Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вакил: Полша Сорбон Абдураҳимзодаро ихроҷ кард


Сорбон Абдураҳимзода бо ду фарзандаш. Акс аз бойгонӣ
Сорбон Абдураҳимзода бо ду фарзандаш. Акс аз бойгонӣ

Сорбон Абдураҳимзода, шаҳрванди 30-солаи Тоҷикистонро, ки ба нақли пайвандонаш ба "Like"-гузорӣ дар зери навиштаҳои мухолифони ҳукумат гумонбар аст, аз Лаҳистон (Полша) ихроҷ (депортатсия) кардаанд.

Матбуоти Лаҳистон рӯзи 22-юми июн навишт, ки ӯ тавассути Булғористон ба тарафи Душанбе фиристода шуд.

Вакили мудофеъ Богумив Зигмонт ба Радиои Озодӣ хабар дод, ки "ҳавопаймо феълан дар Гурҷистон аст". Вай афзуд, мақомоти Полша бар хилофи қарори Додгоҳи Ҳуқуқи Башари Аврупо (аз 24-уми майи имсол) рафтор кардаанд. Дар ҳоле ки ба гуфтааш ба Сорбон Абдураҳимзода дар Тоҷикистон “шиканҷа ва солҳои дарози зиндон” таҳдид мекунад.

Шарҳи расмии қазия дастрас нест.

Сомонаи “Onet” рӯзи 22-юми июн навишт, ки мақомоти Полша Сорбон Абураҳимзодаро “хатаре ба амнияти давлат” донистаанд, вале тафсилот наовард. Муаллифи хабар гуфтааст, барои дақиқ кардани асли қазия ба чанд ниҳоди расмии Лаҳистон суол фиристод.

Тақрибан як моҳ пеш мақомоти Лаҳистон кӯшиш карда буданд, ки Сорбон Абдураҳимзодаро ба Тоҷикистон биронанд, вале зери фишори ҳомиёни ҳуқуқ аз ройи худ гаштанд.

Сорбон Абдураҳимзода пештар дар Украина мезист ва пас аз ҳамлаи Русия ба онҷо ба Лаҳистон кӯчид. Назари ҷониби Тоҷикистон ва иттиҳоми расмӣ ба зидди ӯ маълум нест. Пайвандонаш дар охири моҳи май гуфта буданд, ки мақомоти Тоҷикистон ӯро ба гузоштани "лайк" дар зери навиштаи мухолифон меҷӯянд.

Фарҳод Одинаев, як намояндаи мухолифони ҳукумати Тоҷикистон, рӯзи 22-юми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, рафтори ахири мақомоти Лаҳистон ҳомиёни ҳуқуқро ҳайратзада кардааст, "зеро Додгоҳи шаҳри Жешуви Полша бар асоси қарори Додгоҳи Ҳуқуқи Башари Аврупо рӯзи 29-уми май истирдоди ӯро ба Тоҷикистон бекор кард".

"Интизор мерафт, додгоҳи Жешув парвандаи Сорбонро пурра бибандад ва ӯ ба назди пайвандон баргардад. Бо сабабҳои норӯшан мурофиа ба вақти номаълум гузошта шуд ва Сорбон Абдураҳимзода дар ин муддат дар боздоштгоҳи муҳоҷирон мезист," – афзуд ӯ.

Дар ҳамин ҳол, ба иттилои дарёфтӣ, мақомоти Полша камаш ду рӯз боз Пӯлод Абдураҳимов, падари Сорбон Абдураҳимзодаро дар Варшава ҷустуҷӯ доранд. Ҳомии ҳуқуқи паноҳҷӯён Лайло Нозгул Сейитбек рӯзи 22-юми июн дар Твиттер навишт, ки "Полша барои кофтуков ва ихроҷи паноҳҷӯёни тоҷик рейди фарогир мегузаронад".

Аз соли 2015 ба ин тараф гуруҳе аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба далели мухолифат бо режими ҳоким ва ё таъқибу азияти афзун дар Аврупо, бахусус Лаҳистону Олмон, паноҳанда шуданд.

Кишварҳои аврупоӣ аризаи на ҳамаи онҳоро мепазиранд, ҳарчанд то ҳоло чанд ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар ин ҷо мақоми паноҳандаи сиёсӣ гирифтаанд.

То кунун чанд мавриди ихроҷ ва дар Тоҷикистон зиндонӣ шудани баъзе аз паноҳҷӯён расонаӣ шудааст. Ҳизбулло Шовализода, як узви ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, соли 2020 аз Австрия ба Тоҷикистон истирдод ва ба 20 сол зиндон маҳкум шуд.

Мақомоти Олмон дар моҳи январи имсол Абдуллоҳи Шамсиддин, писари яке аз фаъолони ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломиро ба Душанбе фиристоданд. Ба хабари Дидбони Ҳуқуқи Башар, ӯ ба ҳафт сол зиндон маҳкум шудааст. Чанде аз созмонҳои ҳуқуқи башар тасмими Олмонро танқид карда, раҳоияшро аз Тоҷикистон хостанд, вале акси садое нагирифтанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG