Дар як деҳаи дурдасти Панҷакент мақбараи Хоҷа Муҳаммади Башоро аст, ки ба гуфтаи олимон ба таҳқиқ ниёз дорад. Баъзе аз сайёҳон ба ин макон меоянд, аммо нақли роҳбаладонро танҳо бар асоси ривояту устураҳо мешунаванд.
Дар деворнигораҳои мақбара навиштаанд, ки меъморони замон – Атовулло ва Асадулло – дар сохтанаш саҳм доранд. Ба қавли нигаҳбонон, ин мақбара аз асри 10 то 14 борҳо бозсозӣ шуда, хеле устувор то замони мо расидааст.
Шамсулло Раҷабов, нигаҳбони мақбараи Муҳаммад Башоро, мегӯяд, "ӯ зодаи шаҳри Басраи Ироқ буда, дар охири асри ҳашту аввали асри нӯҳ зистааст. Пас аз вафоти модар ба вилояти Самарқанд меояд. Он вақт аз саргаҳи Кӯҳистони Масчоҳ то Бухоро, ҷое, ки рӯд буд, ҳама водии Зарафшон буд. Ба ҳаминҷо омада, соҳиби мақом мегардад."
Ривоят мекунанд, ки гуё Башоро устоди муҳаддисони номӣ Имом Бухорӣ ва Имом Тирмизӣ буда, аз номи ӯ ҳадисҳое сабт шудаанд.
Одили Нозир, рӯзноманигор ва фарҳангшинос, мегӯяд, "мартабаи ин одам барои тоҷикон хеле баланд аст ва дар замони Шӯравӣ, вақте фишангҳои идеологияи он давра дини исломро аз ҳар тараф пахш мекард, инҷо мавзеи розу ниёз бо Худо буд. Дар охирҳои Шӯравӣ яке аз ҷойҳое, ки намози ҷумъа доир мегардид, ҳаминҷо буд ва ҳоло низ аз ҳар тарафи водии Зарафшон барои адои намоз меоянд."
Ҳар рӯз чанд ҷаҳонгард аз гӯшаву канори олам ба инҷо меоянд ва Муҳаммад Шариф, пажуҳишгар аз Арабистони Саудӣ, яке аз онҳост. "Ман имрӯз ба инҷо барои тамошои Мазори Шариф ва ин мақбараи зебо омадам. Қаблан дар бораи Шайх Муҳаммади Башоро маълумоте надоштам. Вақте ба Тоҷикистон омадам, дӯстон тавсия доданд, ки ба инҷо биёям," – афзуд ӯ.
Ҳарчанд мақбара зери ҳимояти давлат аст, фарҳангшиносону олимон мегӯянд, бо вуҷуди гузаштаи таърихияш, ҳанӯз ба шакли илмӣ омӯхта нашудааст ва маълумот дар бораи он кам аст.
Одили Нозир гуфт, “Хоҷа Муҳаммади Башоро яке аз шахсиятҳои шинохтаи ҷаҳони ислом ва ҳам як шахсияти мармуз аст. Чаро ба водии Зарафшон омада зиндагӣ карданаш ҳам суолест, ки ҳанӯз илм ба он ҷавоб надодааст.”
Гуфта мешавад, айни ҳол дар Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор осори таърихиву фарҳангӣ – оромгоҳҳои қадим, харобаҳои шаҳру шаҳракҳо, қалъаҳо, манораҳо, мадрасаву масоҷид ва мақбараву мазорҳо мавҷуд аст. Аз нигоҳи фарҳангшиносон ҳамаи ин мазору мақбараҳо, ҳарчанд замони Шӯравӣ номнавис шудаанд, ба пажуҳиши ҷиддӣ ниёз доранд.
Таҳқиқе на бар пояи ривоятҳои мардумӣ, балки бо такя ба китобу дастхатҳои қарнҳои миёна, ҳафриёти бостоншиносон, пажуҳише дар бораи афкору ақида ва ҷаҳонбиниву таълимоти бузургоне, ки дар ин мақбараҳо хуфтаанд ё мақбараву мазорҳо ба номи онҳо гузошта шудааст. Анҷоми ин пажуҳиш бе сармоягузорӣ номумкин аст. Алҳол бештар ба тармим ва нигоҳдории ин маконҳо диққат дода мешавад.
Гуфтугӯ