Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Давлат Худоназаров: "То зинда ҳастам, меҳри Тоҷикистон бо ман аст"


Давлат Худоназаров
Давлат Худоназаров

Давлат Худоназаров, аз симоҳои дурахшони синамо, фаъоли иҷтимоӣ ва муддаии курсии президенти Тоҷикистон дар соли 1991, ба синни 80 расид. Ӯ рӯзи 13-уми марти соли 1944 дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зода шудааст. Солҳо боз дар Русия кору зиндагӣ мекунад. 

Радиои Озодӣ чанде пеш талош кард, ки бо ӯ дар бораи фаъолияти ҳозира ва гузаштааш суҳбат кунад ва суолҳоро низ фиристод, аммо ӯ бо далели нотобӣ посухи рад дод. Давлат Худоназаров дар гузашта чанд дафъа дар бораи сиёсату фарҳанг ва кори тоҷикон дар Русия бо Радиои Озодӣ суҳбат карда буд ва дар ин рӯз тасмим гирифтем, ки баъзе аз андешаҳои ӯро дар бораи масоили муҳим гирд биоварем.

МУҲОҶИР - МАРДИКОР

"Агар тоҷикон то соли 1997 дар Русия муҳоҷир буданд, баъд аз он мардикоранд. Ҳам дар шаҳрҳои бузурги Русия ва ҳам дар музофоти он ҳоло шумори зиёди тоҷикҳо зиндагӣ мекунанд. Вақте дар хиёбонҳои Маскав қадам мезанед, даҳҳо бор садои тоҷикӣ ба гӯшатон меояд. Яъне, тоҷик хеле зиёд аст ва азбаски миллатҳои дигар низ дар Русия муҳоҷиранд, миллатгароӣ дар ин кишвар ба худ шаклу симои дигар гирифта, ба сатҳи дигар расид. Ин моро водор мекунад, ки мардуми худро дифоъ ва ҳимоят намоем."

ЧӢ ГУНА НОМЗАД ШУДАМ?

"Бояд бигӯям, ҳамон вақт низ он қадар тарафдори номзадии худ набудам. Ман ду-се бор бо президенти Академияи илмҳо Собит Неъматуллоев суҳбатҳои як ба як доштам ва бисёр талош кардам, ки ӯ номзадиашро пешбарӣ кунад. Гуфтам, омодаам, ки раиси Ситоди интихоботии ӯ бишавам ва маъракаи интихоботиро пеш барем. Бо сабабҳои гуногун ин кор сурат нагирифт ва ман роҳи дигар надоштам, чун гуфтанд, ки аз мардум рӯ гардонӣ, дуруст нест. Бояд бигӯям, ки инчунин бо хоҳиши худ раиси Иттифоқи кинометографистон нашудаам. Ин зиндагӣ аст. Дар баъзе марҳилаҳо Шумо зиёдтар дар саҳна ҳастед, баъзе вақтҳо дар беруни он."

МУЛОҚОТИ НУРӢ ВА РАҲМОН

"Тақдири Тоҷикистон, меҳр ба Тоҷикистон ҳама вақт бо ман аст, то ман зинда ҳастам. Аз солҳои 1992 то 1995 хеле корҳоеро ба анҷом расонидам, ки сулҳ дар Тоҷикистон пойдор шавад. Дар баргузории он вохӯрие, ки моҳи майи соли 1995 раисиҷумҳури Тоҷикистон ва роҳбари Иттиҳоди мухолифин устод Нурӣ доштанд, аз аввал то охир ҳузур доштам ва дар омода кардани он саҳм гузоштаам. Соли 1994 аз Амрико ба Теҳрон парвоз кардам. Тӯли се-чор рӯз аз субҳ то бегоҳ бо домулло Нурӣ сӯҳбат доштем. Хулосаи сӯҳбатҳои ман ин буд, ки ин ду нафар бо ҳам дидор бинанд ва ҳамсӯҳбат шаванд. Ҳазор ташаккур ба устод Раббонӣ ва Аҳмадшоҳи Масъуд, ки хеле бародарона чун инсон ва чун тоҷик ба мо кӯмак карданд, ки алангаи ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон хомӯш шавад."

"БА СИЁСАТ ҲАМЧУН КИНОМЕТОГРАФИСТ ОМАДАМ"

"Ман аз 14-солагӣ дар муҳити кино ворид шудам. Дар ҳамин син ба унвони ёвари оператор дар филми “Қисмати шоир” кор кардам. Шоҳиди он будам, ки устод Сотим Улуғзода ҳангоми наворбардорӣ дар даст матни сенарияаш меомад. Ин ҳама манзараҳоро аз каноре истода мушоҳида мекардам. Хуллас, дар як чунин муҳит тарбия ёфта будам. Он бо табиати ман омехта шуда буд. Ман ба сиёсат ҳамчун кинометографист омадам. Азбаски ҳис мекардам, шояд ҷанги дохилӣ бишавад ва роҳи онро гирифтан лозим аст, ба сиёсат наздик шудам."

НИГОҲЕ БА ҲОДИСАҲОИ ХОРУҒ

“Ин ҳодисаҳо қисме аз ҷавонҳоро ба марг дучор кард. Барои ман фарқ надорад, ки аз кадом тараф кушта шуданд, чун ҳарду тараф тоҷик ҳастанд. Дар гузашта, дар ҳамон солҳои нооромиҳо ман бисёр талош мекардам, ки дар кишвар сулҳ ҳукмфармо бошад. Мегуфтам, ғайримкон аст, ки дасти рост бо корд дасти чап ва дасти чап дасти рости як танаро бибурад. Мо як тана ҳастем. Кӯҳҳо байни мо ҳастанд, байни мо дарёҳо вуҷуд дорад. Мардуми он диёр бо забонҳои гуногун гап мезанад. Лекин ин забонҳо забонҳои аҷдодамон ҳаст. Забонҳои бегона нестанд ва аз берун наомадаанд.”

“ДОҲӢ”-И КАСБ

“Ҳар кас дар касби худ доҳӣ дорад. Ман ҳам дар касби худ номҳое дорам, ки бароям басо азизанд. Яке аз онҳо филмбардори ҳиндӣ Сата Ҷидрей буд. Ҳатто ман сафар карда, бо ӯ дидору мулоқот намудам. Дар Тоҷикистон бо номи Сата Ҷидрей синамоклуб доштам. Қариб 12 сол ин клуб кор кард ва барои кӯдакон аз филмҳои ӯ намоиш додаам. Лекин вақте филми Юлмаз Генеро дидам, ӯ бароям ба мисли як ситора буд. Филмҳои ӯ ба ҳиссиётам ва ба фалсафаи зиндагиам бисёр наздик буданд. Ӯ аз миллати курд аст, аммо коргардони турк. Набояд бардошту назар ин тавр бошад, ки тамоми киноҳои як миллатро бад гуфт. Хубаш ҳам ҳасту бадаш ҳам."

ТАЪСИРИ ФИЛМҲОИ БЕГОНА

"Бояд ин киноҳо фарҳанги моро хароб насозанд. Барои ман, ҳоло масоили сиёсӣ дуюмдараҷа шудааст. Ҳоло дилам месӯзад барои онки мардуми зиёди мо мераванд ба Русия ва бо муҳити фарҳангии дигар меафтанд. Ин ҷавонҳо ба масал аспи тозиеро мемонанд, ки лаҷомашон ба дасти дигарҳо афтодааст. Онҳо, интизомашон ва тарзи зиндагиашон аз мо дур мешавад. Ҳоло барои ман фарҳанг муҳим аст, чунки фарҳанг метавонад якҷоя бо дину мазҳаб мардумро дар як чаҳорчӯба муҳофизат кунад."

ГОРБАЧЕВ ЧӢ МЕХОСТ?

"Мақсади асосии Михаил Горбачев баргардондани давлати Советӣ ба он ниятҳое буд, ки дар аввал буданд. Яъне, давлат бояд ҳаматарафа ҳаракат кунад, ки инсон озоду хушбахт бошад. Афсӯс, атрофиёнаш ва онҳое, ки аз ӯ дур буданд, сарфаҳм нарафтанд, ки ин шахс метавонад ба ҳар як нафари давлати Шӯравӣ имкон диҳад, ки аз як сатҳи поин ба боло барояд. Горбачев аз ин нуқтаи назар дар як фоҷеаи бузург уфтод. Агар пешрафт мешуд, ба фоидаи Тоҷикистон ҳам мешуд. Ман ӯро аз наздик мешинохтам ва фикр мекунам, инсони аслӣ буд.”

ДАР БОРАИ БАХТИЁР ХУДОНАЗАРОВ

"Имкони сохтани филм дар Тоҷикистон бисёр маҳдуд аст. Дар Русия ҳам ҳамин тавр. Барои ҳамин, вақте дар яке аз ҷашнвораҳо ҷои аввалро гирифт, созмондиҳандагон пешниҳод карданд, ки ба вай дар таҳияи филмҳои ояндааш кумак мекунанд. Ин пешниҳод сабаб шуд, ки дар хориҷа аз таҳиягарони гуногун барои филмҳои ояндааш маблағ гирад. Ҳоло коргардонони гуногуни Русия ҳам аз хориҷа кӯмаки молӣ мегиранд. Масалан, агар филмҳои эрониро бубинед, мушоҳида мекунед, ки ғайр аз Эрон чанд кишвари дигар ҳам номбар шудаанд. Ҳамкориҳои байналмиллалӣ нишон медиҳад, ки коргардонҳо дар ҳамон сатҳ ном баровардаанд. Барои ҳамин Бахтиёр берун аз Тоҷикистону Осиёи Миёна ва Русия шинохташуда буд."

Маълумот:

Давлат Худоназаров аввал дар “Тоҷикфилм” ҳамчун наворбардор ва оператор ном баровард. Соли 1979 филми аввали худаш “Нахустин субҳи ҷавонӣ”-ро, ки бо номи "Нисо" маъруф аст ва соли 1982 филми "Марди роҳ"-ро берун овард. Ин ду филм Давлат Худоназарровро, ки дар соли таҳияи "Нисо" ҳамагӣ 35 сол дошт, ба ҳайси як коргардони навҷӯ ва навпардоз муаррифӣ карданд.
Бо чанд филми мустанад, аз ҷумла "Тавлид" (соли 1984), филме бахшида ба 60-солагии таъсиси Тоҷикистон, "Сарчашмаҳо" (1985) ва "Устод" (соли 1987) бахшида ба 100-солагии Абулқосим Лоҳутӣ, худшиносии миллиро ба як мавзӯи асосии синамои тоҷики солҳои ҳаштодум табдил дод. Соли 1986, баъди оғози бозсозии Михаил Горбачёв, раиси Иттиҳоди синамогарон интихоб шуд.
Дар ҳамон солҳо ӯ ба сиёсат пайваст ва дар интихоботи соли 1991 дар баробари Раҳмон Набиев ва шаш нафари дигар яке аз муддаиёни курсии президентӣ дар Тоҷикистон буд. Дертар аз сиёсат даст шуст. Танҳо як дафъа, дар музокироти Эмомалӣ Раҳмон бо Саид Абдуллоҳи Нурӣ дар Хусдеҳи Афғонистон зоҳир шуд, вале боз ҳам бештар ба унвони як нозир. Тарафдорони собиқаш то ҳол аз ӯ барои ин озурдаанд, ки баъди соли 1993 дар бораи он ҳама бедодгарие, ки дар Тоҷикистон гузашт, боре садо баланд накард, аз мардуме ки соли 1991 бо ҳазорон умед барои ӯ овоз доданд, дифоъ накард.
XS
SM
MD
LG