Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар чанд ҷумла

"Тоҷиксодиротбонк" 44 миллион сомонӣ қарзашро додааст. Ба кӣ?

Бинои асосии "Тоҷиксодиротбонк" дар Душанбе
Бинои асосии "Тоҷиксодиротбонк" дар Душанбе

"Тоҷиксодиротбонк", яке аз бонкҳои бузургу низомсоз, ки соле пеш муфлис шуду барҳам хӯрд, беш аз чиҳил миллион сомонӣ амонати муштариёнро баргардондааст, вале миллионҳо сомонии дигари мардум ҳанӯз мондааст.

Масъулони бонк гуфта буданд, камтар аз 400 миллион сомонӣ қарздоранд. Муштариён пайваста аз тақдири норӯшани пулҳои бандмондаашон дар ин бонк дар ташвишанд.

Рустам Мирзозода, раиси Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон, рӯзи 25-уми июл гуфт, "Тоҷиксодиротбонк" то имрӯз 44 миллион сомонӣ амонати шахсони воқеиро пардохт."

"Тоҷиксодиротбонк" яке аз бонкҳои калонтарин дар Тоҷикистон аз соли 2016 инҷониб дар пардохти амонати муштариёнаш оҷиз аст. Мақомот сабаби дучори мушкил шудани бонкро ба мудирияти нодуруст марбут дониста буданд.

Розия, сокини шаҳри Душанбе, мегӯяд, нӯҳ сол пеш дар "Тоҷиксодиротбонк" тақрибан 40 ҳазор доллар амонат гузошт, то дар вақти дармондагӣ бигираду харҷ кунад. "Замоне ки фарзандон бузург шуданду барои таҳсили онҳо пул даркор шуд, пасандози худро аз бонк гирифта натавонистам. То ҳоло саргардонам," – шикоят кард ӯ.

Муштариён аз он норозиянд, ки агар онҳо аз бонк қарздор монанд, бонк дарҳол амволи онҳоро мегираду мефурӯшад, вале дар ҳолати баръакс касе ба "дод"-ашон намерасад.

Зокирҷон Амирзода, муовини раиси Додгоҳи олии иқтисодӣ, мегӯяд, "қонун дар бораи барҳамдиҳии ташкилоти қарзӣ бар асоси муфлисшавӣ марҳилаҳоро муайян кардааст. Барои мисол, дар навбати аввал кадом маблағҳо пардохт мешавад ва пасандозҳо дар кадом давра. Вақте мудири махсус бо пешниҳоди Бонки миллӣ таъин мешавад, ӯ тамоми фаъолияти бонкиро амалӣ мекунад. Додгоҳ инро фақат назорат мекунад.”

Хазинаи суғурта ё бимаи пасандозҳои муштариён то 30 ҳазор сомонӣ амонатҳоеро, ки бо сомонӣ гузошта шудаанд, мепардозад. Пасандоздорон бо асъори хориҷӣ ҳамагӣ то 21 ҳазор сомонӣ ҷуброни пулӣ мегиранд. Пулҳои боқимондаи амонатгузорон дар раванди барҳамдиҳӣ, яъне фурӯши амволи бонк ва доду ситад бо қарздорон бояд пардохта шавад.

Мақомот моҳи майи имсол эълон карданд, ки бинои асосии "Тоҷиксодиротбонк"-ро ба фурӯш гузоштаанд. Ин бино дар маркази Душанбе 125 миллиону 265 ҳазору 630 сомонӣ (ҳудуди 12 миллион доллар) баҳогузорӣ шудааст.

Солҳои охир чанд бонки дигар, аз ҷумла “Агроинвестбонк” ва “Тоҷпромбонк”-у “Фононбонк” низ муфлис эълон шуда, баъзе аз онҳо пурра барҳам хӯрданд, аммо мушкили амонати муштариён мондааст.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Аз алюминий то киштӣ. Таҳримҳои нав алайҳи Русия

Иттиҳоди Аврупо дар солгарди севуми ҳамлаи Русия ба хоки Украина алайҳи Маскав таҳримҳои нав ҷорӣ кард.

Ба гузориши “Рейтерс”, ин тасмимро вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Аврупо рӯзи 24-уми феврал гирифтанд.

Ин даври 16-уми таҳримҳои иқтисодӣ алайҳи Русия аст.

Дипломатҳои аврупоӣ ҳафтаи гузашта гуфта буданд, ки таҳримҳо воридоти алюминийи Русия ва бахшҳои дигар, аз ҷумла 73 киштиро ҳадаф қарор медиҳанд.

Гуфта мешавад, мақсад аз ин таҳримҳо маҳдуд кардани сарчашмаи даромади Русия ва суст кардани зарфиятҳои ҷангии он аст.

Ҳамлаи Русия ба Украина се сол пеш, 24-уми феврали соли 2022, оғоз шуд.

Изҳороти намояндагии се кишвари аврупоӣ дар Тоҷикистон

Нишаст рӯзи 24-уми феврал дар қароргоҳи Иттиҳоди Аврупо дар шаҳри Душанбе гузашт
Нишаст рӯзи 24-уми феврал дар қароргоҳи Иттиҳоди Аврупо дар шаҳри Душанбе гузашт

Дар солгарди севуми ҳамлаи Русия ба Украина дар қароргоҳи Иттиҳоди Аврупо дар шаҳри Душанбе бо ширкати сафирони баъзе аз кишварҳои хориҷӣ ва намояндагони Киев нишаст баргузор шуд.

Ширкатдорон бо маҳкум кардани ҳамлаи Русия ба Украина умед бар он мебастанд, ки ҷанг ба зудӣ поён дода шавад.

Раймундас Кароблис, сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, рӯзи 24-уми феврал гуфт: "Русия нақша дошт, ки дар се рӯз Украинаро ишғол кунад. Имрӯз аз ҷанг се сол мегузарад ва Украина назар ба моҳи феврали соли 2022 нерӯмандтар шудааст. Тамоми Аврупо дар пушти Украина аст."

Дар поёни ин ҳамоиш изҳороти муштараки сафирони Фаронса, Олмон ва Бритониё дар Тоҷикистон нашр шуд.

Дар он гуфта шудааст, ки "аз ҳама бештар Украина сулҳ мехоҳад ва бе ҳузури Украина ва Аврупо ҳеч гуна тасмим гирифта нахоҳад шуд. Танҳо сулҳи ҳамаҷониба, одилона ва пойдор барои Украина... метавонад асоси барқарорсозии амнияти байнулмилалӣ гардад."

Русия се сол пеш, 24-уми феврали соли 2022, ба Украина ҳамла кард.

Бархе пойгоҳҳо талафоти Русияро дар ин ҷанг бештар аз 160 ҳазор нафар медонанд. Бахши русии Би-би-сӣ ва “Медиазона” то имрӯз рӯйхати 95 ҳазору 328 касро нашр кардаанд.

Талафоти ҷониби Укрина дар ин ҷанг беш аз 124 ҳазор тан дар миёни шаҳрвандон ва зиёда аз 45 ҳазор нафар дар миёни низомиён гуфта мешавад.

Шаш медали муштзанҳои навраси тоҷик дар Қазоқистон

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Муштзанҳои тоҷик дар мусобиқаи байнулмилалӣ миёни наврасони 15-16-сола барои гиромидошти хотираи Манарбек Ихсанов, қаҳрамони бокси Қазоқистон, шаш медал (ду тило ва чаҳор биринҷӣ) ба даст оварданд.

Мусобиқаи наврасон аз рӯи 14 дараҷаи вазнҳо байни муштзанҳои панҷ кишвар - Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбекистон – рӯзҳои 20-23-юми феврал дар шаҳри Уралски Қазоқистон баргузор шуд.

Медалҳои тилоро аз дастаи Тоҷикистон Беҳрӯз Умаров ва Амир Нозимов гирифтанд. Беҳрӯз, ки дар вазни то 48 кило бар ҳамаи рақибонаш дастболо шуд, ба финал роҳ ёфт. Вай дар рақобати ниҳоӣ Роман Соловёвро аз Русия шикаст дод.

Амир дар вазни то 75 кило дар финал бар Мирхон Дукееви қазоқ пирӯз шуд.

Ба ғайр аз ду муштзани тоҷик, инчунин дар ҳашт вазн варзишгарони қазоқ - Айторе Каирбеков (44 кг), Бекхон Қодирбек (50 кг), Асилхон Газиз (52 кг), Жанарис Дуйсенбой (54 кг), Диас Сабит (60 кг), Куаниш Амонқул (70 кг), Еркебулан Алӣ (80 кг) ва Нурбек Сержанули (+80 кг) - ғолиб гаштанд. Дар чаҳор вазни дигар муштзанҳои қирғиз – Муслим Паншер (46 кг), Зубайр Акрамов (57 кг), Кутман Дуйшеналиев (63 кг) ва Абубакр Дуйшеев (66 кг) - ҷойҳои аввалро азони худ карданд.

Ғолибони мусобиқа дар ҳар як вазн бо медали тило, диплом, 100 ҳазор танга (19 доллари ИМА), iPhone-15 мукофотонида шуданд. Ба барандагони медалҳои нуқраю биринҷӣ мутаносибан ҷоизаҳои пулӣ ба маблағи 50 ҳазор ва 20 ҳазор танга, инчунин телефонҳои Samsung ва Redmi тақдим гардид.

Суҳбати сарвазирони Тоҷикистону Қирғизистон баъди имзои созишнома

Қоҳир Расулзода
Қоҳир Расулзода

Қоҳир Расулзода ва Одилбек Қосималиев, сарвазирони Тоҷикистону Қирғизистон, дар як суҳбати телефонӣ ҳамкориҳо, бахусус созишномаи таъйину нишонагузории марзро баррасӣ кардаанд.

Дар ин бора дафтари матбуоти ҳукумати Қирғизистон рӯзи 24-уми феврал хабар дод. Мақомот дар Тоҷикистон ҳанӯз иттилое нашр накарданд.

Гуфтугӯйи телефонии сарвазирони ду кишвар дар ҳолест, ки мақомоти Тоҷикистон ва Қирғизистон рӯзи 21-уми феврал созишномаи ниҳоии таъйини хати марзро имзо карданд.

Одилбек Қосималиев
Одилбек Қосималиев

Ин ҳуҷҷат бояд барои баррасӣ ба порлумон ва сипас барои имзо ба президентҳои ду кишвар пешниҳод шавад, вале маълум нест кай. Ҷузъиёти санад низ расонаӣ нашудааст.

Тоҷикистон ва Қирғизистон тақрибан ҳазор километр марз доранд. Номуайянӣ дар сарҳад дар солҳои 2021 ва 2022 сабаби даргириҳои хунин шуд ва аз ҳарду ҷониб даҳҳо куштаву захмӣ бар ҷой гузошт.

"Ба Хуҷанд бурданд." Эълони иттиҳом ба зидди Фарҳод Неъматов

Фарҳод Неъматов
Фарҳод Неъматов

Фарҳод Неъматов, як паноҳҷӯйи тоҷикро, ки Шветсия моҳи декабри соли 2024 бо се духтари хурдсолаш аз ин кишвари аврупоӣ ба Душанбе ронда буд, дар Боздоштгоҳи шаҳри Хуҷанд ҷойгир кардаанд. Ҳамсараш берун аз Тоҷикистон қарор дорад.

Вазорати корҳои дохилӣ ва ниҳодҳои дигари интизомии Тоҷикистон дар бораи боздошт ва иттиҳоми зидди Фарҳод Неъматов расман шарҳе надоданд.

Чанд манбаи огоҳ аз қазия рӯзи 24-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Фарҳод Неъматов ба пайравӣ аз "Ҳизби Таҳрир", созмони динии фаъолияташ мамнуъ дар Тоҷикистон, гумонзад шудааст.

Баъзе аз пайвандонаш ин фарзияро инкор карданд, вале дар саҳифаҳои ӯ дар Фейсбук ва шабакаҳои дигари иҷтимоӣ чанд матлаб дар бораи "Ҳизби Таҳрир" ва ташкили хилофат нашру паҳн шудааст. Фарҳод Одинаев, як фаъоли мухолифон, мегӯяд, Неъматов бештар матолиби танқидӣ менавишт.

Яке аз пайвандони Фарҳод Неъматов рӯзи 24-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, таҳқиқи парванда ҷараён дорад. "То ин дам се бор хабар гирифтем. Барояш хӯрок бурдем. Аҳволаш хуб аст, шикоят надорад, аммо вакили мудофеъ ҳам надорад. Намедонем, чӣ хоҳад шуд," – гуфт мусоҳиби мо. Ба далели амниятӣ номаш навишта намешавад.

Вай афзуд, мақомот се духтари Фарҳод Неъматовро барои парасторӣ ба наздиконаш супурдаанд.

Неъматов қаблан бо зану фарзандонаш дар Украина мезист ва баъд аз ҷанги Русия ба шаҳри Гётеборги Шветсия рафт. Чанд дафъа ба гирифтани ҳаққи паноҳандагии сиёсӣ муроҷиат карда, посухи мусбат нагирифт.

Ӯ зодаи деҳаи Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аст. Соли 2019 ҳамроҳи зану фарзандонаш аз Тоҷикистон берун шудааст.

Маълумот

Беш аз даҳ сол боз гурӯҳе аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба далели мухолифат бо режими ҳоким ва ё таъқибу азияти афзун дар кишвар, дар Аврупо паноҳанда шуданд. Кишварҳои аврупоӣ аризаи на ҳамаи онҳоро мепазиранд.

То кунун чанд мавриди ихроҷ ва дар Тоҷикистон зиндонӣ шудани баъзе аз паноҳҷӯён расонаӣ шудааст.

Бо вуҷуди ҳушдорҳо аз эҳтимоли шиканҷаву ҳабс шуданаш дар Тоҷикистон, мақомоти Олмон фаъоли мухолифон Дилмурод Эргашевро моҳи октябри соли 2024 аз хоки ин кишвари аврупоӣ берун карданд. Ба гузориши Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch), ӯ дар Душанбе аст ва дар ҳабси пешакӣ.

Мақомоти Олмон дар моҳи ноябри соли 2023 Билол Қурбоналиев, узви боздоштшудаи "Гурӯҳи 24"-ро ба Душанбе истирдод карданд. Қурбоналиев барои нақзи қоидаҳои иқомат дар Олмон дастгир шуда буд.

Мақомоти Олмон дар моҳи январи 2023 Абдуллоҳи Шамсиддин, писари яке аз фаъолони ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломиро ба Душанбе фиристоданд. Ба хабари Дидбони Ҳуқуқи Башар, ӯ ба ҳафт сол зиндон маҳкум шудааст.

Ҳизбулло Шовализода, як узви ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, соли 2020 аз Австрия ба Тоҷикистон истирдод ва ба 20 сол зиндон маҳкум шуд.

Сафари раҳбарони беш аз даҳ кишвар ба Украина

Андрей Ермак, роҳбари дастгоҳи президенти Украина (рост) рӯзи 24-уми феврал сарвазири Канада Ҷастин Трюдоро пешвоз гирифт. Киев, 24-уми феврали 2025
Андрей Ермак, роҳбари дастгоҳи президенти Украина (рост) рӯзи 24-уми феврал сарвазири Канада Ҷастин Трюдоро пешвоз гирифт. Киев, 24-уми феврали 2025

Сарвазири Канада Ҷастин Трюдо ва беш аз даҳ раҳбари аврупоӣ рӯзи 24-уми феврал ба нишони ҳамдилӣ бо Украина дар сеюмин солгарди шурӯи ҷанги Русия ба Киев рафтанд.

Урсула фон дер Лейен, раиси Кумисюни Аврупо, гуфт, "имрӯз дар Киев ҳастем, чун Украина Аврупо аст. Ин сарнавишти Аврупо аст."

Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, гуфт, "роҳбарони давлатҳо ҳузурӣ ва маҷозӣ соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии моро пуштибонӣ мекунанд. Ҳамаи мо медонем, ки ин ҷанги беасос ва ҷиноии Русия алайҳи Украина аст."

Дар ин рӯз дар пойтахти чанд кишвари аврупоӣ раҳпаймоиҳои мухолифони таҷовузи Русия ба хоки Украина барпо шуд.

Вишасти вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Аврупо дар Брюссел бо як дақиқа сукут ба ёди қурбониҳои ҷанг дар Украина оғоз ёфт.

Президент Владимир Зеленский нақши украиниҳоро дар муқовимат ба артиши русӣ чун "се соли қаҳрамонии комил" ситоиш кард.

Владимир Зеленский бо ҳамсараш дар "Майдони Истиқлол"-и Киев. 24-уми феврали 2025
Владимир Зеленский бо ҳамсараш дар "Майдони Истиқлол"-и Киев. 24-уми феврали 2025

Дар ҳамин ҳол, шаби 23 ба 24-уми феврал Русия бо 185 паҳподи “Шаҳид” Украинаро ҳадаф қарор дод. Мақомоти ҳарбии Украина гуфтанд, ки дар натиҷаи ин ҳамла дар вилоятҳои Днепропетровск, Одесса, Киев ва Хмелнитск биноҳои маъмурӣ ва истиқоматӣ осеб дидаанд.

"Истиқлол" аз Амрико. Изҳороти Мертс баъди пирӯзӣ дар Олмон

Фридрих Мертс
Фридрих Мертс

Фридрих Мертс, ки садри аъзами ояндаи Олмон меноманд, “истиқлол”-и амниятиро аз Амрико аз самтгириҳои ҳукумати нав донист.

Изҳороти ӯ рӯзи 23-юми феврал, баъд аз эълони пирӯзии Эътилофи марказу ростгарои демократҳои масеҳӣ ва муҳофизакор садо дод.

Мертс, ки дар гузашта ҷонибдори ашаддии НАТО буд, дар бораи ояндаи ин созмони низомӣ изҳори шубҳа кард. НАТО пас аз Ҷанги Дуюми Ҷаҳон такягоҳи ҳарбии Ғарб дониста мешуд.

“Барои ман тақвияти ҳарчи зудтар ва ҳадди имкони Аврупо дар авлавият аст, то қадам ба қадам ба истиқлол аз Иёлоти Муттаҳида даст ёбем,” – гуфт Фридрих Мертс.

Вай афзуд, дар робита бо он ки аз “Амрико чиро бояд интизор шуд”, барояш ҳама чиз маълум аст: “Баъд аз нашри изҳороти Доналд Трамп дар ҳафтаи гузашта, маълум аст, ки Амрико ба ояндаи Аврупо дар маҷмуъ бетафовут аст”.

“Мо дар охири моҳи июн бояд барои баргузории нишасти НАТО омода шавем ва барои ман ҷолиб аст, ки оё ҳанӯз ҳам дар бораи шакли имрӯзаи НАТО суҳбат мекунем ва ё дар фикри эҷоди ҳарчи зудтари тавонмандиҳои мустақилонаи дифоии Аврупо мешавем?” -- гуфт Мертс.

Эътилофи Мертс дар интихоботи рӯзи 23-юми феврал бо 28,5 дарсади овозҳо пешсаф шуд, вале ин ҳам барои таъсиси ҳукумат дар Олмон кофӣ нест.

Ҳамзамон дар бисёре аз гӯшаҳои Аврупо аз он изҳори қаноатмандӣ карданд, ки ҳизби ростгарои “Алтернатива барои Олмон” ё AfD ҳарчанд дар ҷойи дуюм қарор гирифт, ба ҳукумат роҳ намеёбад.

Ҳизби сотсиал-демократи садри аъзам Олаф Шолтс ва ҳизби Сабзҳо номзад барои эҷоди эътилоф бо Эътилофи марказу ростгарои демократҳои масеҳӣ ва муҳофизакор буда метавонанд.

Ҳизби Шолтс дар ин интихобот назар ба чор сол пеш 10 дарсад камтар овоз гирифтааст.

Аз ҳуҷуми Русия ба хоки Украина се сол гузашт

Киев, Украина. 17-уми январи 2024
Киев, Украина. 17-уми январи 2024

Ба ҳуҷуми Русия ба хоки Украина, ки рӯзи 24-уми феврали соли 2022 сар шуда то ҳол идома дорад, се сол пур шуд.

Раисҷумҳури Украина рӯзи 24-уми феврали имсол дар паёме се соли гузаштаро "қаҳрамонии комили украиниҳо" номид.

Владимир Зеленский гуфт: "Ман бо Украина ифтихор мекунам. Ба ҳар касе, ки аз он ҳимояту пуштибонӣ мекунад, сипос мегӯям. Ва ба ҳар касе, ки барои Украина кор мекунад. Хотираи касоне, ки барои давлату халқи мо ҷони худро фидо кардаанд, поянда бошад."

Тибқи оморе, ки раисҷумҳури Украина гуфт, дар ин муддат камаш 46 ҳазор сарбози украинӣ кушта ва тақрибан 380 ҳазор тан захмӣ шуданд.

Мақомот ва расонаҳои ғарбӣ кушташудаҳо ва захмиёни Русияро дар се соли ҷанг беш аз 700 ҳазор нафар ҳисоб кардаанд.

Узбекистон ва Толибон аз Ҳайратон то Ҳирот роҳи оҳан месозанд

Мулло Абдулғанӣ Бародар, муовини раиси вазирони ҳукумати Толибон мегӯяд, ки бо Узбекистон дар мавриди барқарории хати оҳани Ҳайратон-Ҳирот ба созиш расидаанд.

Ин масъули ҳукумати Толибон, ки ба Узбекистон сафар карда буд, 23 феврал дар ин бора бо хабарнигорони афғон суҳбат кард.

Мулло Бародар гуфт, ки ба зудӣ ҳайати техникӣ аз Узбекистон барои омӯзишҳои фаннии ин хати оҳан ба Афғонистон сафар мекунад.

Ӯ афзуд, ки хароҷоти ин хати оҳанро Узбекистон пардохт мекунад ва даҳ рӯз пас аз такмили арзёбиҳо, кори амалӣ оғоз хоҳад шуд.

Дар ҳоли ҳозир интиқоли бору коло бо қатора аз Афғонистон ба Осиёи Миёна тариқи роҳи оҳани Ҳайратон-Мазори Шариф, анҷом мешавад.

Хати оҳани Ҳайратон-Мазори Шариф 75 километр дарозӣ дорад ва дар соли 2010 бо сармояи Бонки осиёии рушд такмил шуд.

Пас аз ним соли кушта шудан раҳбари "Ҳизбуллоҳ"-ро ба хок месупоранд

Акси Ҳасан Насруллоҳ, раҳбари кушташудаи “Ҳизбуллоҳ” дар Лубнон
Акси Ҳасан Насруллоҳ, раҳбари кушташудаи “Ҳизбуллоҳ” дар Лубнон

Дар Бейрут, пойтахти Лубнон рӯзи 23-юми феврал маросими ҷанозаи Ҳасан Насруллоҳ, раҳбари “Ҳизбуллоҳ” баргузор шуд.

Шохаи низомии “Ҳизбуллоҳ”-ро ИМА ва Иттиҳоди Аврупо террористӣ медонанд.

Ҳасан Насруллоҳ ним соли пеш дар ҳамлаи Исроил дар таҳхонаи як бинои баландошёна дар Бейрут кушта шуд.

Дар маросими ҷанозаи Ҳасан Насруллоҳ ҳазорон нафар ширкат кардаанд.

Али Дамуш, намояндаи “Ҳизбуллоҳ” гуфтааст, ки дар маросими ҷанозаи Ҳасан Насруллоҳ 800 намоянда аз 65 кишвар ҳузур доштанд.

Дар миёни ин афрод Муҳаммад Қолибоф, раиси порлумони Эрон ва Аббос Ароқчӣ, вазири корҳои хориҷии ин кишвар иштирок доштаанд.

Раҳбари “Ҳизбуллоҳ” рӯзи 24-уми сентябри соли 2024 дар ҳамлаи Исроил кушта шуда буд. Ӯ беш аз 30 сол раҳбари ин гурӯҳ буд, ки бо Исроил дар ҳоли ҷанг қарор дошт.

“Ҳизбуллоҳ” моҳи октябри соли 2023 эълон кард, ки бо ҳимоят аз ҲАМОС ба Исроил ҳамла мекунад. Ин гурӯҳ моҳҳо Исроилро мушакборон кард. Исроил ба хоки Лубнон барои нобудии “Ҳизбуллоҳ” ҳамла кард. Дар ин ҳамла садҳо нафар кушта шуд.

Интихоботи пешазмуҳлат дар Олмон чиро дигар мекунад?

Germany Elections
Germany Elections

Имрӯз, 23-юми феврал, дар Олмон интихоботи пешазмӯҳлати порлумонӣ баргузор мешавад.

Охири соли гузашта бундестаг, порлумони Олмон ба садри аъзами ин кишвар изҳори нобоварӣ кард. Ин боис шуд, ки иттиҳоди ду ҳизби порлумонӣ барои тасвиби буҷа ихтилоф пайдо карданд ва пош хурданд. Интихобот бояд моҳи сентябри соли 2025 баргузор мешуд, вале бо сабаби нобоварӣ ба Олаф Шолтс, садри аъзами Олмон он пеш аз муҳлат баргузор мешавад.

Дар ин интихобот ҳафт ҳизби бузург ва 22 ҳизбҳои хурд барои соҳиби курсӣ шудан дар порлумон мубориза мебаранд.

Бар асоси назарпурсиҳо, Ҳизби сотсиал-демократ дар ҷои аввал ва ҳизби “Алтернатива барои Олмон” дар ҷои дуюм аст.

Ҳизби “Алтернатива барои Олмон” зидди муҳоҷирон ва тарафдори Русия аст. Агар ин ҳизб бо як ҳизби дигари порлумони иттиҳод бандад, имкон дорад, ки сиёсати Олмонро дигар кунад.

Исроил аз раҳоии зиндониёни фаластинӣ худдорӣ кард

Бенямин Нетаняҳу, сарвазири Исроил
Бенямин Нетаняҳу, сарвазири Исроил

Исроил раҳоии 602 зиндонии фаластиниро, ки рӯзи шанбе бояд бар ивази озодии шаш гаравгони исроилӣ аз Ғазза раҳо мекард, ба таъхир гузошт.

Бенямин Нетаняҳу, сарвазири Исроил дар баёнияе гуфтааст, то кафолат дода нашавад, ки “гаравгонҳои дигар бе баргузории ҳамоиши таҳқиромез” озод мешаванд, зиндониёни фаластиниро озод намекунанд.

ҲАМОС, ки дар Иттиҳоди Аврупо ва Амрико созмони террористӣ шинохта мешавад, гаравгонҳоро зери садои мусиқии таблиғотӣ ва шиорҳои зидди мақомоти Исроил озод карда буд.

Дар баёнияи сарвазири Исроил гуфта шудааст, ки ин тасмим пас аз он гирифта шуд, ки ҲАМОС “бандҳои созишномаи отшабасро нақз кард, шарафи гаравгонҳоро паст зад ва онҳоро бо ҳадафи таблиғотӣ истифода бурд”.

Шаш гаравгоне, ки ҲАМОС рӯзи 22-юми феврал раҳо кард, аз охирин гаравгонҳои зинда буданд, ки дар марҳилаи аввали оташбас раҳоиашон дар назар гирифта шуда буд.

Намояндагони ҲАМОС Исроилро ба нақзи отшабас айбдор карданд, ки ба аҳдаш вафо накард ва рӯзи шанбе маҳбусонро ба наздиконашон насупурд.

Рӯзи 15-уми январ Исроил ва ҲАМОС бо кумаки кишварҳои миёнарав ба созиши оташбас расиданд. Раҳоии гаравгонҳои исроилӣ аз Ғазза ва озод сохтани зиндониёни фаластинӣ аз Исроил аз шартҳои ин созиш буд.

ҲАМОС рӯзи 7-уми октябри соли 2023 ба Ғазза ҳамла карда, 1200 нафарро кушт ва беш аз 200 нафарро гаравгон гирифт.

Исроил дар посух ба Ғазза ҳамла кард, ки беш аз 47 ҳазор нафар дар ҳамлаҳои ин кишвар кушта шуданд.

Бархе кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ Исроилро ба наслкушӣ айбдор карданд. Мақомоти ин кишвар наслкушии фаластиниҳоро рад карданд.

Ҳамос 6 гаравгони дигари исроилиро озод кард

Яке аз гаравгонони раҳошудаи исроилӣ
Яке аз гаравгонони раҳошудаи исроилӣ

Созмони ифротии Ҳамос, ки Амрикову Иттиҳоди Аврупо онро гурӯҳи террористӣ меноманд, 6 гаравгони дигари исроилиро раҳо кардааст.

Қарор аст, дар иваз 602 зиндонии фаластинӣ, аз ҷумла гунаҳкорон дар ҷиноят ва боздоштшудагон дар Навори Ғаззаро раҳо намояд. Гаравгонони раҳошуда аз шумораи гурӯҳи 33 нафарие ҳастанд, ки қарор буд, дар марҳилаи аввали табодул ва созиши оташбас дар Ғазза озод карда шаванд. Яке дигар аз гаравгонон бояд дертар раҳо шавад.

Исҳоқ Ҳерзог, раиси ҷумҳури Исроил, дар як баёнияе дар шабакаи иҷтимоии Х “озодии онҳо аз умқи дӯзах ва оғози дармону шифо дар канори оилаҳои дӯстдоштаашон”-ро табрик гуфт. Созиши оташбаси чандмарҳила рӯзи 19-уми январ ҳукми иҷро гирифт, вале музокира дар бораи марҳилаи дуввум ва муҳими он оғоз наёфтааст, ки ҳадафи он батамом поён додан ба ҷанг дар Ғазза аст.

Муноқиша байни Исроилу Ҳамос моҳи октябри соли 2023 сар зад ва баъди онки ҷангӯёни Ҳамос бо ҳамла ба маҳаллаҳои ҷанубии Исроил 1200 нафар бахсус ғайринизомиён кушта шуданд. Ҳамос ҳамчунин 251 исроилиро гаравгон гирифт.

Раҳмон хост, шароити хидмату зиндагии сарбозонро беҳтар кунанд

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз фармондеҳони нерӯҳои мусаллаҳ дигарбора хост, "дар ин замони ноором" ойинномаҳои ҳарбӣ, интизому тартибот ва волоияти қонунро дар тамоми ҷузъу томҳои низомӣ таъмин кунанд.

Ӯ рӯзи 22-уми феврал ҳангоми суханронӣ дар раҳпаймоии низомӣ ба муносибати 32-юмин солгарди таъсиси артиши Тоҷикистон гуфт, фармондеҳон ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ “вазифадоранд, ки бо дарназардошти вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳон, ба масъалаҳои омодабошии доимӣ, таъминоти ҷузъу томҳо бо техникаву таҷҳизоти муосири ҳарбӣ ва фароҳам овардани шароити боз ҳам беҳтари зиндагӣ ва хизмат барои ҳайати шахсӣ эътибори бештар диҳанд.”

Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон барои вуҷуди бадрафторӣ ва зӯргуӣ бо сарбозони навомада, худкушӣ дар байни онҳо ва таъмини номуносиби сарбозон пайваста танқид мешавад. Ҳамин моҳ Оҷонсии мубориза бо фасод гуфт, парвандаи 78 нафар мансабдорро барои тасарруфи беш аз 120 миллион сомонии вазорати дифо ба додгоҳ фиристодааст. Ба гуфтаи мақомот, ин пули зарурӣ барои либосу хӯроку нигоҳубини сарбозон ва амнияти кишвар бо мусоидати чанде аз масъулон дуздида шудааст.

Доналд Трамп генерали баландпояи Амрикоро аз мақомаш гирифт

Чарлз Браун
Чарлз Браун

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, рӯзи 21-уми феврал генерал Чарлз Браун, сардори Ситоди марказии нерӯҳои мусаллаҳ ва панҷ адмиралу генерали дигарро аз мақомҳояшон сабукдӯш кард.

Дар бораи аз мақомаш гирифтани Чарлз Браун, ки ӯро Ҷо Байден, раиси ҷумҳури собиқ соли 2023 таъйин кард, Доналд Трамп дар шабакаи иҷтимоии худаш Truth Social хабар дод. Генерали сиёҳпӯсти амрикоӣ, ки дуввумин генерали африқоитабор дар ин мақом буд, бояд то соли 2027 дар мақомаш мемонд.

Вазорати дифои Амрико дар як баёнияи расмӣ гуфт, ки Доналд Трамп, генерал Дан Разин Кейнро ба мақоми сардори Ситоди марказии нерӯҳои мусаллаҳи Амрико пешбарӣ хоҳад кард. Дан Кейн, ки халабони собиқи ҳавопаймоҳои ҷангии F-16 аст, дар Хадамоти Ҷосусии Амрико низ кор кардааст.

Барканории генералу адмиралҳои амрикоӣ бахше аз барномаи вазири дифои нав Пит Ҳегсет аст, ки гуфтааст, артиши Амрикоро аз барномаи махсуси ҷалби аққалиятҳо ва гурӯҳҳое, ки дар гузашта зери табъиз будаанд, пок мекунад.

Занони футболбози тоҷик ба Саудӣ рафтанд

Дастаи мунтахаби занонаи футболи Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026, барои ҷамъомади таълимиву тамринӣ 21-уми феврал ба Арабистони Саудӣ рафт.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар доираи ин ҷамъомад тими миллии занонаи кишвар дар шаҳри Ҷидда бо дастаи мунтахаби Арабистони Саудӣ ду бозии дӯстона анҷом медиҳад.

Ин бозиҳо дар рӯзҳои FIFA (Федератсияи байнулмилалии футбол) – 23-юм ва 26-уми феврал дар варзишгоҳи «Кинг Абдуллоҳ Спортс Сити» баргузор шуда, соати 19:30 бо вақти маҳаллӣ (соати 21:30 бо вақти Душанбе) оғоз меёбанд.

Бояд зикр намуд, дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026, ки аз 23-юми июн то 5-уми июли имсол баргузор мешавад, иштирок мекунад. Рақибони мунтахаби Тоҷикистон дар даври интихобӣ рӯзи 27-уми март дар қуръакашӣ маълум хоҳанд шуд.

Марги 95 ҳазор низомии Русия дар ҷанги Украина тасдиқ шудааст

Яке аз мазорҳо сарбозони Русия. Акс аз бойгонӣ
Яке аз мазорҳо сарбозони Русия. Акс аз бойгонӣ

Баъди ҳамла ба Украина, 95 ҳазор низомии Русия дар ҷанг кушта шудаанд. Номи онҳоро бахши русии "Би-би-си", "Медиазона" ва гуруҳи ихтиёриён бо истифода аз маълумотҳои боз аниқ кардаанд.

Ба ҳисоби онҳо, 16 ҳазору 171 нафар аз кушташудаҳо маҳбусон буданд. Теъдоди зиндониёни кушташуда дар ҷанг метавонад аз ин бештар бошад, чун хабарнигорон танҳо он маҳбусони кушташударо ба ҳисоб гирифтанд, ки ҳукмашон аз манобеи боз дастрас шудааст.

Дар пажӯҳиш гуфта мешавад, "маҳкумшудагон то сеяки талафоти артиши Русияро дар се соли ҷанг ташкил медиҳанд."

Ба ҳисоби хабарнигорон, зиёда аз нисфи қурбониён аз тарафи Русия то замони ҳамла ба Украина ба артиш ягон робита надоштанд. Онҳо баъди ҳамла ба Украина бо Вазорати дифои Русия шартнома бастанд. Рӯзноманигорон аниқ кардаанд, ки баъд аз октябри соли 2023, талафот дар миёни ихтиёриён зиёд шудааст.

Андрей Белоусов, вазири дифои Русия моҳи декабри соли гузашта тасдиқ карда буд, ки аз оғози соли 2024, зиёда аз 400 ҳазор нафар бо ин ниҳод шартнома бастанд.

Охирин рақами расмии Вазорати дифои Русия, ки моҳи сентябри соли 2022 интишор карда буд, гуфта мешавад, ки шумори кушташудагон 5937 нафар будааст.

Русия дар моҳи феврали соли 2022 ҳамлаи беасосро ба Украина оғоз кард. Даргирӣ то ҳол идома дорад.

Баҳси бӯсидани духтари футболбоз бо ҷазо тамом шуд

Додгоҳе дар Испания ҳукми Луис Рубиалес, собиқ президенти Федератсияи футболи ин кишварро эълон кард, ки барои бӯсидани як духтари футболбоз ба озори ҷинсӣ муттаҳам шуда буд. Додгоҳ роҳбари пешини идораи футболи Испанияро 10 ҳазор евро ҷарима кард.

Ба гузориши The Guardian, Луис Рубиалес ҳаққи тамос ва ҳамчунин наздик шудан ба футболбоз Ҷенни Эрмосоро надорад.

Пештар додситонӣ барои Луис Рубиалес аз 2 то 2,5 соли зиндон талаб карда буд.

Қазияи мазкур ду сол пеш ва баъди ғалабаи тими мунтахаби футболи духтаронаи Испания дар Қаҳрамонии ҷаҳон сар зад. Он вақт Луис Рубиалес баъди пирӯзии дастаи духтарона, дар маҳзари ом Ҷенни Эрмосоро бӯсид. Ин кор вокунишҳои зиёдро дар бораи озори ҷинсӣ дар варзиш ба миён овард.

Худи Рубиалес иттиҳоми озори ҷинсиро рад кард. Эрмоси 33-сола баъди ин кор дар Инстаграм навишт, амали президенти Федератсияи футбол ба ӯ писанд наомад.

Амрико барои дидори Трамп ва Путин шарт гузоштааст

Марко Рубио
Марко Рубио

Вазири корҳои хориҷии Амрико мегӯяд, дидори эҳтимолии Доналд Трамп бо Владимир Путин, аз пешравии музокирот дар бораи қатъи ҷанг дар Украина вобаста аст.

Марко Рубио 20-уми феврал гуфт, дар дидори ахираш бо Сергей Лавров дар Арабистони Саудӣ таъкид кардааст, ки вохӯрии Трамп ва Путин "то даме, ки надонем дар бораи чӣ суҳбат мешавад," баргузор нахоҳад шуд.

Рӯзи 18-уми феврал намояндагони Амрико ва Русия дар Арабистон тавофуқ карданд, ки барои гуфтугӯ дар бораи поёни ҷанг дар Украина гуруҳҳои корӣ ташкил мекунанд. Ҳам Трамп ва ҳам Путин аз тамоюлашон барои вохӯрӣ хабар доданд.

Марко Рубио дар мусоҳиба бо рӯзноманигори амрикоӣ Кэтрин Херриҷ, ки мустақиман аз шабакаи X пахш шуд, чунин гуфт: "фикр мекунам, ки замони баргузории ин мулоқот аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста хоҳад буд, ки оё мо метавонем дар хатми ҷанг дар Украина ба пешрафт ноил мешавем ё не. Агар мо ин корро карда тавонем, дар ин вохӯрӣ созишнома имзо мешавад ва ба назари ман ҳама бояд инро ҷашн гиранд, ки Трамп сулҳҷӯ аст."

Доналд Трамп борҳо гуфтааст, мехоҳад ба ҷанг дар Украина ҳарчӣ зудтар поён диҳад, аммо шеваи пешгирифтаи ӯ нигаронии Киев кишварҳои Аврупоро ба миён овардааст. Украина ва аврупоиҳо аз он тарс доранд, ки Вашингтон бидуни дар назар гирифтани манофеи онҳо бо Русия созиш мекунад.

Дидори Зеленский бо фиристодаи Трамп дар Киев

Владимир Зеленский бо Кит Келлог
Владимир Зеленский бо Кит Келлог

Фиристодаи махсуси президент Доналд Трамп дар масъалаи Русия ва Украина, бо Владимир Зеленский дар Киев вохӯрдааст. Вале ба гузориши "Ройтерс", нишасти хабарие, ки қарор буд баъд аз дидори Кит Келлог бо президенти Украина баргузор шавад, бекор шудааст.

Президенти Зеленский гуфтааст, дар гуфтугӯ бо намояндаи Трамп, вазъият дар ҷабҳа, бозгардонии ҳама асирони украинӣ ва кафолати амниятӣ барои Укринаро баррасӣ кардааст.

"Ҳақиқати Аврупо" навиштааст, Зеленский ба Кит Келлог гуфтааст, Киев омода аст, ки "дар бораи сармоягузорӣ ва амният" бо раиси ҷумҳури Амрико созишномаи таъсиргузор имзо кунад.

Ба гузориши расонаҳои хабарӣ, маъмурияти Доналд Трамп пештар ба Украина пешниҳод карда буд, ки 50 дарсади захираҳои табии худро дар ихтиёри Вашингтон қарор диҳад. Вале Зеленский аз имзои ин санад даст кашидааст.

Майк Уолтс, мушовири амнияти миллии Кохи Сафед аз Украина даъват кардааст, ки танқид аз Амрикоро камтар карда ба ташаббуси Амрико барои ироаи маъданҳо розӣ шавад.

"Садои Амрико" гузориш додааст, ки Келлог дар рӯзи чаҳоршанбе баъди ворид шудан ба Киев гуфт, ҳадаф аз сафараш гӯш кардани мавқеи Украина аст.

Ҷей Ди Вэнс, муовини Доналд Трамп рӯзи панҷшанбе гуфт, ба назари ӯ, поёни ҷанг наздик аст. Дар айни замон Вэнс афзуд, бидуни музокира бо Русия қатъи ҷанг номумкин аст.

Қурби рубли Русия дар баробари сомонӣ "ҷон" гирифт

Давоми чанд рӯзи ахир қурби рубли дар бозори асъори Тоҷикистон боло рафт.

Субҳи имрӯз, 21 феврал, Бонки миллии Тоҷикистон нархи ҳазор рубли русиро 123 сомонӣ муқаррар кардааст. Ин дар ҳолест, ки рӯзи ҷумъаи ҳафта гузашта ҳазор рубл бо 119 сомонӣ иваз карда мешуд.

Поёну болоравии қурби рубл дар Тоҷикистон як мавзӯи муҳим аст, чун ҳазорҳо муҳоҷири тоҷик маблағи худро бо рубл ба ватан мефиристанд.

Беқурбшавии рубли русиро дар Тоҷикистон одатан дар навбати аввал муҳоҷирони корӣ ва оилаҳои онҳо ҳис мекунанд.

Сокинони Тоҷикистон дар моҳи март 15 рӯз истироҳат мекунанд

Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон мегӯяд, сокинони Тоҷикистон дар моҳи март 15 рӯз истироҳат хоҳанд кард.

Ба гуфтаи ин ниҳод, бинобар он, ки баъзе ҷашнҳо, аз ҷумла, "Рӯзи модар" ва ҷашни "Наврӯз" ба рӯзҳои ғайрикорӣ рост меоянд, шаҳрвандон дар баъзе аз рӯзҳои корӣ ҳам истироҳат мекунанд.

Бар асоси Қонун "Дар бораи рӯзҳои ид", агар ҷашни расмии давлатӣ ба рӯзи истироҳат, яъне шанбеву якшанбе рост ояд, пас рӯзи кории баъдӣ низ истироҳатӣ эълон мешавад.

Ба ин тартиб, "Рӯзи модар" ба рӯзи шанбе рост меояд ва сокинон рӯзҳои 8, 9 ва 10 март таътил хоҳанд дошт.

Ҳамчунин, рӯзҳои расмии истироҳат дар Наврӯз 21, 22, 23 ва 24 март мебошанд.

Азбаски 22-23 март ба шанбе ва якшанбе рост меоянд, рӯзҳои 25 ва 26 март низ истироҳат хоҳад буд.

Нигаронии сенаторон аз ҳарфҳои Трамп дар бораи Зеленский

Роҷер Викер, сенатор аз Ҳизби ҷумҳурихоҳ
Роҷер Викер, сенатор аз Ҳизби ҷумҳурихоҳ

Чанд сенатори шинохтаи Ҳизби Ҷумҳурихоҳ аз ҳарфҳои ахири Доналд Трамп дар бораи президенти Украина Владимир Зеленский норозигӣ кардаанд. Трамп дар рӯзҳои ахир аз Зеленский интиқоди сахт кард ва ӯро "диктатори бе интихобот" хонд.

Баъзе сенаторони ҷумҳурихоҳ бо нигаронӣ гуфтаанд, сиёсати пешгирифтаи маъмурияти Трамп метавонад мавқеи Владимир Путинро мустаҳкам кунад.

Чанд тан аз қонунгузорон рӯзи 19-уми феврал изҳор доштанд, ки Украинаро қурбонии таҷовузи Русия меҳисобанд.

Ҷон Кеннеди, сенатори ҷумҳурихоҳ аз Луизиана гуфт, Владимир Путин ҷангро оғоз кард. "Ман бо назардошти таҷрибаи талх чунин меҳисобам, ки Владимир Путин гангстер (узви дастаи роҳзанон) аст... Вай мисли Сталин ба хун ҳавас дорад."

Роҷер Викер, сенатори дигари ҷумҳурихоҳ аз Миссисипи ҳам бо пуштибонӣ аз ҳарфҳои Кеннедӣ гуфтааст, музокирот барои қатъи таҷовузи Русия ба Украина, бояд бо ҳузури украиниҳо ва бо назардошти манфиатҳои Аврупо анҷом шавад.

"Путин ҷинояткори ҷангӣ аст ва бояд умри боқимондаашро дар маҳбас гузаронад, агар ба қатл расонда нашавад,"-гуфтааст ин сенатори амрикоӣ.

Баҳси лафзӣ миёни Доналд Трамп, президенти ИМА ва Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина ғайриинтизор тундтар шудааст. Рӯзи 19-уми феврал Трамп гуфт, Зеленский бояд барои расидан ба сулҳ талош кунад, то кишварашро пурра аз даст надиҳад. Зеленский гуфт, Трамп таҳти таъсири дуруғпароканӣ мондааст.

навшуда

"Ҳамос" ҷасади чор гаравгон, аз ҷумла ду кӯдакро ба Исроил дод

Гуруҳи фаластинии "Ҳамос", ки дар Амрико ва Иттиҳоди Аврупо созмони террористӣ шинохта шудааст, рӯзи 20-уми феврал ҷасади чор гаравгони ҳалокшудаи исроилиро ба Салиби Сурх супорид.

Ду нафари онҳо Ариэл Бибаси чорсола ва бародари нуҳмоҳаи ӯ Кфир буданд. "Ҳамос" пайкари модари ин кӯдакон Шири ва як асири калонсол Одед Лифшитсаро ҳам ба Салиби Сурх дод. Ҳамаи онҳо 7-уми октябри соли 2023 ва дар ҷараёни ҳамлаи "Ҳамос" ба Исроил асир шуданд.

Ярден Бибас, падари кӯдакони ҳалокшуда пештар аз сӯи "Ҳамос" озод шуда буд. Ӯро аз зану фарзандаш ҷудо нигоҳ медоштанд.

Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил ин рӯзро барои кишвараш рӯзи вазнин хонд.

"Ҳамос" пайкари асиронро ба Салиби Сурх супорид
"Ҳамос" пайкари асиронро ба Салиби Сурх супорид

Гуруҳи "Ҳамос" ҳанӯз моҳи ноябри соли 2023 эълон карда буд, ки кӯдакон ва модари онҳо дар ҳамлаи ҳавоии артиши Исроил ба Навори Ғазза кушта шудаанд. Дар вақти интиқоли ҷасадҳо, намояндагони "Ҳамос" бори дигар Исроилро сабабгори ҳалок шудани гаравгонҳо гуфтанд. Мақомоти Исроил то рӯзҳои ахир марги ин гаравгонҳоро тасдиқ намекарданд. Дар бораи чигуна ҳалок шудани ин чор гаравгони исроилӣ иттилои аниқ ва бетараф дар даст нест. Ярден Бибас ва хешовандонаш гуфтанд, талош мекунанд, ки қазия таҳқиқ шавад.

"Ҳамос" рӯзи 7-уми октябри соли 2023 дар ҳамлае ба Исроил беш аз 1200 касро кушт ва зиёда аз 200 нафарро ба гарав гирифт.

Дар ҳамлаҳои Исроил ҳудуди 47 ҳазор фаластинӣ кушта ва даҳҳо ҳазори дигар захмӣ шуданд.

Ҷанги ду тараф понздаҳ моҳ давом кард ва моҳи январи имсол оташбас барқарор шуд.

Telegraph: Кишварҳои Аврупо нақша доранд ба Украина 30 ҳазор низомӣ фиристоданд

Кир Стармер, нахуствазири Бритониё ва президенти Фаронса Эммануэл Макрон
Кир Стармер, нахуствазири Бритониё ва президенти Фаронса Эммануэл Макрон

Нахуствазири Бритониё ҳафтаи оянда бо Доналд Трамп вохӯрда, нақшаи фиристодани қариб 30 ҳазор низомиро аз кишварҳои аврупоӣ ба Украина муаррифӣ мекунад. Дар ин бора нашрияи  The Telegraph бо такя ба манобеаш хабар додааст.

Ба асоси нақшаи Бритониё, неруҳо баъди бастани созиши сулҳ бо Русия ва барои назорати сулҳ дар Украина мустақар мешаванд.

Дар назар аст, ки Кир Стармер, нахуствазири Бритониён ҳафтаи оянда барои дидор бо раиси ҷумҳури Амрико Доналд Трамп ба Вашингтон равад. Стармер қаблан гуфта буд, Бритониё омода аст, ки неруҳои худро ба ҳайси сулҳбон ба Украина фиристад. То ҳол ягон кишвари дигари аврупоӣ барои фиристодани низомиёни худ ба Украина эълони омодагӣ накардаанд.

Ба гузориши The Telegraph, бахши асосии нақшаи Бритониё дастгирӣ аз тарафи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аст. Манбаъ менависад, Фаронса ҳам аз нақшаи Бритониён ҳимоят мекунад. Доналд Трамп ва маъмурияташ борҳо гуфтаанд, ки Аврупо бояд кафолати амнияти Украинаро ба уҳда гирад.

Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина ҳафтаи гузашта гуфт, Киев мехоҳад, барои поён додан ба ҷанги Русия дар Украина ҳаракат кунад, вале афзуд, ки “мо кафолатҳои воқеии амниятӣ мехоҳем.”

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG