Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“ТГЭМ”, ширкате, ки бинои нави “Сафина”-ро сохт, аз кист?


Бинои нави телевизиони "Сафина"-ро рӯзи 13-уми декабр ба истифода доданд
Бинои нави телевизиони "Сафина"-ро рӯзи 13-уми декабр ба истифода доданд

Хабари соҳиби бинои нав шудани “Телевизиони Сафина” дар бештари расонаҳои давлатии Тоҷикистон нашру бознашр гардид. Биноро рӯзи 13-уми декабри имсол ба истифода доданд.

Сомонаи президенти Тоҷикистон навишт, ки бинои “Телевизиони Сафина”-ро ширкати хусусии “ТГЭМ” сохта, ба ин расонаи давлатӣ ҳадя кардааст.

Ба фарқ аз хабарҳои пешина, ин бор сомонаи президент эълом накардааст, ки бинои телевизион бо харҷи чанд миллион сомонӣ сохта шуд. Дар хабар дар бораи ширкати “ТГЭМ” низ маълумоти муфассал нест.

Ҷустуҷӯҳо дар манбаъҳои боз нишон дод, ки номи пурраи ширкат "Тоҷикгидроэлектромонтаж” ва яке аз паймонкорон (пудратчиён)-и нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” аст. Ширкати мазкур бахше аз кандан ва мустаҳкам кардани нақбҳо, васл, сохтмони сарбанд ва ғайраро анҷом медиҳад.

"Тоҷикгидроэлектромонтаж” яке аз паймонкорони нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” аст
"Тоҷикгидроэлектромонтаж” яке аз паймонкорони нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” аст

Сомонаи “ТГЭМ” менависад, ширкат то ин замон сохтмони зеристгоҳҳои барқии “Темурмалик”, “Ромит”, “Корез”, “Равшан”, “Ваҳдат” ва чандин тарҳи энержии дигарро ба анҷом расондааст. Ширкати мазкур ҳамчунин дар соли 2019 мактаби рақами 6-ро дар Душанбе сохтааст.

Бар асоси Феҳристи ягонаи шахсони ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон, “Тоҷикгидроэлектромонтаж” соли 2010 таъсис ёфтааст. Муассиси ширкат Ватанов Хушдил Алихмадович ва мудири кулли он Сафаров Иқбол Давлатович нишон дода шудаанд.

Иқбол Сафаров дар соли 2020 аз тарафи Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи Душанбе номзад буд. Вай дар нахустин ҷаласаи вакилони халқи шаҳри Душанбе дар таърихи 13-уми марти соли 2020 ширкат кардааст. Ба ин далел мешавад тахмин кард, ки дар он интихобот пирӯз шудааст.

Сомонаҳои вобаста ба гуруҳҳои мухолифи ҳукумати Тоҷикистон, ки фаъолияташон дар ҷумҳурӣ мамнуъст, пештар тахмин зада буданд, ки Иқбол Сафаров аз ҳамдарсони Рустами Эмомалӣ, писари раиси ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст.

Бар асоси маълумоти расмӣ, "Тоҷикгидроэлектромонтаж” то кунун 17 тарҳро иҷро кардааст ва аксари онҳо тендерҳои давлатӣ ҳастанд. Ҳамчунин ширкат дар ҳоли ҳозир аз ҳафт тарҳи дар ҳоли иҷро хабар медиҳад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG