Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қарори ҳукумат нархи мошинро дар Тоҷикистон боло бурд? ВИДЕО


Мошинбозори шаҳри Хуҷанд
Мошинбозори шаҳри Хуҷанд

Баъди ду ҳафтаи манъ шудани вуруди мошинҳои бароришашон то соли 2013 ба Тоҷикистон, сокинон аз болоравии нарх дар бозори нақлиёт шикоят доранд. Тоҷирон мегӯянд, мардум тавони харидани мошинҳои навро надоранд ва барои ҳамин талабот ба мошинҳои куҳна зиёд шудааст.

Бозори фурӯши нақлиёт дар шаҳри Хуҷанд пур аз мошину харидор аст, аммо савдо дар авҷ нест. Тоҷиру мошингир соатҳо савдо мекунанд, вале дар таъини нарх ба мувофиқае намерасанд. Ҳолдонҳо мегӯянд ин вазъ баъди иҷро шудани қарори нав дар бораи манъи воридоти мошинҳои кӯҳна ба миён омад.

Мирсаид Нуров, сокини ноҳияи Айнӣ мегӯяд, пештар нархи мошинҳои куҳна то 30 ҳазор сомонӣ буд, вале ҳоло қариб ба 60 ҳазор сомонӣ расидааст.

Назарқул Ҷӯраев, сокини ноҳияи Деваштич ҳам гуфт, нархи мошини навъи “Матис” солҳои гузашта 10-12 ҳазор сомонӣ буд. “Ҳоло барои ҳамин мошин, фурӯшандаҳо 40-50 ҳазор пурсида истодаанд. 4-5 маротиба нархаш баланд аст”.

Қишри миёнҳол дар Тоҷикистон бештар имкони хариди мошинҳои куҳнае мисли "Опел"-ро доранд. Бо як қарори ҳукумат аз 2-юми октябр вуруди худравҳое, ки то соли 2013 истеҳсол шудаанд, манъ шуд.

Гузориши видеоиро дар инҷо тамошо кунед:

Қарори ҳукумат нархи мошинро дар Тоҷикистон боло бурд? ВИДЕО
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:16 0:00

Тоҷирон дар назди дурбин суҳбат намекунанд. Онҳо дар суҳбатҳои ҳузурӣ гуфтанд, ки баланд ё паст шудани нарх “тақозои бозор” аст ва сабабҳои мухталиф дошта метавонад.

Абдухолиқ Шарифов ҳарчанд тоҷир нест, вале овозаи баланд рафтани нархи мошин ӯро водор кардааст, ки нақлиёти сохти шӯравиашро ба бозор орад. “Қисмҳои эҳтиётӣ барои мошинҳои куҳна арзонтар аст ва барои ҳамин сокинон талош мекунанд,ин гуна нақлиётро харидорӣ кунанд,”-гуфт ин ҳамсуҳбати мо.

Дар Тоҷикистон ҳеҷ навъе аз мошини сабукрав истеҳсол намешавад. Мошинҳо ба кишвар асосан аз дасти дуюм ва аз кишварҳои Аврупо, Чин, Куриё, Русия ва Амрико ворид мешавад.

Бино ба хабари Хадамоти гумрук, дар шаш моҳи соли ҷорӣ ба Тоҷикистон беш аз 36 ҳазору 800 мошини сабукрав ворид шудааст. Дар се соли ахир ба Тоҷикистон ҳудуди 110 ҳазор мошинҳои тавлидашон то соли 2013 оварда шудааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG