Дар чанд ҷумла
"Талко" беш аз 297 миллион сомонӣ аз истифодаи барқ қарздор будааст

Корхонаи алюминии “Талко” дар шаҳри Турсунзода беш аз 297 миллион сомонӣ аз истифодаи пули барқ қарздор будааст.
Муҳаммад Қурбонов, раҳбари Шабакаҳои барқи шаҳри Турсунзода ба нашрияи расмии “Ҷумҳурият” гуфтааст, ки то чанде пеш ин ширкат 320 миллион сомонӣ аз пули барқ қарздор буд, вале “Талко” каме қарзашро пардохт кард.
Дар Тоҷикистон, ки ҳоло дар аксар ноҳияҳо барқ тариқи лимит ё маҳдуд ба сокинон дода мешавад, дар сурати қарздории сокинон интиқоли барқ пурра ба хонаҳояшон қатъ мешавад.
“Сареҳ аст, ки “Ширкати алюминийи тоҷик” аҳамияти стратегӣ дорад ва мо ҳуқуқи аз қувваи барқ маҳрум намудани онро надорем. Бинобар ин, танҳо бо василаи корбариву ҳамдигарфаҳмӣ роҳи пардохти қарзро пайдо мекунем,” –гуфтааст Муҳаммад Қурбонов.
Напардохтани пули барқ аз ҷониби корхонаи “Талко” дар ҳолест, ки ин ширкат аз имтиёз бархурдор аст.
Соли гузашта мақомот эълон карданд, ки нархи барқро ба истиснои корхонаи “Талко” барои дигар корхонаҳову сокинон боло мебаранд. Нарх барои ҳар киловат соат нирӯи барқро соли гузашта барои сокинон аз 22,66 (2,3 сент) ба 26,51 дирам (2,5 сент) боло бурда буданд.
“Талко”, яке аз бузургтарин корхонаҳои Тоҷикистон аст, ки ба хориҷ аз кишвар маҳсулоти алюминӣ содир мекунад.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Шаҳри Ҷалолободи Қирғизистонро Манас ном ниҳоданд

Порлумони Қирғизистон ба тағйир додани номи шаҳри маъруфи Ҷалолобод ба шаҳри Манас мувофиқат кард.
Рӯзи 11-уми сентябр тарҳи қонуни тағйири номи ин шаҳр барои имзо ба Содир Ҷабборов, президенти Қирғизистон фиристода шуд.
Ҷалолобод, маркази маъмурии вилояти Ҷалолобод аст ва ин номро ҳанӯз аз солҳои 1930-юм доштааст. Сабаби тағйиротро аъзои маҷлис расман дар муроҷиати дастаҷамъонаи сокинон ва зарураташро дар ҳимояти манфиат ва идеологияи миллӣ номиданд.
Манас, қаҳрамони достони маъруфи мардуми қирғиз аст.
Дар Амрико як тарафдори шинохтаи Доналд Трамп кушта шуд

Дар Амрико таҳқиқи ҳодисаи куштори Чарли Кирк, як шореҳ ва фаъоли ростгароӣ тарафдори Доналд Трамп шурӯъ шудааст.
Ӯ рӯзи 10-уми сентябр дар як маросиме дар донишгоҳи Юта аз тири силоҳ кушта шуд.
Кирк як тарафдори бонуфузи президенти ҷумҳурихоҳ Доналд Трамп ва муассиси созмони муҳофизакор ва сертарафдори ҷавонон бо номи “Нуқтаи гардиши Амрико” буд. Дар наворҳои видеоӣ дида мешавад, ки Кирк дар миёни издиҳоми бузурги мардум суханронӣ мекунад ва дар ҳамин лаҳза ҳадафи тир қарор мегирад. Ҳозирон аз ин ҳолат ваҳшатзада мешаванд.
Кирк ва созмонаш “Нуқтаи гардиши Амрико” барои таблиғи ҷавонон дар моҳи ноябри соли гузашта бисёр фаъол буд ва нақши боризе дошт.
Ҳодисаи кушта шудани Чарли Киркро рӯзи 10-уми сентябр президент Доналд Трамп ҳам дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии Truth Social хабар дод. Ӯ, аз ҷумла, навишт: “Ҳамватанони бузурги амрикоиам, аз хабари сӯиқасд ба ҷои Чарли Кирк дар коллеҷи Юта қалбам пур аз ғам ва хашм шудааст. Чарли миллионҳо нафарро ташвиқ кардааст ва имшаб ҳамаи онҳое, ки ӯро медонистанду дӯсташ медоштанд, ваҳшатзада шудаанд. Чарли як ватандӯсте буд, ки ҳаёташро барои эҷоди мубоҳисаҳои боз ва ҳам барои кишвари дӯстдоштааш – ИМА қурбон кард. Ӯ барои озодӣ, демократия, адолат ва мардуми Амрико мубориза бурдааст. Ӯ як шаҳиди роҳи ҳақиқат ва озодӣ аст”.
Баъди нашри ин изҳороти Трамп парчами ИМА дар бинои Кохи Сафед то нисф поин оварда шуд. Кирк ва созмонаш “Нуқтаи гардиши Амрико”, ки онро бузургтарин созмони муҳофизакори ҷавонон дар ин кишвар меноманд, барои ҷалби раъйдиҳандагони ҷавони тарафдори Трамп дар интихоботи моҳи ноябр нақши муҳиме бозидааст.
Ҳалокати 35 нафар дар ҳамлаҳои Исроил ба Яман

Исроил рӯзи 10 сентябр шаҳри Санъо, пойтахти Яман ва вилояти Ал-Ҷавф дар шимоли ин кишварро, ҳадаф қарор дод. Вазорати тандурустии ҳукумати ҳусиҳо мегӯяд, ки бар асари ин ҳамлаҳо 35 нафар кушта ва 131 тани дигар захмӣ шудаанд.
Артиши Исроил тасдиқ кардааст, ки мавзеъҳои ҳусиҳоро дар Яман, аз ҷумла, пойтахтро ҳадаф қарор додааст. Дар баёнияи артиши Исроил аз рӯзи 10 сентябр омадааст, нерӯҳои ҳавоии Исроил пойгоҳҳои ҳусиҳоро дар Санъо ва Ал-Ҷавф, ҳадаф қарор доданд.
Баёнияи артиши Исроил мегӯяд, ки дар ин ҳамлаҳо пойгоҳҳои низомӣ, маркази матбуотии ҳусиҳо ва як анбори маводи сӯхт, ҳадаф қарор дода шуд.
Шоҳидони айнӣ гуфтанд, бинои Вазорати дифои ҳукумати ҳусиҳо ҳадафи ҳамлаҳо буд.
Сокинони Санъо ба хабаргузории "Рейтерз" гуфтанд, ки ҳамлаи Исроил ба як махфигоҳ миёни ду кӯҳ сурат гирифтааст, ки ҳамчун қароргоҳи фармондеҳӣ ва назорат истифода мешавад. Мизони хисорот то кунун маълум нест.
Радиои артиши Исроил гузориш дод, ки аз ҷумлаи ҳадафҳои ин ҳамла, қароргоҳи аслии ҳусиҳо ва пойгоҳҳои низомии онҳо будааст.
Беш аз як сол мешавад, ки Исроил ва ҳусиҳои Яман ба ҳавопаймоҳо ва паҳбоду мушакҳо ба якдигар ҳамла мекунад.
Гурӯҳи ҳусиҳои Яман, ки аз сӯи Эрон пуштибонӣ мешаванд, қаблан киштиҳоеро дар Баҳри Сурх ҳадаф қарор доданд ва ва онро нишонаи ҳамбастагӣ бо фаластиниҳо дар Ғазза, хонданд.
Суқути як чархболи Толибон дар вилояти Ғур

Як чархболи Толибон рӯзи 10 сентябр дар вилояти Ғур сарнагун шудааст. Дар наворе, ки аз сӯи манбаъҳои маҳаллӣ ба Радиои Озодӣ расид, дида мешавад, ки чархбол дар як минтақаи куҳистонӣ суқут мекунад.
Манбаъҳои маҳаллӣ ба бахши афғонистонии Радиои Озодӣ гуфтаанд, ки ин чархбол пас аз боздиди муовини вазири маъдани Афғонистон ва волии Ғур аз як кони сурб дар минтақаи Лаълбандон, ҳангоми бозгашт ба шаҳри Фирӯзкуҳ, маркази вилояти Ғур, дучори сонеҳа шудааст.
Ба гуфтаи манбаъҳо, се халабон захмӣ шудаанд, аммо дигар сарнишинон осеб надидаанд. Сухангӯи раиси вилояти Ғур бо тасдиқи ин ҳодиса ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳеҷ кас осеб надидааст.
Мӯҳлати қонунӣ кардани будубоши муҳоҷирон дар Русия поён ёфт

Вазорати корҳои дохилии Русия бо пахши иттилоияе аз анҷоми мӯҳлате, ки барои қонунигардонии будубоши муҳоҷирон дар Русия ҷудо шуда буд, хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, шурӯъ аз имрӯз, 11 сентябр нисбати хориҷиёне, ки ин корро накарданд, ихроҷ ва дигар чораҳои пешбининамудаи қонун, аз ҷумла вуруд ба Русия дар оянда, татбиқ хоҳанд шуд.
Дар асоси фармони Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, хориҷиёне, ки дар ин кишвар ғайриқонунӣ кору зиндагӣ доранд, мебоист то 10-уми сентябр санадҳои худро дуруст кунанд.
Сабти ном дар идораи муҳоҷират, пешниҳоди маълумоти биометрӣ ва пизишкӣ, шаҳодатномаи донистани забони русӣ ва иҷозаи иқомат, аз шартҳои асосӣ гуфта мешаванд.
Ҳамчунин, муҳоҷирон бояд ҷаримаҳо ва пули телефонро пардохт карда бошанд ва аз хадамоти дигари давлатӣ, қарздор набошанд.
Дар Туркманистон 15 касро барои рақс дар ҷойи номуносиб аз кор ронданд

Дар Туркманистон 15 корманди фурудгоҳи шаҳри Дашоғузро барои рақсидан дар назди акси раиси ҷумҳур Сардор Бердимуҳаммадов аз кор рондаанд. Дар ин кишвар аксҳои Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раиси ҷумҳури пешин, ки соли 2022 қудратро ба писараш Сардор супурд, “муқаддас” ба ҳисоб мераванд.
Бино ба хабарҳои дарёфтии бахши туркмании Радиои Озодӣ, ҳодиса 15-уми август рух додааст. Нимашаби ҳамон рӯз афсарони Кумитаи амнияти миллии Туркманистон 15 корманди фурудгоҳи Дашоғузро ба ҷойи корашон даъват кардаанд ва ба онҳо амр додаанд, ки ариза бинависанд, ки “бо ихтиёри хеш аз кор мераванд”, аммо сабаб “рақс дар як ҷойи номуносиб” будааст.
Бино ба гузоришҳо кормандони фурудгоҳ дар соати корӣ зодрӯзи яке аз ҳамкоронро ҷашн гирифта, дар рӯ ба рӯи акси раиси ҷумҳур рақсидаанд ва яке аз онҳо аксро дар ТикТок гузоштааст.” Ҳамаи онҳое, ки рақс кардаанд, аз кор ронда шудаанд ва муаллифи наворро ҳам барои 15 рӯз паси панҷара фиристодаанд. Мақомоти расмӣ кормандони фурудгоҳро ба “ҳаракатҳои масхараомез” дар назди акси раиси ҷумҳур муттаҳам кардаанд.
Як манбаъ дар мақомоти амниятии Туркманистон ба бахши туркмании Радиои Озодӣ гуфтааст: “Аксҳои раиси ҷумҳур ва падари ӯ муқаддас ба ҳисоб мераванд. Муҳим нест, шумо чӣ мақоме доред, агар дар назди аксҳо рафтори нодурусте кардед, аз кор ронда мешавед ва ё ҳатто ба зиндон меравед. Ин як навъ қонуни нонавишта аст.” Дар фурудгоҳи Дашоғуз ин ҳодисаро шарҳ надодаанд.
Аз дипломати шинохтаи узбек хостаанд, аз муоинаи ҳатмии тиббӣ бигзарад

Дипломати шинохта ва муовини собиқи вазири умури хориҷии Узбекистон мегӯяд, аз ӯ батакрор талаб доранд, ки муоинаи ҳатмии тиббииро барои бемории норасоии масунияти бадан бигзарад.
Алишер Файзуллоев, ки чанде пеш аз хориҷа баргаштааст дар саҳифаи худ дар Фейсбук навиштааст: “Чанд рӯз боз аст, ки парастори шифохонаи ноҳиявӣ бо исрор аз ман мехоҳад, ки барои бемории ВИЧ ва сифилис хун супорам, чун аввали имсол бештар аз се моҳ дар хориҷ будам.”
Ба навиштаи профессори улуми сиёсӣ, Алишер Файзуллоев, ки сафири собиқи Узбекистон дар кишварҳои аврупоӣ ҳам буд, талаби парастор зоҳиран ба қонуне вобаста аст, ки порлумони Узбекистон рӯзи 1-уми август қабул кард. Бар асоси ин қонун, муоинаи тиббии муҳоҷирон, ё онҳое, ки аз 90 рӯз бештар дар хориҷ будаанд, ҳатмӣ аст. Ба қавли донишманди узбек, фақат ба касони аз 18 то 60-сола рабт дорад, на ба ӯ, ки 68-сола шудааст.
Ҳадафи қонун ошкор кардани бемории ВИЧ/СПИД ё вируси норасоии масунияти бадан, сил ва ё бемориҳои дигари сироятии хатарнок барои аҳолӣ гуфта шудааст. Агарчӣ ин санад ҳоло ҳукми иҷро нагирифтааст, вале ба гуфтаи шаҳрвандоне, ки ба Узбекистон баргаштаанд, аз онҳо талаб ва ё маҷбур мекунанд, ки муоинаро бигзаранд.
Тоҷикистон ҳамлаи Исроил ба Қатарро маҳкум кард

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳамлаи Исроил ба пойтахти Қатарро маҳкум кард.
Ин вазорат рӯзи 10 сентябр бо нашри як изҳорот ҳамлаи Исроил ба пойтахти Қатарро "таҷовуз ба тамомияти арзии Давлати Қатар" хонд ва онро "қотеона" маҳкум кард.
Ҷониби Тоҷикистон ин амали Исроилро "нақзи возеҳи қонунҳои байналмилалӣ ва унсурҳои бунёдии СММ гуфтааст, ки "ташаннуҷи вазъи бе ин ҳам мураккаби минтақаи Ховари Миёнаро афзоиш медиҳад".
Тоҷикистон аз ин қабл ҳамлаҳои Исроил ва Амрико ба Эронро маҳкум карда буд.
Нерӯҳои ҳавоии Исроил рӯзи 9 сентябр ба қароргоҳи гурӯҳи "Ҳамос" дар шаҳри Давҳа, пойтахти Қатар ҳамла карданд.
Гурӯҳи "Ҳамос" дар баёнияе эълон кард, ки дар ин ҳамла 5 тан аз аъзои ин гурӯҳ, аз ҷумла, писари раҳбари ҳайати музокиракунандаи ин гурӯҳ Халил Ҳайя ва раиси дафтари ӯ, кушта шуданд. Аъзои ҳайати музокиракунандаи "Ҳамос" аз ин ҳамла ҷони солим бадар бурдаанд.
Бисёре аз кишварҳои ҷаҳон ин ҳамлаи Исроилро маҳкум карданд.
Артиши Исроил дар баёнияе гуфтааст, афроде, ки дар ин ҳамла ҳадаф қарор гирифтанд, солҳо гурӯҳи "Ҳамос"-ро раҳбарӣ мекарданд ва ба таври мустақим масъули иҷрои ҳамлаи 7 октябри соли 2023 ба хоки Исроил буданд.
Пулис 3 ҷавондухтари гумшударо дар Душанбе пайдо кард

Мақомоти пулис се ҷавондухтари гумшударо мақомот пайдо карда, ба волидонашон баргардонданд.
Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон мегӯянд, ин духтаронро, ки дар ноҳияи Хуросон гум шуда буданд, кормандони онҳо дар ҳудуди шаҳри Душанбе пайдо карданд.
Хабари гум шудани ин се ҷавондухтар охири ҳафтаи гузашта дар шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт. Наздикони онҳо бо гузоштани аксу навор аз мардум хоҳиш карда буданд, то барои пайдо намудани онҳо кӯмак кунанд.
Мақомот мегӯянд, Зуҳрои 16-сола ва Сумани 17-сола, хонандагони синфҳои 10 ва 11, рӯзи 4-уми сентябр ба мактаб рафта, ба хона барнагаштанд.
Ба иттилои манбаъ, онҳо бо нафари сеюм бо номи Нозия Ёрзодаи 18-сола, сокини ҳамин ноҳия, бедарак ғайб заданд.
Ҷузъиёти бештар дастрас нест, аз ҷумла маълум нест, ки чӣ гуна онҳо аз ноҳияи Хуросон ба Душанбе омаданд ва чаро давоми чанд рӯз бо волидайн дар тамос набуданд.
Танҳо дар моҳи апрели имсол пулиси шаҳри Душанбе хабари гум шудани даҳ наврасро нашр кард. Ҳарчанд баъзе аз онҳо бо гузашти чанд рӯз ёфт шуданд, сабаби нопадид шудани онҳо гуфта намешавад.
Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ онро ба эътироз аз вазъи хонавода, фиреби ҳамсолон, моҷароҷӯӣ ва ғайра, бастагӣ медиҳанд.
Форум 18 мегӯяд, шиамазҳабон дар Самарқанд таъқиб мешаванд

Форум-18, як расонае, ки масоили ҳуқуқи динӣ ва мазҳабиро инъикос мекунад, гуфтааст, ки маъмурони пулиси Узбекистон ҳафтаи гузашта 6 марди шиамазҳабро дар Самарқанд боздошт карда, барои бозпурсӣ бурдаанд.
Дар гузорише, ки Форум 18 рӯзи 8-уми сентябр нашр кардааст, гуфта мешавад, ки маъмурони пулис ва идораи мубориза бо ифротгароӣ субҳи 3-уми сентябр бидуни иҷоза ба хонаи ин шаш нафар ворид шуда, ҷустӯҷу кардаанд ва ҳамаи онҳоро барои бозпурсӣ бурдаанд. Чанде аз сокинони маҳалла ба Форум 18 гуфтаанд, ки ҳамаи ин афрод баъди муддати кутоҳе раҳо шудаанд ва дар байни онҳо се нафаре будаанд, ки моҳи май ҳам барои эътиқоди диниашон боздошт шуда буданд.
Ба навиштаи Форум 18, Бахтиёр Раҳимов ва бародараш Шерзод Раҳимов ва фарди дигаре бо номи Иброҳим Иброҳимов аз ҷумлаи чаҳор нафаре ҳастанд, ки кормандони милиса онҳоро баҳори имсол дастгир ва шиканҷа кардаанд. Онҳоро баъдан барои нофармонӣ ба кормандони давлат ва авбошӣ муттаҳам карда, чанд шабонарӯзӣ ҳабс кардаанд.
Ба гуфтаи Форум 18 аз моҳи май то кунун маъмурони амниятии Узбекистон ба зидди шиамазҳабон дар Самарқанд амалиёт анҷом дода ва аз баъзе аз онҳо пурсидаанд, ки “чаро барои баррасии дин як гурӯҳи чатҳои "ғайриқонунӣ" таъсис додаанд ва чаро бархе аз аъзои ин гурӯҳ дар хориҷа ҳастанд.” Форум 18 аз қавли чанде аз онҳо навиштааст, ки "танҳо мавзӯъҳои мазҳабии марбут ба паёмбар Муҳаммад, имомҳо ва пояҳои мазҳаби шиъаро баррасӣ карданд." Ба қавли мусоҳибони Форум 18, азбаски “имкони расмии омӯзиши мазҳаби шиъа вуҷуд надорад, маркази омӯзишӣ, мактабҳо ва мутахассиси расман эътирофшуда барои таълими мазҳаб вуҷуд надорад, аз ин рӯ одамон гурӯҳи Telegram-ро таъсис доданд."
Ба навиштаи Форум 18, ҷамоатҳои динӣ дар Узбекистон бидуни сабти расмӣ иҷозаи фаъолият надоранд ва иҷрои ойинҳои динӣ ба таври дастаҷамъӣ ғайриқонунӣ аст.” Дар мақола омадааст: “Мақомот ҳамчунин дархости сабти номи ҷамоаҳои мусалмонӣ ба мисли шиъаҳо ва онҳоеро, ки мехоҳанд берун аз муфтиёти таҳти назорати давлат фаъолият кунанд, рад мекунанд.” Форум 18 навиштааст, ки мақомоти Узбекистон ба тақозоҳои батакрори ин созмон барои шарҳи ин қазияҳо ҷавобе надодаанд.
Селу обхезиҳо дар Покистон ҷони 900 нафарро гирифтаанд

Cелу обхезиҳои густарда дар Покистон бори дигар киштзорҳои бузург дар вилояти Панҷоб ва Синдро зери об ва миллионҳо нафарро овора кардаанд. Танҳо дар шаҳри Ҷалолпур дар Панҷоб, маъмурони имдодӣ бо кӯмаки артиш дар рӯзҳои ахир беш аз 122 ҳазор нафарро ба ҷойи амн кӯч додаанд.
Амалиёти шабона рӯзе пас аз он сурат гирифт, ки оби рӯдхонаҳо баъди боронҳои сахти мавсимӣ аз соҳилу садҳо берун омаданд ва рустоҳову киштзорҳоро зери об карданд. Мақомот мегӯянд, аз чанд рӯзи пеш то кунун беш аз 3900 русто дар 26 панҷоб ба зери об мондаанд ва ҳудуди 2.2 миллион нафар ночор хонаҳои худро тарк кардаанд.
Созмони Мудирияти Бӯҳрон дар Покистон эълом кардаст, ки аз оғози борандагиҳои мавсимӣ аз охири моҳи июн то кунун беш аз 900 нафар дар саросари кишвар ҷон бохтаанд . Танҳо дар вилояти Панҷоб 61 нафар дар натиҷаи селу обхезиҳо ҷон додаанд. Мақомоти имдоду наҷот эълом карданд ки дар вилояти қабоилнишини Свот, пас аз туғёни рӯдхонаҳо ва наҳрҳо беш аз 2000 нафарро ба манотиқи амн кӯч додаанд.
Бозмондагони фалокат аз гармои сӯзону камбуди кумакҳои фаврӣ гила доранд. Бисёре дар хаймаҳо, ё канори роҳҳо бидуни ғизову имконоти кофӣ зиндагӣ мекунанд.
Коршиносон мегӯянд, сабаби аслии селобҳо таркиби боришҳои мавсимии сахт бар асари тағйироти иқлим ва сар додани оби обанборҳо аст. Мақомоти Покистон, ки тақрибан ними аҳолии 255 миллион нафариаш дар Панҷоб зиндагӣ мекунанд, гуфтаанд, ки имсол ҳаҷми борандагӣ дар муқоиса ба соли гузашта 73 дарсад бештар будааст.
Дар маҷмуъ селобҳои имсол то кунун ба зиндагии беш аз 4.1 миллион нафар дар 4100 русто дар вилояти Панҷоб таъсири манфӣ гузоштааст. Коршиносон ҳушдор медиҳанд, ки бо идомаи боришҳои мавсимӣ то моҳи сентябр , хатари бадтар шудани бӯҳрон ҳамчунон болост.
Дар ҳамлаи Русия ба маҳаллаи Ярови Украина 20 кас кушта шудаанд

Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина гуфтааст, ки дар натиҷаи партоби як бомби русӣ ба як маҳаллаи аҳолинишин дар вилояти Донетск бештар аз 20 нафар кушта шудаанд. Ӯ дар Телеграм навишт, ки ҳамла ба маҳаллаи Яровая рӯзи 8-уми сентябр сурат гирифтааст ва онро «воқеан ваҳшиёна» номид.
Раиси ҷумҳури Украина видеоеро ҳам нашр кардааст, ки дар он ҷасади чанд нафар дар рӯи замин ва моҳинҳои осебдидаву оқибатҳои ҳамла дида мешаванд. Ба қавли Зеленский, дар натиҷаи ҳамла ғайринизомиён кушта шудаанд ва замоне, ки ба онҳо нафақа тақсим мекардаанд.
Вадим Филашкин, раиси вилояти Донетск гуфт, ки дар ҳамла ба Яровая 21 нафар ва ғайринизомиён кушта шудаанд ва амалкарди Русияро «терроризми ошкор» номид. Низомиёни Русия ҳамларо шарҳе надоданд, ҳарчанд маҳаллаи Яровая дар хабарномаи вазорати дифои Русия дар рӯзи 8-уми сентябр зикр шудааст ва дар он омадааст, ки ҳамла ба «нерӯҳо ва техникаи нерӯҳои мусаллаҳи Украина» сурат гирифтааст.
Маҳаллаи Яровая дар шимолу шарқи шаҳри Лиман дар вилояти Донетск ҷойгир аст ва соли 2022 таҳти назорати Русия қарор дошт, вале онро се сол пеш нерӯҳои Украина бозпас гирифтаанд. Як моҳ пештар бо пешравии нерӯҳои Русия, мақомоти Украина ба мардум амр доданд, ки маҳалларо холӣ кунанд, чун чанд километр дуртар аз ҷабҳаи аввали ҷанг қарор гирифтааст.
Назарпурсӣ: Русиягиҳо намехоҳанд, аз паёмрасони Max истифода кунанд

Дар як назарпурсӣ дар Русия, 47 дарсади пурсидашудаҳо гуфтаанд, аз боргирии мессенҷери миллии Маx дар телефонҳояшон худдорӣ мекунанд. 34 дарсад тасмим доштаанд, ин барномаро насб кунанд.
Назарсанҷиро гурӯҳи таҳқиқотии Extreme Scan охири моҳи август дар миёни 1005 нафар гузаронидааст. Аз русиягиҳо дар баробари мессенҷер ё паёмрасони Маx, ҳамчунин дар бораи кори интернет пурсон шудаанд.
79 дарсади пурсидашудаҳо гуфтаанд, дар шаш моҳи охир зимни истифодаи интернет тариқи телефони худ мушкил доранд.
Паёмрасони серистифода ва маъруф дар миёни русиягиҳо WhatsApp – 59%, ва Telegram 35% будааст.
Назарпурсӣ муайян кардааст, ки 28 дарсади пурсидашудаҳо (аксаран корбарони аз 18 то 29 сола) аз қулфшиканҳо ё VPN истифода мебаранд. 56 дарсади онҳое, ки аз ин роҳ ба шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳо ворид мешаванд, ба ин боваранд, ки бастану манъи дастрасӣ ба сомонаҳо ба маънии маҳдуд сохтани озодии шаҳрвандон аст.
Паёмрасони миллии Max дар Русия ҷойгузини замимаи VK Messenger аст, ки аз сӯи ширкати наздик ба давлат сохта шудааст. Он моҳи майи соли равон муаррифӣ ва аз оғози моҳи сентябр насби он дар смартфону планшетҳо ҳатмӣ гардид. Бо оғози тарғиби ин паёмрасон дар Русия мақомот занг задан аз тариқи паёмрасонҳои Вотсап ва Телеграмро маҳдуд карданд. Сабаб мубориза бо қаллобон гуфта шудааст.
Ҷавони тоҷикро ба қатли арӯсшавандаи 19-солааш гумонбар карданд

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз қатли бераҳмонаи як духтаре хабар дод, ки ба дасти ҷавони зоҳиран ошиқи ӯ кушта шудааст.
Дар баёнияи вазорат аз рӯзи 8-уми сентябр омадааст, ки як сокини 20-солаи ноҳияи Зафаробод ба сабаби он ки волидони духтар тақозои хостгории ӯро рад кардаанд, ӯро ба як маҳалле бурда, “бо воситаи корди бо худ доштааш 16 маротиба ба узвҳои ҳаётан муҳимаш зарба задааст.”
Баъди ин ба гуфтаи вазорат “ҷабрдидаро ба дохили бинои сохтмонаш нотамоми деҳаи Логин дароварда, бо бензин оташ зада, ба ҳалокат расонидааст.” Мақомоти интизомӣ гуфтаанд, ки сабаби ин бераҳмӣ нисбат ба духтар, “аз ҳиссиёти рашк” ва посухи рад шунидан аз волидони арӯсшавандааш ҷавондухтари 19-сола” будааст. Ҳодиса рӯзи 5-уми август рух додааст.
Ному насаби ҷавони гумонбар ба одамкуширо нагуфтаанд. Ба ӯ, ки ба одамкушӣ бо бераҳмии хос муттаҳам мешавад, камаш 15 соли зиндон таҳдид мекунад. Назари худи ӯ, ё вакили дифои ҷавон маълум нест.
Чаҳор шаҳрванди Тоҷикистонро аз Мавритания бозгардонидаанд

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки дар нимаи аввали имсол дар ҳамкорӣ бо мақомоти интизомии Туркия чаҳор шаҳрванди кишварро аз дасти қочоқбарони инсон халос карда аз Мавритания ба ватан баргардонидаанд.
Дар як санади расмии ҳукумати Тоҷикистон, дар бораи мубориза бо шиканҷа, ки Радиои Озодӣ онро ҳам дид, омадааст, “Дар ҳамкорӣ бо шарикони худ аз Туркия пеши роҳи гурӯҳе аз гумоштагони як созмони муташаккили қочоқбар гирифта шуд, ки худро мубаллиғони мактабҳои динӣ муаррифӣ карда, ба фиристодани одамон ба Мавритания машғул буданд.” Барои ин кор ду нафарро дастгир кардаанд ва чаҳор шаҳрванди Тоҷикистонро ҳам ба ватан баргардонидаанд.
Маълум нест, афроди боздоштшуда шаҳрвандони кадом кишвар ҳастанд ва бар асоси муқаррароти қонун, номи фиребхӯрдагон ва ҷабрдидагонро нагуфтаанд. Зоҳиран ин афрод аз ҷумлаи хоҳишмандони муҳоҷирати корӣ будаанд, ки дар ин санад омадааст, ба ҳамин сабаб дар байни мардум аз ҷумла муҳоҷирони корӣ, тадобири тарғиботӣ ва ё огаҳсозӣ анҷом андешида мешавад.
Шаҳрвандони Тоҷикистон умдатан дар кишварҳои арабӣ ва ё Русия истисмор мешуданд ва ё ба дасти қочоқбарони инсон меафтоданд, вале бори аввал аст, ки дар бораи аз роҳи фиреб то ба Мавритания, яке аз кишварҳои дурдасти африқоӣ бурдани онҳо гузориш мерасад.