Дар чанд ҷумла
Мирзиёев хост, кишварҳои туркӣ минтақаи озод таъсис диҳанд
Дар шаҳри Самарқанди Узбекистон 9-умин нишасти Созмони кишварҳои туркӣ ҷараён дорад. Дар ин саммит президентҳои Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркия, Узбекистон ва раиси порлумони Туркманистон ширкат доранд.
Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар оғози нишаст гуфт, созмон дар ҳамкориҳои кишварҳои туркзабон саҳифаи наверо боз кард.
Вай афзуд, дар шароити буҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ кишварҳои туркзабон бояд, ҳамкориро тақвият диҳанд. Мирзиёев гуфт, ки кишварҳои туркзабон на ҳамаи зарфияти ҳамкориҳои иқтисодии худро истифода мебаранд.
Дар ин саммит роҳбарони давлатҳо эъломия ва стратегияи созмонро барои солҳои 2022-2026 қабул хоҳанд кард.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
17 кушта. Ҳамлаи Исроил ба маркази Ғазза
Мақомоти тандурустии Ғазза гуфтанд, ки рӯзи 28-уми ноябр дар ҳамлаҳои артиши Исроил дастикам 17 нафар кушта шуд.
Ба иттилои онҳо, шаш нафар дар ҳамла ба як хона дар Байтлаҳия ва чаҳор нафари дигар дар Хон Юнус ба ҳалокат расидаанд.
Нерӯҳои исроилӣ ба урдугоҳи паноҳҷӯёни "Нусейрат" дар маркази Ғазза низ ҳамла кардаанд. Дар ин урдугоҳ 7 нафар кушта шудаанд. Дар миёнашон як зан ва як кӯдак низ ҳаст.
Ин ҳамла дар ҳоле сурат гирифтааст, ки пас аз оташбаси Исроил бо “Ҳизбуллоҳ”-и Лубнон фаластиниҳо ба оташбас дар Ғазза умедворанд.
Музокирот барои хатми ҷанг миёни “Ҳамос” ва Исроил моҳҳо боз идома дорад, аммо то ҳол натиҷае надодааст. Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳоди Аврупо гурӯҳи фаластинии “Ҳамос”-ро созмони террористӣ медонанд.
Исроил ҳамлаашро ба Навори Ғазза як сол пеш оғоз кард. Баъд аз он ки гурӯҳи фаластинии "Ҳамос" (Амрико ва Аврупо онро созмони террористӣ медонанд) рӯзи 7-уми октябри соли 2023 дар ҳамлае ба Исроил 1200 нафарро кушт ва ҳудуди 240 танро гаравгон гирифт.
Дар ҳамлаҳои Исроил тақрибан ҳама зерсохтҳои Ғазза аз байн рафта, беш 43 ҳазор фаластинӣ кушта шудааст.
Русия беш аз 1 миллион нафарро дар Украина бе барқ гузошт
Русия рӯзи 28-уми ноябр бо ҳамлаи густурда ба зербиноҳои энержии Украина зиёда аз 1 миллион нафарро аз нерӯи барқ маҳрум кард. Ин дар ҳолест, ки ҳаво сард аст ва сокинон дар Украина ба гармиву рӯшноӣ эҳтиёҷ доранд.
Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, гуфт, ки Вазорати корҳои дохилии кишвараш дар 9 минтақа хисорот ба зербиноҳоро сабт кардааст.
Ӯ Русияро ба “авҷи нафратангезӣ” муттаҳам кард.
Президенти Русия Владимир Путин зарбаи охирро “вокуниш”-и Маскав ба ҳамлаҳои Украина бо мушакҳои ATACMS донист.
Вай дар ҷараёни сафараш ба Қазоқистон ҳушдор дод, ки Русия метавонад дар оянда “марказҳои тасмимгирӣ”-ро дар Киев нишон бигирад.
Путин гуфт, Русия рӯзи 28-уми ноябр ба Украина беш аз 90 мушак ва 100 ҳавопаймои бидуни сарнишин сар дод.
Нерӯҳои Украина хабар доданд, ки 79 мушак ва 35 ҳавопаймои бесарнишинро сарнагун карданд.
"Хуҷанд" ва "Равшан" муддаиёни медалҳои нуқраю биринҷии Лигаи олӣ
Бозии мавқуфмондаи даври 19-уми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ - “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода ва “Панҷшер”-и Ҷалолиддини Балхӣ - бо пирӯзии меҳмонон бо ҳисоби 1:0 анҷом ёфт.
Ин бозӣ 27-уми ноябр дар варзишгоҳи “Талко-Арена”-и шаҳри Турсунзода доир гардид. Голи ягонаро Рамазон Эшматов, бозигари дастаи меҳмон - “Панҷшер”, дар охири дидор, дар дақиқаи 87-ум, ба самар расонд.
Дастаи “Регар –ТадАЗ”, ки бо 32 имтиёз аз 21 бозӣ дар зинаи 7-уми ҷадвали мусобиқот ҷойгир шудааст, бозии мавқуфмондаи даври 21-уми мусобиқотро дар меҳмонӣ бо тими “Равшан”-и Кӯлоб баргузор мекунад.
Пас аз пирӯзӣ муқобили дастаи “Регар-ТадАЗ” тими “Панҷшер” шумораи имтиёзҳояшро ба 16 адад расонида, дар зинаи 11-уми ҷадвали мусобиқот боқӣ монд. Ин охирин бозии “Панҷшер” дар мавсими имсолаи Лигаи олӣ буд. Дар асоси низомномаи мусобиқот тими “Панҷшер” барои нигоҳ доштани мавқеаш дар Лигаи олӣ бо дастае, ки имсол дар Лигаи якуми Тоҷикистон зинаи дуюмро ишғол мекунад, бозиҳои гузаришӣ анҷом медиҳад.
Дастаи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ, ки бо 5 имтиёз дар зинаи охирини ҷадвали мусобиқоти Лигаи олӣ ҷойгир шуд, соли оянда дар лигаи якум бозӣ хоҳад кард.
Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар мусобиқоти имсолаи Лигаи олии футболи Тоҷикистон пешакӣ ба унвони қаҳрамони кишвар даст ёфт. Зимнан, “Истиқлол” дар таърихи худ бори сездаҳум ва маротибаи ёздаҳум пайиҳам соҳиби унвони қаҳрамони Тоҷикистон шуд. Қаблан ин дастаи шаҳри Душанбе солҳои 2010, 2011, 2014, 2015, 2016, 2017, 2018, 2019, 2020, 2021, 2022, 2023 ва 2024 қаҳрамони Тоҷикистон гашта буд.
Ҳоло дар ҷадвали мусобиқоти лигаи олӣ «Истиқлол» бо 53 имтиёз аз 20 бозӣ пешсафи ягона аст ва натоиҷи ду бозии мавқуфмонда бо «Барқчӣ»-и Ҳисор ва «Равшан»-и Кӯлоб мавқеи қаҳрамонро тағйир нахоҳад дод.
Мубориза барои медалҳои нуқраю биринҷии мусобиқоти Лигаи олӣ идома меёбад. Дар ҳамин ҳол дар ҷадвали мусобиқот “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд бо 43 имтиёз дар зинаи дуюм қарор дорад. Хуҷандиҳо ҳамаи 22 бозии худро ба анҷом расондаанд. “Равшан”-и Кӯлоб, ки ду бозии мавқуфмонда дорад, бо 40 имтиёз дар зинаи сеюм мебошад. Ин ду даста муддаии ҷойҳои дуюму сеюми мусобиқот ба шумор мераванд.
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот
Ҷ |
ДАСТАҲО |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Т/Т |
И |
1 |
«Истиқлол» (Душанбе) |
20 |
17 |
2 |
1 |
56-10 |
53 |
2 |
«Хуҷанд» (Хуҷанд) |
22 |
13 |
4 |
5 |
38-16 |
43 |
3 |
“Равшан” (Кӯлоб) |
20 |
11 |
7 |
2 |
32-15 |
40 |
4 |
КМВА (Душанбе) |
22 |
11 |
6 |
5 |
36-21 |
39 |
5 |
«Вахш» (Бохтар) |
22 |
11 |
2 |
9 |
25-21 |
35 |
6 |
«Эсхата» (Хуҷанд) |
22 |
10 |
5 |
7 |
34-34 |
35 |
7 |
«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) |
21 |
9 |
5 |
7 |
20-16 |
32 |
8 |
«Ҳосилот» (Фархор) |
22 |
5 |
9 |
8 |
26-25 |
24 |
9 |
«Барқчӣ» (Ҳисор) |
21 |
5 |
5 |
11 |
20-37 |
20 |
10 |
«Истаравшан» (Истаравшан) |
22 |
4 |
5 |
13 |
17-32 |
17 |
11 |
«Панҷшер» (Балхӣ) |
22 |
4 |
4 |
14 |
16-41 |
16 |
12 |
«Кӯктош» (Кӯктош) |
22 |
1 |
2 |
19 |
8-63 |
5 |
Бозгашти ҳазорҳо сокини Лубнон ба хонаҳои худ
Баъди ба иҷро даромадани созиши оташбас миёни Исроил ва Лубнон, даҳҳо ҳазор лубнонӣ рӯзи 27-уми ноябр ба шаҳрҳо ва хонаҳои худ баргаштанд.
Ба иттилои Созмони Милал, дар чанд ҳафтаи охир бар асари ҷанг беш аз 900 ҳазор нафар хонаҳои худро дар Лубнон тарк карда буданд.
Дар пайи созиши оташбас, артиши Лубнон барои таҳкими ҳузураш дар минтақаҳои ҷанубии ин кишвар оғоз кардааст. Ин манотиқ пештар зери назорати “Ҳизбуллоҳ” буд.
Гурӯҳи "Ҳизбуллоҳ”, ки ҳам созмони ҷангҷӯ ва ҳам ҳизби сиёсист, аз пуштибонии Эрон бархурдор аст. Иёлоти Муттаҳида онро созмони террористӣ медонад. Иттиҳоди Аврупо танҳо шохаи низомии онро ба рӯйхати сиёҳ ворид кардааст.
“Ҳизбуллоҳ” 8-уми октябри соли 2023, як рӯз баъд аз ҳамлаи гурӯҳи тундрави “Ҳамос” ба Исроил ба хоки ин кишвар мушак партофт. Аз он замон даргирии ду тараф идома дошта, нерӯҳои Исроил моҳи сентябр аз замину ҳаво ба дохили Лубнон ҳуҷум карданд.
Лубнон мегӯяд, дар ин ҷанг дастикам 3800 нафар кушта шуданд. Мақомоти Исроил аз марги дастикам 82 сарбоз ва 47 ғайринизомӣ хабар доданд.
Ҳасан Насруллоҳ, раҳбари “Ҳизбуллоҳ”, дар ин ҷанг кушта шуд.
Ҳамлаи густурдаи Русия ба зербиноҳои энергетикии Украина
Мақомоти Украина гуфтанд, ки рӯзи 28-уми ноябр зербиноҳои энергетикии ин кишвар мавриди ҳамлаи сангини Русия қарор гирифт.
Дар ҳамин рӯз дар шаҳри Киев садои таркиш шунида шуда, ҳаракати мушакҳо ба самти Харков, Одесса ва ҳашт минтақаи дигар мушоҳида гаштааст.
Герман Галушенко, вазири энержии Украина, дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишт, ки "бахши энергетикӣ бори дигар зери ҳамлаи густурдаи душман монд. Ҳамлаҳо дар саросари кишвар сурат гирифтанд."
Вай афзуд, ин вазъ ширкати “Укрэнерҳо”-ро маҷбур кард, ки “фавран интиқоли нерӯи барқро бас кунад”.
DTEK, ширкати таъминкунандаи нерӯи барқ, рӯзи 28-уми ноябр гуфт, ки дар Киев, Одесса, Днепр ва Донетск интиқоли нерӯи барқ қатъ шуд.
Ин дар ҳолест, ки ҳаво дар Украина сард аст ва мардум ба гармиву рӯшноӣ эҳтиёҷ доранд.
Розмари ДиКарло, мансабдори баландпояи Созмони Милал, дар аввали моҳи ноябр ҳушдор дода буд, ки ҳамлаҳои Маскав ба зерсохтҳои энержии Украина метавонад зимистони имсоларо “сахт” гардонад.
Русия дар моҳи феврали соли 2022 ба хоки Украина таҷовуз кард ва даргирӣ аз он замон идома дорад.
“Ҷаноби олӣ... дафъ шавед!” Эътироз ба зидди сафари Путин ба Остона
Се фаъоли маданиро дар Қазоқистон, ки ба зидди сафари давлатии Владимир Путин, президенти Русия, баромадаанд, бо иттиҳоми “авбошии хурд” ба ҷавобгарии маъмурӣ кашиданд. Ҳодиса рӯзи 27-уми ноябр иттифоқ уфтод.
Марат Жанузаков, яке аз фаъолон, рӯзи 28-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, “мо дар назди хона истода, дар даст байрақи Қазоқистон ва Украинаро доштем. Ҳеч чиз нагуфтем. Моро ба идораи пулис бурда, аз соати нуҳ то сеи шаб нигоҳ доштанд."
Дар аксҳое, ки рӯзи 27-уми ноябр ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт, ду нафар бо парчам тасвир ёфта, як кас навиштаи "Ҷаноби олӣ… аз Қазоқистон дафъ шавед!"-ро дошт.
Бахши қазоқии Радиои Озодӣ натавонистааст шарҳи пулисро бигирад.
Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, рӯзи 27-уми ноябр бо сафари давлатӣ ба Остона рафт. Ӯро мақомот бо шукӯҳ ва бо шиори "Ҷаноби олӣ, ба Остона хуш омадед!" истиқбол гирифтанд.
Истифодаи ин ибора дар ҳаққи Путин бисёре аз корбарони шабакаҳои иҷтимоиро дар Қазоқистон асабонӣ кардааст, вале Вазорати умури хориҷӣ онро дуруст номид.
ВКХ-и Узбекистон гуфтааст, Нетаняҳуро боздошт намекунанд
Бенямин Нетаняҳу, сарвазири Исроил, ки Додгоҳи байнулмилалии ҷиноӣ ҳукми боздошти ӯро содир кардааст, дар сурати сафар ба Узбекистон боздошт нахоҳад шуд. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон дар ҷавоб ба суоли Qalampir.uz хабар додааст.
"Узбекистон масъулияти иҷрои қарорҳои Додгоҳи байнулмилалии ҷиноиро ба дӯш нагирифтааст. Ҳуҷҷатҳои дахлдор дар ин замина тасдиқ карда нашудаанд", -- гуфтааст як намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон.
Ҳамзамон дар нома таъкид шудааст, ки ҳадди ақал то поёни ҷанг дар Ховари Миёна сафари Нетаняҳу ба Узбекистон дар назар нест.
Додгоҳи байнулмилалии ҷиноӣ дар шаҳри Гаагаи Ҳолланд рӯзи 21-уми ноябр қарори боздошти Бенямин Нетаняҳу, сарвазир ва Йоав Галлант, вазири пешини дифои Исроил ва як фармондеҳи "Ҳамос"-ро содир кард.
Бенямин Нетаняҳу ва Йоав Галлант ба ҷиноят алайҳи башарият дар Навори Ғазза муттаҳам дониста мешаванд. Дар қарори додгоҳ омада, ки онҳо дидаву дониста аҳолии осоиштаро дар Ғазза аз хӯроку обу дору маҳрум карданд. Мақомоти Исроил қарорро танқид карданд.
Муҳаммад Зайф, фармондеҳи низомии “Ҳамос”, ки аз ҷониби Амрикову Иттиҳоди Аврупо созмони террористӣ номида шудааст, низ ба ҷиноят алайҳи башарият дар Навори Ғазза муттаҳам дониста шуд. Мақомоти Исроил пештар гуфта буданд, ки Муҳаммад Зайф дар як ҳамла кушта шудааст, аммо ин гурӯҳи тундрав ҳеч гоҳ хабарро рад ё тасдиқ накард.
Пешниҳоди номзадии Келлог ба мақоми фиристодаи вижа
Доналд Трамп, президенти мунтахаби Амрико, рӯзи 27-уми ноябр номзадии Кит Келлогро ба мақоми фиристодаи вижа дар умури Украина ва Русия пешбарӣ кард.
Ин генерали мустаъфии артиш дар маъмурияти аввали Трамп ба ҳайси мушовири умури мудофиа хидмат намудааст.
Ба навиштаи "Рейтерз", Келлогг дар моҳи июни соли 2024 нақшаи хатми ҷангро дар Украина таҳия кардааст.
Тибқи он, Киев танҳо дар сурати оғози музокирот бо Маскав силоҳ хоҳад гирифт. Ва агар Русия аз гуфтушунид сарпечӣ кунад, ёриҳои низомӣ ба Украина афзоиш меёбад.
Кит Келлогг қаблан аз ҷонибдорони Украина буд.
Вай дар моҳи августи соли 2024 даромадани нерӯҳои украиниро ба вилояти Курски Русия мусбат арзёбӣ кард.
Беқурбшави рубли русӣ дар баробари сомонӣ идома дорад
Арзиши рубли русӣ нисбати сомонӣ ба таври рекордӣ поин рафт.
Бонки миллии Тоҷикистон субҳи имрӯз, 28-уми ноябр қурби ҳазор рубли русиро 96 сомониву 33 дирам муқаррар кардааст.
Ин дар ҳолест, ки дар баъзе аз бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон ҳазор рубл бо 95 сомонӣ ҳам иваз карда мешавад.
Рубли Русия аз аввали ҳамин сол арзиши худро нисбат ба пули миллӣ 46 сомонӣ ё 32 дарсад аз даст додааст.
Арзиши рубл барои аксар сокинон муҳим аст, чун наздиконашон аз Русия асосан пули русӣ мефиристанд.
Равуо миёни Тоҷикистон ва Малдив бе виза мешавад
Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Малдив созишнома оид ба бекор кардани талаботи раводид ё визаро имзо карданд.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дод, ки созишномаи бекор шудани талаботи раводид байни ҳукумати Тоҷикистону Малдив дар шаҳри Ню-Йорки Амрико рӯзи 26-уми ноябр ба имзо расид.
Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, "ин созишнома ба муҳлати номуайн баста шуда, пас аз сӣ (30) рӯз аз лаҳзаи гирифтани огоҳиномаи охирини хаттӣ, тариқи роҳҳои дипломатӣ, аз ҷониби тарафҳо оид ба анҷом расонидани расмиёти дохилидавлатӣ, ки барои эътибор пайдо кардани ин Созишнома зарур аст, эътибор пайдо мекунад".
Малдив аз ҳазору 196 ҷазира иборат буда, дар Уқёнуси Ҳинд ҷойгир аст ва чун кишвари сайёҳӣ шинохта шудааст.
Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Қазоқистон
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон субҳи 28-уми ноябр ҷиҳати иштирок дар ҳамоиши навбатии Шӯрои амнияти дастҷамъии СПАД, ба Қазоқистон сафар кард. Ин ҳамоиш, имрӯз, 28 ноябр дар шаҳри Остона баргузор мешавад.
Ба иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро вазирони корҳои хориҷӣ, дифоъ, котиби Шӯрои амнияти миллии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Вебсайти расмии Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ хабар дод, ки дар ҳошияи ин ҳамоиш, нишасти Шӯрои Вазирони корҳои хориҷӣ, Шӯрои Вазирони дифоъ ва Кумитаи котибони шӯроҳои амнияти миллии кишварҳои узв доир мешавад.
Дар ин чорабиниҳо Дабири кулли СПАД Имангали Тасмагамбетов ва Фармондеҳи умумии ситоди СПАД Андрей Сердюков иштирок мекунанд.
Ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо оид ба вазъи низомиву сиёсӣ дар қаламрави кишварҳои узв, натиҷаи ҳамкориҳо дар доираи ин созмон ва ҳамчунин дурнамои рушди минбаъдаи низоми амнияти дастаҷамъӣ, гуфтугӯ хоҳанд кард.
Манбаъ менависад, ки ҷонибҳо омодагӣ ба таҷлили муштараки 80-солагии пирӯзӣ дар Ҷанги Дувувуми Ҷаҳонро низ баррасӣ хоҳанд кард.
“Озодӣ”, китоби хотироти Ангела Меркел
Ангела Меркел, садри аъзами пешини Олмон, дар китоби хотироти худ 16 соли дар қудрат буданашро тасвир ва ҷузъиёти мулоқотро бо раҳбарони ҷаҳон ошкор кардааст.
Сиёсатмадори 70-сола дар китоби "Озодӣ" тақрибан аз тамоми тасмимҳояш дар даврони раҳбарии худ дифоъ ва онҳоро дуруст арзёбӣ мекунад.
Вай дар ҳамин китоб мухолифаташро бо пешниҳоди номзадии Украина барои пайвастан ба НАТО дар соли 2008 (дар нишасти Руминия) дуруст шумурдааст.
Ӯ мегӯяд, тасвири ин ки номзадии Украина дар паймони низомии Атлантики Шимолӣ метавонад, Киевро аз хатари таҷовузи Владимир Путин, президенти Русия дар амон нигоҳ дорад, таваҳҳуме беш набудааст.
Китоби Ангела Меркел баъд аз тақрибан се соли аз қудрат канор рафтани ӯ чоп ва рӯзи 26-уми ноябр дар Берлин рӯнамоӣ шуд.
Аз ду хабарнигори Русия хоста шудааст, ки Олмонро тарк кунанд
“Шабакаи аввал”, телевизиони давлатии Русия, рӯзи 27-уми ноябр гуфт, ҳукумати Олмон ба ду кормандаш амр додааст, ки ин кишвари аврупоиро тарк кунанд.
Маскав дар иваз парвонаи кор ё аккредитатсияи ду хабарнигори ARD, расонаи олмониро бекор кард.
Хабарнигор Иван Благой ва наворбардор Дмитрий Волков, кормандони “Шабакаи аввали Русия”, гуфтанд, то нимаи моҳи декабр бояд аз Олмон бираванд.
Благой гуфт, мақомоти Олмон ин тасмими худро “ба манфиати амнияти Ҷумҳурии Федеративии Олмон” донистаанд.
Мария Захарова, сухангӯйи Вазорати корҳои хориҷии Русия, рӯзи 27-уми ноябр гуфт, Маскав парвонаи кори ду хабарнигори расонаи олмонии ARD-ро лағв кард.
Вай гуфт, “мо бояд чораҳои мушаххас андешем”, аммо ҷузъиёт надод.
Футболбози собиқ -- номзад ба мансаби президенти Гурҷистон
"Орзуи гурҷӣ", ҳизби ҳоким дар Гурҷистон, рӯзи 27-уми ноябр номзадии футболбози собиқ, Михаил Кавелашвилиро ба мақоми президенти ин кишвар пешбарӣ кард.
Ӯ дар соли 1995 дар ҳайати дастаи "Спартак-Алания"-и Владикавказ унвони қаҳрамони Русияро соҳиб шуда буд.
Кавелашивили 53-сола аст ва аз соли 2016 вакили порлумони Гурҷистон.
Ӯ борҳо ба зидди Ғарб изҳорот дода, иддао кардааст, ки гуё дар Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳоди Аврупо талош доранд, "Гурҷистонро ба ҷанги нав бо Русия кашонанд".
Салоҳияти раисҷумҳури ҳозираи Гурҷистон, Саломе Зурабишвилӣ, рӯзи 16-уми декабр ба поён мерасад.
Вай натиҷаҳои интихоботи порлумонӣ (26-уми октябрми 2024)-ро дар Гурҷистон напазируфт ва тарафдоронашро ба эътироз хонд.
“Шумо дар интихобот мағлуб нашудед. Онҳо раъйи шуморо дуздида, кӯшиш карданд, ки ояндаатонро низ бидузданд," – гуфт ӯ рӯзи 28-уми октябр хитоб ба норозиён.
Дар ҳамла ба шаҳри Киев ду нафар захмӣ шудааст
Дар ҳамлаи Русия ба пойтахти Украина рӯзи 27-уми ноябр ду кас маҷруҳ шудааст.
Виталий Кличко, шаҳрдори Киев, дар ин бора дар Телеграм хабар дод.
Нерӯҳои Украина дар эъломияе гуфтанд, ки Русия бо 89 ҳавопаймои бесарнишин ба ҳашт минтақаи ин кишвар – Киев, Черниҳов, Суми, Харков, Полтава, Житомир, Хмелнитский ва Миколаев – ҳамла кард.
Аз ин миқдор 36 ҳавопаймои бесарнишинро сарнагун кардаанд.
Гуфта мешавад, панҷ ҳавопаймои бесарнишин аз қаламрави Украина ба самти Беларус ва аз онҷо ба Русия бозгаштаанд.
Вазорати дифои Русия дар баёнияе гуфт, ки нерӯҳои дифои ҳавоии он 10 ҳавопаймои бидуни сарнишини украиниро дар фарози вилояти Ростов ва ду ҳавопаймои бидуни сарнишини украиниро дар назди бандари Севастопол дар Баҳри Сиёҳ заданд.
Боздошти тақрибан ҳазор кас ва поёни эътироз дар Исломобод
Ҷонибдорони Имрон Хон, сарвазири пешин ва зиндонии Покистон, эътирози густурдаи худро бо талаби озодии ӯ дар Исломобод поён доданд.
Тасмим рӯзи 27-уми ноябр ва баъд аз он эълон шуд, ки нерӯҳои амниятии Покистон дар амалиёте садҳо касро дастгир карданд.
Вазири корҳои дохилии Покистон гуфт, "эътирозгарон пароканда ва пойтахт тоза карда шуд".
Ба иттилои пулиси Исломобод, дар миёни 954 эътирозгаре, ки нерӯҳои амниятии Покистон дар се рӯзи охир боздошт карданд, 19 шаҳрванди Афғонистон низ ҳастанд.
Ҳизби Таҳрики Инсофи Покистон рӯзи 27-уми ноябр гуфт, эътирозеро, ки дар ҷараёни он дастикам шаш кас – чаҳор нерӯи амниятӣ ва ду эътирозгар – кушта шуданд, "муваққатан” боздоштанд.
Ин ҳизб ҳамзамон ҳукуматро ба "ваҳшоният" айбдор кардааст.
Шурӯи бозгашти ғайринизомиён ба ҷануби Лубнон
Созиши оташбас миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ”-и Лубнон рӯзи 27-уми ноябр ба иҷро даромад.
Даргирии ду тараф, ки тақрибан чордаҳ моҳ идома кард, нигарониҳоро аз як низои густурда дар Ховари Миёна ба вуҷуд оварда буд.
Низомиёни Исроил ба сокинон ҳушдор додаанд, ки ҳанӯз ба хонаҳои худ дар ҷануби Лубнон барнагарданд ва ба мавқеъҳои Исроил наздик нашаванд.
Бо вуҷуди ҳушдори Исроил ва дархости артиши Лубнон, корвони ғайринизомиён рӯзи чоршанбе ба ҷануби Лубнон ворид шуд.
"Ҳизбуллоҳ”, ки ҳам гурӯҳи ҷангҷӯст ва ҳам ҳизби сиёсӣ, аз пуштибонии Эрон бархурдор аст. Иёлоти Муттаҳида онро созмони террористӣ медонад. Иттиҳоди Аврупо танҳо шохаи низомии онро ба рӯйхати сиёҳ ворид кардааст.
Кобинаи амниятии Исроил рӯзи 26-уми ноябр пас аз суханронии Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири ин кишвар ва эълони ҳимояташ аз тарҳи оташбас, онро пазируфт.
Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико, тавофуқи оташбасро "хабари хуб" хонда, таъкид кард, ки акнун барои оташбас дар Ғазза талош мекунад.
Бохти панҷуми "Истиқлол" дар Лигаи дуюми қаҳрамонҳои АFC
Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, қаҳрамони Тоҷикистон, дар даври панҷуми Лигаи дуюми қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2024/25 аз тими «Шарҷа»-и Имороти Муттаҳидаи Арабӣ бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрд.
Дар ин бозии гурӯҳи “С”, ки шаби сешанбеи 26-уми ноябр дар варзишгоҳи “Шарҷа”-и шаҳри Шарҷа доир гардид, Луан Перейра, бозигари мизбонон, дар нимаи аввали дидор, дар дақиқаи 21-ум, ҳисобро боз кард. Баъди се дақиқа Эҳсони Панҷшанбе, бозигари “Истиқлол”, ҳисобро баробар намуд.
Голи дуюми “Шарҷа”-ро Усмон Камара дар дақиқаи 30-юм ба самар расонд. Голи сеюми мизбононро Кайо Фернандес дар нимаи дуюми бозӣ, дар дақиқаи 58-ум, аз пеналти ё ҷаримаи 11-метрӣ зад.
Дар бозии дигари даври панҷуми мусобиқот дар гурӯҳи “С” 26-уми ноябр “Сипоҳон”-и Эрон бо “Ал-Ваҳдат”-и Урдун рақобат кард. Ин бозӣ, ки дар варзишгоҳи “Grand Hamad Stadium”-и шаҳри Доҳаи Қатар баргузор шуд, бо ҳисоби мусовии 1:1 ба поён расид.
Баъди натиҷагирии панҷ даври мусобиқот дар ҷадвали гурӯҳи “С” дастаи “Ал-Ваҳдат”, ки бо 11 имтиёз мақоми аввалро касб кардааст, пешакӣ ба марҳилаи плей-офф роҳхат гирифт.
“Шарҷа” бо 10 имтиёз зинаи дуюмро соҳиб шудааст. “Сипоҳон” бо 7 имтиёз дар зинаи сеюм қарор дорад. “Истиқлол” бидуни имтиёз дар зинаи охирин – чаҳорум - ҷойгир шуда, дар панҷ бозӣ як гол зада, аз дарвозаи худ даҳ тӯб сар додааст.
Ҳамакнун дар даври ниҳоии марҳилаи гурӯҳӣ рӯзи сешанбеи 3-юми декабр «Истиқлол» бо «Сипоҳон» ва «Ал-Ваҳдат» бо «Шарҷа» бозӣ мекунанд.
Қаблан “Истиқлол” дар нахустин бозиаш дар Лигаи дуюми қаҳрамонҳои AFC-2024/25 дар майдони худ аз тими “Шарҷа” бо ҳисоби 0:1, дар даври дуюми мусобиқот дар варзишгоҳи «Фулодшаҳр»-и Исфаҳон аз тими «Сипоҳон» бо ҳисоби 0:4, дар даврҳои сеюму чаҳорум аз тими “Ал-Ваҳдат” дар шаҳрҳои Душанбе ва Уммон бо ҳисоби якхелаи 0:1 шикаст хӯрда буд.
“Истиқлол” зери раҳбарии сармураббӣ Игор Черевченко шонси ба даври баъдӣ баромаданро комилан аз даст додааст. Оқои Черевченко баъди анҷоми бозӣ бо “Шарҷа” дар нишасти хабарӣ гуфт, “бозӣ ба тавре сурат гирифт, ки мо метавонистем зиёдтар ба дарвозаамон гол сар диҳем ва баръакс, метавонистем бештар ба дарвозаи рақиб гол занем. Бозӣ дар самтҳои муқобил ҷолиб ҷараён гирифт, хусусан дар нимаи дуюм. Умедворам, ки дар бозии ниҳоии хонагӣ шоҳиди футболи дигар хоҳем шуд.”
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи “С”
Ҷ |
Дастаҳо |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Т |
И |
1 |
“Ал-Ваҳдат” |
5 |
3 |
2 |
0 |
7-4 |
11 |
2 |
“Шарҷа” |
5 |
3 |
1 |
1 |
10-7 |
10 |
3 |
“Сипоҳон” |
5 |
2 |
1 |
2 |
10-7 |
7 |
4 |
“Истиқлол” |
5 |
0 |
0 |
5 |
1-10 |
0 |
Даври шашум
3-юми декабр (сешанбе)
19:00 - “Истиқлол” – “Сипоҳон”
Душанбе (Тоҷикистон), Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.
19:00 (бо вақти Душанбе) “Ал-Ваҳдат” – “Шарҷа”
Уммон (Урдун). Варзишгоҳи байналмилалӣ.
ВКД: Марде бо ваъдаи сафар ба Саудӣ беш аз 40 касро фиреб дод
Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе аз боздошти марде хабар дод, ки бо ваъдаи фиристодан ба Арабистони Саудӣ, аз 42 нафар пул гирифтааст.
Мақомот гуфтанд, ин сокини 38-солаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ қаблан бо ҷурми "қаллобӣ" суд шуда, барои "мардумфиребӣ" дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор дошт.
Ба иттилои манбаъ, Парвиз Бахиров бо роҳи фиреб аз ин 42 нафар маблағҳои гуногун гирифта, барои сафар намудан ба Арабистони Саудӣ ба онҳо чиптаҳои қалбакӣ омода кардааст.
Ҷузъиёти дигари қазия гуфта нашудааст. Мақомот нисбати ӯ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, тафтишот идома дорад.
Назари Бахиров ба ин иттиҳом маълум нест.
Ин бори аввал нест, ки дар Тоҷикистон афродро барои фиреби додани талабгорони ҳаҷ, боздошт мекунанд.
Муҳлати ҳабси се гумонбари дигари "Крокус"-ро тамдид карданд
Додгоҳи ноҳияи Басманнии шаҳри Маскав рӯзи 26-уми ноябр муҳлати ҳабси се гумонбари дигар дар ҳамла ба "Крокус Сити Ҳолл"-ро то се моҳи дигар дароз кард. Онҳо зодаи Тоҷикистон ҳастанд.
Бар асоси қарори додгоҳ, Зубайдулло Исмоилов, Умедҷон Солиев ва Ҳусейн Ҳамидов, ки аз Доғистон ба Маскав бурда шуданд, то 1 -уми марти соли 2025 дар Боздоштгоҳ хоҳанд монд. Ҷаласаи додгоҳ паси дарҳои баста баргузор шуд.
Ҳафтаае пеш, рӯзи 19-уми ноябр, ҳамин додгоҳ муҳлати ҳабси Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсиддин, Далерҷон Мирзоев ва Муҳаммадсобир Файзовро то 22-юми феврали соли 2025 тамдид карда буд.
Ҳамла ба толори консертии "Крокус Сити Ҳолл" дар вилояти Маскав рӯзи 22-юми марти имсол рух дод ва дар натиҷа 144 нафар кушта ва садҳо тан маҷруҳ шуданд.
Мақомоти қудратии Русия беш аз 20 нафар, асосан зодагони Тоҷикистонро бо гумони тарҳрезӣ, иҷро ва ёрӣ дар ин ҳамла боздошт карданд, вале то имрӯз шубҳаву суолҳо мондааст.
Як далеле, ки ҳомиёни ҳуқуқ онро пайваста ёдрас мекунанд, иқрори гумонбарон таҳти шиканҷаи сангин мебошад. Шароити нигаҳдории гумонбарон дар Боздоштгоҳ маълум нест.
Аз ҳабси хабарнигори Радиои Озодӣ дар Беларус се сол гузашт
Рӯзи 25-уми ноябр ба боздошт ва зиндонӣ шудани Андрей Кузнечук, хабарнигори Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ дар Беларус, се сол пур шуд.
Худаш, Радиои Озодӣ ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон ҳукми ӯро дорои ангезаҳои сиёсӣ медонанд.
Кузнечук, падари ду фарзанд, рӯзи 25-уми ноябри соли 2021 дастгир ва дар аввал бо иттиҳоми авбошӣ (ҳеч гоҳ напазируфтааст) ба даҳ рӯз ҳабс маҳкум шуд.
Сипас вайро ба ташкили гурӯҳи ифротӣ айбдор ва моҳи июни соли 2022 ба шаш сол зиндон маҳкум карданд. Мурофиаи додгоҳӣ ҳамагӣ як рӯз давом кард.
Гурӯҳҳои ҳомии ҳуқуқи башар дар Беларус хабарнигори Радиои Озодӣ Андрей Кузнечукро зиндонии сиёсӣ эътироф кардаанд.
Созиши оташбас миёни Исроилу "Ҳизбуллоҳ" наздик аст?
Сафири Исроил дар Вашингтон гуфтааст, созиши оташбас миёни Исроил ва "Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон метавонад, "дар чанд рӯзи оянда" ба даст биояд.
Майк Ҳерзог рӯзи 25-уми ноябр ба радиои артиши Исроил гуфт, ҳама гуна созиш ризояти ҳукуматро талаб мекунад, вале "мо ба он наздикем".
Ҳафтае пеш фиристодаи вижаи Амрико дар умури сулҳи Ховари Миёна низ хатми ҷангро миёни Исроил ва "Ҳизбуллоҳ" имконпазир дониста буд.
"Ҳизбуллоҳ", ки ҷануби Лубнонро зери назорат дорад, ҳам ҳизби сиёсист ва ҳам гурӯҳи ҷангҷӯ. Иёлоти Муттаҳида “Ҳизбуллоҳ”-ро як созмони террористӣ медонад, аммо Иттиҳоди Аврупо танҳо шохаи низомии онро ба рӯйхати сиёҳ ворид кардааст.
“Ҳизбуллоҳ” 8-уми октябри соли гузашта, як рӯз баъд аз ҳамлаи гурӯҳи тундрави “Ҳамос” ба Исроил ба хоки ин кишвар мушак партофт. Аз он замон даргирии ду тараф идома дошта, моҳҳои охир шиддат гирифтааст.
Ҳукми зиндони як ҳамкори пешини Радиои Озодӣ дар Чита
Додгоҳи Чита дар Русия Ника Новак, ҳамкори пешини “Север. Реалии”, як бахши Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодиро ба чор сол зиндон маҳкум кард.
Манобеи наздик ба тафтишот рӯзи 26-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Новак ба ҳамкории пинҳонӣ бо созмони хориҷӣ гунаҳкор дониста шудааст.
Ӯро соли 2023 дар шаҳри Маскав дастгир карда, сипас ба Сибир фиристоданд. Парвандааш муҳри мухфӣ дошт ва, аз ин рӯ, ҷузъиёти он ошкор нест.
Ника Новак сардабири сомонаи Zab.ru буд ва дар гурӯҳи расонаҳои ChitaMedia кор кардааст. Дар соли 2022 бо “Север.Реалии”, як бахши Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ ҳамкорӣ дошт.
“Мемориал”, гурӯҳи ҳомии ҳуқуқи башар, ӯро маҳбуси сиёсӣ дар Русия номидааст.
Боздошти як марди бритониёӣ дар Курски Русия
Бино ба гузоришҳо, нерӯҳои Русия дар вилояти Курск як шаҳрванди Бритониёро, ки гуфта мешавад аз тарафи Украина меҷангид, дастгир кардаанд.
Кумитаи тафтишотии Русия рӯзи 26-уми ноябр хабар дод, ки алайҳи Ҷеймс Скотт Рис Андерсони 22-сола парвандаи ҷиноӣ боз шуд.
Ӯро дар Русия ба "терроризм" ва "зархаридӣ" гумонзад медонанд.
Наворе, ки дар он марди либоси низомӣ ба тан худро Ҷеймс Скотт Рис Андерсон аз Бритониё муаррифӣ мекунад, охири ҳафтаи гузашта нашр шуд.
Онро хабаргузории давлатии "ТАСС" ва саҳифаҳои наздик ба мақомоти Русия паҳн карданд.
Андерсон гуфтааст, то соли 2023 дар артиши Бритониё хидмат карда, сипас ба легиони байнулмилалии Украина пайваст.
Маълум нест, ки наворро кай, дар куҷо ва таҳти чӣ шароит сабт кардаанд.
Украина ба як анбори сӯзишворӣ дар Русия зарба задааст
Артиши Украина хабар дод, ки рӯзи 26-уми ноябр ба як анбори сӯзишворӣ дар вилояти Калуга ва чанд "нуқтаи муҳими дигар" дар Брянск ва Курски Русия зарба зад.
Владислав Шапша, волии Калуга, дар Телеграм навишт, ки нерӯҳои Русия ҳашт дрон ё ҳавопаймои бесарнишини Украинаро сарнагун карданд ва боқимондаи яке аз онҳо сабаби сӯхтор гашт.
Дар ҳамин ҳол, мақомоти Украина гуфтанд, ки дар ҳамлаи Русия ба маркази шаҳри Харков камаш 15 нафар маҷруҳ шуд.
Виталий Ким, волии Миколаев, хабар дод, ки Русия шабона ба зербунёдҳои энержии ин минтақаи ҷанубии Украина ҳамла кардааст.
Ба муҳандисон муяссар шудааст, ки ба аксар минтақаҳои зарардида дубора нерӯи барқ бидиҳанд.
Дар бораи талафоти ҷонӣ гузориш нест.
Гуфтугӯ