Дар чанд ҷумла
Ҳалокати 12 ангишткан дар Балуҷистон
12 ангишткан дар таркиши гази метан дар як кони ангишт дар ҷануби Покистон ба ҳалокат расидаанд. Ҳашт нафарро наҷот доданд.
Абдулғанӣ Балуч, бозраси аршади маъдан дар Балуҷистон, 20-уми март ба расонаҳо гуфтааст, “амалиёти наҷот ба анҷом расид”.
Ба гуфтаи Абдулғанӣ Балуч, таркиши гази метан шабона рух дод ва дар ин вақт 20 ангишткан дар дохили нақб буданд.
Вай афзуд, 12 ҷасадро аз дохили нақб берун оварда, наҷотёфтаҳоро ба бемористон интиқол доданд.
Конҳои ангишти Покистон асосан дар минтақаҳои ҳаммарз бо Афғонистон ҷойгиранд ва солҳои гузашта низ ин конҳо шоҳиди чунин ҳодисаҳои нохуш будаанд.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Барканорӣ ва таъйини раисони чор ноҳия дар Тоҷикистон
Раисони чор ноҳияро дар вилоятҳои Хатлону Бадахшон аз мақом барканор ва ба ҷойи онҳо афроди навро таъйин карданд. Тағйирот рӯзи 7-уми январ сурат гирифт.
Бино ба фармони раисҷумҳури Тоҷикистон, Фирӯза Шарифӣ аз мансаби иҷрокунандаи раиси шаҳри Норак озод ва ба ҷойи ӯ Иброҳим Мирзозода таъйин шуд. Шарифӣ дар моҳи январи соли 2024 ба ин мақом расида буд.
Зарифхуҷа Шоҳиён, ки аз соли 2019 раиси ноҳияи Панҷ буд, дигар дар ин мақом нест. Ҷойи ӯро ба Акмал Иброҳимиён доданд.
Наҷмиддин Давлатзода дар курсии раиси ҳукумати ноҳияи Ванҷ Одинашо Мародзодаро иваз кард. Мародзода аз соли 2021 дар ин мақом кор мекард.
Фатҳуддин Солеҳзода аз мансаби раиси ноҳияи Нуробод озод ва ба ҷояш Додарҷон Ҷобирзода таъйин шуд.
Дар фармонҳо сабаби барканории ҳамаи онҳо “гузаштан ба кори дигар” гуфта шудааст, аммо маълум нест ба кадом вазифа.
Аз оғози моҳи январ дар баъзе аз идораҳои давлатӣ ва ҳукуматҳои маҳаллӣ дар Тоҷикистон тағйироти кадрӣ ҷараён дорад.
Бахтиёр Сафаров, сардори ширкати "Central Asia Consulting” дар Вашингтон, дар суҳбати пешинааш бо Радиои Озодӣ гуфта буд, "таъйиноти кадрие, ки солҳои дароз дар ҳукумати Тоҷикистон мушоҳида мекунем, бештар монанди намоишҳои театрӣ ҳастанд, на ислоҳоти воқеӣ."
Нерӯҳои Русия панҷ низомии асирафтодаи Украинаро куштаанд
Тарҳи Deep State ва Додситонии вилояти Донетски Украина нерӯҳои Русияро дар ду маврид ба куштани панҷ низомии асирафтодаи украинӣ муттаҳам карданд.
Ин ҳодисаҳо рӯзи 3-юми январ дар ду минтақаи вилояти Донетск сабт шудааст.
Deep State мегӯяд, нерӯҳои Русия дар деҳаи Нескучное дасти се сарбози таслимшудаи Украинаро баста, аз пушти сарашон паронданд.
Ба иттилои Додситонӣ, дар ҳамон рӯз низомиёни Русия дар ноҳияи Времевка ду сарбози украиниро ба асорат гирифта, сипас тир задаанд.
Омбудсмен ё Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Украина Дмитрий Любинетс гуфт, дар ин бора ба Кумитаи Байнулмилалии Салиби Сурх ва Созмони Милали Муттаҳид муроҷиат кард.
"Ин созмонҳо бояд ба ҷониби Русия фишор оваранд, то ин гуна амалҳоро бас кунанд", - гуфт ӯ.
Любинетс дар аввали моҳи декабри 2024 гуфта буд, ки аз оғози ҳамлаи густурдаи Русия ба Украина (моҳи феврали соли 2022) то кунун 177 мавриди қатли асирони ҷангии украинӣ аз сӯи артиши Русия тасдиқ шудааст.
Мурофиаи навбатии Саркози. Ин дафъа дар пайванд ба Қаззофӣ
Муҳокимаи Николя Саркози, раисҷумҳури пешини Фаронса, рӯзи 6-уми январ дар шаҳри Порис (Париж) сар шудааст.
Ӯро ба муомилаи коррупсионӣ бо раҳбари пешини Либия Муаммар Қаззофӣ дар миёнаҳои солҳои 2000-ум муттаҳам медонанд.
Дар сурати тасдиқи иттиҳом, ба Саркози то даҳ сол зиндон таҳдид мекунад. Мурофиа се моҳ тӯл хоҳад кашид.
Муфаттишон гуфтаанд, Николя Саркози соли 2005 бо Қаззофӣ вориди муомила шуда, дар солҳои 2006-2007 аз ӯ на камтар аз 50 миллион доллар дарёфт ва дар маъракаи интихоботӣ истифода кард.
Дар иваз, ба гуфтаи онҳо, Фаронса аз режими Қаззофӣ, ки он замон таҳти фишори байнулмилалӣ монда буд, мадад расондааст.
Президенти собиқи Фаронса иттиҳомро напазируфта, ҳуҷҷатҳои пешниҳодии муфаттишонро қалбакӣ номид.
Ин мурофиаи севуми додгоҳии Николя Саркози аст. Сиёсатмадори 70-сола моҳи марти соли 2021 ба харид ва фурӯши нуфуз гунаҳкор дониста ва ба се соли зиндон маҳкум шуда буд. Ду соли он шартӣ буд.
Николя Саркози аз соли 2007 то соли 2012 раисҷумҳури Фаронса буд.
Конгресс пирӯзии Доналд Трампро дар интихобот тасдиқ кард
Конгресси Амрико рӯзи 6-уми январ пирӯзии Доналд Трампро дар интихоботи президентии моҳи ноябри соли 2024 тасдиқ кард.
Ӯ ва муовинаш рӯзи 20-уми январ савганд хоҳанд хӯрд.
Тасдиқи натиҷаҳои интихобот дар Конгресс як раванди маъмулӣ дар Амрикост.
Аммо дар моҳи январи соли 2021, ҳангоми тасдиқи пирӯзии Ҷо Байден, тарафдорони Доналд Трамп ба Конгресс ҳамла карда, бо пулис даргир шуданд.
Садҳо нафар, аз ҷумла 140 корманди полис ҷароҳат бардоштанд.
Теъдоди зиёди ҳамлаварон то ҳол дар зиндон ҳастанд, вале Доналд Трамп ваъда додааст, ки онҳоро афв хоҳад кард.
"Се духтарашро ба наздикон доданд, худашро дастгир карданд"
Шахсони наздик ба Фарҳод Неъматов (Негматов), як фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ, гуфтанд, ки ӯ баъди ронда шудан аз Шветсия дар Тоҷикистон дастгир шудааст.
Иттиҳоми зидди ӯ маълум нест.
Фарҳод Неъматов (Негматов)-ро бо се духтараш рӯзи 27-уми декабри соли 2024 аз Шветсия ихроҷ карданд. Ҳамсараш дар кишвари дигар қарор дорад ва берун аз Тоҷикистон аст.
Ин хонавода қаблан дар Украина қарор дошт ва баъд аз ҷанги бедалели Русия ба шаҳри Гётеборги Шветсия рафт. "Фарҳод Неъматов борҳо ба гирифтани ҳаққи паноҳандагии сиёсӣ муроҷиат кард, вале посухи рад гирифт," – гуфт як нафари огоҳ аз қазия.
Яке аз наздиконаш рӯзи 7-уми январ ба Радиои Озодӣ хабар дод, ки мақомот дар Тоҷикистон се фарзанди Фарҳод Неъматовро ба пайвандонаш супурдаанд.
"Баъди бештар аз даҳ рӯз ба волидонаш хабар додаанд, ки ба дидани худаш ба шаҳри Душанбе биоянд. Онҳо аз Хистеварз (ноҳияи Бобоҷон Ғафуров) ба роҳ баромадаанд,” -- гуфт ҳамсуҳбати мо. Ба далели амниятӣ номаш фош намешавад.
Вазорати корҳои дохилӣ ва ниҳодҳои дигари интизомии Тоҷикистон дар бораи боздошти Фарҳод Неъматов (Негматов) хабар надоданд. Номаш дар рӯйхати шахсони таҳти ҷустуҷӯ дар Тоҷикистон дида нашуд.
Баъзе аз ҳамсуҳбатони огоҳи Радиои Озодӣ гуфтанд, мақомоти Тоҷикистон Фарҳод Неъматовро гуё ба ҳамкорӣ ва узвият дар “Ҳизби Таҳрир” айбдор медонанд. Фаъолияти ин созмон дар Тоҷикистон мамнуъст. Пайвандонаш ин фарзияро инкор карданд.
Фарҳод Одинаев, як фаъоли мухолифон, мегӯяд, Неъматов дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла дар Фейсбук, фаъол буд ва назари танқидӣ дошт. “Мақомоти Шветсия қабл аз ихроҷаш ба Тоҷикистон мебоист пайомади онро ба эътибор мегирифтанд,” – гуфт ӯ.
Дар саҳифаи Фарҳод Неъматов (Негматов) дар Фейсбук навору матнҳои зиёде дар бораи хилофату ҳукумати исломӣ низ нашру ташвиқ шудааст.
Фарҳод Неъматов (Негматов) зодаи деҳаи Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аст. Ӯ ҳамроҳи зану фарзандонаш соли 2019 аз Тоҷикистон ба Украина рафта буд.
Маълумот
Беш аз даҳ сол боз гурӯҳе аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба далели мухолифат бо режими ҳоким ва ё таъқибу азияти афзун дар кишвар, дар Аврупо паноҳанда шуданд. Кишварҳои аврупоӣ аризаи на ҳамаи онҳоро мепазиранд.
То кунун чанд мавриди ихроҷ ва дар Тоҷикистон зиндонӣ шудани баъзе аз паноҳҷӯён расонаӣ шудааст.
Бо вуҷуди ҳушдорҳо аз эҳтимоли шиканҷаву ҳабс шуданаш дар Тоҷикистон, мақомоти Олмон фаъоли мухолифон Дилмурод Эргашевро моҳи октябри соли 2024 аз хоки ин кишвари аврупоӣ берун карданд. Ба гузориши Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch), ӯ дар Душанбе аст ва дар ҳабси пешакӣ.
Мақомоти Олмон дар моҳи ноябри соли 2023 Билол Қурбоналиев, узви боздоштшудаи "Гурӯҳи 24"-ро ба Душанбе истирдод карданд. Қурбоналиев барои нақзи қоидаҳои иқомат дар Олмон дастгир шуда буд.
Мақомоти Олмон дар моҳи январи 2023 Абдуллоҳи Шамсиддин, писари яке аз фаъолони ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломиро ба Душанбе фиристоданд. Ба хабари Дидбони Ҳуқуқи Башар, ӯ ба ҳафт сол зиндон маҳкум шудааст.
Ҳизбулло Шовализода, як узви ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, соли 2020 аз Австрия ба Тоҷикистон истирдод ва ба 20 сол зиндон маҳкум шуд.
Оғози мурофиаи як тоҷикистонӣ дар Туркия
Дар шаҳри Истанбули Туркия мурофиаи парвандаи ҳамла ба калисои католикӣ, ки дар он шаҳрванди Тоҷикистон низ муттаҳам аст, оғоз гардид. Дар ин бора нашрияи "Ҷумҳурият"-и Туркия хабар медиҳад.
Амирҷон Холиқов, шаҳрванди Тоҷикистон ба он муттаҳам мешавад, ки рӯзи 28-уми январи соли гузашта ҳамроҳи як шаҳрванди Русия ба калисои католикҳо ҳамла карданд. Дар ин ҳамла як нафар кушта шуда буд.
Мақомот дар Туркия он замон гуфта буданд, ки ҳарду гумонбари ҳамларо боздошт карданд ва ба навиштаи расонаҳо, шаҳрванди Русия бевосита тир холӣ карда ва шаҳрванди Тоҷикистон натавонистааст силоҳро ба кор андозад.
Ба навиштаи рӯзномаи "Ҷумхурият", ҳарду ҳамлавар узви ДОИШ, созмони мамнуъ дар Тоҷикистон буданд. Ин созмон баъдан масъулияти он ҳамларо ба дӯш гирифт.
Ҳоло беш аз 50 нафар дастдоштагонро дар ин қазия ҳабси аз 7,5 сол то якумрӣ таҳдид мекунад.
Маҳдудияти кори муҳоҷирон дар як вилояти дигари Русия
Дар вилояти Воронежи Русия боз дар чанд соҳаи дигар, кор барои муҳоҷиронро манъ карданд.
Тавре расонаҳои русӣ дар ин бора менависанд, қарори манъи кори муҳоҷиронро Александр Гусев, раиси вилоят охири моҳи декабр имзо кардааст.
Бино ба ин қарор, муҳоҷирон дар ин вилоят дигар наметавонанд дар соҳаҳои боррасонӣ, маориф, тандурустӣ, тиҷорат ва нигоҳубини беморон, фаъолият кунанд. Аз ин ба баъд, муҳоҷирон ҳақ доранд дар ин вилоят танҳо боркашонӣ кӯчарӯбӣ ва фаррошӣ кунанд.
Муҳоҷироне, ки ҳоло дар вазифаҳои барои онҳо манъшуда кор мекунанд, аз кор озод карда мешаванд ё бо дастури раиси вилоят ба "корҳои мувофиқ", гузаронида мешаванд.
Аз ин пештар дар Севастопол, Новосибирск, Тула, Камчатка ва мамнуиятҳои монанд дар вилоятҳои Калуга, минтақаи худмухтори Ханти-Мансийск, вилоятҳои Тюмен ва Калининград ҷорӣ шуда буд.
Сомонаи Meduza пештар аз қавли як манбаи наздик ба Кремл иқтибос оварда буд, ки "масъалаи зидди муҳоҷират воқеан ҳам ҳамчун абзори дур кардани таваҷҷуҳи ҷомеа аз мушкилоти дигар хуб кор мекунад".
Русия мизбони бештар аз 1 миллион муҳоҷири кории тоҷик аст ва маҳдудиятҳои нав зиндагии ҳазорон нафари онҳоро, ки дар шаҳрҳои мухталифи Русия кору фаъолият доранд, сахттар хоҳад кард.
Артиши Украина ҳамла ба Курски Русияро тавсеа бахшидааст
Артиши Украина ҳамла ба вилояти Курски Русияро тавсеа бахшидааст.
Ба қавли коршиносон, ишғоли хоки Русия имкон медиҳад, ки таваҷҷуҳи Маскав аз ҳамла дида, ба ҳимоят аз қаламраваш ҷалб шавад.
Ҳамчунон, ба гуфти онҳо, пешрафт дар Курск мавқеи Украинаро дар музокироти эҳтимолии хатми ҷанг таҳким мебахшад.
Тибқи гузоришҳои расида, амалиёти Украина дар Курск 5-уми январ оғоз ёфта, ҳоло артиши ин кишвар ташаббуси тактикиро дар ихтиёр дорад.
Миқёси амалиёт ва дастоварди эҳтимолии он возеҳ нест.
Энтони Блинкен, котиби давлатии Амрико, ба он ишора кардааст, ки ҳузури сарбозони украинӣ дар Курск мавқеи Украинаро дар музокироти сулҳи Маскаву Киев тақвият мебахшад.
Изҳороти Илҳом Алиев дар бораи "масъулияти намояндагони Русия"
Раисҷумҳури Озарбойҷон масъулияти суқути як ҳавопаймои кишварашро дар Қазоқистон "ба дӯши намояндагони Русия" гузошт.
Илҳом Алиев дар ин бора рӯзи 6-уми январ изҳорот дод.
Ҳавопаймои ширкати "Озарбойҷон Эйрланз", ки рӯзи 25-уми декабри соли 2024 аз Боку ба Грозний парвоз дошт, дар фазои Русия осеб дида, дар наздикии шаҳри Оқтау дар Қазоқистон афтод. 38 нафар ҷон бохта, 29 тани дигар маҷрӯҳ шуданд.
Президенти Озарбойҷон муҷозоти онҳоеро талаб кард, ки "сабаби марги шаҳрвандони Озарбойҷон" гаштаанд.
"Мо адолат, муҷозоти гунаҳкорон ва шаффофияти комилро талаб дорем," -- гуфт ӯ.
Мақомоти Русия дар бораи сабабҳои тасодуф ва масъулияти онҳо дар ин ҳодиса чизе нагуфтаанд.
Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, рӯзи 28-уми декабр аз ҳамтои озариаш Илҳом Алиев барои он ки ҳодисаи фоҷиабор дар қаламрави ҳавоии Русия рух додааст, узр пурсид.
Ду заминларза дар Тоҷикистон, дар наздикии Хоруғу Шаҳритус
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон гуфт, ки рӯзи 6-уми январ дар ҳудуди ҷумҳурӣ ду заминларза сабт шуд.
Заминларзаи аввал соати 9:32 рух додааст. Марказаш 56-километрии ҷанубу шарқи Хоруғ (ВМКБ) ва дар ҳудуди Афғонистон.
Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон шиддати заминларзаро дар маркази он 3 дараҷа ва дар шаҳри Хоруғу ноҳияи Ишкошим 2 дараҷа номид.
Заминларзаи дуюм соати 12:17 дар 68-километрии ҷанубу шарқи ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон рӯй додааст.
Шиддати ин заминларза дар марказаш 3 дараҷа ва дар ноҳияи Шаҳритус 2 дараҷа арзёбӣ шуд.
Тоҷикистон дар яке аз минтақаҳои зилзилахези қораи Осиё ҷойгир аст.
Ҳар сол дар кишвар садҳо заминларза сабт шуда, дар натиҷаи он баъзе аз манзили сокинон вайрон мешавад. Бар асари заминларзаи моҳи марти соли 2023 садҳо кас дар Тоҷикистон зарар диданд.
Боздошти як низомии баландпоя дар Арманистон
Як низомии баландпояи Арманистонро дар робита ба ҷанги 44-рӯзаи ин кишвар бо Озарбойҷон дастгир кардаанд.
Ин ҷанг бар сари Қаробоғи Кӯҳӣ аз 27-уми сентябр то 10-уми ноябри соли 2020 идома дошт.
Генерал Тиран Хачатрян, муовини собиқи раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Арманистон, рӯзи 4-уми январи имсол боздошт шуд.
Вай ба он муттаҳам аст, ки дар ҷанги соли 2020 вазифаи хидматии худро иҷро накард. Дар ҳоле ки маҳз баъди ин ҷанг ба ӯ унвони қаҳрамони миллии Арманистон доданд.
Хачатрян иттиҳомро напазируфт. Вакилони мудофеаш рӯзи 5-уми январ парвандаи ӯро "интиқомгирӣ барои ақидаҳои сиёсияш" донистанд.
Нерӯҳои Озарбойҷон дар ҷанги соли 2020 як бахше аз Қаробоғи Кӯҳиро зери назорат гирифтанд. Ин минтақа дар даргирии соли 2023 пурра таҳти итоати Озарбойҷон даромад.
Тиран Хачатрян дар соли 2021 аз мансаб барканор шудааст. Ӯро дар соли 2024 бо гумони авбошӣ дастгир ва баъди ду моҳ бо пардохти пул ва шарти берун нарафтан аз ҷойи зист раҳо карда буданд.
"Истеъфо!" Эътирози ҳазорон кас дар пойтахти Черногория
Ҳазорон тан дар Подгоритса, пойтахти Черногория ё Монтенегро, истеъфои мансабдорони баландпояро талаб карданд.
Тазоҳурот рӯзи 5-уми январ гузашт.
Эътирозгарон вокуниши мақомоти Черногорияро ба тирпаронии маргбори рӯзи 1-уми январ нокифоя хонданд.
Дар ин ҳодиса дар шаҳри Тсетине 12 кас, аз ҷумла ду кӯдак, кушта шуданд. Тсетине бо тақрибан 13 ҳазор аҳолӣ дар 34-километрии ғарби пойтахти Черногория ҷойгир аст.
Аксар эътирозгарон шиори “Истеъфо”, “Дастони шумо хунолуд аст” ва “Қотилон”-ро дар даст доштанд.
Марко Вукчевич, яке аз норозиён, рӯзи 5-уми январ гуфт, “шаҳрвандони бегуноҳ кушта шуданд, Шумо натавонистед моро муҳофизат кунед, бояд фавран истеъфо диҳед.”
Тазоҳургарон махсусан истеъфои вазири корҳои дохилии Черногория Данило Саранович ва муовини сарвазири ин кишвар Алекса Бечичро талаб доштанд.
Футболбозони навраси тоҷик ба Туркия мераванд
Дастаи мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон (U-17) зери раҳбарии Марко Раҷини, мутахассиси итолиёӣ, дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2025 дар шаҳри Анталияи Туркия ҷамъомади дуҳафтаинаи таълимию тамринӣ доир мекунад.
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар доираи ҷамъомади таълимию тамринӣ, ки дар Анталияи Туркия аз 8-ум то 24-уми январ баргузор мешавад, футболбозони навраси тоҷик панҷ бозии санҷишӣ анҷом медиҳанд. Рақибони мунтахаби наврасони Тоҷикистон ҳанӯз маълум нашудаанд.
Қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2025 аз 3-юм то 20-уми апрел дар Арабистони Саудӣ баргузор хоҳад шуд. Рақибони дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар гурӯҳ 23-юми январ дар қуръакашии мусобиқот маълум мешаванд.
Футболбозони навраси тоҷик пеш аз иштирок дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2025 дар мусобиқаи «Ҷоми рушд-2025», ки аз 15-ум то 21-уми феврал дар шаҳри Мински Беларус баргузор мегардад, ширкат меварзанд.
Дар ин мусобиқаи анъанавии байнулмилалӣ иштироки дастаҳои мунтахаби наврасони то 17-солаи Беларус, Қазоқистон, Озарбойҷон, Русия, Тоҷикистон, Узбекистон ва Эрон дар назар аст.
Русия хабар дод, ки Кураховоро зери назорат гирифтааст
Вазорати дифои Русия рӯзи 6-уми январ иддао кард, ки шаҳри Кураховоро дар вилояти Донетски Украина "пурра зери назорат" гирифт.
Мақомоти Русия онро "минтақаи бузурги аҳолинишин дар қисмати ҷанубу ғарбии Донбасс" номидаанд.
То оғози ҷанги бедалели Русия дар Украина дар Курахово тақрибан 19 ҳазор кас мезист.
Тарҳи DeepState (тағйиротро дар хати ҷанг дар Украина назорат мекунад) эътироф кардааст, ки аксар гӯшаҳои Курахово таҳти назорати Русия аст.
Низомиёни Украина аз даст додани Кураховоро расман тасдиқ накардаанд.
Боздошти як зан, ки бо либоси милиса сокинонро озор медодааст
Раёсати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аз боздошти як ҷавонзан хабар дод, ки ба гуфтаи ин ниҳод, бо либосҳои милиса шабона оромии ҳамсоягонашро мунтазам халалдор мекардааст.
Ба навиштаи сомонаи ин ниҳод, шуморе аз сокинони пойтахт аз кори ин ҳамсояашон шикоят карда, аз мақомот талаб карданд, ки нисбаташ чора андешанд.
Милисаи Душанбе мегӯяд, ки дар натиҷаи санҷиш, Камила Икромзодаи 30- сола, сокини пойтахт дастгир шуд ва муайян гашт, ки ӯ дар асл корманди милиса набудааст.
"Ин кораш метавонад обрӯ ва нуфузи мақомоти милитсияро коста гардонад",-омадааст дар хабарномаи Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе.
Назари Камила Икромзода ба ин қазия маълум нест. Ва низ маълум нест, ки чаро ӯ бо либоси милитсия ин корро анҷом додааст.
Русия ба як баландошёна дар Украина бомба партофтааст
Дар вилояти Суми Украина дар ҳамлаи рӯзи 4-уми январи Русия як бинои панҷошёна хароб шудааст.
Даҳ тан аз сокинони ин бино, аз ҷумла ду кӯдак захмӣ шудаанд.
Бахши украинии Радиои Озодӣ хабар дод, ки Русия ба ин минтақаи аҳолинишин бомба партофтааст.
Ин минтақа дар наздикии марзи Русия ҷойгир аст.
Русия ҳамла ба сокинони оддиро борҳо рад кардааст, вале мақомоти Украина бо далел нишон додаанд, ки артиши ин кишвар ғайринизомиёнро низ ҳадаф мегирад.
Амрико ба Исроил ба 8 миллиард доллар силоҳ медиҳад
Иёлоти Муттаҳида ба 8 миллиард доллар ба Исроил силоҳу муҳиммоти дигари ҷангӣ медиҳад.
Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар ин бора ба Конгрес тарҳ пешниҳод кардааст.
Дар доираи ин тарҳ ба Исроил мушакҳои "осмон-осмон", мушаки Hellfire ва бомбаҳову силоҳҳои дигари пешрафта дода хоҳад шуд.
Ин пешниҳодро бояд ду палатаи Конгреси Амрико тасвиб кунад.
Моҳи августи соли гузашта ИМА ба 20 миллиард доллар ба Исроил силоҳу дигар муҳиммоти ҷангӣ фурӯхта буд.
Амрико яке аз пуштибонҳои аслии Исроил аст.
Доналд Трамп, президенти нави Амрико, ҳам ваъда додааст, ки кумак ба Исроилро идома медиҳад.
Беш аз як сол боз Исроил дар Ғазза ва Лубнон дар ҳоли ҷанг аст.
Як узбекистонӣ барои ҷанг дар Украина зиндонӣ шудааст
Додгоҳи Узбекистон як шаҳрванди ин кишварро барои ширкат дар ҷанги Украина аз ҷониби Русия ба мӯҳлати чор солу ду моҳ зиндонӣ кардааст.
Қонунҳои Узбекистон шомили артиши дигар кишвар шудани шаҳрвандонашро манъ мекунад.
Ин шаҳрванди Узбекистон, ки номашро расонаӣ накардаанд, 39 сол доштааст. Расонаҳои маҳаллӣ навиштаанд, ки ӯ аввали соли 2023 ба Русия барои кор рафта, онҷо бо артиши ин кишвар қарордод бастааст. Тибқи қарордод ӯ бояд ҳар моҳ 450 ҳазор рубл дарёфт мекардааст, вале танҳо ду моҳ 150 ҳазор рублӣ гирифта, дигар маблағе ба ӯ надодаанд.
Расонаҳо навиштаанд, ки ӯ дар Бахмут ва Шахтёри Украина зидди нерӯҳои ин кишвар ҷангида, ба иқрори худаш, "беш аз 10 сарбози украиниро куштааст.”
Ӯ охири соли 2023 ба Узбекистон баргашта, ба қавли додгоҳ, худро ихтиёран ба мақомот таслим кардааст. Додгоҳ инро ба назар гирифта, ба ӯ ҳукми камтар дода будааст.
Кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, аз шаҳрвандонашон хоста буданд, ки дар ҷанги Украина аз ҳеч тарафе иштирок накунанд, ки ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
То кунун дар Тоҷикистон хабари ба ҷавобгари кашида шудани касе барои ҷанг дар Украина расонаӣ нашудааст, вале дар Қирғизистону Узбекистон чанд нафар боздошту зиндонӣ шуда буд.
Ширкати даҳҳо тоҷикистонӣ дар ҷанги Украина расонаӣ шудааст. Аз ҳузури онҳо дар ҷанги Украина замоне хабар нашр мешавад, ки ҷасади онҳо ба ватан интиқол меёбад.
Русия моҳи феврали соли 2022 бедалел ба Украина ҳамла кард. Дар ин ҷанг аз ду тараф беш аз як миллион нафар куштаву захмӣ шуда, миллионҳо нафар овора шудаанд.
Эмомалӣ Раҳмон раисони панҷ шаҳру ноҳияҳои Суғдро дигар кард
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 4-уми январ бо судури чанд фармон раисони шаҳру ноҳияҳои Конибодом, Бустон, Гулистон, Шаҳристон, Айнӣ ва Зафаробод дар вилояти Суғдро аз мақомҳояшон сабукдӯш кардааст.
Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ бо нашри як баёнияи расмӣ хабар дод, ки Эмомалӣ Раҳмон раҳбарони навро “аз ҳисоби мутахассисони ҷавони варзида таъин кардааст.” Маълум нест, ки раҳбарони собиқи 6 шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба мақомҳои дигар таъйин шудаанд ва ё не ва сабабҳои сабукдӯш карданро ҳам шарҳ надодаанд.
Бар тибқи фармонҳои дигари раиси ҷумҳур муовинони раиси вилояти Суғд ва ҳам муовинон дар чанде аз идораҳову вазоратҳои давлатӣ дигар шудаанд. Эмомалӣ Раҳмон дар оғози ҳар соли нави милодӣ дар кишвар тағйироти кадрӣ анҷом медиҳад ва гоҳо якеро аз ин мақом ба мақоми дигар мегузаронад.
Раҳмон ба ҷойи домодаш каси дигарро сафир дар Туркия таъйин кард
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба ҷойи домодаш, ки сафири кишвар дар Туркия буд, каси дигареро дар ин мақом таъйин кардааст.
Дафтари матбуоти раиси ҷумҳурӣ рӯзи 4-уми январ бо нашри як баёнияи расмӣ гуфт, ки “Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Имомӣ Содиқ Ашурбойзода Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия таъин гардид.”
Содиқ Имомӣ, ки муовини вазири умури хориҷӣ буд, акнун Ашрафҷон Гуловро иваз мекунад, ки чаҳор сол пеш, сафир дар Туркия таъйин шуд. Маъмурияти Ашрафҷон Гулов дар мақоми сафир моҳи августи соли 2024 ба анҷом расид.
Ашрафҷон Гулов шавҳари Парвина Раҳмон, яке аз духтарони Эмомалӣ Раҳмон аст. Чанде пештар гурӯҳе аз хабарнигорони тоҷики муқим хориҷ ва як маркази таҳқиқотӣ бо нашри гузорише гуфтанд, ки дар Дубай ба номи яке аз фарзандони Ашрафҷон Гулов, хонаи боҳашамате сабт шудааст, ки арзиши он бештар аз 1 миллион доллар аст.
Аз Маскав 18 ҳазор муҳоҷири узбеку тоҷик ва қирғизро берун кардаанд
Мақомоти Русия гуфтаанд, ки соли 2024 танҳо аз шаҳри Маскав тақрибан 20 ҳазор хориҷӣ ва бахусус муҳоҷирони тоҷику узбек ва қирғизро берун кардаанд.
Хабаргузории давлатии ТАСС рӯзи 3-уми январ аз қавли мақомоти расмӣ навишт, ки соли 2024 бо амри додгоҳҳо 18 ҳазор муҳоҷирро аз Маскав ихроҷ карданд, ки 6 ҳазор нафар бештар аз соли 2023 аст.
Дар хабар омадааст, ки аксарияти муҳоҷирони аз қаламрави пойтахти Русия рондашуда шаҳрвандони Узбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон мебошанд. Бар асоси қонун, ин афрод ҳақ надоранд, то чанд соли дигар ба Русия баргарданд.
Баъди ҳамлаи маргбор ба толори консертии “Крокус” дар канори Маскав ва дар моҳи март, ки мақомоти Русия асосан шаҳрвандони Тоҷикистонро ба анҷоми он гумонбар медонанд, ихроҷи муҳоҷирон аз он кишвар бисёр зиёд шуд. Дар ин ҳамла бештар аз 140 нафар кушта ва садҳо тани дигар захмӣ шуданд. Дар Русия бештар аз як миллион нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон кору иқомат мекунанд.
Дар ҳамлаи Исроил 43 сокини Ғазза кушта шудаанд
Рӯзи 2-юми январ дар натиҷаи ҳамлаи артиши Исроил ба Навори Ғазза дастикам 43 нафар кушта шудааст. Дар ин бора хабаргузории Ройтерс бо такя ба вазорати тандурустии Ғазза, ки зери назорати “Ҳамос” аст, хабар додааст. Амрико ва Иттиҳоди Аврупо “Ҳамос”-ро гуруҳи террористӣ медонанд.
Манбаъ мегӯяд, 11 кас, ки дар миёнашон занон ва кӯдакон ҳам буданд, дар ноҳияи Ал-Маваси кушта шудаанд. Ин ноҳия пештар минтақаи амн эълон шуда буд. Бисту шаш каси дигар ҳам дар минтақаи Хон-Юнус кушта шуданд.
Намояндагони “Ҳамос” дар Ғазза гуфтаанд, дар ҳамлаи Исроил сардори пулиси минтақа Маҳмуд Салоҳ ва ёвараш Ҳусам Шаҳвон низ кушта шудаанд. Исроил низ марги Шаҳвонро тасдиқ карда, ӯро масъули амнияти дохилии гуруҳи “Ҳамос” гуфтааст.
Ҷанг дар Ғазза як солу се моҳ аст, ки идома дорад. Даргирӣ 7-уми октябри соли 2023 баъди ҳамлаи ҷангҷӯёни Ҳамос ба Исроил сар шуд, ки 1200 исроилӣ куштанд ва 250 касро гаравгон гирифтанд. Ба иттилои вазорати тандурустии Ғазза, дар 15 моҳи ҷанг зиёда аз 45 ҳазор фаластинӣ кушта шудаанд.
Наҷоти як мард, ки мехост аз баландошёна худро ба поин андозад
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз наҷоти марде хабар дод, ки мехост худро аз як баландошёна дар хиёбони Рӯдакӣ дар Душанбе ба поин андозад.
Дар хабарномаи Кумита омадааст, ин сокини 38-солаи пойтахт рӯзи 1-уми январ мехост бо қасди худкушӣ худро аз ошёнаи 4-ум ба поин андозад.
Мақомот аз ин мард ном набурдаанд, аммо гуфтанд, мард "дар ҳолати мастӣ канори балкон истодаву намегузарад касе ба ӯ наздик шавад. Ва таҳдид дорад, ки худро хоҳад кушт".
Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, наҷотдиҳанда-равоншинос бо кормандони пулис бо мард гуфтугӯ карда, ӯро аз қасдаш гардондаанд.
Мақомот бидуни овардани ҷузъиёти бештар танҳо гуфтанд, ин мард бо далели мушкилоти оилавӣ қасди ҷонаш кардааст.
Даст ба худкушӣ задани сокинон дар Тоҷикистон солҳои гузашта сабт шудааст ва тибқи омори расмӣ, бештари онҳое, ки қасди ҷонашон мекунанд, мардон ҳастанд.
Аз ҷумла, тибқи иттилои мақомот, соли 2023 дар кишвар 413 сӯиқасд сабт шудааст, ки зиёда аз нисфи онҳо мардон мебошанд.
Шаҳрванди Узбекистон баъди танқиди президент ва мақомот ҳабс шуд
Додгоҳе дар шаҳри Тошканди Узбекистон як мардро, ки аз камбуди барқ ва газ норозигӣ карда буд, 15 шабонарӯз аз озодӣ маҳрум кардааст.
Ҳукми додгоҳ 26-уми декабр содир шуда, дар ин бора 1-уми январ ҳомии ҳуқуқ Абдураҳмон Ташанов хабар дод. Навори Ғайрат Дӯстов дар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ вокунишҳои зиёдро дар Узбекистон ба миён овард.
Ин мард дар навор мегӯяд, набудани барқ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ зиндагии ӯро мушкил кардааст, чун ронандаи таксӣ аст ва бояд оилаашро хӯронад.
Дар ин навор ӯ аз ҷумла, мегӯяд, "эй инсонҳо, эй роҳбароне, ки дар болоҳо нишастед, нигаред, ман чӣ хел пойафзол мепӯшам. Дар хона ягон чизи хуби барои хӯрдан надорем, ҳар рӯз беморхона меравам, маъюб дорам. Тамоми шаб дар ин нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ хоб кардам. Канӣ, канӣ ҳақиқат... шумо чӣ кор карда истодаед? Президент куҷоро нигоҳ мекунад, атрофиёнаш куҷоро менигаранд?"
Ба навиштаи бахши узбекии Радиои Озодӣ, Ғайрат Дӯстов 47-сола буда, аз вилояти Китоби Узбекистон барои зиндагӣ ба шаҳри Тошканд омадааст.
Додгоҳ ин мардро ба майдаавбошӣ гунаҳкор карда, ӯро барои 15 шабонарӯз ҳабс кардааст. Ба ғайр аз ин, ин мард 843 ҳазор сӯми узбекӣ, баробар ба 65 доллар ҷарима шуд.
Ҳабси ин мард норозигии фаъолонро дар Узбекистон ба миён овард ва онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштанд, ба ҷойи ҷазо додани ин мард, беҳтар буд камбуди барқро ҳал кунанд.
Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ барои хонаводаи Ғайрат Дӯстов зиёда аз 20 миллион сум ё 1550 доллар ҷамъ карданд, аммо мақомоти Узбекистон корти марди норозиро бастаанд.
Мақомоти Узбекистон дар ин бора расман шарҳе надодаанд.
Як ниҳоди Тоҷикистон фармони Путинро дар бораи муҳоҷирон шарҳ дод
Намояндагии Вазорати кору муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия як фармони президент Владимир Путинро дар бораи муҳоҷирон шарҳ дод.
Фармон рӯзи 30-юми декабри соли 2024 имзо шудааст.
Тибқи он, хориҷиёне, ки дар Русия ғайриқонунӣ кору зиндагӣ доранд, бояд ҳарчи зуд санадҳои худро дуруст кунанд ва ё аз ин кишвар берун шаванд. Барои анҷоми ин кор то охири апрели соли 2025 муҳлат додаанд.
Сабтином дар идораи муҳоҷират, пешниҳоди маълумоти биометрӣ ва пизишкӣ, шаҳодатномаи донистани забони русӣ ва иҷозаи иқомат аз шартҳои асосист. Ҳамчунин, муҳоҷирон набояд аз пули телефону пардохти ҷарима ва хадамоти дигари давлатӣ қарздор бошанд.
Намояндагии Вазорати кору муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия рӯзи 2-юми январ гуфт, ин фармон афв нест, вале “агар дуруст татбиқ шавад, барои баъзе аз муҳоҷирон имконияти хуб барои танзими вазъи ҳуқуқиашон хоҳад буд”.
Ин талаб ба онҳое, ки барои хидмати ҳарбӣ дар Русия қарордод бастаанд, дахл надоштааст.
Пештар рӯйхати 120 ҳазор зодаи Тоҷикистон нашр шуд, ки дар қаламрави Русия ягон қонуншиканӣ кардаанд ва ба онҳо ихроҷ таҳдид мекунад.
Сиёсати зидди муҳоҷирон дар Русия баъд аз ҳамлаи маргбор ба толори “Крокус” дар баҳори соли 2024 шиддат гирифт. Аксари гумонзадҳо, ба иттилои мақомоти Русия, зодагони Тоҷикистон ҳастанд. Ин рухдод на танҳо боис ба авҷи бегонаситезӣ дар Русия шуд, балки сабаби чанд маҳдудияти қонунӣ гашт.