касе, ба ҷое мехоҳад бароварда фурӯшад", -- исрор кард Ҳакимзода.

Деҳқонон дар оғози киштукори соли гузашта шикоят доштанд, ки мақомоти маҳаллӣ онҳоро маҷбур мекунанд, ки пахта кишт кунанд. Онҳо далел меоварданд, ки аз кишти пахта зиён мебинанд ё даромади ночиз ба даст меорад.

Видео дар инҷост:

Пахта барои Тоҷикистон фоида меорад ё зарар?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:33 0:00

Маҳмуд Қурбонов, иҷоракор аз вилояти Суғд, дар оғози кишту кори соли 2024 ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки "киштро тамом кардем, имрӯз омада, моро маҷбур карда истодаанд, ки кишти кардагиатонро мешиканед, дар ҷойи он пахта мекоред. Ҳоло ин ки ман барои вай зироат 6-7 ҳазор сомонӣ сарф кардаам".

Зикриёхон Ҳайдаров, устоди Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, ҳафтаи гузашта дар як матлабе дар хабаргузории "Ховар" яке аз сабабҳои умдаи камтаваҷҷуҳии деҳқононро чунин донистааст: "Мутаассифона, солҳои охир арзиши аслии харидории нахи пахта аз деҳқонон сабаб гардид, ки таваҷҷуҳ ба пахтапарварӣ хеле кам гардад".

Бар иловаи шикояти деҳқонон, ки кишту кор ва истеҳсоли пахтаро аз лиҳози иқтисодӣ зараровар медонанд, ниҳодҳои байналмилӣ низ ба Тоҷикистон тавсия медиҳанд, ки аз сиёсати кишти иҷбории он даст кашад.

Бо ин вуҷуд, Тоҷикистон дар соли 2024 натавонист нақшаи истеҳсоли пахтаро иҷро кунад. Соли гузашта Тоҷикистон ҳамагӣ 253,2 ҳазор тона пахта истеҳсол кард, ки ба 73,5 дар сади нақшаи соли 2023 баробар аст.

Иҷро нашудани нақшаи пахта имсол нигарониро дар сатҳи ҳукумат ба бор овард ва ин мавзӯъ ба таври ҷудогона дар ҷаласаи раёсати Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳузури сарвазир баррасӣ шудааст. Вазорати кишоварзӣ мегӯяд, дастур шудааст, ки истеҳсоли он дар солҳои оянда бештар шавад.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, пахта маҳсулоти асосии содиротии кишвар аст ва аз сӯйи дигар, шаҳрвандони зиёдро бо шуғл таъмин мекунад.

XS
SM
MD
LG