Дар чанд ҷумла
Бисёрзанӣ дар Тоҷикистон кам шудааст
Маълумотҳои пайдокардаи Радиои Озодӣ нишон медиҳанд, ки солҳои ахир бисёрзанӣ дар Тоҷикистон кам шудааст.
Бар асоси омори Додгоҳи олӣ, соли 2022 дар кишвар 85 нафар барои дузанагӣ ё зиндагӣ дар як вақт бо чанд ҳамсар ҷазо гирифтаанд. Соли 2021 бошад 82 нафарро барои ин кор ҷазо додаанд.
Ин дар ҳолест, ки солҳои қабл шумораи мардоне, ки барои зиндагии якҷоя бо чанд зан ҷазо гирифтаанд, аз сад нафар зиёдтар будааст.
Аз ҷумла, соли 2018 102, 2019 101 ва соли 2020 бошад 108 мардро барои дузанагӣ ҷазо додаанд.
Дар Тоҷикистон бисёрзанӣ манъ аст ва дар моддаи 170-уми Кодекси ҷиноӣ барои он ҷарима ё то 5 сол зиндон ҷазо муқаррар шудааст.
Аммо мақомот мегӯянд, бо вуҷуди манъ будани бисёрҳамсарӣ, ин падида дар ҷомеаи Тоҷикистон вуҷуд дорад.
Дар барномаи давлатии рушди оила, ки ҳукумат қабул кардааст, омада, ки дузанагӣ ё бисёрзанӣ яке аз сабабҳои муноқиша дар оилаҳо аст.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Муовини Озода Раҳмон додситони ҳарбӣ шуд
Дар тағйироти наве Фирдавс Ҳаётзода, муовини аввали раиси Дастгоҳия иҷроияи президенти Тоҷикистон додситони ҳарбӣ таъин шуд.
Фармони таъин шудани ӯро Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон рӯзи 24-уми январ имзо ва барои тасдиқ ба порлумон фиристодааст.
Фирдавс Ҳаётзодаи 50-сола панҷ соли ахир муовини аввали Озода Раҳмон, раиси дастгоҳи иҷроияи президент буд. Ӯ дар гузашта дар додситонии низомӣ ва додситонии назорати нақлиёт кор кардааст.
Дар тағйири дигаре Хайриддин Қосимзода, муовини Додситони кулл таъин шудааст. Ӯ то ин дам додситонӣ шаҳри Роғун будааст.
Рӯзи 24-уми январ Эмомалӣ Раҳмон кормандони дастгоҳи иҷроияи президентро дигар кард.
Тоҷиддин Саидзода аз вазифаи раиси ноҳияи Синои пойтахт барканор ва ба ҷои Фирдавс Ҳаётзода, муовини якуми роҳбари дастгоҳ таъин шудааст.
Дар Тоҷикистон оғози ҳар сол дар вазорату идораҳои Тоҷикистон тағйироти кадрӣ сурат мегирад.
Мунтақидон мегӯянд, афроди шоиста дар ҳукумат мансаб намегиранд ва бештар афроде соҳиби мансаб мешаванд, ки ба хонаводаи Эмомалӣ Раҳмон садоқат доранд.
Феҳристи қавитарин мусобиқоти қаҳрамонӣ ва беҳтарин бошгоҳҳо бидуни Тоҷикистон
Федератсияи байналмилалии таърих ва омори футбол (IFFHS) бар асоси натиҷаҳои соли 2024 феҳристи қавитарин мусобиқоти қаҳрамонӣ ва беҳтарин бошгоҳҳои футболи ҷаҳонро нашр кардааст.
Дар феҳристи қавитарин мусобиқоти қаҳрамонӣ дар ҷаҳон Серия А-и Италия бо 1992 имтиёз дар ҷойи аввл аст. Ҷойи дуюмро Ла Лигаи Испания бо 1885 имтиёз ва ҷойи сеюмро Премйер-Лигаи Англия бо 1871 имтиёз соҳиб шудаанд.
Ба даҳгонаи беҳтаринҳо, инчунин, мусобиқоти қаҳрамонии Бразилия, Олмон, Аргентина, Португалия, Фаронса, Белгия ва Нидерланд шомил гаштаанд. Дар маҷмӯъ, ба феҳрист 100 мусобиқоти қаҳрамонии миллӣ дохил шудааст.
Аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ин феҳрист мусобиқоти қаҳрамонии футболи Қазоқистон (ҷойи 86-ум), Узбекистон (ҷойи 96-ум) ва Туркманистон (ҷойи 98-ум) шомиланд. Аммо Лигаи олии футболи Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои ҷаҳон дохил нашудааст.
Федератсияи байналмилалии таърих ва омори футбол (IFFHS), инчунин рейтинги беҳтарин бошгоҳҳои солро дар ҷаҳон нашр кардааст. Дар радабандӣ “Реал Мадрид”-и Испания ҷойи аввалро касб намудааст.
Ба сегонаи беҳтаринҳо, инчунин, бошгоҳҳои футболи “Байер”- Леверкузени Олмон ва “Аталанта”-и Бергамои Италия дохил шудаанд.
Дар маҷмӯъ, ба феҳристи бошгоҳҳои футболи беҳтарин 700 бошгоҳ ворид шудааст. Аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ин феҳрист “Абдиш-Ота”-и Қирғизистон (ҷойи 389-ум), “Аркадаг”-и Туркманистон (ҷойи 454-ум), “Пахтакор” (ҷойи 599-ум) ва “Насаф” (ҷойи 642-юм), ҳарду аз Узбекистон, дохил шудаанд. Аммо дар ин рӯйхат низ бошгоҳҳои футболи Тоҷикистон ба чашм намерасанд.
Дар Тоҷикистон 90-солагии шоири маҳбуби кӯдаконро ҷашн гирифтанд
Дар Тоҷикистон аз кору осори Наримон Бақозода, шоири маъруфи кӯдакон, дар остонаи 90-солагиаш ёд карданд.
Дар маҳфиле, ки рӯзи 24-уми январ дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон баргузор шуд, аз Наримон Бақозода ба унвони шоире ёд шуд, ки “чанд насл зери таъсири ашъори ӯ” бузург шудаанд.
Ато Мирхоҷа, муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар ин нишаст гуфт, ки Наримон Бақозода дар рушди адабиёти бачагона саҳми бузург дорад.
Ба гуфтаи ӯ, ашъори шоир пур аз шодӣ буда, кӯдаконро дар рӯҳияи хушбинӣ ба оянда ташвиқ мекунад.
Шоир соли 2009 дар рӯзи мавлудаш, дар синни 74-солагӣ, бар асари сактаи қалб аз олам даргузашта буд.
Дар чанд китобхонаи шаҳри Душанбе, Хатлон ва Суғд низ ба ифтихори Наримон Бақозода маҳфили адабӣ баргузор шудааст.
Наримон Бақозода, 26 январи соли 1935 дар шаҳри Самарқанд, дар оилаи Абулато Бақозода, журналисти маъруфи "Овози тоҷик" зода шудааст. Тифлии шоир дар Самарқанд гузаштааст. Пас аз хатми мактаби миёна ба Душанбе омада, дар Донишгоҳи миллӣ дохил шудааст. Дар рӯзномаи "Тоҷикистони Советӣ", нашриёти "Ирфон", "Тоҷикфилм", маҷаллаи "Машъал" ва Кумитаи ҳимояи сулҳ ва бунёди сулҳи Тоҷикистон кор кардааст.
Нахустин шеъри шоир соли 1954 нашр шудааст. Сипас, яке пайи ҳам маҷмӯъаҳои ашъори шоир бо номҳои "Гулдара", "Шеърҳо, афсонаҳо, чистонҳо", "Сурнайчӣ", "Оши ҳалол", "Шаш ҳикояти пахта", "Дафтари мо кони панҷ", "Алифбои дилкушо", "Иди Алифбо омад" чоп шуданд.
Аз рӯи навиштаҳои шоир дар театрҳои пойтахт чандин намоишномаҳо ба саҳна гузошта шудаанд. Наримон Бақозода муаллифи нахустин операҳои кӯдаконаи тоҷикӣ ("Хонаи заргӯш-бибӣ" ва "Ҷингилапо") мебошад. Муаллифи сенарияи филми "Пули ларзон" аст.
Шоир бо унвони Корманди шоистаи фарҳанги Тоҷикистон ва як силсила нишону медалҳо сарфароз гардонида шудааст.
Исми беш аз 90 ҳазор низомии рус, ки дар ҷанги Украина кушта шудаанд, маълум шуд
Рӯзноманигорон ва ихтиёриён исми беш аз 90 ҳазор сарбозу афсари Русияро маълум кардаанд, ки дар ҷанги зидди Укарина кушта шудаанд.
Ин мавзуро хабарнигорони Би-би-си ва "Медиазона" таҳқиқ кардаанд.
Дар таҳқиқ гуфта мешавад, ки 23 дарсади кушташудаҳо онҳое будаанд, ки пас аз оғози ҷанг бо артиш қарордод баста будаанд.
Нисфи кушташудаҳо то оғози ҷанг шомили артиш набудаанд. 17 дар сад маҳбусон ва 12 дарсад онҳое будаанд, ки бо даъват ба артиш сафарбар шудаанд.
21 ҳазор нафар кушташудаҳо онҳое будаанд, ки ихтиёрӣ ба артиш рафтаанд.
17 дарсади дигар афсарони касбӣ будаанд.
Мақомоти Русия расман дар бораи талафот дар ҷанг хабар намедиҳанд.
Рӯзноманигорон дар таҳқиқ гуфтаанд, ки эҳтимол шумори кушташудаҳо бештар аз ин бошад, вале то ҳол онҳо исми беш аз 90 ҳазор нафарро маълум кардаанд.
Футболбозони навраси тоҷик дар бозии санҷишӣ “Краснодар”-ро шикаст доданд
Дастаи мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон (U-17) дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2025 дар бозии санҷишӣ бар тими Академияи «Краснодар»-и Русия (U-17) бо ҳисоби 4:0 пирӯз шуд.
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, бозии охирини санҷишии футболбозони навраси тоҷик дар доираи ҷамъомади таълимию тамринии даста дар шаҳри Анталияи Туркия бо ҳамсолонашон аз Академияи «Краснодар»-и Русия 23-юми январ доир гардид. Голҳоро Умед Ҷафоев, Давид Мақсудов ва Абдулло Иброҳимов заданд. Як голи дигарро бозигарони рус ба дарвозаи худ ворид карданд.
Ба ин тартиб, дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон зери раҳбарии Марко Раҷини, мутахассиси итолиёӣ, ҷамъомади дуҳафтаинаро дар Анталияи Туркия анҷом дод. Футболбозони навраси тоҷик дар доираи ин ҷамъомад чаҳор бозии санҷишӣ анҷом дода, дар сетоаш пирӯз шуданд ва яктоашро бохтанд.
Натоиҷи бозиҳои санҷишии дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Анталияи Туркия:
15-уми январ (чоршанбе)
Мунтахаби Тоҷикистон (U-17) - «Манавгат Беледиеспор» (Туркия U-19) – 1:0
18-уми январ (шанбе)
Мунтахаби Тоҷикистон (U-17) - «Спартак» (Суботитса, Сербия) – 1:5
20-уми январ (душанбе)
Мунтахаби Тоҷикистон (U-17) – «Лехия Зелена-Гура» (Полша U-17) – 2:0
23-юми январ (панҷшанбе)
Мунтахаби Тоҷикистон (U-17) - Академияи «Краснодар» (Русия U-17)-4:0
Барои мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) ҷамъомади таълимию тамринӣ дар Туркия яке аз марҳилаҳои омодагии даста ба Ҷоми Осиё-2025 маҳсуб мешуд, ки аз 3-юм то 20-уми апрел дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад. Бар асоси қуръакашӣ футболбозони навраси тоҷик дар гурӯҳи «D» бо дастаҳои мунтахаби Эрон, Умон ва Кореяи Шимолӣ рақобат хоҳанд кард.
Марко Раҷини дар бораи рақибонаш чунин гуфтааст: "Мо дар марҳилаи интихобӣ дар Сингапур бо дастаи Умон бозӣ карда будем. Дастаи хуб аст. Тими Эрон низ барои мо ба хубӣ ошност, чунки дар мусобиқаҳои Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ чандин маротиба бо ҳам вохӯрдаем ва бозиҳои мо ҳамеша душвор мегузаштанд. Дар мавриди мунтахаби Кореяи Шимолӣ – ин даста дар марҳилаи интихобӣ дар як гурӯҳ бо Эрон бозӣ карда, бо ҳисоби 4:1 пирӯз шудааст. Ҳамин тавр, дар Арабистони Саудӣ мо бо дастаҳои қавӣ рақобатҳои хеле душвор хоҳем дошт. Аммо бовар дорам, ки мо дар Ҷоми Осиё-2025 ба мақсади худ мерасем."
Бар асоси қуръакашӣ шонздаҳ даста ба чаҳор гурӯҳ тақсим шуданд, ки ҳар кадом аз чаҳордастаӣ иборатанд:
гурӯҳи «А» - Арабистони Саудӣ, Узбекистон, Тайланд, Чин;
гурӯҳи «В» - Ҷопон, Австралия, Ветнам, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ;
гурӯҳи «С» - Кореяи Ҷанубӣ, Яман, Афғонистон, Индонезия;
гурӯҳи «D» - Эрон, Тоҷикистон, Умон, Кореяи Шимолӣ.
Баъд аз анҷоми марҳилаи гурӯҳӣ аз ҳар гурӯҳ ду тими беҳтарин ба даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё-2025 роҳ меёбанд. Ҳамаи иштироккунандагони даври чорякниҳоӣ соҳиби роҳхат ба қаҳрамонии ҷаҳон-2025 миёни наврасон мешаванд, ки аз 5-ум то 27-уми ноябр дар Қатар доир мегардад.
Орбан аз Украина хост, ки ба интиқоли гази Русия ба Аврупо иҷоза диҳад
Виктор Орбан, сарвазири Маҷористон (Венгрия) аз Иттиҳоди Аврупо хостааст, ки ба Укарина фишор оранд, то ба интиқоли гази Русия иҷозат диҳад.
Ӯ таҳдид кардааст, ки агар Украина ба интиқоли газ ба Аврупо иҷозат надиҳад, ба идома додани таҳримҳо алайҳи Русия монеъ мешавад.
Украина 31-уми декабри соли 2024 шартномааш бо ширкати "Газпром"-и Русия барои интиқоли газ аз ҳудуди ин кишвар ба Аврупоро идома надод.
Виктор Орбан гуфтааст, ин тасмими Укарина на танҳо ба иқтисоди Маҷористон, балки ба кишварҳои Аврупои марказӣ зиёни ҷиддӣ мерасонад.
Ӯ гуфтааст, ки кишвараш аз таҳримҳо нисбат ба Русия 19 миллиард евро зиён дидааст.
Маҷористон як кишвари аврупоист, ки аз ҳама бештар аз Русия газ мехарад.
Виктор Орбанро тарафдори Путин меноманд ва дар Иттиҳоди Аврупо ӯро танқид мекунанд.
Пас аз амри Трамп як шаҳрванди Тоҷикистон дар Амрико боздошт шудааст
Расонаҳои амрикоӣ аз боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон бо гумони нақзи қонунҳои ИМА хабар додаанд.
Нашрияи New York Post навиштааст, ки Қодир Маҷидов, шаҳрванди 22-солаи Тоҷикистон бо гумони дар хатар гузоштани ҷони дигарон ҳангоми ронандагии нодуруст ва фирор аз афсари пулис боздошт шудааст. Ба навиштаи ин нашрия, пештар Маҷидов дар шаҳри Филаделфия боздошт шуда буд ва бо шарти нақз накардани қонуну қоидаҳо ӯро аз боздошт раҳо карда будаанд.
Ин нашрия ҷузъиёти дигаре надодааст ва мақомоти амрикоӣ расман хабарро тасдиқ накардаанд.
Расонаҳои Амрико бо такя ба мақомоти ин кишвар хабар додаанд, ки дар натиҷаи як тафтиш дар рӯзи 22-юми январ беш аз 300 муҳоҷири ғайриқонунӣ боздошт шудааст. Ин муҳоҷирон дар содир кардани қонуншиканӣ ва ҷиноятҳои гуногун гумонбар дониста мешаванд.
Доналд Трамп, президенти ИМА дар маъракаи интихоботиаш ваъда дода буд, ки марзҳои Амрикоро ба рӯи муҳоҷирони ғайриқонунӣ мебандад ва онҳое, ки дар ин кишвар ҳастанд, ронда хоҳанд шуд.
Том Ҳоман дар ҳукумати Доналд Трамп масъули сиёсати муҳоҷират пешниҳод шудааст. Ӯ ваъда дод, ки садҳо ҳазор муҳоҷири ғайриқонуниро аз ИМА пеш хоҳад кард.
Мақомоти ИМА мегӯянд, дар ин кишвар беш аз 1,5 миллион муҳоҷири ғайриқонунӣ ҳаст. Маъмурияти Доналд Трамп ваъда додааст, ки онҳо дар навбати аввал ихроҷ хоҳанд шуд.
Рейди полиси Амрико рӯзи 22-юми январ дар Денвер, Филаделфия, Атланта, Сиэттл, Балтимов ва Майами ҷараён гирифтааст.
Амрико барои муҳоҷирон як кишварҳои фурсатҳо ва имкони фароҳам кардани кору дурнамои хубе арзёбӣ мешавад, аз ин рӯ, аз ҳар гушаи дунё, аз ҷумла Тоҷикистон, бо ҳар роҳе талош мекунанд, то ба ин кишвар бирасанд. Онҳое, ки бо роҳи қонунӣ ба Амрико рафтаанд, мушкил надоранд, вале маълум нест, ки сарнавишти муҳоҷирони ғайриқонунӣ чӣ мешавад.
Дар Амрико чӣ теъдод аз шаҳрвандони Тоҷикистон ғайриқонунӣ зиндагӣ мекунанд, ҳанӯз расмӣ дар ҷое нашр нашудааст.
Наҷоти шаҳрвандони Тоҷикистон аз барфу сардӣ дар Қазоқистон
Мақомоти Қазоқистон субҳи 23-юми январ гуфтанд, ки даҳҳо шаҳрванди бандмондаи Тоҷикистону Узбекистон ва Русияро аз асорати барфу сардӣ наҷот доданд.
Ҳодиса дар вилояти Оқтеппа рух дода, 82 нафар, аз ҷумла, 3 кӯдак савори як автобус будаанд. Ба иттилои мақомоти қазоқ, мусофирбари ҳомили муҳоҷирон дар шоҳроҳи Самара-Чимкент вайрон шудааст.
Вазорати ҳолатҳои фавқуллодаи Қазоқистон хабар додааст, ки наҷотдиҳандагон ҳама бандмондаҳоро ба деҳаи Курилис интиқол дода, хӯроки гарм доданд.
Ба иттилои манбаъ, шаҳрвандони хориҷӣ ба наҷотдиҳандагони қазоқ изҳори миннатдорӣ карданд.
Баъзе аз муҳоҷирони тоҷик бинобар роҳкирои арзон ба воситаи мусофирбарҳо ва тариқи Қазоқистон ба Русия мераванд.
Вале дар айёми сармо ва ҳангоми вайрон шудани мусофирбар дар вазъияти ногувор мемонанд.
"Ҳашар" дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон. Омодагӣ ба бозкушоӣ?
Даҳҳо кас аз Тоҷикистон ва Қирғизистон гузаргоҳҳои марзии "Гулистон"-и Исфара ва "Қизилбел"-и Бодкандро, ки беш аз се сол боз бастаанд, аз партову лой пок кардаанд.
Ин кор рӯзи 22-юми январ, баъд аз як моҳи хатми марзнигорӣ сурат гирифт.
Баҳоваддин Баҳодурзода, раиси шаҳри Исфара, рӯзи 23-юми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, раиси ноҳияи Бодканд Учқунбек Ҷоробоев низ дар ин ташаббус ҳамроҳ буд.
"Дар маърака беш аз 400 нафар иштирок карда, пас аз анҷоми поксозӣ сокинони ҳарду ноҳия якҷоя хӯроки нисфирӯзӣ ва оши дӯстӣ тановул карданд," – хабар дод Зубайдулло Шомадов, сухангӯйи ҳукумати Исфара.
Сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон тақрибан чаҳор сол ба ин сӯ бастааст.
Номуайянии хати сарҳад байни Тоҷикистону Қирғизистон дар солҳои 2021 ва 2022 сабаби муноқишаи хунин шуд ва аз ду ҷониб даҳҳо куштаву захмӣ барҷой гузошт.
Намояндагони Тоҷикистон ва Қирғизистон дар моҳи декабри соли 2024 хабар доданд, ки марзнигорӣ ё кашидани хати сарҳад ба анҷом расидааст.
Ин санад бояд дар порлумонҳои ду кишвар баррасӣ, қабул ва сипас аз тарафи президентҳо имзо шавад, вале бо гузашти як моҳ ҷузъиёташ эълон нашудааст. Маълум нест хати нави марз кадом қаламравҳоро ба кадом кишвар вогузор мекунад.
Амрико мехоҳад, шӯришиёни ҳусиро созмони террористӣ эълон кунад
Иёлоти Муттаҳида мехоҳад, шӯришиёни ҳусии Яманро дубора созмони террористии хориҷӣ эълон кунад.
Ин раванд оғоз шудааст.
Ҳусиҳои Яман аз тарафи Эрон пуштибонӣ мешаванд.
Кохи Сафед рӯзи 22-юми январ дар баёнияе гуфт, ҳусиҳо аз соли 2023 бо ҳимояти нерӯҳои Қудси Сипоҳи посдорони Эрон даҳҳо бор ба киштиҳои ҷангии Амрико ҳамла кардаанд.
Дар изҳорот гуфта мешавад, нерӯҳои Қудси Эрон созмонҳои террористиро дар саросари ҷаҳон мусаллаҳ мекунаду тамрин медиҳад.
Дар изҳороти Кохи Сафед ҳусиҳо "Ансоруллоҳ" ном бурда мешаванд.
Шӯришиёни ҳусӣ аз солҳои 1990 ба ин тараф бо ҳукумати Яман меҷанганд. Ҳукумати Яман дар сатҳи байнулмилалӣ ба расмият шинохта шуда, аз тарафи эътилофи низомии ба раҳбарии Арабистони Саудӣ ҳимоят мешавад.
Ҷанг дар Яман аз соли 2014 ба ин сӯ идома дорад. Дар он сол шӯришиён бахшҳое аз шимолу ғарби Яман ва пойтахт, шаҳри Санъоро ишғол карданд.
Таъйини Зебонисо Абдуллозода ба мақоми раиси Додгоҳи иқтисодӣ
Зебонисо Абдуллозода ба мансаби раиси Додгоҳи олии иқтисодӣ дар Тоҷикистон таъйин шудааст.
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 23-юми январ аз аъзои порлумон хост, ки дар ин маврид ризоят бидиҳанд.
Зебонисо Абдуллозода 53-сола аст. То ин дам муовини раиси Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон буд. Дар гузашта дар мансаби раиси Додгоҳи иқтисодии Душанбе кор кардааст.
Курсии раиси Додгоҳи олии иқтисодӣ рӯзи 21-уми январ холӣ шуд. Рустам Мирзозода, раҳбари пешини ин ниҳод, раиси Додгоҳи олӣ таъйин гардид.
Ҳамчунин раисҷумҳур хостааст, Қарахон Чиллазода аз мақоми раиси Палатаи ҳисоб барканор ва ба ҷояш Ҷамшед Каримзода таъйин шавад.
Каримзода 55-сола аст. То ин дам муовини раиси вилояти Хатлон буд. Дар гузашта дар мақоми муовини аввали вазири молия ва сардори Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон кор кардааст.
Мансаби нави Шералӣ Мирзо. Эмомалӣ Собирзода – вазири нави дифоъ
Генерал Эмомалӣ Собирзода вазири нави мудофиаи Тоҷикистон таъйин шуд. Фармонро дар ин бора раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 23-юми январ имзо кард.
Собирзода 53-сола аст ва то ин дам муовини аввали вазири мудофиа ва ҳамзамон раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон буд.
Ӯ дар мақоми нав Шералӣ Мирзоро иваз кард. Шералӣ Мирзо тақрибан дувоздаҳ сол вазири дифои Тоҷикистон буд. Рӯзи 23-юми январ ба мақоми сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ таъйин шуд.
Дар замони раҳбарии Шералӣ Мирзо дар Вазорати дифоъ "сарбозшикор" ё ҷалби маҷбурии ҷавонон ба артиш ва бархӯрд бо онҳо дар қисмҳои низомӣ доғ гашт.
Баъзе аз намояндагони ҷомеа хоҳони ислоҳи вазъ ва ҳамзамон истеъфои ӯ шуданд, вале Шералӣ Мирзо ва муовинаш Эмомалӣ Собирзода "дедовшина"-ро на ҳосили кори онҳо, балки пайомади рафтори ҷомеа номиданд.
Аз ҷумла, соли 2021, вақте миёни Эмомалӣ Собирозода ва баъзе аз вакилони порлумон баҳс бархост, ӯ гуфта буд, ки "дедовшина" дар артиш таваллуд нашудааст, он аз хонавода сар мешавад”.
Номи Шералӣ Мирзо дар соли 2015 ва дар пайванд ба ошӯби нофарҷоми соли 2015 дар Тоҷикистон низ расонаӣ шуд. Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим), ки мақомот ӯро раҳбари “ошӯб” медонистанд ва тайи амалиёте дар Ромит кушта шуд, муовини ӯ буд.
Шералӣ Мирзо 58-сола аст ва зодаи ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон. Дар гузашта муовини вазири дифоъ ва муовини аввал ва сардори Нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон буд.
Тағйирот дар Додситонӣ. Барканории Юсуф Раҳмон ва таъйини Ҳабибулло Воҳидзода
Юсуф Раҳмони 59-сола аз мансаби додситони кулли Тоҷикистон озод шуд. Ӯ дар ин мақом даҳ сол кор кард.
Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 23-юми январ дар қароре гуфт, ки ӯ "ба вазифаи дигар гузашт", вале ҳоло маълум нест ба куҷо.
Ба ҷойи ӯ Ҳабибулло Воҳидзодаи 60-сола таъйин шудааст, ки то ин дам дар мақоми муовини додситони кул (ҳамзамон додситони ҳарбӣ) кор мекард. Пеш аз он раиси Оҷонси мубориза бо қочоқи маводи мухаддир буд.
Маҷлиси Миллӣ бояд қарори барканории Юсуф Раҳмон ва таъйини Ҳабибулло Воҳидзодаро тасдиқ кунад.
Воҳидзода аз соли 2011 то 2015 низ муовини додситони кул буд. Дар аввали соли 2015, баъд аз танқиди сахти президент Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои амният, аз мақом дур карда шуд, аммо зуд ба ҳайси додситони вилоят ба Суғд рафту сипас дубора ба Душанбе баргашт.
Юсуф Раҳмон дар моҳи январи соли 2015 ба мансаби додситони кулли Тоҷикистон таъйин шуд.
Дар замони раҳбарии ӯ, бо пешниҳоди Додситонии кул, Ҳизби наҳзати исломӣ, яке аз ҳизбҳои умдаи мухолиф дар кишвар мамнуъ ва террористӣ эълон шуд. Ҳарчанд раҳбарони ҳизб дар хориҷ ин қарорро намепазиранд ва онро беасос мешуморанд. Дар ин давра даҳҳо фаъол аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дастгир ва ба муддатҳои дароз зиндонӣ карда шуданд.
Инчунин, баъзе аз рӯзноманигорон мегӯянд, дар давраи раёсати Юсуф Раҳмон гирифтани иттилоъ аз Додситонии кул мушкил шуд. Юсуф Раҳмон дар чанд ҷаласаи созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ҳайати Тоҷикистонро роҳбарӣ кардааст.
Як шаҳрванди Чин дар Тахор кушта шуд
Шохаи Хуросон"-и гурӯҳи "Давлати исломӣ" ё ДОИШ, масъулияти ҳамла ба як шаҳрванди Чин дар вилояти Тахори Афғонистонро ба ӯҳда гирифт.
Як мақоми амниятии Толибон дар Тахор қаблан тасдиқ карда буд, ки як шаҳрванди Чин дар ҳамлаи мусаллаҳона дар он вилоят кушта шудааст.
Муҳаммад Акбар Ҳаққонӣ, сухангӯи фармондеҳии амнияти Толибон дар Тахор рӯзи 22 январ гуфтааст, ки ин шаҳрванди Чин бо номи "Ли" шаби гузашта дар масири ноҳияи Дашти Қалъа кушта шуд.
Ба гуфтаи Ҳаққонӣ, ин марди чинӣ бе огоҳии мақомоти Толибон бо тарҷумони худ ба ҷое номаълум мерафт ва дар ин руйдод ба тарҷумони ӯ осебе нарасидааст. Бар асоси бархе гузоришҳо, Толибон тарҷумони вайро боздошт кардаанд. Вале Толибон то кунун боздошти ӯро расман тасдиқ накардаанд.
Пеш аз ин, дар моҳи ноябри соли гузашта дар сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон дар ҳудуди ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, як шаҳрванди Чин кушта ва панҷ нафар захмӣ шуданд. Манобеъ он замон ба Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки ин ҳамла аз хоки Афғонистон сурат гирифтааст.
Ҳабиб Саид дар 71-солагӣ дар Русия даргузашт
Нависанда, рӯзноманигор ва блогнавис Ҳабиб Саид, ки солҳо боз дар Интернет ба таблиғу муаррифии таърих, адабиёт, мусиқӣ ва чеҳраҳои намоёни Тоҷикистон машғул буд, рӯзи 20-уми январ дар 71-солагӣ дар Оренбург даргузашт.
Ӯ дар солҳои 90-ум, дар айёми ҷанги дохилии Тоҷикистон, ба Русия рафта, то охири умр дар онҷо монд. Маросими дафни ӯ дар шаҳри Исфара баргузор хоҳад шуд.
Хабари даргузашти Ҳабиб Саид рӯзи 22-юми январ тавассути шахсони наздик ба ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд. То кунун даҳҳо кас зери он шарҳ гузоштаанд. Чанд сол пеш ӯ ба сактаи дил гирифтор гашта буд.
Ҳабиб Саид дар солҳои охир силсилаи блогу саҳифаҳоро дар бахши адабиёт, сиёсат, фарҳанг ва ходимони маъруфи Тоҷикистон дар Интернет гардонандагӣ мекард. Дар саҳифаи ӯ дар Ютуб мусиқӣ ва гуфтору наворҳои нодире аз даврони Шӯравии собиқ ҷой ёфтаанд. “Душмани №1-и тоҷик – вируси М”, яке аз сохтаҳои ӯ дар бораи дарди маҳалгароӣ дар Тоҷикистон аст.
Саидаҳмад Қаландаров, донишманди тоҷик, рӯзи 22-юми январ дар навиштае дар Фейсбук ӯро “зиндагардонандаи осори таърихӣ, фарҳангӣ ва адабию чеҳраҳои нотакрори наздик ба сад соли охири миллати тоҷик дар Интернет” номид.
“Ҳабиб Саид дар бораи устод Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Комил Ёрматов, Қорӣ Ниёзӣ, Мамлакат Наҳангова, Лоиқ Шералӣ видеороликҳои алоҳида сохтааст. Дар зиёда аз 100 видеоролики бахшида ба Аҳмад Зоҳир, ки ҳаҷми бархе аз онҳо зиёда аз як соат аст, то 490 акси ин ҳунарманди шодравон гирд омадааст,” – навишт Субҳони Аъзамзод, донишманди дигари тоҷик, дар Фейсбук.
Ҳабиб Саид зодаи шаҳри Душанбе ва хатмкардаи Донишгоҳи кишоварзист, аммо пешаҳои зиёдеро озмудааст. Кафшергар, челонгар, геолог, муҳандис, корманди нашрияи “Ҳафтганҷ” ва шореҳи сиёсии Радиои Тоҷикистон буд.
Ӯ соли 2019 дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки баъди кӯчиданаш ба Русия корро дар корхонаи равғанкашӣ низ таҷриба кард, вале сактаи қалбӣ шуду ба нафақа баромад ва ба кори эҷодӣ баргашт.
"Одамсуратон субҳидам пайдо мешаванд", маҷмӯаи достонҳои кӯтоҳ, новелла, мазҳака ва ҳикояҳои тахайюлии ӯ, соли 1992 дар Душанбе ба нашр расид. “Итолиёӣ, хола ва Золушка” китоби дигари ӯст, ки бо забони русӣ чоп шудааст.
Баъзе аз порчаҳои суҳбати Ҳабиб Саид аз соли 2019
Радиои Озодӣ: Ҳоло ҷомеа пеш рафта, мусиқиву ҳунар ҳам дигар шудааст. Мардум завқи дигар доранд. Шояд бипурсанд, ки бойгонии солҳои 50-ум ва 80-ум ба кӣ даркор?
Ҳабиб Саид: “Баъзеҳо мегӯянд, гузашта чӣ лозим? Аммо намешавад, ки гузаштаи худро фаромӯш кунем. Ҳоло сарояндагони зиёде дар жанри гуногун тарона мехонанд. Ёдатон бошад, сарояндаи тоҷикро дар як барномаи телевизионӣ дар Афғонистон эрод гирифтанд, ки хуб суҳбат карда наметавонад. Сарояндагоне, ки мо доштем, адабиёти классикиро хуб медонистанд, огоҳ ва донишманд буданд. Бояд бо корашон ошно бошем ва омӯзем. Бинанда ва шунавандаи ин мусиқиҳои қадимӣ кам нестанд. Ман ҳам бовар надоштам, ки барномаҳо бинанда пайдо мекунанд, вале насли ҷавон низ мешунаванд ва тарафдорӣ мекунанд."
Радиои Озодӣ: Таҷрибаи кор дар радиоро доред. Ба назари шумо, хатари нобудии мусиқиҳои нодир, навору суҳбатҳои солҳои Шуравӣ аз радиои тоҷик вуҷуд дорад?
Ҳабиб Саид: “Бале. Радиои Тоҷикистон тақрибан 11 ҳазор сабт дорад, ки бояд ҳамаашро аз лента ба MP3 гузаронем, ки нобуд нашаванд. Дар аксар кишварҳо сабтҳояшонро аз лента дар компютерҳо захира кардаанд, вале дар мо на ҳамаашро гузарондаанд. Лентаҳои кӯҳна низ нобуд мешаванд, касе истифода намекунад. Бисёриҳо онҳоро мепартоянд. Як дӯстам низ ба ман навишт, ки бо дастони худашон лентаҳои нодирро бурда нобуд кардаанд. Русҳо ин чизҳоро ҳифз мекунанд, эҳтиёткор ҳастанд, аммо мо инҳоро нест мекунем."
Радиои Озодӣ: Чанд сол пеш дар Тоҷикистон будед. Барои як ҳунарманд муҳити кору эҷоду зиндагӣ дар Тоҷикистон чӣ гуна аст?
Ҳабиб Саид: “Ман фикр мекунам, ки Душанбе муҳити озоде барои зиндагӣ нест, муҳити эҷодӣ маҳдуд аст… Дар 30 соли охир мушоҳида накардам, ки шахсиятҳои қавии ҳунару фарҳанг дар Тоҷикистон ба миён омада бошанд. Албатта, 5 сол пеш ба Душанбе рафта будам ва муҳитро медонам. Ҳафтод дарсади хонандагони блог ва саҳфаам дар Ютуб аз Русия ҳастанд, дигар кишварҳо ва шумораи хело камашон аз Тоҷикистон."
Талаби 17 сол зиндон ба Рухшона Ҳакимова
Додситон ба рӯзноманигор Рухшона Ҳакимова 17 сол зиндон талаб кардааст.
Ҳакимоваи 31-сола, бародарзодаи Шокирҷон Ҳакимов, муовини боздоштшудаи раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон, аст.
Мақомот ӯро дар доираи парвандаи маъруф ба "табаддулот" ба "хиёнат ба давлат" (моддаи 305-и Кодекси ҷиноӣ) гумонзад медонанд. Рухшона Ҳакимова ва вакили мудофеаш барои шарҳи масъала дастрас нестанд.
Талаби додситон нисбат ба Рухшона Ҳакимова рӯзи 8-уми январ дар мурофиаи паси дарҳои баста дар Боздоштгоҳ садо додааст. Радиои Озодӣ тасдиқи хабарро рӯзи 22-юми январ гирифт.
Як манбаи наздик ба тафтишот дар нимаи моҳи октябри соли 2024 парвандаи Рухшона Ҳакимоваро ба пурсише “дар мавриди нуфузи Чин дар Тоҷикистон” рабт дод. “Баъзе аз чеҳраҳои боздоштшуда, аз ҷумла Саидҷафар Усмонзода ва Шокирҷон Ҳакимов дар он пурсиш назар додаанд,” – афзуд ӯ.
Дар бораи назарпурсӣ ва суолҳояш манбаи мо изҳори бехабарӣ кард. Вай гуфта натавонист, ки ба ҷуз пурсиш дар мавриди нуфузи Чин қазияи Рухшона Ҳакимова ба парвандаи “талоши табаддулот” иртиботи дигаре дорад ё не.
Инчунин, ошкор нест, ки оё ин пурсиши афкор вокуниши тарафи Чинро ба миён овардааст ва чаро он бояд заминаи парвандаи ҷиноӣ бо иттиҳоми “хиёнат ба давлат” шуда бошад.
Ба иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, ба далели кӯдаки ширхора доштан Рухшона Ҳакимова ба ҳабси пешакӣ гирифта нашудааст, вале шиносномааш мусодира шуда, ба шарти берун нарафтан аз маҳалли иқомат дар озодист.
Рухшона Ҳакимова хатмкардаи риштаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст. Ӯ дар Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон, нашрияи “Ҷавонони Тоҷикистон” ва баъзе аз созмонҳои рӯзноманигорӣ кор кардааст. Соҳиби ду фарзанд.
Парвандаи маъруф ба “табаддулот” дар моҳи июни соли 2024 боз шуд. То кунун дар доираи он 8 кас боздошт гардида, муҳокимаашон дар ҳоли анҷомёбист.
"Талафоти ҷонӣ нест, чор кас маҷруҳ шуд." Тарма дар роҳи Душанбе-Чаноқ
Чор мусофир дар роҳи Душанбе-Хуҷанд дар зери тарма ё баҳман монда, осеб дидаанд.
Ҳодиса рӯзи 22-юми январ рух дод.
Намояндагони IRS, масъули нигоҳубин ва ҷамъоварии пул дар ин роҳ, гуфтанд, баландии тарма чор ва паҳнияш зиёда аз 40 метр буд.
Ба иттилои манбаъ, кормандони IRS ва маъмурони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ронандаи "Мерседес" ва мусофиронро аз зери тарма берун оварданд.
"Хушбахтона, талафоти ҷонӣ нест. Чор мусофир, ки ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштаанд, ба беморхона интиқол дода шуданд. Ҳоло роҳ боз ва ҳаракати тамоми намуди нақлиёт таъмин аст," – хабар дод манбаъ.
Ҳар сол дар фасли зимистону баҳор фаромадани тармаву сангпора дар роҳи Душанбе-Хуҷанд сабт шуда, борҳо боис ба талафоту бастани роҳ гаштааст.
Ҳукумат масъулияти нигоҳубини роҳи пулакиро аз соли 2009 ба ширкати IRS додааст. Соҳиби ширкат маълум нест.
Раҳоии ду амрикоӣ дар ивази озодии як намояндаи "Толибон"
Мақомоти Иёлоти Муттаҳида ва баъзе аз расонаҳо раҳоии ду амрикоии зиндониро дар Афғонистон тасдиқ карданд.
Бино ба гузоришҳо, озодии ин афрод дар ивази раҳоии Хон Муҳаммад, як намояндаи "Толибон", аз зиндоне дар Калифорния имконпазир шудааст.
Хон Муҳаммад соли 2008 бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир ва терроризм дар Амрико ба ҳабси абад маҳкум шуда буд.
Раҳбарони "Толибон" рӯзи 21-уми январ озодии Хон Муҳаммадро "натиҷаи музокироти тӯлонӣ ва муассир" миёни Афғонистон ва Иёлоти Муттаҳида хонданд.
Онҳо шахсияти ду амрикоии озодшударо нагуфтанд. Телевизиони CNN ва хабаргузории AP аз онҳо Райан Корбетт ва Вилям МакКентӣ ном бурданд.
Як узви маъмурияти президент Доналд Трамп ба расонаҳо гуфт, созиш бо миёнравии тими Ҷо Байден рӯзи 20-уми январ ва пеш аз тарки мақомаш сурат гирифтааст.
Дар бораи Ҷорҷ Глезман ва Маҳмуд Ҳабибӣ, ду шаҳрванди дигари Амрико, ки аз соли 2022 ба ин сӯ дар зиндони Афғонистон ҳастанд, чизе гуфта нашудааст.
Иёлоти Муттаҳида ҳукумати "Толибон"-ро, ки тобистони соли 2021 Афғонистонро тасарруф кард, эътироф намекунад.
Трамп гуфт, агар Путин розӣ нашавад, таҳрим ҷорӣ мекунад
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, ҳушдор дод, ки агар Владимир Путин, президенти Русия, бо Украина ба созиши сулҳ нарасад, алайҳи Маскав таҳримҳои изофӣ ҷорӣ хоҳад кард.
Изҳороти Трамп рӯзи 21-уми январ дар ҷараёни суханронияш дар Кохи Сафед ва дар посух ба суоли хабарнигор садо дод.
Ӯ ҳамзамон аз раисҷумҳури Чин, Сӣ Ҷинпин, хост, ки дар хатми ҷанг дар Украина ҳамкорӣ кунад.
“Мо бо президенти Украина Владимир Зеленский суҳбат мекунем ва ба зудӣ бо президент Путин ҳам гуфтугӯ хоҳем кард,” -- гуфт Доналд Трамп, аммо ҷузъиёт надод.
Трамп ҳамчунин изҳор дошт, ки тими ӯ масъалаи фиристодани силоҳи бештарро ба Украина баррасӣ мекунад.
Вай дар ҷараёни маъракаҳои интихоботии худ ҳукумати қаблии Амрикоро барои ёрии зиёд ба Украина танқид карда буд.
Зеленский ба "хатми одилона"-и ҷанг дар кишвараш умедвор аст
Раисҷумҳури Украина мегӯяд, умедвор аст, ки президенти нави Амрико ба ҷанги Русия алайҳи кишвараш ба таври одилона хотима медиҳад.
Владимир Зеленский дар ин бора рӯзи 21-уми январ дар Давоси Швейтсария суҳбат кард. Дар онҷо Анҷумани ҷаҳонии иқтисодӣ ҷараён дорад.
Ба қавли Зеленский, Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, ба ӯ гуфтааст, имсол барои поён додан ба ҷанг аз тамоми василаҳо истифода хоҳад кард.
Вай афзуд, Украина низ мехоҳад, ин ҷанг дар соли ҷорӣ поён ёбад, вале на танҳо ба зудӣ, балки ба таври одилона низ.
Доналд Трамп рӯзи 20-уми январ савганд ёд кард ва расман раисҷумҳури Амрико шуд. Ӯ қаблан гуфта буд, ки ба ҷанги идомадори Русия дар Украина поён хоҳад дод.
Тоҷикистон ба Литва коргар мефиристад
Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон шаҳрвандонро барои кор дар Литва даъват кардааст.
Ба иттилои ин ниҳод, Литва барои кор ба 60 корманд, аз ҷумла, кафшергар, устои барқ ва ронандаи мошини борбар, ниёз дорад. Барои соҳибони чунин касбҳо маоши аз 1500-1900 евро боло пешниҳод шудааст.
Ҳамчунин, аз ҷониби кортаъминкунанда иҷозатномаи иқомат барои ду сол ва манзили зист дода мешавад. Аз довталабон донистани забони русӣ, надоштани доғи судӣ, таҷрибаи кории яксола ва доштани диплом ё сертификат дар ин соҳа ва ҳуҷҷати ронандагӣ, талаб карда мешавад. Ба ин корҳо шаҳрвандони аз 20 то 40-сола даъват шудаанд.
Бино ба маълумоти Департаменти муҳоҷирати Литва, шаҳрвандони зиёди Тоҷикистон дар ин кишвар зиндагӣ мекунанд
Мақомоти Тоҷикистон талош доранд ба ҷуз Русия, роҳи муҳоҷирони корӣ ба дигар кишварҳо боз шавад. Аз ҷумла, шаҳрвандони Тоҷикистон дар солҳои ахир барои кор ба Британияи Кабир фиристода мешаванд. Вале шумораи онҳо хеле кам аст.
Тоҷикистон ба Ғазза кӯмаки башардӯстона фиристод
Тоҷикистон ба мардуми Ғазза дар Фаластин, 200 тонна орд кӯмак кардааст.
Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, ин кӯмак дар доираи ташаббуси башардӯстонаи чанд кишвари узви Созмони исломии амнияти озуқаворӣ барои бартарафсозии мушкилоти шадиди норасоии ғизо дар Ғаззаи ҷангзада, фиристода шудааст.
Вазорат мегӯяд, ин иқдом аз сӯйи кишварҳои узви Созмони исломии амнияти озуқаворӣ дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти хайриявии Урдун амалӣ карда шуда, ба он Қазоқистон, Озарбойҷон ва Бангладеш низ ҳамроҳанд.
Интизор меравад, ки корвони кӯмаки башардӯстона давоми 2 рӯз ба гузаргоҳи сарҳадии Карам Абу Салем бирасад. Ин кӯмакҳо дар ҳамоҳангӣ бо Барномаи ҷаҳонии озуқа ва дигар ниҳодҳои Созмони Милали Муттаҳид, ба ниёзмандон расонида мешаванд.
Созмони исломии амнияти озуқаворӣ дар оғози соли 2024 барои мубориза бо хатари гуруснагӣ дар навори Ғазза бо интишори як даъвати изтирорӣ барномаи “Орд барои башарият”-ро роҳандозӣ карда буд.
Ифшои фарқи даромад ва пулҳои фиристодаи муҳоҷирон дар Қазоқистон
Як тафтиш дар Қазоқистон фарқ ё тафовути даромади муҳоҷирони корӣ аз се кишвари Осиёи Марказӣ ва пули фиристодаи онҳоро ба ватанашон ошкор кардааст.
Палатаи олии аудитории Қазоқистон рӯзи 21-уми январ гуфт: “шаҳрвандони се кишвари Осиёи Марказӣ дар се соли гузашта наздик ба 260 миллион доллар кор карда, ба ватанашон наздик ба 2 миллиард доллар пул фиристодаанд.”
Дар изҳорот номи кишвари мушаххасе оварда нашудааст.
Мақомоти Қазоқистон таъкид кардаанд, ки фарқи калон миёни даромади расмӣ ва пулҳои интиқолии муҳоҷирон баёнгари “бисёр ҷиддӣ будани сатҳи иқтисоди пинҳонӣ ё соягӣ” дар Қазоқистон аст.
Қазоқистон баъд аз Русия кишвари дувуми муҳоҷирпазир аз Осиёи Марказист.
Баъзе аз шаҳрвандони Тоҷикистон бо ҳадафи кору даромад ба он ҷо мераванд.
"Буҳрони сиёсӣ ва башарӣ". Нома ба Трамп дар бораи Тоҷикистон
Як созмони мухолифи ҳукумати Тоҷикистон дар номае ба Доналд Трамп, президенти нави Амрико, аз "шиддат гирифтани буҳрони сиёсӣ ва башарӣ" дар кишвар шикоят кардааст.
Шарофиддин Гадоев, раҳбари Ҷунбиши ислоҳот ва рушд, қароргоҳаш дар Ҳолланд, рӯзи 20-уми январ гуфт, "режими Эмомалӣ Раҳмон пайваста озодиҳои шаҳрвандиро саркӯб, намояндагони мухолифин, расонаҳои мустақил ва ҳомиёни ҳуқуқро таъқиб мекунад."
Гадоев дар номааш аз маъмурияти Трамп хостааст, аз озодии фаврӣ ва бе қайду шарти маҳбусони сиёсӣ, қатъи таъқибу фишор ба фаъолон ва ташкили интихоботи озоду шаффоф дар Тоҷикистон пуштибонӣ кунад.
“Мо омодаем бо маъмурияти шумо барои пешбурди ислоҳоти демократӣ, ҳимояи ҳуқуқи инсон ва таҳкими волоияти қонун дар Тоҷикистон ҳамкорӣ кунем," – афзудааст Шарофиддин Гадоев.
Доналд Трамп, намояндаи Ҳизби Ҷумҳурихоҳ, дар интихоботи моҳи ноябри соли 2024 дар Амрико пирӯз шуд. Вай рӯзи 20-уми январ савганд ёд кард ва баъд аз чаҳор сол “танаффус” ба Кохи Сафед баргашт.
Тоҷикистон ва Амрико додугирифти зиёд надоранд, аммо Вашингтон пайваста ба бахши пизишкиву марзбонӣ ёрӣ мерасонад.
Ҳамзамон Иёлоти Муттаҳида аз маҳдудиятҳои озодии баёну виҷдон ва саркӯби дигарандешон дар Тоҷикистон интиқод мекунад ва онро ба қатори “кишварҳои мавриди нигаронии хос” ворид кардааст. Чизе, ки ҷониби Тоҷикистон бо он розӣ нест ва беасос медонад.
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, дар моҳи нобяри 2024 Доналд Трампро ба пирӯзияш дар интихобот табрик карда буд.
Фармоне, ки монеи парвози 1600 муҳоҷири афғон ба Амрико хоҳад шуд
Як фармони раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп, қарор аст, сабаби бекор шудани парвози 1600 муҳоҷири афғон ба Иёлоти Муттаҳида гардад.
Дар ин бора бахши афғонистонии Радиои Озодӣ рӯзи 21-уми январ гузориш дод.
Трамп рӯзи 20-уми январ, пас аз маросими савгандёдкунӣ, барномаи муҳоҷират ба Амрикоро боздошт. Ин фармон аз 27-уми январ ба иҷро медарояд.
Хабаргузории "Рейтерс" навишт, ки ин афрод аз сарбозон, кӯдакони танҳо ва кормандони пешини ҳукумати Афғонистон иборат буда, мунтазири интиқол ба Иёлоти Муттаҳида ҳастанд.
Кохи Сафед ва Департаменти давлатии Амрико то ҳол дар ин бора изҳори назар накардаанд.
Ба гузориши расонаҳои амрикоӣ, баъди ба қудрат расидани "Толибон", маъмурияти раисҷумҳури пешини Амрико Ҷо Байден ҳудуди 200 ҳазор афғонистониро ба ИМА бурдааст.
Гуфтугӯ