Дар чанд ҷумла
"Чаро онҳо мобилизатсия намешаванд?" Изҳороти вакили Русия дар бораи душаҳрвандӣ

Як вакили Думаи Давлатӣ, порлумони Русия, гуфтааст, ё низоми душаҳрвандиро бо баъзе аз кишварҳои Осиёи Марказӣ боздоранд ва ё қоидаи сафарбар кардани ин гуна шахсонро ба ҷанг тағйир диҳанд.
Михаил Матвеев рӯзи 6-уми май дар Телеграм навишт, чаро ҳар сол даста-даста мардони Осиёи Марказӣ, аз ҷумла тоҷикон, шаҳрвандии Русияро мегиранд, вале ба майдони ҷанг сафарбар намешаванд.
Ӯ афзуд: "Дар моддаи 10-уми қонуни федеролӣ дар бораи уҳдадории ҳарбӣ гуфта шудааст: шахсе, ки шаҳрвандии Русияро гирифт, бояд дар давоми ду ҳафта худро дар комиссариати ҳарбӣ сабтином кунад. Пас, мушкил чист? Чаро онҳо мобилизатсия намешаванд? Баталйони тоҷикҳо ку? Ҷанг давом дорад, ба Русия сарбоз лозим аст… "артиш"-и зодагони Осиёи Марказӣ бештар дар полки таксиронҳову роҳрӯбон ва бинокорон ҳастанд, на тирандозӣ ё ҳадди ақал хандақканӣ."
Омори дақиқе нест, ки чӣ қадар аз тоҷикони табааи Русия ба ҷанг дар Украина бурда шуданд. То ҳоло дар бораи марги чандин нафар гузориш расидааст. Гузашта аз ин, марги тақрибан бист тоҷики зиндонӣ дар Русия дар ҷанги Украина ҳам таъйид шуд.
Вакили порлумони Русия гуфтааст, раванди дур мондани зодагони Осиёи Марказӣ аз ҷанг санҷиш мехоҳад ва душаҳрвандиро сабаби асосӣ донистааст.
"Агар гуфтаам дуруст бошад, пас, мо бояд зуд қонунро дигар кунем… Ман қонунҳоро меомӯзам ва тарҳи ислоҳҳоро омода мекунам. Агар гап дар бораи душаҳрвандӣ бошад, ё манъ карда шавад ё қоида дар бораи имкони сафарбар кардани ингуна шахсон тағйир ёбад," – афзудааст ӯ.
Ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Русия танҳо дар се моҳи аввали имсол тақрибан 45 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон шиносномаи русӣ гирифтаанд. Байни ду кишвар низоми душаҳрвандӣ амал мекунад.
Мунтақидон аз пайомадҳои барои давлати Тоҷикистон нохушоянди ин раванд ҳушдор дода, мегӯянд, дар сурати зарурӣ Русия метавонад аз ин гурӯҳи шаҳрвандон барои манфиатҳои худ истифода кунад, аз ҷумла дар ҷанг зидди Украина.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Хадамоти амнияти Украина гуфт, пояи шоҳсутуни кӯпруки Қримро тарконидаанд

Хадамоти амнияти Украина гуфт, ки қисмати зериобии пояҳои шоҳсутуни пули Қримро мунфаҷир кардааст. Дар изҳороти ин хадамот рӯзи 3 июн инчунин навори видеоии таркиш нашр ва таъкид шудааст, ки ҳодиса субҳи сешанбе рух дод. Дар изҳорот омадааст, ки пояҳои зериобӣ дар бистари баҳр бо 1100 кг маводи тарканда осеб дода шуд. “Кӯпрук амалан дар ҳолати садамавӣ қарор дорад”, гуфта шудааст дар изҳорот.
Дар соате, ки хабари Хадамоти амнияти Украина нашр шуд, ҳаракати нақлиёт аз болои кӯпрук ҳамоно идома дошт. Ин пулро Русия “Кӯпруки Керч” номида, он вилояти Краснодарро бо нимҷазираи ишғолшуади Қрим мепайвандад. Субҳ ҳаракат аз рӯи ин пул давоми се соат боздошта шуда, вале сабабаш номаълум буд. Одатан дар сурати хатари ҳамлаи паҳпод ваё мушакҳо ҳаракат аз рӯи ин пул манъ мешавад.
Ҷониби Украина гуфт, ки омодагӣ барои ин ҳамла давоми чандин моҳ ҷараён дошт.
Мақомот дар Русия ҳанӯз ин хабарро шарҳ надодаанд. Хадамоти амнияти Украина гуфт, ки ин амалиёти сеюми бомуваффақият дар пули Қрим мебошад. Як ҳамлаи 8 октябри соли 2022, ки дар натиҷааш ду қисмати муҳими пул шикаста буд, сангинтарини онҳо дониста мешавад. Баъди он чанд моҳ лозим шуд, ки ин пул дубора барқарор шавад.
Пули Қримро баъди ишғоли он аз ҷониби Русия сохтанд. Мақомот дар Украина борҳо гуфтанд, ки ин сохтмон ғайриқонунӣ аст ва баъди ҳуҷуми Русия ба хоки ин кишвар дар соли 2022 гуфтанд, ин кӯпрук ҳадафи қонунии низомӣ дониста мешавад.
Раиси дастгоҳи президенти Украина ба Вашингтон рафт

Андрей Ермак, раиси дастгоҳи президенти Украина субҳи 3 июн дар садри ҳайате вориди шаҳри Вашингтон шуд. Дар миёни мақомдорон вазири иқтисод Юлия Свириденко ва намояндагони вазорати дифоъ ва дафтари президент ҳастанд.
Худи Ермак дар Телеграм-каналаш навишт, ки музокираҳо бо мақомоти амрикоӣ доираи васеи мавзӯъҳо, аз ҷумла, тақвияти ёриҳои дифоии Украина, вазъи имрӯза дар ҷабҳа ва ҳам идомаи фишори таҳримҳо ба Русияро фаро мегиранд.
Ҷониби Украина мехоҳад ба баррасии тарҳи сенатори ҷумҳурихоҳ Линдси Грэм таваҷҷӯҳи бештар зоҳир шавад, чун ӯ тарафдори ҷорӣ кардани таҳримҳои сангин ва то 500 дарсад зиёд кардани таъруфаҳо ба кишварҳое мебошад, ки алорағми таҳримҳои байналмилалии Русия, бо воридоти маҳсулоти нафтии ин кишвар машғул мебошанд.
Украина умедвор аст, ки ин санад дар сурати қабул шуданаш дар Конгресс ба ҳайси василаи сангини фишори иқтисодӣ болои Маскав хидмат хоҳад кард.
Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Русия дар пасманзари фишорҳои афзоянда ба муҳоҷирон

Дар фазои фишорҳои афзоянда ба муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Русия, мақомоти ин ду кишвар аз баргузории маъракаи «Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Русия» хабар доданд. Маъракаҳо аз 2 то 6 июн дар шаҳрҳои Маскаву Қазон ҷараён доранд.
Рӯзи 3 июн саҳифаи интернетии Шӯрои Федератсияи Русия навишт, ки консерти марказиро бо номи «Паёми дӯстӣ» дар «Театри калон» («Большой театр») вазирони фарҳанги ду кишвар Олга Любимова ва Матлубахон Сатториён ифтитоҳ намуда, дар он муовини раиси Шӯрои Федератсия Николай Журавлев иштирок кардааст.
Аз Тоҷикистон гурӯҳҳои ҳунарии «Гулрез», «Зебо», «Парасту», «Ҷаҳоноро», овозхонҳо Таҳмина Ниёзова, Нигина Амонқулова, Нозия ва Муҳаммадрофеи Кароматулло ва дигарҳо ҳунарнамоӣ мекунанд. Дар миёни чорабиниҳои дигар – намоиши ҳунарҳои дастӣ дар дохили «Театри калон» ва ифтитоҳи намоишгоҳи наққошиҳои «Зебоиҳои Тоҷикистон» дар Академияи наққошии Русия ба номи Зураб Тсеретели мебошанд.
Дар намоишгоҳи дуюм сӣ асари ҳунарии Сӯҳроб Қурбонов, Олим Рабизода, Акмал Миршакар ва Наргис Ҳамидова ба намоиш гузошта шудаанд.
Сафорати Тоҷикистон дар Маскав навишт, Матлубахон Сатториён дар суханрониаш рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистонро дар Русия як «чорабинии муҳими фарҳангӣ барои ду кишвар» номидааст.
Маълум нест оё ин чорабинӣ то куҷо метавонад муносибати мақомдорони Русияро ба тоҷикону Тоҷикистон дигар кунад, чун бахусус дар як соли охир баъди ҳамла ба толори консертии «Крокус», бархӯрд бо муҳоҷирон аз Тоҷикистон бисёр манфӣ шудааст.
Мақомот бо гумони содир кардани ин ҳамла, ки боиси кушта шудани 145 ва ҷароҳати садҳо тани дигар шудааст, асосан шаҳрвандони Тоҷикистонро гумонзад ва боздошт кардаанд. Дар таҳқиқи парвандаи онҳо рӯшанӣ ва далелҳои қотеъ расонаӣ нашудаанд.
Дар ин як соли охир Думаи Давлатӣ даҳҳо қонуни маҳдудкунандаи кори муҳоҷирони хориҷиро қабул карда, даҳҳо ҳазор муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ, бахусус аз Тоҷикистон бо баҳонаҳои мухталиф ба ватан ронда шуданд. Шумораи ихроҷшудаҳо расман 30 ҳазор нафар номида мешавад ва дар феҳристи афроди зери назорати Русия зиёда аз 120 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон номбар шудааст, ки рекордист.
Мунаққидони ҳукумати Тоҷикистон мегӯянд, дар асл ҳукумати Душанбе барои ҳимояти ҳуқуқи шаҳрвандонаш дар муддати солҳои истиқлолият ва бахусус дар як соли охир кори ҷиддие накардааст, чун барои тағйири шеваи бархӯрди мақомдорони рус ба муҳоҷирон дипломатияи сиёсӣ ва иродаи қавии давлатмардон дар Душанбе зарур аст. Аммо ахиран аз тарафи президенти Русия Владимир Путин ба ҳузур пазируфта шудани Рустами Эмомалӣ, писари раисиҷумҳури Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои давлатӣ аз ҷумлаи пешрафт ва дастовардҳои ахир шумурда мешавад.
Тоҷикистону Русия ҳамдигарро шарики стратегӣ меноманд ва Русия пойгоҳи 201-уми низомишаро дар хоки Тоҷикистон мустақар кардааст, вале шикоят аз бархӯрди нобаробар дар муносибатҳои Маскав ба Душанбе кам намешавад.
Аз як зиндони Покистон дар вақти таҳлукаи зилзила 200 маҳбус фирор кард

Шаби 2 ба 3 июн вақте бо сабаби зилзилаҳои пайдарпай дар Карочи зиндониҳои маҳбаси мардонаро иҷоза доданд, ки аз утоқҳо берун шаванд, беш аз 200 нафарашон аз маҳбас фирор карданд.
Фирори маҳбусон тақрибан тамоми шаб то саҳар идома ёфт. Зиёулҳасан Ланҷар, як масъули идораи амнияти вилояти Карочи рӯзи 3 июн ба хабарнигорон гуфт, ки вақте тапиши замин батакрор идома дошт, ба садҳо маҳбусон иҷоза доданд, ки ба рӯи ҳавлии зиндон берун бароянд.
Полис гуфт, ки маҳбусон аз дасти зиндонбонҳо силоҳро гирифта онҳоро маҷбур карданд, ки дарвозаҳоро боз кунанд. Ғуломнабӣ Мемон, раиси полиси вилоят гуфт, дар ин ҳодиса дастикам як зиндонбон кушта ва се тани дигар маҷрӯҳ шуданд.
Бархе зиндониҳоро ба ҳангоми талоши ворид шудан ба як бинои бисёрутоқае дар муқобили зиндон боздошт карданд. Хабарнигори Reuters аз маҳалли зиндон дидан кард ва гузориш дод, ки шишаҳо шикаставу дастгоҳҳои электронӣ аз кор бароварда шудаанд. Бисёр аъзои оилаҳои зиндониҳо бо нигарониву ҳарос дар назди зиндон ҷамъ омадаанд.
Ланҷар гуфт, ки ин азимтарин ҳодисаи фирори маҳбусон аз зиндон дар Покистон мебошад. Дар ин маҳбас дар як вақт 6 ҳазор зиндонӣ нигаҳдорӣ мешуд. Тахминан 80 нафари онҳо то нисфирӯзии 3 июн боздошт шуданд.
Дар зилзилаи Туркия як нафар ба ҳалокат расида даҳҳо тан захмӣ шуданд

Дар заминларзаи шаби 2 ба 3-юми июн дар Туркия 70 нафар захмӣ ва як духтари 14-сола ба ҳалокат расидааст. Хабаргузории Associated Press навиштааст, ки шиддати заминларза бар асоси ҷадвали Риҳтер 5,8 дараҷа будааст. Маркази зилзила шаҳри Мармариси воқеъ дар соҳили баҳри Миёназамин мебошад.
Али Ерликая, вазири корҳои дохилии Туркия гуфтааст, ки аксари онҳое, ки захмӣ шудаанд, аз таҳлукаи зиёд тарсида фирор намуданд ва афтода захмӣ шудаанд.
Муаззама Акобирзода, як муҳоҷирзани тоҷик дар Истанбул дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки сокинон аз заминларза сахт метарсанд, чун заминҷунбии ду сол пеши пурфоҷеа ҳанӯз ҳам дар хотираашон зинда аст.
Моҳи феврали соли 2023 дар паи заминларзаи сахте дар Туркия 50 ҳазор нафар ҳалок шуда буд. Акобирзода низ гуфт, ки тапиши замин бисёриҳоро ҳаросон карду ба воҳима андохт ва шоҳиди он буд, ки бисёриҳо аз по афтода, осеб диданд, чун талош мекарданд зудтар худро ба ҷои амн расонанд.
"Ваъдаи мақомот дигар буд". Алишер Махсудов аз ҳукми додгоҳ розӣ нест

Як сокини 22-солаи Тоҷикистон, ки бо ваъдаи бахшида шудани гуноҳаш аз хориҷа ба Душанбе омада, вале бар асоси моддаи «тундгароӣ» ба 14 соли зиндон маҳкум гардид, аз болои ин ҳукми додгоҳ шикоят кардааст.
Алишер Махсудов мегӯяд, аз ҳукми додгоҳ розӣ нест ва қарори додгоҳ бо ваъдаи муфаттишон дар бораи шеваи бархӯрд бо парвандааш мувофиқат намекунад. Махсудов дар шикояташ хостааст, ки ҳукми Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз моҳи апрел бекор карда шавад.
Талошҳои Радиои Озодӣ барои гирифтани назари додгоҳ ва мақомоти тафтишотӣ дар мавриди парвандаи Алишер Махсудов дар беш аз як моҳи охир натиҷа надод, вале наздикони ин шаҳрванди Тоҷикистон мегӯянд, ӯ ҷинояткор не, балки як муҳоҷири собиқ аст, ки дар бозори «Садовод»-и Маскав кор карда аз ҳамин ҳисоб ба хонаводааш кӯмак мерасонд.
Саидаҳмади Бобоҷон, хешованди Махсудов ба Радиои Озодӣ гуфт, ин ҷавон нахуст бо мақсаду кор ба Русия рафта буд. Баъди муддате хост ба Аврупо биравад ва аввал ба Лаҳистон ва баъд ба Олмон рафту аз мақомоти ин кишвар дархости паноҳандагӣ намуд. Вақте он ҷо посухи рад гирифт ва баъди ин ба Узбекистон парвоз кард.
Саидаҳмади Бобоҷон гуфт, дар ин муддат муфаттишони КДАМ Тоҷикистон Махсудовро гӯё дар узвият дар созмони мамнӯи “Салафия” ва ширкат дар сафи ҷангҷӯёни ДОИШ дар Сурия гумонбар намуданд. Бобоҷон мегӯяд, ин иттиҳом ҳеҷ асосе надорад, чунки Махсудов «ҳеҷ гоҳ ба онҷо нарафатааст ва солеро, ки мақомот чун дар Сурия будани ӯ ишора кардаанд, дар Тоҷикистон зистааст».
Айни замон маълум нест, далели мақомот барои чунин иттиҳом чӣ буда метавонад ва санҷидани дурустии ин иттиҳомҳо тавассути манбаъҳои мустақил феълан имкон надорад. Инчунин феълан дақиқ маълум нест сафарҳои Махсудов ба Аврупо кай сурат гирифтааст.
Аммо бино ба иттилои Бобоҷон, дар марҳилае, ки ӯ дар Узбекистон қарор дошт, намояндагони Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи (УБОП) ВКД бо ӯ дар тамос шуда, ваъда доданд, ки дар сурати бозгашти ихтиёриаш ба ватан, «бахшида мешавад». «Ӯ бовар карда ба Тоҷикистон рафт, вале ба 14 соли зиндон маҳкум шуд», гуфт Саидаҳмади Бобоҷон.
Ба нақли пайвандони Алишер Махсудов, дар ибтидо вай бар асоси моддаи 307 иловаи 3 қисми 2 «Иштирок дар фаъолияти ҳизбҳои сиёсие, фаъолияташ дар Тоҷикистон манъ карда шудааст» гумонбар буд, вале вақте ба Тоҷикистон омад, боз як банди дигари «тундгароӣ» изофа карда шуд. Онҳо мегӯянд, замоне, ки тафтиши қазияашро мақомоти амниятӣ идома дод, боз моддаи 401 қисми 1 «зархаридӣ» изофа карда шуд.
Онҳо мегӯянд, замоне, ки Алишер дар Русия буд, мақомоти интизомии Тоҷикистон чанд ҳамхонаашро бо ҷурми салафӣ боздошт намуда ба Тоҷикистон истирдод ва онҳо дар баёноти худ номи ӯро зикр намудаанд. Биноан мақомот ба вай пешниҳод кардаанд, ки баргардаду бегуноҳияшро собит кунад ва бар асоси он бахшида хоҳад шуд.
Алишер Махсудов фарзанди панҷуми хонавода аст ва волидонаш гуфтанд, ба ҳангоми қироати ҳукми додгоҳи Исмоили Сомонӣ рӯзи 29 апрел, онҳоро ба мурофиаи ниҳоӣ роҳ надоданд ва шоҳидони онҳоро бо сабаби ин ки гӯё дар ноҳияҳои дурдаст зиндагӣ мекунанд, ба мурофиа даъват накарданд.
Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон, мисли Human Rights Watch, Тоҷикистонро барои додгоҳҳои ношаффоф ва пушти дарҳои баста, ки бо нақзи муқаррарот ҷараён мегиранд, интиқод мекунанд. Дар чунин мурофиаҳо имконияти гумонбар ба исботи бегуноҳиашон аз байн меравад.
ИМА ба кишварҳо барои муомила дар мавзӯи таърифаҳо мӯҳлат дод

ИМА аз кишварҳое, ки мехоҳанд дар заминаи таърифаҳо муомила кунанд, хостааст, то рӯзи чоршанбе пешниҳодҳои худро фиристанд. Оҷонсии Reuters рӯзи 2 июн бо такя ба манбаъҳояш гуфт, Кохи Сафед ният дорад музокираҳоро дар заминаи таърифаҳо то 8 июл ба анҷом расонад.
То ҳол танҳо бо Бритониё як созиши пешакӣ ҳосил шудааст. Вазорати тиҷорати Чин ИМА-ро дар нақзи ҷиддии созиши тиҷоратӣ айбдор карда барои ҳимоят аз манфиатҳояш таҳдид намуд, ки тадбирҳои қотеъ рӯи даст мегирад.
Чин гуфтааст, ки ҳафтаҳои ахир ҷониби Амрико чандин қарорҳои табъйизӣ ҷорӣ намуд, ки бо мувофиқаҳои пешина дар ихтилоф аст ва ба манфиатҳои қонунии Пекин зарба мезанад.
Вазорати тиҷорати Чин аз он ёдовар шуд, ки мақомоти ИМА аз истифодаи чипҳои Huawei дар давлатҳои дигар ҳушдор дода, фурӯши барномаҳои чипсозӣ ба ширкатҳои чиниро бас кард ва таҳдид намуд, ки донишҷӯёни чиниро аз визаи таҳсил дар ИМА маҳрум мекунад.
Дар Узбекистон мардеро барои ширкат дар ҷанги зидди Украина зиндонӣ карданд

Додгоҳе дар Узбекистон як марди 28-соларо барои ширкаташ дар ҷанги зидди Украина аз рӯи моддаи «зархаридӣ» ба мӯҳлати чор солу 50 рӯз аз озодӣ маҳрум кард. Дар ин бора рӯзи 3 июн радиои Озодлик хабар дод.
Исми ин мард нашр намешавад, танҳо гуфта шудааст, ки ӯ варзишгар буда, дар мурофиа гуфтааст, ки мехост дар муҳорибае иштирок кунад. Маҳкумшуда нақл кардааст, ки баъди аз даст додани пулу молаш дар Узбекистон хостааст дар хориҷа дар муҳорибае иштирок ва пул кор кунад. «Аз роҳи интернет дар Маскав як чунин мусобиқаеро ёфтам.
Ба ман ваъда доданд, ки ҳама хароҷотамро мепӯшонанд. Рӯзи 30 майи соли 2024 парвоз карда бо мудирон вохӯрдам. Онҳо гуфтанд, ки муҳориба бекор шудааст ва ман бояд тамоми пулро баргардонам.
Ман пуле надоштам ва онҳо ҳам шиносномаамро аз дастам гирифтанд». Ӯ гуфт, баъди ин барои додани қарзҳояш бо вазорати дифои Русия қарордод имзо кард, ки ба ҷанг меравад. «Ман аз онҳо пурсидам, ки оё пулашро якбора ба дастам медиҳанд ё на, онҳо гуфтанд, ки ҳамон замон медиҳанд. Онҳо тасдиқ карданд.
Ман аз арманиҳо шиносномаамро гирифтаму қарзамро пардохт кардам ва ба мӯҳлати як сол созишномаи хидмат дар артишро имзо кардам», гуфт марди узбекистонӣ.
Дар вазорати дифои Русия ба ӯ гуфтаанд, ки кораш аз таъмири васоили фаннӣ иборат мешавад, аммо баъди имзои қарордод, ӯро ба Луҳанск фиристоданд. Моҳи августи соли 2024 ба ҷанг равон карданд ва он ҷо ӯ баъди як муддат дар натиҷаи ҷароҳати чашмаш онро пурра аз даст дод.
Ӯ барои барқарор кардани чашмаш 60 рӯзи истироҳат гирифт, вале ба Узбекистон баргашту он ҷо ба ҳабс маҳкум шуд.
Дар Туркия як фаъоли туркман бо истирдод ба Ашқобод рӯбарӯ аст

Дар Туркия як фаъоли туркманистонӣ Умеда Бекҷоноваро боздошт кардаанд. Дар ин бора раҳбари созмони мухолифони “Кумитаи наҷоти миллӣ” Холмурод Союнов ба нашрияи Turkmen.News хабар дод.
Союнов гуфт, ки Бекҷоноваро афроди мулкипӯши ношинос боздошт карда ба маркази депортатсионӣ интиқол доданд ва баъдан гуфтанд, ки ӯро ба фурудгоҳ ва аз он ҷо ба Туркманистон интиқол медиҳанд. Умеда Бекҷонова дар Туркия чандин соли охир қонунӣ зиндагӣ ва кор мекард.
Ӯ як мунаққиди фаъоли ҳукумати Туркманистон аст сохторҳои амниятӣ чандин бор талош кардаанд аз роҳи фишор ба ӯву хешовандонаш монеи фаъолиятҳои сиёсии ӯ шаванд. Аз ҷумла, писари хурдии ӯро боздошт ва парвандаи ҷиноӣ боз карданд ва бо барқ шиканҷа кардаанд.
Писараш ҳоло дар зиндон мебошад. Союнов гуфтааст, ба умеди созмонҳои ҳомии ҳуқуқ мебошад, то ки Бекҷоноваро ба Туркманистон истирдод накунанд. Дар гузашта мақомоти Туркия дар чандин ҳолат мухолифон ва мунаққидони Туркманистонро ба Ашқобод таслим кардаанд.
Русия ва Украина ба мубодилаи зиндониён мувофиқат карданд

Намояндагони Украина ва Русия дар ҷараёни даври дувуми музокироти мустақими сулҳ, ки рӯзи 2 июн дар Истанбул сурат гирифт ва беш аз як соат давом кард, ба табодули густурдаи зиндониён мувофиқат карданд. Аммо дар ин музокирот созиши дигаре ҳосил нашудааст.
Ин даври музокирот дар ҳоле анҷом шуд, ки ҳамлаҳои ҳавоии ҳар ду тараф идома дорад. Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Туркия пас аз музокироти 2 июн гуфт, ки нишаст тамом шуд.
Пеш аз нишаст, коршиносон гуфта буданд, ки ба назар мерасад ҳар ду тараф ҳанӯз аз ҳам фосилаи зиёд доранд ва эҳтимоли даст ёфтан ба оташбас бисёр кам ба назар мерасад.
Вазорати корҳои хориҷии Амрико эълон кард, ки Марко Рубио, вазири корҳои хориҷии ин кишвар, рӯзи 1 июн дар тамоси телефонӣ бо Сергей Лавров, ҳамтои руси худ, дархости Доналд Трампро дар бораи идомаи музокироти мустақим "барои даст ёфтан ба сулҳи пойдор", такрор кардааст.
Зодаи Тоҷикистон барои гирифтани хонааш ба додгоҳ муроҷиат кард

Таҳмина Самадова, як зодаи Тоҷикистон, ки баъд аз соҳиби хона шуданаш дар Русия сабаби баҳсу даъвоҳо шуда, баъдан худи ӯро барои қаллобӣ боздошт карданд, барои гирифтани манзилаш ба додгоҳ шикоят бурдааст.
Додгоҳи шаҳри Митишии вилояти Маскав дар сомонаи худ хабар дод, ки мурофиаи аввал рӯзи 29 май баргузор шуд ва рӯзи 30-юм май додгоҳ даъвои Таҳмина Самадоваро шунид. Таҳқиқи даъво идома дорад.
Рӯзи 13-уми январ ба Таҳмина Самадова, зодаи Тоҷикистон ва шаҳрванди Русия, 24 миллион рубл маблағи хариди хона доданд. Ӯ модари ҳашт фарзанд аст.
Дертар мақомоти Русия зери фишори ҷомеа ва миллатгароҳо манзилро аз Таҳмина Самадова ва ҳамсараш Рамазон Раҳимов гирифта, онҳоро ба тақаллубкорӣ муттаҳам карданд.
Дар пайванд ба ин ҳодиса муовини раиси шаҳри Митиши низ дастгир шуд.
Бо сабаби ҳомила буданаш, ӯро то поёни баррасии парванда озод кардаанд. Таҳмина Самадова 14 сол боз шаҳрвандии Русияро дорад.
Ҳабси даҳҳо корманди шаҳрдорӣ бо гумони ришваву тамаъҷӯӣ

Додситонии кулли Туркия ба боздошти 47 корманди шаҳрдории Истанбул амр дод, ки дар гирифтани пора ва тамаъҷӯӣ гумонбар мешаванд. Нашрияи маҳаллии Haberturk рӯзи 31 май навишт, ки боздоштҳо дар доираи парвандаи зидди коррупсияи шаҳрдор Акрам Имомоғлу сурат гирифтааст. Аз миёни ин мақомдорон 31 нафарашон аллакай ба ҳабс гирифта шудаанд. Дар миёни боздоштшудаҳо раисони ноҳияҳои Бешиктош ва Буюкчекмаҷа мебошанд.
Тафтишот гуфтааст, ки раиси ноҳияи Буюкчекмаҷа Ҳасан Оқгуна ва зердастонаш аз ширкатҳо талаб мекарданд, ки ба номи як тими баскетболи маҳаллӣ хонаҳоро “тақдим” ваё “хайр кунанд”. Агар ширкатҳои сохтмонӣ ин талабҳоро иҷро намекарданд, ба онҳо иҷозаи сохтмон дода намешуд. Феълан тасдиқи дурустии ин иттиҳомҳо тавассути манбаъҳои мустақил имкон надорад.
Акрам Имомғлу, ки моҳи марти имсол боздошт шуд, рақиби асосии сиёсии президент Раҷаб Тайиб Эрдуғон аст ва ҳамроҳ бо ӯ он замон беш аз 100 нафар, аз ҷумла сиёсатмадорон, журналистон ва соҳибкорон боздошт шуданд.
Дар додситонии Туркия гуфтанд, ки шаҳрдори Истанбул ва “бисёр дигар мақомдорон” аз соҳибкорон пора талаб мекарданду даромади ғайриқонунӣ ба даст меоварданд. Вале гурӯҳҳои мухолифон ва ҳомиёни ҳуқуқ дар Туркия ин ҳабсу таъқибҳоро дорои ангезаҳои сиёсӣ номида иттиҳомҳоро сохтаву бофта номидаанд.
Аз ин пеш донишгоҳи Истанбул гуфт, ки дипломи хатми ин донишгоҳро, ки Имомоғлу дорад, бекор мекунад, чунки он ҷо “як иштибоҳи возеҳе” роҳ ёфтааст. Агар дипломи шаҳрдор, ки шарти муҳими номзадӣ ба президентӣ мебошад, бекор карда шавад, Имомоғлу аз ҳақи ширкат дар интихобот маҳрум мешавад.
Нашри аксҳои баъди ҳамлаи паҳподҳо ба фурудгоҳи стратегӣ

Аксҳои маҳвораӣ ва дигар манбаъҳо тасдиқ мекунанд, ки дар паи ҳамлаҳои паҳподҳои украинӣ ба фурудгоҳҳои Русия на камтар аз даҳ ҳавопаймои бомбаандози стратегии ин кишвар нобуд карда шудааст. Таҳлилгари фанновариҳои нав Крис Биггерс рӯзи душанбе аксҳои маҳвораиеро аз фурудгоҳи Белая дар вилояти Иркутск нашр кард, ки баъди ҳамлаи паҳподҳои украинӣ бардошта шудаанд.
Дар ин аксҳо дида мешавад, ки дар ин пойгоҳи ҳавоӣ чор ҳавопаймои бомбаафкани навъи Ту-95 ва ҳамин қадар ҳавопаймои Ту-22 нобуд карда шудааст. Феълан чунин аксҳо дар робита бо вазъи пойгоҳи ҳавоии Оленйя дар вилояти Мурманск дар даст нест, вале аз рӯи наворҳои дронҳое, ки онро Хадамоти амнияти Украина нашр кард, дида мешавад, ки нирӯҳои украинӣ ҳамлаҳои бесобиқаеро ба фурудгоҳҳои Русия анҷом додаанд.
Корбаре бо номи Intelshizo дар бораи нобуд карда шудани 7 бомбаандози стратегии Ту-95 (боз як ададаш осеб дидааст), 4 бомбаафкани стратегии Ту-22 ва як ҳавопаймои ҳарбии нақлиётии навъи Ан-22 дар фурудгоҳҳои Белая ва Оленйя хабар додааст.
Хадамоти амнияти Украина гуфт, ки дар натиҷаи ҳамлаҳо ба фурудгоҳҳои чандин вилояти Русия “34% ҳавопаймоҳои мушакандоз дар қароргоҳҳои асосии фурудгоҳҳои Русия осеб дидаанд”, яъне 43 адад. Феълан имкони санҷидани дурустии ин изҳорот тавассути манбаъҳои мустақил вуҷуд надорад.
Дар бораи нобуд карда шудани ҳавопаймоҳо дар вилоятҳои Мурманск ва Иркутск далелҳои собитшуда дар даст ҳаст. Вазорати дифои Русия гуфт, ҳамлаҳо ба вилоятҳои Иваново, Рязан ва Амур, ки дар бораашон украиниҳо хабар доданд, безарар гардонида шудаанд.
Аз панҷ қурбонии садамаи мудҳиши нақлиётӣ чор нафарашон варзишгарони мактаби гӯштии Суғд будаанд

Аз панҷ мусофири садамаи маргбори нақлиётии ҳафтаи гузашта дар вилояти Суғд чаҳор нафарашон варзишгарони Мактаби гӯштии кохи варзишии “Ланглиф” дар ноҳияи Ҷаббор Расулов будаанд.
ВКД Тоҷикистон навишт, ки дар ҳодисаи бархурди мошини мусофирбари “Опел-Комбо» ба автомашинаи «Опел-Зафира» дар ноҳияи Ҷаббор Расулов рӯзи 29 май панҷ нафар ҷон бохтааст. Манбаъ мегӯяд, бар асари бархурди мошинҳо сӯхтор сар зада дар ҳар ду мошин ронанда ва мусофирони «Опел-Зафира» Ҷумъаҳмедов А.Қ., ноболиғони 16-сола Муслиҳиддин Мирзошавкатзода, Муҳаммадхон Асадхонзода, Ҳадятулло Сулаймонов, сокинони ноҳияи Ҷ.Расулов, инчунин мусофири автомашинаи тамғаи «Опел-Комбо», Обидҷон Обидови 31-сола, сокини ноҳияи Б.Ғафуров дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
ВКД мегӯяд, ронандаи «Опел-Комбо», Қурбанбоев Д.А. ва се нафар мусофирони автомашинаи «Опел-Зафира» ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ карда шудаанд.
Дар саҳифаи фейсбукии мактаби варзишии “Ланглиф” аз ҳодисаи даргузашти фоҷеабори варзишгарони ин муассиса изҳори ҳамдардӣ шудааст. Ба навиштаи ин манбаъ, Атохон Ҷумъаҳмедов мураббии муассиса буда, Муслиҳиддин Мирзошавкатзода, Муҳаммадхон Асадхонзода ва Ҳадиятулло Сулаймонов дастпарварони ин мактаби варзишӣ будаанд.
Садамаҳои маргбор дар роҳҳои Тоҷикистон як мушкили дерина ва дарднок дониста мешавад. Ҳар сол садҳо нафар дар роҳҳои кӯҳии Тоҷикистон ҷон медиҳанд.
Рӯзи 20 май дар ҳудуди ноҳияи Дарвоз ҳам садамаи мудҳише рух дод, ки боиси марги панҷ нафар гардид. Дар он ҳодисадар роҳи Душанбе-Хоруғ ронандаи мошини “Тойота Ландкрузер” ҳангоми ҳаракат идораи мошинро аз даст додааст ва мошин ба рӯдхона афтодааст. Худи ронанда ва як мусофири дигар аз мошин ҷаҳида зинда мондаанд, бақияи мусофирон, ки дар байнашон як тифли яксола ва ду навраси 9 ва 10-сола буданд, ҷон додаанд.
Як чеҳраи миллигаро барандаи интихоботи президентии Лаҳистон шуд

Комиссияи интихоботи Лаҳистон субҳи 2 июн аз поёни шумориши орои марҳилаи дувуми интихоботи президентӣ дар ин кишвар хабар дод ва Карол Навроский, таърихшиноси миллигароро баранда эълон кард.
Бар асоси омори ин комиссия, Карол Навроский 50,97 дарсади орои интихобкунандагонро ба даст овард ва Рафал Тшасковский, шаҳрдори Варшава ва тарафдори Иттиҳоди Аврупо, бо касби 49,11 дарсади оро, аз ӯ шикаст хӯрд.
Нашри натиҷаҳо дар тӯли шаб ҳикоят аз рақобати шона ба шонаи ин ду номзад дошт ва раъйпурсӣ дар оғоз Тшасковский ва сипас Навроскийро пешсаф эълон кард.
Навроскийи 42-сола ва Тшасковскийи 52-сола дар суханрониҳои худ дар миёни тарафдоронашон дар шаби гузашта, бовар доштанд, ки барандаи интихобот хоҳанд буд.
Даври дувуми интихоботи президентӣ дар Лаҳистон 1 июн баргузор шуд.
Ин интихобот бо ҳассосиятҳои зиёде пайгирӣ шуд ва натиҷаи он метавонад паёмадҳои муҳиме барои нақши ин кишвар дар Аврупо дошта бошад.
Лаҳистон узви Иттиҳоди Аврупо ва НАТО аст ва пуштибон асосии Украина, ҳамсояи худ, дар ҷанги Русия алайҳи ин кишвар будааст.
Гуфтугӯ