Дар яке аз маҳаллаҳои канори шаҳри бостонии Самарқанд усули истеҳсоли коғазеро нигаҳ медоранд, ки маҳз ба шарофати он дастхатҳои Саъдиву Ҳофизу адибони дигари барҷаста то ин замон расидаанд.
“Мо дар инҷо, дар Самарқанд, коғази абрешимиро аз шохаҳои дарахти тут истеҳсол мекунем. Шохаҳои яксолаи тутро дар об ду-се рӯз мемонем. Онҳо нарм мешаванд ва пӯст ба осонӣ аз чӯб ҷудо мешавад. Бо корд пӯстро аз чӯб тарошида мегирем,” – нақл кард Нигина Қузиева, коргари коргоҳи истеҳсоли коғази абрешимӣ.
Усули қадимаи истеҳсоли коғази абрешимиро дар маҳаллаи Кони Гил дар коргоҳи “Мерос” дар 9-километрии Самарқанд идома медиҳанд. Усуле, ки ба гуфтаи косибони инҷо аз асрҳои 7 ва 8 омадааст.
Ҳабиба Пӯлотова, коргари “Мерос”, мегӯяд, “истеҳсоли коғаз дар Самарқанд аввалин бор дар охирҳои асри 7 ва аввали асри 8 оғоз ёфтааст. Дар он замон дар қаламрави Қазоқистон дар наздикии рӯди Талас арабҳо бо чиниҳо меҷангиданд. Он замон арабҳо пирӯз омаданд ва сарбози чиниро асир гирифтанд, ки дар байнашон олимону косибон буданд ва яке аз сарбозон асрори сохтани коғазро медонистааст.”
Акнун сирри истеҳсоли коғази абрешимиро дар инҷо ба ҳар хоҳишманду сайёҳ нишон медиҳанд. Барои истеҳсоли 200 варақи қавӣ, ки ҳеч таркиби изофии кимиёвӣ эҳтиёҷ надорад, 10 рӯз лозим аст.
Нигина Қузиева, коргари коргоҳи истеҳсоли коғази абрешимӣ, гуфт: “Қимати ин тут барои он баланд аст, ки аз он коғази мустаҳкам истеҳсол мешавад. Дарахти тут мисли абрешим аст, ҳама таркиби зарурӣ, аз ҷумла ширеш ва крахмалро дар худ дорад ва ҳеч чизи изофӣ лозим нест.”
Бо ҳамин таркиби содда, коғази абрешимӣ таърихи бостонии мардуми ин сарзамини куҳанро то кунун нигаҳ доштааст.
“Хубии ин коғаз дар он аст, ки муддати дароз вайрон намешавад. То ду ҳазор сол мемонад. Ба шарофати ҳамин коғаз мо таърихи худро медонем. Китобҳое, ки дар ин коғаз навишта шудаанд, то ҳол мондаанд. Китобҳои Сино, “Шоҳнома” ва “Бобурнома”-ро маҳз дар чунин коғаз навиштаанд,” – мегӯяд Ҳабиба Пӯлотова, коргари “Мерос”.
Дар асри 18 Самарқанд ба тавлидкунандаи аслии коғази абрешимӣ дар Осиёи Марказӣ табдил ёфт, ки онро коғази султонӣ ҳам меноманд. Ба қавли Санҷар Мухторов, намояндаи корхонаи “Мерос”, “барои онки бисёр гарон буд ва ҳама харида наметавонист. Аз ин рӯ, онро коғази султонӣ ва ё шоҳӣ меномиданд.”
Коғази шоҳӣ ва ё абрешимӣ ҳанӯз ҳам харидор дорад.
Ҳабиба Пӯлотова мегӯяд, “баъзеҳо барои шаҳодатнома ва ё диплом мегиранд. Ҳоло дар варақҳои васеи мо чаҳор китоби Қуръонро хаттотӣ кардаанд. Панҷумаш ҳам оғоз шудааст. Барои шаҷара мегиранд, барои тармими дастхатҳо мегиранд. Ҳадафи асосии истеҳсоли коғази мо барои тармими дастхатҳо аст.”
Китобу дастхатҳое, ки ба шарофати дарахти тут ва коғази абрешимии он шояд ҳазорсолаҳои дигар ҳам бимонанд.
Гуфтугӯ