Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътои ҷоизаи "Қанди порсӣ" ба Гулрухсори Сафӣ ва Аминаи Шарофиддин


Гулрухсори Сафӣ, барандаи ҷоизаи "Қанди порсӣ"
Гулрухсори Сафӣ, барандаи ҷоизаи "Қанди порсӣ"

Ҷоизаи байнулмилалии “Қанди порсӣ” барои талошҳо дар роҳи посдорӣ ва густариши забони порсӣ имсол ба Гулрухсори Сафӣ (Гулрухсор Сафиева), шоири саршинос аз Тоҷикистон ва Аминаи Шарофиддин (Амина Шарофиддинова), фаъоли тоҷик аз Самарқанд, эъто шуд.

Исфандиёри Одина, рӯзноманигор, Лондон

Расми эътои ҷоиза рӯзи 18-уми феврал дар Донишгоҳи Вестминстери Лондон бо мушорикати гурӯҳҳо ва қишрҳои мухталифи ҷомеаи форсизабони Бритониё баргузор шуд. Ин маҳфил ҳамасола ба ибтикори Конуни фаромарзии ҳамёрии порсизабонон, як созмони мустақар дар Бритониё, баргузор мешавад.

Ҳамоиши имсол бо пахши суруди “Дили мост порсӣ”, шеъри Қаҳҳори Осӣ бо сароиши Орифи Каён, оғоз шуд. Дар маҳфил шумори зиёде аз фарҳангиёну рӯшанфикрон ва фаъолони ҷомеаи порсизабони Бритониё ширкат доштанд ва перомуни забонҳои модарӣ, бавижа вазъияти забони порсӣ дар Хуросону Варорӯд сухан гуфтанд.

“Ин забони Мавлоност...”

Карими Карим, раиси Конуни фаромарзии ҳамёрии порсизабонон, дар бораи ин ки чиро имсол ҷоиза ба ин ду шахсият аз Тоҷикистону Узбакистон эъто шуд, гуфт, ин афрод дар посдории забони порсӣ саҳми боризе гузоштаанд ва ҳадаф ангеза додан ба чунин шахсиятҳост.

Вай афзуд: “Дар ҳарду кишвар забони порсӣ бо чолишҳое рӯбарӯст. Дар Самарқанду Бухоро сиёсати табъизӣ нисбат ба порсизабонон вуҷуд дорад. Дар Тоҷикистон идомаи истеъмори фарҳангии русҳо боис шуда, ки тоҷикон ҳанӯз ҳам ба хати сириллик бинависанд.”

“Дар асри пешрафти фанноварӣ тоҷикон ба далели наомӯхтани хати порсӣ аз ганҷинаи бузурги забони порсӣ бебаҳра мондаанд. Тасаввур кунед, ки солона 52 ҳазор унвон китоб фақат дар Эрон нашр мешавад. Тоҷикон ҳатто ашъор ва навиштаҳои аҷдоди бузурги худашон, Рӯдакию Фирдавсию Ҳофизро, ба хатти худашон наметавонанд бихонанд.”

Оқои Карим ҳамчунин гуфт: “Ҳадафи мо ин аст, ки ташвиқ кунем, ангеза ба вуҷуд ояд, то мардум бештар ба забони худашон таваҷҷуҳ кунанд. Дигар ин ки дар ин ҳавза бояд фаромӯш накунанд, ки забонашон порсӣ аст, на тоҷикӣ ва дарӣ. Ин истеъмор аст, ки хостааст забони моро бо номҳои мухталиф аз ҳам ҷудо кунад. Мо мехоҳем ин зеҳниятро ба вуҷуд оварем, ки мо ҳама як забон дорем ва ин ҳамон забони Мавлонои Балх аст, ки гуфта:

Мусалмонон, мусалмонон, забони порсӣ гӯям,
Ки набвад шарт дар ҷамъе шакар хӯрдан ба танҳоӣ.”

“Қанди порсӣ”

Ин ҳафтумин мавриди эътои ҷоизаи байнулмилалии “Қанди порсӣ” ба шахсиятҳое барои саҳмашон дар посдорӣ ва густариши забони порсӣ аст. Қаблан аз Тоҷикистон танҳо Дориюши Раҷабиён, рӯзноманигори маъруф ва муҷрии яке аз барномаҳои Телевизиюни форсии Би-би-сӣ, барандаи ин ҷоиза шуда буд.

Дар гузашта, ин ҷоиза ҳамчунин ба шахсиятҳое чун Мижгони Фароманиш, Таҳмосибии Хуросонӣ, Наҷиби Борвар, Партави Нодирӣ, Рӯҳуламини Аминӣ, Навиди Муҳсинӣ эъто шудааст. Ин ҷоиза маблағи 500 фунт стерлинг, муодили ҳудуди 630 доллар ё наздик ба ҳафт ҳазор сомонӣ пули нақд низ дорад.

Гулрухсори Сафӣ (Гулрухсор Сафиева), шоир ва нависандаи саршинос, шахсияти шинохташудае дар ҷаҳони порсизабон аст, ки китобҳои ашъораш борҳо дар Эрон ва Афғонистон мунташир шудааст. Вай мутаваллиди соли 1947 дар Рашт дар шарқи Тоҷикистон аст. То кунун беш аз 20 китоби шеър ва чанд роман интишор дода, ашъораш ба забонҳои мухталиф тарҷума шудаанд.

Хонум Сафӣ ҳанӯз аз даврони Шӯравӣ ҳамроҳи шоироне чун Лоиқ Шералӣ ва Бозор Собир ва дигарон дар ҷиҳати посдорӣ аз забони порсӣ фаъолиятҳое анҷом дода, аз пешгомони мубориза барои расмият бахшидан ба забони порсӣ дар Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Ӯ солҳои зиёде сардабири маҷаллаи “Фарҳанг” буд ва ашъори ғаррое дар ситоиши забони порсӣ навиштааст, аз ҷумла:

"Бе забони модарӣ бе меҳанам,
Бе забони модарӣ бе кишварам.
Бе забони модарӣ бе миллатам,
Бе забони модарӣ бе модарам!"
(соли 1985)

Аминаи Шарофиддин (Амина Шарофиддинова) аз шахсиятҳои фарҳангии саршиноси форсизабон дар ҳавзаи фарҳангии Самарқанду Бухоро аст, ки китобҳои дарсии фаровоне дар риштаи забон барои мактабҳои тоҷики Узбакистон навиштааст. Ӯ мутаваллиди соли 1963 дар Самарқанд аст.

Амина Шарофиддинова
Амина Шарофиддинова

“Дар ҳасрати фаҳми дуруст”

Вай соли 1984 аз бахши забону адабиёти Донишгоҳи омӯзгории Самарқанд фориғуттаҳсил шуда, солҳои зиёде дар бахши маорифи вилояти Самарқанд ба унвони методист ва дар мактабҳои тоҷикии ин шаҳр ба унвони омӯзгор кор кардааст.

Аминаи Шарофиддин беш аз 200 мақола ва китоб дар бораи забон ва шеваҳои таълифи забон дар мактабҳо навишта ва аз муҳимтарин китобҳои ӯ “Дар ҳасрати фаҳми дуруст” аст, ки барои он ҷоизаи Садриддини Айниро бурдааст. Дар ин китоб аз баста шудани бисёре аз мактабҳои тоҷикӣ низ ҳикоят мекунад.

Чанде пеш барои фаъолиятҳои фарҳангияш барои худогоҳӣ ва бедории тоҷикони Самарқанду Бухоро, аз ҷумла барои мақолоташ дар бораи баста шудани мактабҳои тоҷикӣ дар Узбакистон аз сӯи додгоҳе дар Самарқанд ба пардохти ҷарима водор шудааст.

Лаҳзаи тақдими ҷоиза
Лаҳзаи тақдими ҷоиза

Дар ҳамоиши исмол, ҳамчунин шуморе аз навҷавонон, бавижа духтарону писарон аз Афғонистон ба сурати бархат ё онлайн ашъоре аз шоирони порсизабон бархонданд. Ин маҳфил бо суруду мусиқӣ ҳамроҳ буд ва дар канори он он намоишгоҳи осори ҳунари дастии форсизабонони Лондон, аз ҷумла хушнависиҳои порсӣ, ҳам баргузор шуд.

Аз ҷумла, дар ин маросим Ваҳиди Қосимӣ, оҳангсоз ва овозхони маъруф, ширкат дошт ва сурудҳое иҷро кард. Оқои Қосимӣ аз Канада ба ин ҳамоиш даъват шуда буд, то оҳангҳои бумии форсиро, ки дар Хуросон ривоҷи густарда доранд, иҷро кунад. Дар поёни ҳамоиш мизбонон Сипосномаеро, ки бар як санги лоҷуварди Бадахшон ҳаккокӣ шуда буд, ба ӯ эҳдо карданд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG