Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се президенти пешини Қарабоғ боздошт шудааст


Араик Арутюнян, президенти пешини ҷумҳурии худхондаи Қарабоғи Кӯҳӣ.
Араик Арутюнян, президенти пешини ҷумҳурии худхондаи Қарабоғи Кӯҳӣ.

Расонаҳои озарбойҷонӣ бо такя ба манобеи худ менависанд, се президенти ҷумҳурии худхондаи Қарабоғи Куҳӣ - Араик Арутюнян, Аркадий Гукасян ва Бако Саакян боздошт шудаанд.

Онҳоро дар Степанакерт боздошт ва баъдан ба Боку интиқол додаанд.

Низомиҳои Озарбойҷон ҳамчунин раиси пешини порлумони ҷумҳурии эътирофнашуда Давид Ишханянро боздошт кардаанд.

Ҳамаи боздоштшудаҳоро "дар ҷиноятҳои зиёде" айбдор мекунанд, менависанд расонаҳои Озарбойҷон.

Мақомоти Озарбойҷон дар бораи боздоштҳо расман хабар надодаанд.

“Мавҷи муҳоҷирони иҷборӣ аз Қаробоғи Куҳӣ ба Арманистон дар рӯзҳои гузашта коҳиш ёфта, ин раванд ба интиҳои мантиқӣ расидааст", -- гуфт Назел Багдасарян, сухангӯи сарвазири Арманистон рӯзи якуми октябр.

Гегам Степанян, ваколатдори ҳуқуқи инсони ҷумҳурии худхондаи Қаробоғи Куҳӣ, ки ба мавҷудияташ хотима мебахшад, гуфт, рӯзи якшанбе охирин автобуси гурезаҳо аз Қаробоғ ба шаҳри Горис расид.

Автобус 15 мусофир дошт. Степанян аз онҳое, ки дар бораи одамони танҳо ва ё ниёз ба кумак дар Қаробоғи Кӯҳӣ иттилоъ доранд, даъват кард, ба Кумитаи байналхалқии Салиби Сурх хабар диҳанд.

Ба иттилои мақомоти Арманистон, то шоми 1-уми октябр аз Қаробоғи Кӯҳӣ ба Арманистон беш аз 100 ҳазор муҳоҷири иҷборӣ ворид шудааст.

Дар Ереван гуфтанд, ибтидои имсол дар Қаробоғи Кӯҳӣ тақрибан 120 ҳазор арманӣ зиндагӣ мекард. Намояндагони пешини ҷумҳурии худхондаи Қаробоғ гуфтанд, айни замон минтақа тақрибан холӣ шудааст.

Мақомоти Арманистон дар шикояташон ба Додгоҳи байнулмилалии СММ аз поккориҳои қавмӣ дар Қаробоғи Кӯҳӣ изҳори нигаронӣ кардаанд. Дар ҳамин ҳол, Озарбойҷон аз арманиҳо хост, дар ин минтақа бимонанд ва аз идораҳои СММ хост, барои ошноӣ ҳайати худро фиристанд.

XS
SM
MD
LG