Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷанҷоли хушдоману келин кай тамом мешавад?


Ҷанҷоли хушдоману келин кай тамом мешавад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:14:12 0:00

Ҷанҷоли хушдоману келин кай тамом мешавад?

Дар Тоҷикистон баҳс сари ҷанҷоли хушдоману келин баҳсест бепоён. Дар давоми 3-4 соли ахир дастикам 10 қазияи марги келину боздошти хушдоманҳо расонаӣ шудааст. Дар 7 ҳолат келинҳо дар хонаи шавҳар худкушӣ кардаанд ва дар марги онҳо хушдоманҳоро гунаҳкор дониста аз панҷ то ҳафт сол зиндонӣ кардаанд.

Зархол Мустонова, 6 моҳ боз дар озодӣ аст, вале мегӯяд, бо доғе, ки акнун як умр бо ӯ мемонад, зиндагӣ барояш сахт мешавад. Ӯро бо гуноҳи ба худкушӣ расонидани келинаш ба 5 солу 6 моҳи зиндон маҳкум карда буданд.

Баъди адои се соли зиндон моҳи августи соли 2024 озод шуд. Бо назардошти рафтори хуб ва синну солаш ӯро қабл аз мӯҳлат ҷавоб додаанд. Дар додгоҳ худро қисман гунаҳкор дониста буд.

“Албатта, пушаймонам. Онҳо низ фарзандам ҳастанд. То ин син бузург кардан кори осоне нест. Калонаш карданд, хононданд, сонӣ ман хонондам.”

Зиндагии Зархол Мустонова тобистони соли 2021 пас аз марги келини 25- солааш ба куллӣ тағйир ёфт. Хуршеда Холмуродова арӯси хонаводааш сирко хурда, худкушӣ кард. Волидонаш гуфтанд, ки Хуршеда аз ҷабру ситами зиёд дар хонаи шавҳар, қасди ҷони худ кард. Онҳо хостанд омилони марги духтарашон ҷазо гирад.

Ҷанҷоли хушдоману келин кай тамом мешавад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:14:12 0:00



Хонаводаи шавҳар мегуфт, ки ин ҳама дурӯғ аст. Саранҷом Зархол Мустонова барои ба худкушӣ расонидани келин гунаҳкор дониста шуд. Дар ҳукми додгоҳи Турсунзода, ки дар ихтиёри Радиои Озодӣ аст, омадааст, Хуршеда Холмуродова рӯзи 12-уми июн нияти рафтан ба тӯйи яке аз пайвандонро дошт, "аммо ба мухолифати сахти хушдоман рӯбарӯ шуд ва бо мақсади худкушӣ сирко нӯшид".

Зархол Мустонова, мегӯяд, баъди ин ҳодиса бисёр азоб мекашад, чун бадном шуд. Шаҳноза Мустонова, келини дигари ин хонавода:
“Инҳо одамкӯш, инҳо ҷаллод мегуфтанд. Ин ба Шумо ва зиндагии шумо таъсир расонд? Масалан дар маъракаи хешу таборҳо? Мо намерафтем, чун агар мерафтам, ҳама чӣ шуд гуфта мепурсиданд. Савол ҷавоб бисёр буд, барои ҳамин мо намерафтем.”

Хуршеда Холмуродова, донишҷӯй ва модари як писар буд. Фарзандашро падару модараш ба тарбия гирифтанд. Хабарнигорони Радиои Озодӣ ба суроғи онҳо ба деҳаи Боботоғи Турсунзода рафтанд. Падару модари Хуршеда нахостанд, ки дар рӯ ба рӯйи дурбин гап зананд. Дар пайи тарбияи набераашон ҳастанд, ки ягона нишон аз духтари ҷавонмарги онҳост.

Се сол пеш онҳо дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфта буданд, муносибати Хуршеда бо шавҳараш хуб буд, аммо хонаводаи шавҳар зиди таҳсили ӯ буданд ва дар замина ҳамеша ҷанҷол мешуд. “Хушдоманад ба дарс намонд. Ҷанҷол кард, ҷанҷол кард. Ту ҷалаб, ҷалабхона меравӣ гуфта ҳақорат мекард. Баъд духтарам нахост, ки дарс равад.”


Хушдомани ӯ Зархол Мустанова, хушунат нисбат ба келинашро беасос мехонад. ”Аслан назадем. Аслан. Аз оғоз намехост зиндагӣ кунад.” Ҳарчанд зиндони шуданашро беадолатӣ медонад, аммо аз ончӣ ки гузаштааст, сахт пушаймон аст. Ба арӯсу хушдоманҳо тавсияааш ин аст, ки ба меҳрубон ва мисли модару духтар бошанд.

Моҷаро барои ду хонавода фоҷеабор буд. Яке аз фарзанд, маҳрум шуд, дигарӣ, шавҳари Хуршеда, дигар издивоҷ накарду ба Русия рафт. Фарзанди онҳо аз оғӯши падар ҳам маҳрум шуд. Зархол Мустонова, ҳам бо доғи зиндон ва дасти ғаму андӯҳу надомат бар сар.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG