“Мегуфтанд, биё, як музей кушоем. Набераҳову абераҳо бинанд, ки бобову бибияшон кӣ буд. Мехостанд ҳама чизҳои миллии моро набераҳову абераҳо бинанд. Ҳоло онҳо аз ҳар гӯшаи олам мебиёянд ва бигзор донанд, ки бобояшон кӣ буд,” – гуфт Шарофат Рашидова, ҳамсари Ҳабибулло Абдураззоқов ба Радиои Озодӣ.
Писараш Барзу Абдураззоқов, коргардони маъруфи театр, мегӯяд, тамоми ашёи осорхонаро падараш солҳои дароз гирд овардааст.
Ӯ гуфт: “Баъзе чизҳо аз бибиям мондааст. Як-ду гӯшвор аз аммаҳоям низ ҳастанд. Боқимондаашро падарам ҷамъ оварданд. Пул меёфтанд, як қисмашро барои хона сарф мекарданд, ба боқимондааш ё қолини қадимӣ мехариданд ё ҷома ва ё сӯзанӣ. Шояд 300 сӯзанӣ харидаанд.”
Абдураззоқов афзуд, азбаски ҳавлии падараш ба сабаби “Генплан” ё Нақшаи бозсозии Душанбе вайрон карда шуд, дар бинои навсохте утоқи якҳуҷраиро гирифта, орзуи падарашро амалӣ карданд.
Ойниҳол Бобоназарова, мудири созмони иҷтимоии “Перспектива+” аз меҳмонони нахустини осорхонаи ҳунарманд буд. Ӯ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “Ҳабибулло Абдураззоқов на танҳо дар Тоҷикистон як ҳунарманди беҳамто буд, балки ӯро дар ҳама кишварҳои собиқи Шӯравӣ медонистанд. Аз худ фарзандоне монд, ки фахри миллатанд. Фикр мекунам, давлат бояд аз чунин фарзандон қадрдонӣ кунад.”
Ҳабибулло Абдураззоқов дар соли 1937 дар шаҳри Кӯлоб таваллуд шуда, соли 2021 дар 83-солагӣ дар Душанбе даргузашт. Танҳо дар синамо тақрибан сад нақш офарида. Дар саҳнаи театр низ даҳҳо нақшҳои хотирмонеро иҷро кардааст.
Гуфтугӯ