Ӯ дар навори гузоштааш дар шабакаи иҷтимоии Инстаграм чунин гуфтааст: “Ҳар тобистонро бо модарбузургам дар Душанбе мегузаронидам. Беҳтарин таътилҳои ман буданд. Модарбузургам ба ман бисёр чизҳоро омӯзондааст. Барои намуна, мегуфт, "дар табақ танҳо аз каноре бихӯр, ки ба самти ту аст" - тоҷикон ошро аз табақи умумӣ мехӯранд. Фалсафаи ин ибора дар он аст, ки хоксор бошед ва ҳар чиро сарнавишт медиҳад, бипазиред ва ончиро, ки ба шумо тааллуқ надорад, нагиред.
Имрӯз 14 сол мешавад, ки модарбаргузги ман даргузаштааст. Чанд соли охир фикр мекунам, хурсанд ҳастам, ки ӯ ончӣ бо мо ва ҷаҳон рух медиҳад, намебинад. Ҳамчунин барои он хурсандам, ки паёмадҳои рӯзҳои бар сари тоҷикон ва шаҳрвандони ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ омада ба вай таъсир расонда наметавонанд.
Чи гуна одамони бегуноҳ мемиранд, даҳшатовар аст. Даҳшатовар аст, ки касе барои сафед кардани он сухане дорад.”
Ҳамла ба “Крокус Сити Ҳолл” шаби 22-юми март рӯй дод.
Гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” ё ДОИШ масъулияти ҳамларо ба уҳда гирифт, вале президенти Русия Владимир Путин онро ба Украина пайванд дод.
Кумитаи тафтишотии Русия дар бораи боздошти 11 кас гузориш додааст.
Додгоҳи Басманнийи шаҳри Маскав рӯзҳои 24, 25 ва 26-уми март ҳашт нафарро то охири моҳи майи имсол ба ҳабси пешакӣ гирифт. Ҳафт нафари онҳо зодаи Тоҷикистон буда, як нафар аз Қирғизистон аст.