Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муштзанҳои ҷавони тоҷик дар қаҳрамонии Осиё 7 медал гирифтанд


Муштзанҳои тоҷик дар Остона. Акс аз сомонаи Федератсияи бокси Тоҷикистон
Муштзанҳои тоҷик дар Остона. Акс аз сомонаи Федератсияи бокси Тоҷикистон

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси Осиё миёни наврасону ҷавонон, ки аз 25-уми апрел то 7-уми май дар шаҳри Остонаи Қазоқистон баргузор шуд, 7 медал (3 нишони нуқра ва 4 биринҷӣ) ба даст оварданд.

Ба иттилои Созмони бокси Осиё, дар мусобиқа миёни наврасону ҷавонони то 22-сола 397 варзишгар (130 зан ва 267 мард) аз 25 кишвари қора ширкат карданд.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ин мусобиқаи қитъавӣ 22 варзишгар - 11 наврас ва 11 ҷавон - дохил буданд.

Дар мусобиқаи наврасони то 18-сола муштзанҳои тоҷик ду медали нуқра гирифтанд. Муинхоҷа Муъминов дар вазни то 48 кило ва Руслан Ғафуров дар вазни то 63,5 кило бо медалҳои нуқра сарфароз гаштанд. Дамир Мубайлихонов дар вазни то 57 кило бо медали биринҷӣ мукофотонида шуд.

Дар мусобиқаи наврасони то 18-сола мунтахаби Қазоқистон бо касби 24 медал (11 тилло, 4 нуқра ва 9 биринҷӣ) ғолиб шуд. Узбекистон бо касби 22 медал (7 тилло, 3 нуқра ва 12 биринҷӣ) дар мақоми дуюм ва Ҳиндустон бо касби 22 медал (5 тилло, 9 нуқра ва 8 биринҷӣ) дар мақоми сеюм қарор гирифтанд. Дастаи Тоҷикистон бо касби 3 медал (2 нуқра ва 1 биринҷӣ) мақоми ҳафтумро ишғол кард.

Дар мусобиқаи ҷавонони то 22-сола варзишгарони тоҷик як медали нуқра ва ду нишони биринҷӣ ба даст оварданд. Довуд Маҳкамов (-71 кг) медали нуқра, Хусравхон Раҳимов (-57 кг), Абубакр Муродзода (-60 кг), инчунин Фотима Бегмуродова (-54 кг) дар миёни духтарон бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.

Дар мусобиқаи ҷавонони то 22-сола мунтахаби Қазоқистон бо касби 24 медал (14 тилло, 9 нуқра ва 1 биринҷӣ) мақоми аввал, Ҳиндустон бо касби 21 медал (7 тилло, 5 нуқра ва 9 биринҷӣ) мақоми дуюм ва Узбекистон бо касби 20 медал (4 тилло, 6 нуқра ва 10 биринҷӣ) мақоми сеюмро соҳиб шуданд. Дастаи Тоҷикистон бо касби 4 медал (1 нуқра ва 3 биринҷӣ) мақоми шашумро азони худ кард.

XS
SM
MD
LG