Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ҷамъомади таълимиву тамринии дастаи мунтахаби футзали кишвар дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд то рӯзи 17-уми июл идома меёбад.
Сипас мунтахаби Тоҷикистон баъди ҷамъомад барои ширкат дар мусобиқа бо иштироки тимҳои миллии Узбекистон, Беларус ва Гватемала ба шаҳри Бухоро сафар мекунад.
Бояд зикр намуд, дар қаҳрамонии футзали ҷаҳон-2024 тими миллии Тоҷикистон дар гурӯҳи «Е» бо дастаҳои мунтахаби Марокаш (16-уми сентябр), Португалия (19-уми сентябр) ва Панама (22-юми сентябр) рақобат хоҳад кард.
Ҳайати дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар шаҳри Гулистон:
Дарвозабонҳо: Фирӯз Бекмуродов, Фирӯз Бозмамадов, Хушбахт Исоев, Нуриддин Ҷабборов;
Бозигарони майдонӣ: Дилшод Саломов, Умед Қузиев, Бахтиёр Солиев, Идрис Ёров, Самандар Ризомов, Баҳодур Хоҷаев, Фирӯз Сангов, Иқбол Воситзода, Абдуқаюм Умаров, Насратшо Исмоилов;
Сармураббӣ – Пайрав Воҳидов.
Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар қаҳрамонии футзали Осиё, ки моҳи апрели имсол дар Бонгкоки Тайланд доир гардид, бори аввал мақоми чаҳорумро касб намуд ва ба қаҳрамонии ҷаҳон роҳхат гирифт.
Сармураббии тими миллии футзали Тоҷикистон Пайрав Воҳидов дар бораи натиҷаҳои ба даст овардаи дастааш дар Ҷоми Осиё-2024 гуфт, “гирифтани роҳхат ба қаҳрамонии ҷаҳон барои мо дар Ҷоми Осиё-2024 натиҷаи олист. Дар рафти мусобиқа мо бо беҳтарин дастаҳои Осиё бозӣ кардем ва рақобат бо онҳо бароямон таҷрибаи пурарзиш гардид. Иштирок дар Ҷоми ҷаҳонии футзал-2024 низ барои тими мо таҷрибаи хуб хоҳад дод.»
Бар асоси натиҷаҳои Ҷоми Осиё-2024 панҷ дастаи беҳтарин ба Ҷоми ҷаҳон-2024 роҳхат гирифт.
Аз қораи Осиё ба ҷуз аз тими миллии Узбекистон (ба ҳайси мизбон), дастаҳои мунтахаби Эрон, Тайланд, Тоҷикистон ва Афғонистон ба Ҷоми ҷаҳон-2024 роҳ ёфтанд.
Дарвоқеъ, тими миллии Афғонистон, ки бори аввал дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё ширкат кард, то ба даври чорякниҳоӣ расид ва нахустин маротиба ба Ҷоми ҷаҳонии футзал роҳ ёфт.
Вале тими миллии Қирғизистон, ки як маротиба (соли 2005 дар Ветнам) медалҳои биринҷии қаҳрамонии Осиёро ба даст оварда, ду бор (2005 ва 2007) ҷойи чаҳорумро гирифтааст, аз роҳхат ба Ҷоми ҷаҳон-2024 бенасиб монд.