Дар чанд ҷумла
Кабирӣ гуфт, бо Пирмуҳаммадзода на тамос дошт, на маслиҳати инқилоб
Раҳбари Паймони миллӣ, эътилофи чаҳор созмони мухолифони ҳукумати Тоҷикистон дар Аврупо, ки ҳизби наҳзати исломӣ яке аз онҳост, ҳар гуна тамос ва маслиҳати инқилобро бо рӯзноманигори боздоштшуда Абдусаттор Пирмуҳаммадзода рад кардааст.
Муҳиддин Кабирӣ рӯзи 21-уми октябр ба "Аздо TV" гуфтааст, "ин туҳмати навбатии мақомоти Тоҷикистон аст."
"Банда бо Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ҳеч намуд иртиботе, на овозӣ, на хаттӣ ва ҳатто на аз тариқи афроди дигар надоштам ва ҳеч зарурате ҳам набуд," –афзудааст ӯ. Ҳарчанд ба гуфтааш, "иртибот бо як инсон дар саросари дунё ҳеч гоҳ ҷурм ва ҷиноят набуду нест ва наметавонад бошад.”
Абдусаттор Пирмуҳаммадзода дар номае аз боздоштгоҳ, ки 19-уми октябр тавассути манобеи наздик ба тафтишот ба Радиои Озодӣ расид, гуфтааст, зери фишор тамосро бо Муҳиддин Кабирӣ ба дӯш гирифт.
"Дар навор матни навиштаи кормандони УБОП-и ВКД ҶТ-ро дар бораи онки гуё бо раҳбари мухолифон Муҳиддин Кабирӣ дар робитаи доимӣ будаму дар Тоҷикистон инқилобе омода мекарда бошем, зери фишори ҷисмонӣ хондам," – нигоштааст ӯ.
Мақомот ҳанӯз ба нома вокуниш накардаанд, вале шахсони наздик ба Пирмуҳаммадзода рӯзи 20-уми октябр ҳусни хати ӯро бо дастхатҳои пешинааш якхела донистанд.
Муҳиддин Кабирӣ дар суҳбаташ бо телевизиони "Аздо TV" гуфтааст, "мақомоти Тоҷикистон бидуни кадом далел одамонро маҷбур мекунанд, ки таҳти шиканҷа амалҳои нокардаеро ба дӯш бигиранд."
Рӯзноманигор Абдусаттор Пирмуҳаммадзодаи 44-сола рӯзи 8-уми июли имсол дар шаҳри Ваҳдат, канори Душанбе, дастгир шуд ва ҳоло мурофиааш паси дарҳои баста ҷараён дорад. Вай ба ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнуъ (моддаи 307, замимаи 3, қисми 2) гумонбар аст, аммо худаш дар нома парвандаро сохтаву бофтаи мақомот номидааст.
Пирмуҳаммадзода моҳи ноябри соли 2020 ва пас аз як муроҷиати ғайриодияш ба раиси ҷумҳури Тоҷикистон маъруф шуд. Он замон гуфта буд, аз ночорӣ таксӣ меронад, аммо аз ҷаримаҳои зиёди нозирони роҳ ба дод омадааст. Аз он пеш дар радиои “Садои Душанбе” ва расонаҳои вобаста ҳукумат ба кор мекард.
Дар ним соли охир дар Тоҷикистон ҳафт блогеру рӯзноманигор дастгир ва то ин дам се нафари онҳо – Муҳаммади Султон ба 7, Абдуллоҳ Ғурбатӣ ба 7,5 ва Далери Имомалӣ ба 10 зиндон – маҳкум шуданд.
Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи хабарнигорон борҳо аз ҳукумати Тоҷикистон хостанд, ба таъқибу таҳдиду фишор хотима дода, рӯзноманигорону блогеронро озод кунад. Мақомот бо мурофиаҳои баста ва ҳукмҳои тӯлонии хабарнигорон посух доданд.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
"Толибон" як баста асбоби мусиқӣ ва садҳо кило мӯйи занонро сӯзондаанд
Вазорати амр ба маъруф ва наҳй аз мункари "Толибон" дар Афғонистон як баста асбоби мусиқӣ ва садҳо кило мӯйи занонро оташ задааст.
Ин ниҳод рӯзи 28-уми январ дар баёнияе гуфт, ки асбобҳои мусиқӣ ва мӯйи занонро аз як минтақаи Кобул ҷамъ овард.
Баъд аз расидан ба қудрат дар соли 2021, "Толибон" мусиқиро манъ карданд, чун ба қавли онҳо ғайриисломист.
Намояндагони ин гурӯҳи тундрав дари толорҳои ороиширо барои занон низ бастанд.
Пештар шикастану сӯзондани асбобҳои мусиқӣ дар Афғонистон сабт шуда буд. Бори аввал аст, ки намояндагони "Толибон" дар бораи сӯзондани мӯйи занон хабар медиҳанд.
"Ба онҳо дар ҷойи дигар хона месозем." Изҳороти нави Ҷабборов дар бораи марз
Мақомоти Қирғизистон ва Тоҷикистон ҳангоми нишонагузории сарҳад эҳтимол баъзе аз шаҳрвандони худро мекӯчонанд. Дар ин бора президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов (Жапаров) дар мусоҳиба бо хабаргузории давлатии "Кабар" иттилоъ дод.
Ҷабборов дар шарҳи созиши ҳосилшуда бо Тоҷикистон гуфтааст, "мо деҳаҳои наздимарзие дорем, ки мисли тахтаи шоҳмот ҷойгир шудаанд ва хонаҳои мардум дар дохили ҳамдигар қарор доранд."
"Агар дар тарафи мо хонаҳое бошанд, ки ба шаҳрвандони Тоҷикистон тааллуқ доранд, пас, ҷониби Тоҷикистон сокинонро мекӯчонад. Агар хонаи шаҳрвандони мо дар тарафи онҳо бошад, мо онҳоро кӯч медиҳем. Ба онҳо дар ҷойи дигар хона месозем," -- афзуд Содир Ҷабборов (Жапаров).
Ба гуфтаи раисҷумҳури Қирғизистон, агар кӯчондани сокинони минтақаҳои марзӣ анҷом нашавад, муҳофизати сарҳад мушкил хоҳад шуд.
"Мо тақрибан ҳазор километр хати марз дорем. Дар бисёре аз минтақаҳо қитъаҳои баҳсбарангез буданд. Дар баъзе ҳолат ин қитъаҳо баробар тақсим шуданд," -- гуфт раисҷумҳури Қирғизистон.
Шарҳи ҷониби Тоҷикистон дар ин замина дастрас нест.
Тоҷикистон ва Қирғизистон тақрибан ҳазор километр марз доранд. Номуайянӣ дар сарҳад дар солҳои 2021 ва 2022 сабаби муноқишаи хунин шуд ва аз ҳарду ҷониб даҳҳо куштаву захмӣ бар ҷой гузошт.
Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон дар моҳи декабри соли 2024 хабар доданд, ки марзнигориро ба поён расонданд. Қадами баъдӣ имзои ҳуҷҷатҳои байнидавлатӣ дар бораи хати марзи муштарак мебошад. Содир Ҷабборов дар мусоҳибааш гуфтааст, феълан раванди ҳуҷҷатнигорӣ идома дорад.
Ҳамаи давраҳои гуфтушуниди топографҳо ва ҳайатҳои давлатӣ паси дарҳои баста ҷараён гирифта, ҳеч гуна тафсилоте дар бораи минтақаҳои баҳснок расонаӣ нашудааст. Тарафҳо дар бораи он ки хати нави марз кадом қаламравҳоро ба кадом кишвар вогузор мекунад, низ ҷузъиёте надоданд.
Таъсири қатъи ёриҳои Амрико ба ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон
Қатъи муваққатии ёриҳои хориҷии Амрико ба кори чанд созмону ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон низ таъсир расондааст.
Намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон бо шарти зикр нашудани номашон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, тамоми тарҳҳои онҳо, ки аз тарафи сафорати Амрико ё ташкилоти “Интернюс” сармоягузорӣ мешуд, рӯзи 27-уми январ пурра қатъ шуд.
Хабаргузории “Азия-Плюс” низ навишт, тамоми грант ё маблағҳои бебозгаште, ки аз сӯи сафорати Амрико барои ҷомеаи шаҳрвандӣ дода мешуд, бас шудаанд.
Иёлоти Муттаҳида яке аз кумакрасонҳои асосии Тоҷикистон буд ва ба ҷуз ҷомеаи шаҳрвандӣ, инчунин, ба ниҳодҳои қудратӣ, бахусус марзбонон ёрӣ мерасонд.
Тибқи иттилои расмӣ, Амрико давоми 33 сол ба Тоҷикистон зиёда аз 2 миллиард доллар ёрӣ додааст.
Кумакҳои хориҷии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо сари кор омадани маъмурияти Доналд Трамп ҳадди ақал барои се моҳ боздошта шуданд.
Хабаргузории “Рейтерс” навишт, Марко Рубио, котиби давлатии Амрико, бо судури як қарор, ба ҷуз ёрӣ ба Исроил ва Миср, ирсоли кумакҳои хориҷиро ба ҷойҳои дигар то 90 рӯз қатъ кардааст.
Иттиҳоди Аврупо муҳлати таҳримҳоро алайҳи Русия дароз кард
Кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо таҳримҳоро алайҳи Русия барои ним соли дигар тамдид карданд.
Дар ин бора Рикард Йозвяк, хабарнигори Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, рӯзи 27-уми январ гузориш дод.
Муҳлати таҳрим алайҳи Маскав 31-уми январ ба анҷом мерасид. Хабар дода шудааст, ки Маҷористон (Венгрия) баъди дароз шудани муҳлати таҳримҳо эътирози худро пас гирифт.
Интизор меравад, барои қонеъ кардани Маҷористон, Иттиҳоди Аврупо дар бораи амнияти энергетикии ин созмон изҳорот қабул кунад.
Дар матни изҳорот омадааст, ки Иттиҳоди Аврупо аз Украина кафолате мехоҳад, ки Киев роҳи интиқоли нафти Русияро ба Аврупо намебандад.
Тасмими Украина барои қатъи интиқоли гази русӣ аз қаламраваш пештар эътирози Маҷористон ва Словакияро ба миён оварда буд.
Иттиҳоди Аврупо баъди ҳамлаи бедалели Русия ба хоки Украина дар моҳи феврали соли 2022, алайҳи Маскав таҳримҳо ҷорӣ кард.
"Аз 5 сол то ҳабси абад". Ҳукми 9 муттаҳами ҳамла ба раиси ҲХДТ дар Кӯлоб
Афроде, ки дар тарконидани мошини раиси ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб гумонзад буданд, аз панҷ сол то ҳабси абад, ҳукм гирифтаанд. Ҳамла ба мошини раиси ҳизби ҳоким дар Кӯлоб, моҳи январи соли гузашта рух дода буд.
Ҳамзаалӣ Мусофиров, додситони минтақаи Кӯлоб рӯзи 28-уми январ дар нишасти хабарӣ ниҳодаш эълон кард, ки Бахтиёр Маҷидзода, Наврӯзҷон Одинаев, Қурбоналӣ Воҳидов, Аслам Олтиев, Акмал Шерматов, Саидмаҳмуд Шоев, Ҳоким Имомов, Насим Ашӯров ва Холисамо Раҳимова дар пайванд ба ин ҳодиса дар курсии айбдорӣ нишаста буданд.
Ба иттилои додситонӣ, ягона зан дар ин парванда Холисамо Раҳимова, панҷ сол ҳукм гирифтааст, аммо бинобар кӯдаки хурдсол доштан, дар озодӣ қарор дорад.
Маълум нест, ки ҳукми додгоҳ дар нисбати ин афрод кай эълон шудааст. Назари наздикони маҳкумшудаҳо низ ба ҳукми додгоҳ ҳанӯз дастрас нест.
Ин парванда аз сӯи муфаттишони Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ таҳқиқ ва ба Додгоҳи Хатлон фиристода шуда буд. Манобеъ қаблан ба Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки "парванда бар асоси банди "терроризм" ва "даъват барои бо зӯр тағйир додани сохти конститутсионӣ", баррасӣ мешавад.
Мошини хидматии Салим Сайвализода рӯзи 5-уми январи 2024 дар хонааш дар деҳаи Тудакафш таркид ва худаш маҷрӯҳ шуд. Манобеи расмӣ дар аввал ҳодисаро "қасди куштор" гуфтанд.
Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода чанд рӯз баъд аз ҳодиса, таркишро "амали террористӣ" хонд ва гуфт, ин кор аз сӯи "гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ содир шуд".
Вазири корҳои дохилӣ он замон ҳамчунин гуфта буд, дар робита ба ин ҳодиса "шумораи зиёде дастгир шудаанд". Аммо Рамазон Раҳимзода ба хотири халал нарасондан ба рафти тафтишот, шумори боздоштшудагонро ошкор накард. Ӯ танҳо илова кард, ки муфаттишони ВКД ва КДАМ ҳодисаро таҳқиқ доранд.
Ҳизби халқӣ-демократӣ, ки додгоҳ нӯҳ касро барои таркондани мошини як раҳбари маҳаллиаш ба ҳабс маҳкум кард, ҳизби ҳоким дар Тоҷикистон аст. Раҳбараш президент Эмомалӣ Раҳмон аст ва аксари мансабдорони тоҷик узви ҳамин ҳизб буда, бештари курсиҳои порлумонро ҳам намояндагонаш дар ихтиёр доранд.
Дар як сол дар корхонаҳои Тоҷикистон 30 кас ҳалок шудааст
Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки соли гузашта дар корхонаҳои кишвар 48 ҳодисаи нохуш сар задааст, ки бар асари онҳо 30 тан ба ҳалокат расида, 26 каси дигар ҷароҳат бардоштааст.
Ба иттилои Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, сабаби асоси ин ҳодисаҳо, "бемасъулиятии муҳандисиву техникии кормандони корхонаҳо дар ҷойи садамаҳо" будааст.
Масъулини ин ниҳод рӯзи 28-уми январ зимни нишасти хабарӣ гуфтанд, ки дар пайи ин ҳодисаҳо, 27 шахси мансабдор ва 5 шахси ҳуқуқӣ ба ҷавобгарӣ маъмурӣ кашида шудаанд.
Аз ҷумла, дар натиҷаи ҳодисаи нохуше дар маҳалли сохтмони неругоҳи барқии "Роғун", рӯзи 12-уми ноябри соли 2024 се коргар ба ҳалокат расида, як каси дигар маҷруҳ шуд.
Санъат Асо, сардори Хадамоти назорати бехатарии корҳо дар соҳаи саноат ва куҳкорӣ рӯзи 28-уми январ зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки дар пайи ҳодисаи рӯзи 12 ноябри соли 2024 дар "Роғун", алайҳи ду тан парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ӯ гуфт, ки ниҳоди онҳо хулосаи техникии худро дар ҳаҷми 500 саҳифа омода ва Додситонии шаҳри Роғун супурдааст. Додситонӣ ин парвандаро пеш мебарад.
Мақомот маблағи умумии ҷаримаҳо бар асари ҳодисаҳо дар соли 2024-ро 1822080 сомонӣ шумурдаанд. Дар маҷмуъ, дар соли гузашта 340 шахси ҳуқуқӣ, мансабдор ва воқеии корхонаҳо ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд.
Аз ҳисоби ҷаримаҳо ба буҷа $40 млн ворид шудааст
Соли 2024 маблағи ҷаримаҳо дар Тоҷикистон аз пешбинии мақомот як баробар бештар ҷамъ шудааст.
Тибқи як санади Вазорати молия, ки Радиои Озодӣ ба он шинос шуд, соли гузашта аз ҳисоби ҷарима ва муҷозотҳо ба буҷаи кишвар қариб 430 миллион сомонӣ ё наздики 40 миллион доллар ворид шудааст.
Ин дар ҳолест, ки саҳми ҷаримаҳо дар буҷаи соли 2024 ҳамагӣ 215 миллион ё ҳудуди 20 миллион доллар пешбинӣ шуда буд.
Мақомот ҳанӯз нагуфтаанд, ки сабаби як баробар зиёд шудани маблағи ҷаримаҳо чист.
Сокинон, бахусус ронандагон, аз ҷаримаҳои зиёд ва ҳангуфт шикоят доранд.
Тоҷикистон як санади муҳим дар бораи маъюбонро қабул мекунад
Тоҷикистон аввали соли 2025 Конвенсия оид ба ҳуқуқи маъюбонро тасвиб мекунад. Дар ин бора намояндагони Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон 27-уми январ зимни нишасти хабарӣ изҳорот доданд.
Ба гуфтаи Сайдалӣ Бобохонзода, як намояндаи Ваколатдор, Нақшаи миллӣ барои қабули Конвенсия оид ба ҳуқуқи маъюбон таҳия шуда, қарор аст аввали имсол тасвиб шавад. Аммо Бобохонзода ягон санаи мушаххасро зикр накард.
Конвенсия оид ба ҳуқуқи маъюбон ҳанӯз соли 2018 аз сӯи раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон имзо шуда, вале Тоҷикистон то ҳол онро пурра тасвиб накардааст.
Тоҷикистон яке аз 6 кишвар дар ҷаҳон мебошад, ки Конвенсия дар бораи ҳуқуқи маъюбонро пурра қабул ва иҷро накардааст.
Санади мазкур ҳамаи масоили марбут ба ҳуқуқи маъюбонро дар бар мегирад ва декабри соли 2006 аз тарафи Маҷмаи умуми СММ қабул шуд. Ҳуҷҷат соли 2008 ба қувваи иҷро даромадааст.
Баъди тасвиби Конвенсия оид ба ҳуқуқи маъюбон, кишварҳо муваззаф мешаванд барои ашхоси имконияти ҷисмониашон маҳдуд шароити хуб фароҳам кунанд.
Вокуниши як мансабдори тоҷик ба силсилаи гузоришҳо дар CNN
Вазири фарҳанги Тоҷикистон ба нашри силсилаи матолиб дар телевизиони CNN вокуниш кард. Дар он Абуалӣ ибни Сино, Аҳмади Фарғонӣ, Муҳаммад Хоразмӣ ва Абурайҳони Берунӣ ҳамчун донишмандони узбек муаррифӣ шудаанд.
Матлубахон Сатториён рӯзи 27-уми январ дар нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, "бидуни ба инобат гирифтани сарчашмаҳои таърихӣ мероси адабии миллати моро ба миллати дигар мутааллиқ медонад, ки мутаассифона хеле баҳсбарангез аст. Ин андешаҳо безамина ҳастанд. Изҳороти расмии кишвари ҳамсоя нест. Посух бояд ба ин амал бо риояи меъёрҳои дипломатӣ, қотеъона, вале дар ҳамин поя бояд бошад."
Мавзӯи мансубияти миллии чеҳраҳои илму адаб ва мероси фарҳангиву таърихии ниёгони мардуми Варорӯд борҳо мавриди баҳс қарор гирифтааст.
Таърихдон Некрӯз Сафарзода мегӯяд, ин баҳсҳо дар муҳити илмӣ кайҳо ҳал шудаанд.
“Ин масъалаест, ки аслан қобили баҳс нест. Аз худи осори ин бузургон метавон порчаҳое дарёфт кард, ки ишорат мекунанд ба тааллуқоти миллии худашон,” – хулоса кард ӯ.
Видеоро дар инҷо бинед:
Озодии як шаҳрванди Амрико аз зиндоне дар Беларус
Анастасия Нуфер, шаҳрванди Амрико, аз зиндоне дар Беларус озод карда шудааст.
Марко Рубио, котиби давлатӣ ё вазири умури хориҷии Амрико, дар ин бора рӯзи 26-уми январ хабар дод.
Ӯ дар шабакаи иҷтимоии “Х” навишт, ки Нуфер дар замони маъмурияти Ҷо Байден дастгир шуда буд.
Тафсилоти боздошти Анастасия Нуфер маълум нест. Минск ҳеч гоҳ номи ӯро фош накардааст.
Светлана Тихановская, раҳбари мухолифони Беларус, аз раҳоии Нуфер истиқбол ва ҳамзамон ба вазъи зиндониёни сиёсӣ дар Беларус таъкид кард.
Ӯ гуфт: “Ҳар яке аз онҳо бояд озод карда шаванд. Мо муборизаро барои раҳоии касоне, ки ноодилона дастгир шудаанд, давом хоҳем дод.”
"Боздошти Таҳмина Самадова воқеаи ҷудогона нест"
Як созмони мухолифи ҳукумати Тоҷикистон боздошти Таҳмина Самадова, модари ҳафт фарзандро дар Русия танқид кард.
Самадова зодаи Тоҷикистон ва шаҳрванди Русия аст. Ӯро баъд аз дарёфти “хонаи давлатӣ” дар Русия ба қаллобӣ гумонзад медонанд. Мавқеи худаш, наздикон ва ё вакили мудофеъ маълум нест.
Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон, қароргоҳаш дар Ҳолланд, рӯзи 27-уми январ дар эъломияе ин қазияро “як намунаи рӯшани таъқиби доимии ақаллиятҳои миллӣ” дар Русия донист.
Шарофиддин Гадоев, раҳбари созмон, гуфт, “шаҳрвандони Тоҷикистон танҳо барои мансубияти миллиашон дар Русия бо таҳқир ва таҳдиди доимӣ рӯбарӯ мешаванд.”
“Боздошти Таҳмина Самадова ва фишорҳои минбаъда нисбат ба ӯ танҳо як воқеаи ҷудогона нест, балки як қисми маъракаи густурдаи давлатӣ барои барангехтани нафрати қавмӣ ва парешон кардани диққати мардум аз мушкилоти дохилии Русия мебошад,” – афзуд ӯ.
Ин созмон аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, барои ҳифзи ҳуқуқи зодагони ин кишвар, аз ҷумла Таҳмина Самадова, “чораи фаврӣ ва қатъӣ андешанд”.
Таҳмина Самадова, ки бо ҳамсараш Рамазон Раҳимов 17 сол боз дар Русия кору зиндагӣ доранд, рӯзи 24-уми январ бо қарори Кумитаи тафтишотии вилояти Маскав дастгир шуд.
Моҷаро рӯзи 13-уми январ сар зад. Пас аз он ки раиси шаҳри Митиши Юлия Купетская дар Телеграм навишт, ба оилаи серфарзанди Самадова бар асоси Барномаи давлатӣ “шаҳодатномаи хариди манзил” доданд ва он 24 миллион рубл аст.
Ин хабар дар матбуот ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар Русия бо вокунишҳои манфӣ дучор шуд. Ҳарчанд ҳукумати Митиши аз Самадова ва хонаводааш ҳимоят кард, раиси Кумитаи тафтишотии Русия, Александр Бастрикин, хоҳони таҳқиқ шуд.
Бархӯрди мақомоти Русия бо зодагони Тоҷикистон дар як соли охир сахттар шудааст. Баъди он ки ба толори “Крокус” дар вилояти Маскав ҳамлаи маргбор сурат гирифт ва бо гумони нақшарезӣ ва иҷрои он асосан шаҳрвандони Тоҷикистон боздошт шуданд.
Эълони натиҷаҳои интихобот дар Беларус. Лукашенко баранда шудааст
Мақомоти Беларус рӯзи 27-уми январ натиҷаҳои ибтидоии интихоботи президентиро дар ин кишвар эълон карданд.
Тибқи он, раҳбари худкома Александр Лукашенко зиёда аз 86 дарсад раъй гирифтааст.
Кумисюни марказии интихоботи Беларус гуфт, чор номзади дигар аз 1,74 то 3,21 дарсад раъйро соҳиб шуданд.
Интихоботи президентӣ дар Беларус рӯзи 26-уми январ баргузор шуд. Натиҷаҳои ниҳоиро 3-юми феврал эълон мекунанд.
Мансабдорони баландпояи Иттиҳоди Аврупо пеш аз оғози интихобот машрӯият ё қонунӣ будани овоздиҳӣ ва ҳамин тавр пирӯзии Александр Лукашенкоро зери суол гузоштанд.
Кая Каллас, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо, Александр Лукашенкоро барои “тайи 30 сол ба қудрат часпиданаш” танқид кард. Ӯ дар шабакаи “Х” навишт, ки Лукашенко дар интихоботи дигари дурӯғин худро баранда эълон хоҳад кард ва “ин тавҳини рӯйирост ба демократия аст.”
Алесандр Лукашенко, ҳампаймони Русия, аз соли 1994 зимоми қудратро дар Беларус ба даст дорад. Вай рӯзи 26-уми январ аз “демократияи қавӣ” дар кишвараш ситоиш кард. Созмону кишварҳои ғарбӣ ӯро пайваста барои саркӯби дигарандешон ва маҳдудияти озодии баён танқид мекунанд.
Омбудсмен гуфт, баъд аз ҳодисаи "Крокус" нақзи ҳуқуқи тоҷикон зиёд шудааст
Мақомот дар Тоҷикистон мегӯянд, баъд аз ҳодисаи "Крокус" дар наздикии Маскав, мавридҳои нақзи ҳуқуқи шаҳрвандони кишвар дар қаламрави Русия бештар шудааст.
Умед Бобозода, ваколатдори ҳуқуқи инсон ё Омбудсмен, рӯзи 27-уми январ зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, дар робита ба афзоиши мавридҳои поймол намудани ҳуқуқи шаҳрвандон бо ҳамтои русаш муроҷиат кард ва як моҳ пеш посух гирифт.
Ӯ афзуд, аз дидаву дониста мавриди шиканҷа қарор гирифтани гумонбарони "Крокус" вокуниш кардаанд ва ин ҳолатро ҳамтои русаш ҳам эътироф кардааст.
"Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Русия дар ҷавоб гуфт, ин масъала бевосита зери назораташон қарор дорад", -- афзуд ӯ.
Ба гуфтаи Бобозода, ӯ бевосита аз ҳоли тоҷиконе, ки дар ҳодисаи "Крокус" гумонбаранд, хабар нагирифтааст, чун ҳангоми сафараш ба Русия чунин имконе фароҳам нашуд.
Баъди ҳамла ба “Крокус” дар рӯзи 22-юми марти соли 2024, тафтишу ихроҷи муҳоҷирон бештар шуд
Мақомоти қудратии Русия зиёда аз 20 кас, асосан зодагони Тоҷикистонро бо гумони содир кардани ин ҳамла боздошт карданд. Чор шаҳрванди Тоҷикистон омилони асосӣ эълон шуданд.
Як далеле, ки ҳомиёни ҳуқуқ онро пайваста ёдрас мекунанд, иқрори гумонбарон таҳти шиканҷаи сангин мебошад. Шароити нигаҳдории гумонбарон дар Боздоштгоҳ маълум нест.
Ҷашни асосии Наврӯз имсол дар Хуҷанд ва Исфара доир мешавад
Имсол ҷашни асосии Наврӯз дар Тоҷикистон дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Исфара баргузор мешаванд.
Ин нукта дар барномаи кории ҳукумат барои нимаи аввали соли 2025 омадааст, ки Радиои Озодӣ 27-уми январ бо он шинос шуд.
Ҳукумат идораҳои дахлдор ва ҳукуматҳои муҳаллии Хуҷанд ва Исфараро вазифадор кардааст, ки тадорукоти ҷашнро бубинанд.
Аммо дар барномаи кории ҳукумат наомадааст, ки хароҷоти ҷашни Наврӯзи имсола аз кадом ҳисоб бояд пӯшонда шавад.
Наврӯзи ҷумҳуриявӣ дар Тоҷикистон ҳамасола дар яке аз шаҳру ноҳияҳо бо ҳузури мақомдорони баландпоя баргузор мешавад.
Наврӯз яке аз ҷашнҳои асосии дар Тоҷикистон буда, ба муносибати он чор рӯз истироҳати расмӣ эълон шудааст.
Наврӯзро, ки дар моҳи март фаро мерасад дар Эрон, кишварҳои туркзабон ва Қафқоз ҳам ҷашн мегиранд.
Зеленский хоҳони ҳузури Киев дар ҳар гуна музокирот бо Русия шуд
Раисҷумҳури Украина гуфт, президенти Амрико Доналд Трамп метавонад ба ваъдаи худ дар бораи хатми ҷанги Русия дар ин кишвар вафо кунад, ба шарте ки Киев дар ҳама гуна музокирот ҳузур дошта бошад.
Владимир Зеленский дар ин бора рӯзи 25-уми январ дар нишасти хабарии муштарак бо президенти Молдова Мая Санду дар шаҳри Киев суҳбат кард.
Вай гуфт, агар Украина дар музокирот ширкат накунад, ин нақша муваффақ нахоҳад шуд. Зеро, ба гуфтаи Зеленский, ҳарчанд Украина мехоҳад, вале Русия омода нест, ки ҷангро поён диҳад.
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, дар маъракаи пешазинтихоботӣ ваъда дод, ки агар ба Кохи Сафед баргардад, ба зудӣ ба ҷанг дар Украина поён мебахшад. Ӯ рӯзи 20-уми январ ба кори худ сар кард.
Ҷанги Русия дар Украина аз моҳи феврали соли 2022 идома дорад.
Интихоботи президентӣ дар Беларус: Лукашенко ва чор номзади дигар
Рӯзи 26-уми январ дар Беларус интихоботи президентӣ сар шуд.
Ба ҷуз аз раҳбари худкомаи ин кишвар, Александр Лукашенко, чор нафари дигар довталаби курсии президент ҳастанд:
- Олег Гайдукевич, раҳбари ҳизби либерал-демократ;
- Сергей Сиранков, котиби аввали ҳизби коммунист;
- Александр Хижняк, раҳбари ҳизби кор ва адолат;
- Анна Конопатская, вакили собиқи порлумон.
Ҳамаи онҳо, ба ҷуз Конопатская, сиёсатмадорони вафодор ба Лукашенко номбар мешаванд. Конопатская худашро "ягона номзади мухолиф" номидааст, дар ҳоле ки нозирони мустақил ӯро ба спойлер монанд мекунанд. Спойлер номзад ё ҳизбест, ки дар интихобот имкони пирӯзӣ надорад, вале бахше аз ройи номзади дигарро мегирад ва ба ин васила шонси пирӯзии ӯро кам мекунад.
Анна Конопатская дар интихоботи президентии соли 2020 низ номзад шуда, ҳамагӣ 1,68 дарсад овоз гирифта буд.
Александр Лукашенко 70-сола аст ва аз соли 1994 дар сари қудрат. Интизор меравад, ӯ дафъаи ҳафтум идораи давлатро ба даст гирад.
Мақомоти Беларус дар интихоботи соли 2020 раҳбари худкома Александр Лукашенкоро баранда эълон карданд. Мухолифону кишварҳои ғарбӣ намояндаи мухолифон Светлана Тихановскаяро пирӯз донистанд.
Пас аз он Беларус шоҳиди тазоҳурот шуд. Дар натиҷа, ҳазорон нафар боздошту зиндонӣ гаштанд ва шуморе ночор кишварро тарк карданд. Ҳамчунин гузориш шудааст, ки чанд эътирозгар кушта ва баъзе аз боздоштшудаҳо шиканҷа шудаанд.
Маъмурияти Александр Лукашенко аз ҷанги беасоси Русия алайҳи Украина пуштибонӣ мекунад.
Трамп аз Урдуну Миср хост, фаластиниҳои бештарро бипазиранд
Раисҷумҳури Амрико бо ишора ба “вазъи ноустувор” дар Навори Ғазза гуфтааст, кишварҳое чун Урдун ва Миср бояд фаластиниёни бештарро мизбонӣ кунанд.
Доналд Трамп рӯзи 26-уми январ гуфт, дар ин бора бо шоҳи Урдун суҳбат кард ва мехоҳад, бо раисҷумҳури Миср Абдуфаттоҳ Сисӣ низ гап занад.
Президенти Иёлоти Муттаҳида дар бораи интиқоли сокинони Ғазза ба ин кишварҳо ҷузъиёт надод.
Ҳукумати нави Амрико мехоҳад, дар ҷараёни бозсозии Навори Ғазза тақрибан якуним миллион фаластиниро кӯч диҳад. Ба гуфтаи Доналд Трамп, кӯчдиҳӣ метавонад муваққатӣ ё дарозмуддат бошад.
Ӯ гуфтааст, ҷанг Навори Ғаззаро вайрон кардааст ва зистан дар ҳоли ҳозир дар он ҷо ғайриимкон аст.
Пештар Стив Виткофф, намояндаи Трамп дар Ховари Миёна, низ гуфта буд, ки имкони кӯчондани фаластиниҳо аз Ғазза ба кишварҳои дигар, аз ҷумла Индонезия, баррасӣ мешавад.
Вазорати корҳои хориҷии Индонезия гуфт, кишвар омода аст, ки ба эҳёи Навори Ғазза мадад кунад, вале дар бораи нақшаи Кохи Сафед чизе намедонад.
Ҷанг дар Ғазза ҳудуди як солу чор моҳ давом кард. Дар ҳамлаҳои Исроил ҳудуди 47 ҳазор фаластинӣ кушта ва даҳҳо ҳазори дигар захмӣ шуданд.
Исроил замоне ба Ғазза ҳамла кард, ки рӯзи 7-уми октябри соли 2023 "Ҳамос" дар ҳамлае беш аз 1200 исроилиро кушта ва зиёда аз 200 нафарро ба гарав гирифт. Амрико ва Иттиҳоди Аврупо гурӯҳи "Ҳамос"-ро созмони террористӣ медонанд.
Ҳушдори котиби давлатии Амрико ба раҳбарони "Толибон"
Котиби давлатӣ ё вазири корҳои хориҷии Амрико, ҳушдор дод, ки эҳтимол ба сари раҳбарони “Толибон” дар Афғонистон подош ё ҷоизаи бештаре таъйин кунанд. Марко Рубио дар ин бора рӯзи 25-уми январ дар саҳифааш дар шабакаи “X” навишт.
Ӯ гуфт: “Ман нав шунидам, ки “Толибон” бештар аз он чи гузориш шуда буд, гаравгонҳои амрикоиро дар ихтиёр доранд. Агар ин дуруст бошад, мо бояд фавран ба сари раҳбарони "Толибон" подоши калон гузорем. Шояд ҳатто аз он чизе, ки барои Усома бин Лодин ҷудо карда будем."
Дар рӯзи охирини маъмурияти Ҷо Байден, раисҷумҳури пешини Амрико, гурӯҳи "Толибон" бар ивази раҳоии як намояндааш, Хон Муҳаммад, ду маҳбуси амрикоӣ Райан Корбетт ва Вилям МакКентиро аз зиндон озод кард.
Хон Муҳаммад дар соли 2008 бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир ва терроризм дар Амрико ба ҳабси абад маҳкум шуда буд.
Ба навиштаи расонаҳои амрикоӣ, ду шаҳрванди дигари Иёлоти Муттаҳида – Ҷорҷ Глезман ва Маҳмуд Ҳабибӣ – то ҳол дар боздоштгоҳи "Толибон" ҳастанд. Гурӯҳи "Толибон", ки аз соли 2021 зимоми қудратро дар Афғонистон ба даст дорад, боздошти Маҳмуд Ҳабибӣ, амрикоии афғонтаборро рад мекунад.
Аз ин пеш, рӯзи 23-юми январ, додситони Додгоҳи байнулмилалии ҷиноӣ, Карим Хон, боздошти шуморе аз аъзои баландпояи "Толибон", аз ҷумла раҳбари он Мулло Ҳайбатуллоҳ Охундзода ва раиси Додгоҳи олии ин гурӯҳ Абдулҳаким Ҳаққониро дархост кард. Онҳо ба ҷиноятҳои зиддибашарӣ муттаҳам ҳастанд.
Созмонҳои мудофеъ аз ҳуқуқи башар ва теъдоди зиёде аз занони афғонистонӣ ин тасмимро хуш пазируфтанд. Вазорати корҳои хориҷии "Толибон" талаби додситони Додгоҳи байнулмилалии ҷиноиро "дорои ангезаи сиёсӣ" номид.
Ҳалокати Ҷаъфар Осимов дар зери тарма дар "Сафеддара"
Ҷаъфар Осимов, бунёдгузори гурӯҳи "DaiDushki", ҳангоми лижаронӣ дар "Сафеддара" зери тарма монда, ҷон бохтааст.
Ҳодиса рӯзи 25-уми январ рӯй дод.
Умеда Юсуфӣ, сухангӯйи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, ба хабаргузории "Азия-Плюс" гуфтааст, ҳамроҳи Ҷаъфар ду каси дигар буд, вале онҳо тавонистанд аз зери барф берун оянд.
"Онҳо бидуни риояи чораҳои амниятӣ лижаронӣ мекардаанд," -- афзудааст ӯ.
Ҷаъфар Осимов дар соли 2022 гурӯҳи “ДайДушки”-ро, ки “душанбегиҳои саргардон” муаррифӣ мешуд, созмон дод. Ӯ ҳамзамон дар ширкати Babilon-Mobile кор мекард.
"Мехоҳам аз мавзеъҳои кашфношуда дидан кунам, ё ба макони маъруф, вале бо пайроҳаҳои нав равам… Дар ҳар саёҳат бо сокинони маҳаллӣ ва чӯпонҳо суҳбат мекунем. Мардуми деҳот хайрандеш, самимӣ ва меҳмоннавоз ҳастанд," – гуфта буд ӯ дар як суҳбаташ соли 2022 ба торнамои "Ҳалво".
Бино ба маълумоти саҳифааш дар Фейсбук аз соли 1996 то 2000 дар Донишгоҳи давлатии Беларус хонда, соли 2005 оиладор шудааст.
"Сафеддара"
Маҷмааи "Сафеддара" дар ноҳияи Варзоб ҷойгир аст.
Пештар дар ихтиёри Кумитаи ҷавонон ва варзиш буд.
Ширкати "Сафеддара" дар соли 2015 онро ба як миллиону 925 ҳазор сомонӣ (беш аз 200 ҳазор доллар бо қурби онвақта) харид.
Бар асоси Феҳристи ягонаи шахсони ҳуқуқӣ, муассиси ҶДММ "Сафеддара" ширкати "Фароз" аст. "Фароз" ба наздикони раисҷумҳури Тоҷикистон марбут аст. Масъулонаш соли 2020 эълон карданд, ки корро бас мекунанд, вале ширкатҳои тобеи он ҳамоно ба фаъолият идома медиҳанд.
Блогере аз Самарқанд аз ҳукми Додгоҳи олии Узбекистон розӣ нест
Блогери сокини Самарқанд Баҳодур Ҳасанов гуфт, аз ҳукми Додгоҳи олии Узбекистон дар бораи шикояташ аз рафтори ғайриқонунии ходимони полис розӣ нест.
Баҳодур Ҳасанов, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла Фейсбук, бештар мушкилоти иҷтимоиву маишии мардуми Самарқандро бозтоб медиҳад, аз он норозӣ аст, ки бо ҳукми Додгоҳи олии Узбекистон аз 13 январи имсол қарори Додгоҳи ноҳияи Самарқанд бетағйир мондааст. Ӯ гуфт, ба нишони эътироз аз ин ҳукм ӯ ва аъзои оилааш омода ҳастанд даст ба гуруснанишинӣ зананд.
Додгоҳи олии Узбекистон дар як қароре гуфт, баъди баррасии аризаи даъвоии Баҳодур Ҳасанов, қарори додгоҳи ноҳияи Самарқандро “барои иҷро ирсол мекунад”.
Ҳасанов тирамоҳи соли 2024 гуфт, мавриди тӯҳмати як зани ношиносе ва ҳам латукӯби кормандони Шуъбаи умури дохилии Самарқанд қарор гирифт. Ӯ гуфт, ҳатто баъди нашри видеои ин ҳодиса мақомот ходимони полисро ҷазои муносиб надоданд. Дар як изҳороти видеоиаш тавассути Фейсбук аз президент Шавкат Мирзиёев низ додхоҳӣ карда буд.
Ӯро моҳи сентябр бо гумони “авбошӣ ва таҳқир” боздошт, ҳудуди 200 доллар ҷарима ва даҳ рӯз аз озодӣ маҳрум карданд.
Баҳодур Ҳасанов писари хабарнигори нашрияи “Овози тоҷик” Зоҳир Ҳасанзода дар матолибаш одатан дар бораи мушкили роҳҳо, беобӣ, сохтмонҳои хилоф бо муқаррарот ё роҳбандиҳо дар Самарқанд матолиби танқидӣ нашр мекунад.
Дар Узбекистон дар давраи Шавкат Мирзиёев даҳҳо хабарнигор ва блогерҳои мустақил барои интиқод аз ҳукумат мавриди таъқиб, аз ҷумла азияту озор ва ҳабс қарор дода шудаанд.
Ёриҳои хориҷии ИМА ба мӯҳлати 90 рӯз боздошта шуд
Бо як қарори Департаменти давлатии ИМА, ба мӯҳлати камаш 90 рӯзи баъдӣ расонидани тамоми ёриҳои хориҷӣ боздошта мешавад.
Матни ин қарорро, ба навиштаи Politico, котиби давлатӣ Марко Рубио рӯзи 24 январ имзо кардааст. Дар матн гуфта мешавад, ки тамоми маблағгузориҳо, ба ҷуз Мисру Исроил ва ҳам ироаи хӯрокворӣ ҳамчун ёриҳои изтирорӣ боздошта мешаванд. 85 рӯз баъд Рубио ба президент Доналд Трамп гузориш медиҳад, ки аз дидгоҳи ӯ расонидани ёрӣ ба кадом барномаҳо дуруст асту кадомаш – не.
Хабаргузории Рейтерс бо такя ба як манбааш дар USAID гуфт, ки кӯмак ба Украина, аз ҷумла тарҳҳо дар соҳаи маориф ва тандурустӣ боздошта шудаанд.
Трамп ва ҷумҳурихоҳон дар ИМА давоми чандин сол аст, ки “хароҷоти исрофкорона” дар бахши ёриҳои хориҷии маъмуриятҳои Барак Обама ва Ҷо Байденро танқид мекунанд. Қарори боздошта шудани ёриҳои хориҷиро Трамп дар аввалин рӯзи президентиаш имзо кардааст.
2 миллиард доллар ёрӣ ба Тоҷикистон
Тоҷикистон яке аз кишварҳои дарёфткунандаи ёриҳои ИМА мебошад. Дар як мусоҳибааш бо Радиои Озодӣ декабри соли 2024 сафири ИМА дар Душанбе Мануэл Микаллер гуфт, "дар тӯли 30 соли охир мардуми Амрико ба Тоҷикистон зиёда аз 2 миллиард доллар дар шаклҳои гуногун ёрӣ расондаанд. Қисми зиёди ин маблағ барои амнияти сарҳад ва кумакҳои зиддитеррористӣ, аз ҷумла сохтани иншоот, омӯзиш, таҷҳизот ва технологияи муосир сарф шудааст".
Ӯ, аз ҷумла, гуфт, кӯмак ба ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон муҳим аст. "Уҳдадории доимии мо ба ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон ин аст, ки роҳҳои дастгирӣ ва тақвияти истиқлол, соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии шуморо бар зидди таҳдидҳои берунӣ пайдо кунем. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои кумак дар безараргардонии минаҳо, муҳимоти нотаркида, ёрӣ ба қурбониёни минаҳо ва эҳёи иқтидори Маркази миллии безараргардонии минаҳо, ба Тоҷикистон беш аз 35 миллион доллар сармоягузорӣ кардааст."
Қисми зиёди ёриҳои ҳукумати ИМА ба Тоҷикистон тавассути Оҷонсии рушди ИМА ё USAID ворид мешавад.
"Бо электрошкер шиканҷа ва ба номусаш таҷовуз карданд"
Дар Русия як вакили дифоъ аз болои полиси вилояти Маскав шикоят кардааст, ки дар боздоштгоҳ зерҳимояашро бо электрошокер шиканҷа ва ба номусаш таҷовуз кардааст.
Исми ҷабрдида нашр намешавад, вале бархе матбуот ӯро чун марди мусулмонтабори сокини Русия муаррифӣ кардаанд. Ба навиштаи ТВ "Настоящее время", вакили дифои ҷабрдида полиси шаҳри Видное дар вилояти Маскавро дар ин ҷиноят айбдор медонад.
Вакил Сергей Узденский ба сомонаи "Осторожно, новости" гуфтааст, ходимони полис давоми се рӯз маҳалли будубоши зерҳимояи ӯро пинҳон доштанд ва танҳо баъди талошҳои зиёду ҷалби хадамоти ёрии изтирорӣ ӯро пайдо карда тавонистанд.
Марди ҷабрдида нақл кардааст, ки се ходими полис ба узвҳои бадани маҳрамонааш электрошокер гузошта талаб мекарданд, ки телефонашро боз кунад. Баъди ин, чӯби поккунӣ ё швабраро аз сӯрохии пушташ ворид кардаанд.
Узденский гуфтааст, ки озмоиши тиббии бадани зерҳимояаш ин иттиҳомро собит кард. Тамоми баёноти ҷабрдидаро вакил ба видео сабт карда ба Кумитаи тафтишот супурдааст. “Вай як мардикори оддӣ аст, ифротгаро ё шахси мазҳабӣ ҳам нест. Фақат барои тирпаронӣ ба ҷои тирандозӣ рафта, он ҷо бо силоҳ дар даст акс гирифтааст. Баъди ин ходимони полиси Видное ӯро ёфтанд”.
Мард дар боздоштгоҳ мемонад ва мурофиаи додгоҳии ӯ барои маълум кардани сарнавишти баъдиаш 27 январ барпо мешавад.
Муовини Озода Раҳмон додситони ҳарбӣ шуд
Дар тағйироти наве Фирдавс Ҳаётзода, муовини аввали раиси Дастгоҳия иҷроияи президенти Тоҷикистон додситони ҳарбӣ таъин шуд.
Фармони таъин шудани ӯро Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон рӯзи 24-уми январ имзо ва барои тасдиқ ба порлумон фиристодааст.
Фирдавс Ҳаётзодаи 50-сола панҷ соли ахир муовини аввали Озода Раҳмон, раиси дастгоҳи иҷроияи президент буд. Ӯ дар гузашта дар додситонии низомӣ ва додситонии назорати нақлиёт кор кардааст.
Дар тағйири дигаре Хайриддин Қосимзода, муовини Додситони кулл таъин шудааст. Ӯ то ин дам додситонӣ шаҳри Роғун будааст.
Рӯзи 24-уми январ Эмомалӣ Раҳмон кормандони дастгоҳи иҷроияи президентро дигар кард.
Тоҷиддин Саидзода аз вазифаи раиси ноҳияи Синои пойтахт барканор ва ба ҷои Фирдавс Ҳаётзода, муовини якуми роҳбари дастгоҳ таъин шудааст.
Дар Тоҷикистон оғози ҳар сол дар вазорату идораҳои Тоҷикистон тағйироти кадрӣ сурат мегирад.
Мунтақидон мегӯянд, афроди шоиста дар ҳукумат мансаб намегиранд ва бештар афроде соҳиби мансаб мешаванд, ки ба хонаводаи Эмомалӣ Раҳмон садоқат доранд.
Феҳристи қавитарин мусобиқоти қаҳрамонӣ ва беҳтарин бошгоҳҳо бидуни Тоҷикистон
Федератсияи байналмилалии таърих ва омори футбол (IFFHS) бар асоси натиҷаҳои соли 2024 феҳристи қавитарин мусобиқоти қаҳрамонӣ ва беҳтарин бошгоҳҳои футболи ҷаҳонро нашр кардааст.
Дар феҳристи қавитарин мусобиқоти қаҳрамонӣ дар ҷаҳон Серия А-и Италия бо 1992 имтиёз дар ҷойи аввл аст. Ҷойи дуюмро Ла Лигаи Испания бо 1885 имтиёз ва ҷойи сеюмро Премйер-Лигаи Англия бо 1871 имтиёз соҳиб шудаанд.
Ба даҳгонаи беҳтаринҳо, инчунин, мусобиқоти қаҳрамонии Бразилия, Олмон, Аргентина, Португалия, Фаронса, Белгия ва Нидерланд шомил гаштаанд. Дар маҷмӯъ, ба феҳрист 100 мусобиқоти қаҳрамонии миллӣ дохил шудааст.
Аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ин феҳрист мусобиқоти қаҳрамонии футболи Қазоқистон (ҷойи 86-ум), Узбекистон (ҷойи 96-ум) ва Туркманистон (ҷойи 98-ум) шомиланд. Аммо Лигаи олии футболи Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои ҷаҳон дохил нашудааст.
Федератсияи байналмилалии таърих ва омори футбол (IFFHS), инчунин рейтинги беҳтарин бошгоҳҳои солро дар ҷаҳон нашр кардааст. Дар радабандӣ “Реал Мадрид”-и Испания ҷойи аввалро касб намудааст.
Ба сегонаи беҳтаринҳо, инчунин, бошгоҳҳои футболи “Байер”- Леверкузени Олмон ва “Аталанта”-и Бергамои Италия дохил шудаанд.
Дар маҷмӯъ, ба феҳристи бошгоҳҳои футболи беҳтарин 700 бошгоҳ ворид шудааст. Аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ин феҳрист “Абдиш-Ота”-и Қирғизистон (ҷойи 389-ум), “Аркадаг”-и Туркманистон (ҷойи 454-ум), “Пахтакор” (ҷойи 599-ум) ва “Насаф” (ҷойи 642-юм), ҳарду аз Узбекистон, дохил шудаанд. Аммо дар ин рӯйхат низ бошгоҳҳои футболи Тоҷикистон ба чашм намерасанд.
Дар Тоҷикистон 90-солагии шоири маҳбуби кӯдаконро ҷашн гирифтанд
Дар Тоҷикистон аз кору осори Наримон Бақозода, шоири маъруфи кӯдакон, дар остонаи 90-солагиаш ёд карданд.
Дар маҳфиле, ки рӯзи 24-уми январ дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон баргузор шуд, аз Наримон Бақозода ба унвони шоире ёд шуд, ки “чанд насл зери таъсири ашъори ӯ” бузург шудаанд.
Ато Мирхоҷа, муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар ин нишаст гуфт, ки Наримон Бақозода дар рушди адабиёти бачагона саҳми бузург дорад.
Ба гуфтаи ӯ, ашъори шоир пур аз шодӣ буда, кӯдаконро дар рӯҳияи хушбинӣ ба оянда ташвиқ мекунад.
Шоир соли 2009 дар рӯзи мавлудаш, дар синни 74-солагӣ, бар асари сактаи қалб аз олам даргузашта буд.
Дар чанд китобхонаи шаҳри Душанбе, Хатлон ва Суғд низ ба ифтихори Наримон Бақозода маҳфили адабӣ баргузор шудааст.
Наримон Бақозода, 26 январи соли 1935 дар шаҳри Самарқанд, дар оилаи Абулато Бақозода, журналисти маъруфи "Овози тоҷик" зода шудааст. Тифлии шоир дар Самарқанд гузаштааст. Пас аз хатми мактаби миёна ба Душанбе омада, дар Донишгоҳи миллӣ дохил шудааст. Дар рӯзномаи "Тоҷикистони Советӣ", нашриёти "Ирфон", "Тоҷикфилм", маҷаллаи "Машъал" ва Кумитаи ҳимояи сулҳ ва бунёди сулҳи Тоҷикистон кор кардааст.
Нахустин шеъри шоир соли 1954 нашр шудааст. Сипас, яке пайи ҳам маҷмӯъаҳои ашъори шоир бо номҳои "Гулдара", "Шеърҳо, афсонаҳо, чистонҳо", "Сурнайчӣ", "Оши ҳалол", "Шаш ҳикояти пахта", "Дафтари мо кони панҷ", "Алифбои дилкушо", "Иди Алифбо омад" чоп шуданд.
Аз рӯи навиштаҳои шоир дар театрҳои пойтахт чандин намоишномаҳо ба саҳна гузошта шудаанд. Наримон Бақозода муаллифи нахустин операҳои кӯдаконаи тоҷикӣ ("Хонаи заргӯш-бибӣ" ва "Ҷингилапо") мебошад. Муаллифи сенарияи филми "Пули ларзон" аст.
Шоир бо унвони Корманди шоистаи фарҳанги Тоҷикистон ва як силсила нишону медалҳо сарфароз гардонида шудааст.
Гуфтугӯ