Дар чанд ҷумла
Раҳбари Толибон дар бораи "ҳуқуқи занон" фармон содир кард
Мулло Ҳайбатуллоҳ Охунзода, раҳбари Толибон, рӯзи 3-юми декабр дар фармоне ба риояи баъзе аз ҳуқуқи занон дар чаҳорчӯби шариати исломӣ таъкид кардааст. Аммо дар фармони иборат аз шаш банд дар бораи ҳуқуқи кор ва таҳсили духтарону занон ҳеч чиз гуфта нашудааст, дар ҳоле ки ин мавзуъҳо аз масоили мавриди нигаронии созмонҳои ҳомии ҳуқуқ дар Ғарб аст
Дар моддаи аввали фармон омадааст, ки ризояти духтарон ҳангоми никоҳ зарур аст, дар сурате ки ба гуфтаи раҳбари Толибон, хатари фитна ва фасод дар он набошад. Аммо дар бораи синни издивоҷ дар дастури раҳбари Толибон чизе гуфта нашудааст.
Дар моддаи дувуми фармон гуфта шудааст, ки зан мол нест, балки инсони озод ва асил аст ва ҳеч касе онро дар бадали сулҳ ё оштии хонаводаҳо дода наметавонад. Дар баъзе минтақаҳои қабиланишини Афғонистон аз гузашта одате роиҷ аст, ки духтарон дар ивази сулҳ миёни ду хонавода ё қабила дода мешаванд ва мавриди бадрафторӣ ва шиканҷа қарор мегиранд.
Дар моддаи севуми фармони Мулло Ҳайбатуллоҳ омадааст, ки баъд аз вафоти шавҳар, зани беваро на бародари шавҳар ба зӯр ба никоҳ гирифта метавонад ва на каси дигар ва зан бо ихтиёри худ метавонад шавҳар кунад.
Дар ин фармон дар бораи нигаронии асосии занони афғон, ки ҳаққи таҳсил ва кор аст, чизе гуфта нашудааст.
Баъди ба дасти Толибон гузаштани Кобул дар рӯзи 15-уми августи имсол, духтарони аз синфи шаш боло дар бисёре аз вилоятҳо ва аксари кормандони зан дар идораҳои давлатӣ аз ҳаққи кор ва омӯзиш маҳрум шуданд.
Кишварҳои ғарбӣ, Созмони Милал ва гуруҳҳои мудофеъ аз ҳуқуқи башар пас аз ба қудрат расидани Толибон аз нақзи ҳуқуқи инсон нигаронии амиқи худро баён карданд. Онҳо ба Толибон фишор меоранд, ки як ҳукумати ҳамашумул ё фарогир ташкил намуда, ҳуқуқи ҳамаи афғонҳо, аз ҷумла ақаллиятҳо ва занонро риоят кунанд.
Ҳуқуқи занон дар даврони ҳокимияти аввали Толибон бар Афғонистон дар солҳои 1996-2001 шадидан маҳдуд шуда буд. Ҳоло Толибон мегӯянд, ки онҳо назар ба гузашта тағйир кардаанд. Вале, бо ин вуҷуд, ҳукумати Толибон танҳо аз сӯи мардон идора мешавад ва занон аз ҳаққи кор ва таҳсил маҳрум ҳастанд.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Марги Меҳроҷиддин Акбарови 27-сола аз дуди ангишт дар Ховалинг
Бар асари заҳролудшавӣ дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон Меҳроҷиддин Акбарови 27-сола фавтида, як нафари дигар осеб дидааст.
Ҳодиса шаби 5-уми январ дар корхонаи истихроҷи тилои “Нахш” иттифоқ уфтод.
Як манбаъ дар Идораи милиса дар ноҳияи Ховалинг рӯзи 9-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, “ҳарду шабона дар бухорӣ ангишт сӯхтаанд. Зоҳиран дуди сабаби фоҷиа гаштааст.”
Меҳроҷиддин Акбаров, зодаи ҷамоати Саричашмаи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин аст. Хонаводааш дар деҳаи Шоҳамбарии шаҳри Ҳисор зиндагӣ мекунанд.
Ба гуфтаи манбаъ, баъди огоҳӣ ҳарду заҳролудшударо ба бемористони ноҳияи Ховалинг бурданд, аммо Меҳроҷиддинро наҷот дода натавонистанд. Ҷасади ӯ баъди ташхис барои дафн ба зодгоҳаш фиристода шудааст.
Дар шифохонаи ноҳияи Ховалинг дар суҳбати кӯтоҳ гуфтанд, ки шахси дувуми заҳролудшуда аз бемористон рухсат шуд.
Дар ҷамоати Шугнови ноҳияи Ховалинг яке аз конҳои бузурги тило дар Тоҷикистон ҷойгир аст. Сокинон аз минтақаҳои гуногун барои кор ба ин инҷо меоянд.
Соле нест, ки хабари марги сокинон дар минтақаи тилохез расонаӣ нашавад. Бо вуҷуди ин, садҳо сокини Ховалинг ва гӯшаҳои дигари вилояти Хатлон ҷони худро дар хатар монда, тило меҷуянд ва бо кори хатарноку сангин, аммо пурдаромад аробаи зиндагиашонро мечархонанд.
Лос-Анҷелес: Хонаи чанд ситораи Ҳоллувуд ба коми оташ рафт
Сӯхтор дар як маҳаллаи сарватмандон дар шаҳри Лос-Анҷелес чанд ситораи ҳунару телевизиони Амрикоро аз хонаҳояшон маҳрум кард.
Хабаргузории "Рейтерс" навишт, ки дар сӯхтори рӯзҳои охир ҳунарпешаи маъруф Билли Кристал хонаашро дар маҳаллаи Пасифик Палисайдз аз даст дод. Ӯ дар ин манзил аз соли 1979 мезист.
Перис Ҳилтон, чеҳраи маъруфи телевизионӣ, саҳнаҳои сӯхтани хонаашро дар соҳилҳои шаҳри Малибуи Калифорния ба таври зинда аз телевизион дид.
Ҷеми Ли Кӯртис, Ҷеймс Вуд, Менди Мур, Марк Ҳамилл ва Мариа Шрайвер аз шахсиятҳои дигари ҷабрдида номбар мешаванд. Ҳамаи онҳо дар минтақаҳои сарватмандони шаҳри Лос-Анҷелес хонаҳои боҳашамат доштанд.
Ҳунарпеша Лейтон Мистер ва ҳамсараш Адам Броди дар сӯхторҳои охир аз хонаашон бо нархи 6,5 миллион доллар маҳрум шуданд.
Билли Кристал ва ҳамсараш Ҷеннис, баъд аз зиндагии 46-сола манзилашонро аз даст доданд. Онҳо гуфтанд, дар ин хона фарзандону наберагонашон ба воя расидаанд.
"Сӯхтор дилшикаста кард, вале инро бо муҳаббат ба фарзандон ва дӯстонамон пушти сар мекунем”, -- гуфтанд онҳо.
Перис Ҳилтон, як ситораи барномаҳои зиндаи телевизионӣ, гуфт, “дидани саҳнаи аз даст рафтани хонаам як ҳолати бештар аз дилшикастагӣ дошт”.
Ӯ дар шабакаи "Х" навишт: “Мо дар хона бо оила нишаста хабарҳоро тамошо мекардем. Дидем, ки хонаи мо дар Малибу дар як пахши зиндаи телевизионӣ ба хок яксон шуд. Худо накунад, ки чунин ҳолате ба сари касе биёяд”.
Шрайвер, ки ҳамсари пешини волии Калифорния ва ситораи кино Арнолд Шварсенеггер аст, дар бораи сӯхтори хонааш гуфт: “Ҳама чиз аз даст рафт. Маҳаллаи мову тарабхонаҳои мо”.
Ӯ навишт: “Сӯхторнишонҳо тамоми талошро ба харҷ доданд, вале оташ чунон сартосарӣ буд, ки ғайри қобили назорат гардид”.
Ҳунарпеша Вудс, ки саҳнаи фоҷеаро дар як мусоҳибааш тасвир мекард, беихтиёр гирист. Вай нақл кард, ки вақте маҷбур шуданд хонаро тарк кунанд, ҷияни хурдсолаш қуттии пулҷамъкуниашро ҳам ҳамроҳи худ баровард ва гуфт, бо ин пул “хонаи нав месозанд”.
Хонаи ситораҳои ҳунари Амрико, ки дар маҳаллаи Пасифик Палисейдс ба коми оташ рафтаанд, ҳар якаш ба ҳисоби миёна 4,5 миллион доллар нарх доранд.
Cӯхтори мудҳише (бо сабаби табиӣ) дар Калифорния рӯзи 7-уми январ сар зад. Ба камиаш сӣ ҳазор кас аз зери дуди азиме, ки як қисми зиёди шаҳрро печонда буд, ба ҷойи амн кӯчонда шуданд.
Эълони сана ва шаҳрҳои баргузории Ҷоми Осиё 2027 дар Саудӣ
Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) эълон кардааст, ки қисми ниҳоии Ҷоми Осиё дар Арабистони Саудӣ аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли 2027 баргузор шуда, дар мусобиқот 24 дастаи мунтахаб иштирок мекунад.
Мусобиқот дар ҳашт варзишгоҳи се шаҳри Арабистони Сауди — Риёз, Ҷидда ва Хубар доир мегардад. Қарор дар бораи сана ва макони баргузории мусобиқот дар ҷаласаи кумитаи иҷроияи AFC тасдиқ шудааст.
Ёдовар мешавем, аз Осиёи Марказӣ тимҳои миллии Қирғизистон ва Узбекистон мустақиман ба Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфтанд, зеро онҳо ба ҳаққи ширкат дар марҳилаи сеюми интихобии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 мушарраф шуданд.
Аз рӯи натоиҷи мусобиқоти интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи “G” мақоми сеюмро касб кард ва натавонист муборизаро барои роҳхат ба Ҷоми ҷаҳонии футбол идома диҳад.
Ҳамакнун дастаи мунтахаби Тоҷикистон бар асоси қуръакашии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи “А” бо тимҳои миллии Филиппин, Молдив ва Тимори Шарқӣ бозӣ мекунад.
Дар натиҷаи қуръакашӣ тимҳои миллӣ ба шаш гурӯҳи иборат аз чордастаӣ тақсим шуданд. Ҳар як даста дар гурӯҳ шаш бозӣ – се рақобат дар майдони худ ва се бозӣ дар меҳмонӣ - анҷом медиҳад.
Танҳо ғолибони гурӯҳҳо ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё, ки аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли 2027 дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад, роҳ меёбанд.
Натоиҷи қуръакашии мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2027:
Гурӯҳи «А»: Тоҷикистон, Филиппин, Молдив, Тимори Шарқӣ.
Гурӯҳи «В»: Лубнон, Яман, Бутан, Бруней.
Гурӯҳи «С»: Ҳиндустон, Ҳонконг, Сингапур, Бангладеш.
Гурӯҳи «D»: Тайланд, Туркманистон, Тайбейи Чин, Шри-Ланка.
Гурӯҳи «E»: Сурия, Афғонистон, Мянмар, Покистон.
Гурӯҳи «F»: Ветнам, Малайзия, Непал, Лаос.
Нахустин бозии дастаи мунтахаби Тоҷикистон 25-уми марти соли равон дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо тими миллии Тимори Шарқӣ доир мегардад.
Тақвими бозиҳои мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи “А”:
Даври якум
25 марти 2025 (сешанбе)
Тоҷикистон – Тимори Шарқӣ
Молдив - Филиппин
Даври дуюм
10 июни 2025 (сешанбе)
Филиппин - Тоҷикистон
Тимори Шарқӣ - Молдив
Даври сеюм
9 октябри 2025 (панҷшанбе)
Тоҷикистон – Молдив
Тимори Шарқӣ - Филиппин
Даври чорум
14 октябри 2025 (сешанбе)
Молдив - Тоҷикистон
Филиппин – Тимори Шарқӣ
Даври панҷум
16 ноябри 2025 (сешанбе)
Тимори Шарқӣ - Тоҷикистон
Филиппин - Молдив
Даври шашум
31 марти 2026 (сешанбе)
Тоҷикистон – Филиппин
Молдив - Тимори Шарқӣ
Пеш аз оғози мусобиқоти интихобӣ, Transfermarkt ҳайати гаронарзиштарин футболбозони тимҳои миллии ширкаткунандаи марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027-ро муайян кард. Дар ин тими рамзӣ бозигарони се дастаи мунтахаб – Тоҷикистон, Сурия ва Тайланд бартарӣ доранд.
Дастаи Тоҷикистонро дарвозабон Рустам Ятимов (1,5 миллион евро), ҳимоятгар Зоир Ҷӯрабоев (700 ҳазор евро), нимҳимоятгарон Парвиз Умарбоев (500 ҳазор евро) ва «Эҳсони Панҷшанбе» (600 ҳазор евро), инчунин ҳамлагар Ҳамадонӣ Камолов (600 ҳазор евро) намояндагӣ карданд.
Чечилиа Соло баъди раҳоӣ аз зиндони Эрон ба Итолиё баргашт
Хабарнигори итолиёӣ Чечилиа Соло, ки тахминан се ҳафта аз ҷониби полиси Теҳрон боздошт шуда буд, озод гардида, ба шаҳри Рум баргашт. Соло дар зиндони Эвини Теҳрон нигаҳ дошта мешуд.
Хабарнигори 29-соларо дар фурудгоҳи Чампинои Рум дар баробари наздиконаш, инчунин, нахуствазири Итолиё Ҷорҷиа Мелонӣ, вазири корҳои хориҷӣ Антонио Таяни ва шаҳрдори Рум Роберто Гуалтйери пешвоз гирифтанд.
Мелонӣ хабарнигорро “як шахси ҷасур” номид ва ҷудогона бо ӯ суҳбати кӯтоҳ анҷом дод.
Чечилиа Соло рӯзи 19-уми декабри соли 2024 дар шаҳри Теҳрон боздошт шуд, вале полиси Эрон як ҳафта хабари боздошту шароити будубоши ӯро пинҳон дошт.
Нахуствазири Итолиё Ҷорҷиа Мелони барои кумак дар раҳоии Соло аз ҳамкоронаш дар сохторҳои дипломатӣ ва ҳифзи ҳуқуқ ташаккур кард.
Дар ҳоле ки сабаби дақиқи боздошти Соло гуфта нашуд, подкасти охирини нашркардааш аз Теҳрон рӯзи 17-уми декабр дар бораи мардсолорӣ дар ҷомеаи Эрон нақл мекард.
Се рӯз пеш аз ҳабси Соло як соҳибкори эронию швейтсарӣ Муҳаммад Обиддини дар шаҳри Милани Итолиё боздошт шуд. Амрико ӯро барои ширкати эҳтимолиаш дар ҳамлаи маргбори паҳпод болои пойгоҳи Урдун гумонбар медонад. Эрон боздошти Обиддинро “ғайриқонунӣ” номида, сафири Итолиёро дар Теҳрон аз эҳзор кард.
Амрико боздошти Солоро амали “интиқомҷӯёна” номид ва созмонҳои байнулмилалии Гузоришгарони бидуни марз ва Федератсияи байнулмилалии хабарнигорон онро “худсарӣ” ва “тамаъҷӯӣ” номиданд.
Дар Эрон бисёр мавридҳои боздошт ва ҳабси хабарнигорони дорои душаҳрвандӣ бо иттиҳомҳои сохта ва бо ҳадафи фишор ба кишварҳои ғарбӣ сурат мегирад.
Яке аз қазияҳои охирин қазияи Ризо Вализода, хабарнигори собиқи Радиои Фардо, бахши форсии Радиои Озодӣ аст. Ӯро моҳи декабр барои “ҳамкорӣ бо кишвари душман” ба 10 сол зиндон маҳкум карданд.
Вализода соли 2022 корро дар Радиои Фардо бас карда, дар оғози соли 2024 барои дидани хонаводааш ба Эрон рафт, вале боздошт шуд.
Манбаъҳои наздик ба Вализода бозгашти ӯро ба Эрон “як доми амниятӣ” номиданд. Онҳо гуфтанд, намояндагони амният пеш қаблан ба ӯ замонат дода буданд, ки бозгашташ ба Эрон бехатар хоҳад буд.
Эрон, ки дар Шохиси озодии матбуот соли 2024 дар ҷои 176-ум қарор гирифт, яке аз ноамнтарин маконҳои кор барои рӯзноманигорон дар ҷаҳон дониста мешавад.
Ҳукумати Арманистон барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо як қадам пеш гузошт
Ҳукумати Арманистон тарҳи қонунро дар бораи вуруди ин кишвар ба Иттиҳоди Аврупо қабул кард. Дар ин бора бахши армании Радиои Озодӣ рӯзи 9-уми январ хабар дод.
Арарат Мирзоян, вазири корҳои хориҷии Арманистон, ҳангоми муаррифии лоиҳа гуфт, Иттиҳоди Аврупо чанд дафъа аз демократия дар ин кишвар ҳимоят кардааст.
"Арманистон омода аст ба Иттиҳоди Аврупо то он дараҷае, ки имкон дорад, наздик шавад. Мо нишонаҳоеро мебинем ва ин наздикӣ имконпазир аст," -- афзуд Мирзоян.
Никол Пашинян, нахуствазири Арманистон, гуфт, қабули ин тарҳ маънои узвият дар Иттиҳоди Аврупоро надорад.
Ба гуфтаи Пашинян, бояд аввал харитаи роҳ бо Иттиҳоди Аврупо мувофиқа шуда, тибқи талаботи Қонуни асосӣ дар кишвар раъйпурсӣ гузаронда шавад.
Дар ҳамлаи Русия ба Херсон чор кас кушта шудааст
Дар ҳамлаи нави Русия ба вилояти Херсони Украина 4 кас кушта шуда, даҳҳо нафар захмӣ шуданд.
Александр Прокудин, волии Херсон, гуфт, ду бинои баландошёна ва чор манзили сокинон дар ин ҳамла зарар дид.
Нерӯҳои Русия шаби 8 ба 9-уми январ ба сӯи шаҳрҳои Украина 70 бесарнишин ё дрон партоб карданд.
Мақомоти Украина гуфтанд, 46 бесарнишинро дар фазо нобуд карданд.
Расонаҳои украинӣ хабар доданд, ки Владимир Раков, раққоси 29-сола рӯзи 6-уми январ дар ҷанг алайҳи неруҳои Русия кушта шудааст.
Намояндаи Трамп гуфт, ӯ қасди гузашт ба Русияро надорад
Кит Келлогг, номзад ба мақоми фиристодаи Амрико дар масъалаи Украина ва Русия гуфт, Доналд Трамп қасди гузашт кардан ба Русияро надорад, баръакс аз Украина пуштибонӣ хоҳад кард.
Келллогг рӯзи 7-уми январ дар суҳбат ба шабакаи Fox News гуфт, "Трамп кӯшиш мекунад, ки Украина ва соҳибихтиёрии онро наҷот диҳад ва боварӣ ҳосил кунад, ки ин одилона аст. Ӯ инро борҳо таъкид кардааст.”
Келллогг илова кард, ки Трамп метавонад дар ояндаи наздик роҳи хотима додан ба ҷанг дар Украинаро пешниҳод кунад. Намояндаи вижа бар ин назар аст, ки муҳлати пешниҳоди нақша метавонад то 100 рӯз бошад.
Худи Доналд Трамп 7-уми январ дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, майл дорад, ки гуфтугӯҳо бо Русия барои поён додан ба ҷанги Украина пас аз ворид шудани ӯ ба Кохи Сафед билофосила оғоз шавад.
Раисҷумҳури мунтахаби Амрико дар корзори интихоботии худ гуфта буд, ки метавонад давоми 24 соат ба ҷанги Украина поин диҳад. Ӯ дар нишасти хабарии рӯзи сешанбе изҳори умед кард, ки ин ҷанг то шаш моҳи оянда поён ёбад.
Эмомалӣ Раҳмон додситонҳои 8 шаҳру ноҳияро иваз кард
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, додситонҳои Хоруғу Конибодом, Турсунзода, Рашт, Фархор, Носири Хусрав, Балҷувон ва додситонҳои ҳарбии Суғду Бохтарро дигар кардааст. Ин тасмим рӯзи 9-уми январ эълон шуд.
Дар хабари расмӣ аз ягон кас ном бурда нашудааст.
Ба иттилои дарёфтӣ, Наврӯз Тоҳирзода додситони ҳарбии Суғд таъйин шудааст. Ӯ то ин вақт додситони ҳарбии Бохтар буд.
Аз оғози моҳи январ дар баъзе аз идораҳои давлатӣ ва ҳукуматҳои маҳаллӣ дар Тоҷикистон тағйирот ё ҷоивазкунии кадрҳо ҷараён дорад.
Бахтиёр Сафаров, сардори ширкати "Central Asia Consulting” дар Вашингтон, дар суҳбати пешинааш бо Радиои Озодӣ гуфта буд, "таъйиноти кадрие, ки солҳои дароз дар ҳукумати Тоҷикистон мушоҳида мекунем, бештар монанди намоишҳои театрӣ ҳастанд, на ислоҳоти воқеӣ."
"Тоҷик Эйр" ба самти Кӯлоб парвоз мекунад
Ширкати ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр" аз оғози парвозҳояш дар хатсайри Душанбе-Кӯлоб-Душанбе хабар дод.
Ин ширкат бо нашри як эълон дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуфт, парвозҳоро дар ин масир ҳафтае се маротиба - рӯзҳои сешанбе, панҷшанбе ва якшанбе, анҷом хоҳад дод.
Тибқи ин хабар, мусофирон метавонанд чиптаҳоро аз дафтари ин ширкат, воқеъ дар кӯчаи Мирзо Мастонгулови Душанбе, харидорӣ кунанд. Арзиши чипта аз як самт 300 сомонӣ муайян шудааст. Тибқи ин хабар, парвози нахуст аз Душанбе ба Кӯлоб рӯзи 15-уми январ сурат мегирад.
Феълан нархи роҳ бо автомашинаҳо аз пойтахт ба шаҳри Кӯлоб аз 70 то 100 сомонӣ гуфта мешавад. Баъзе аз сокинон дар шарҳи ин хабар аз гаронии нарх шикоят карда, хостори арзон кардани он шудаанд. Баъзе ҳам бо истиқбол аз ин иқдом, ба бехатарии он таъкид кардаанд.
Ҳавопаймоҳои "Тоҷик Эйр" аз соли 2019 ба ин тараф парвоз намекарданд. Моҳи сентябри соли гузашта масъулини ин ширкат аз роҳандозии нахустин парвоз дар масири Душанбе-Хоруғ хабар доданд.
Қазоқистон шумораи муҳоҷиронро кам мекунад
Қазоқистон, ки баъд аз Русия кишвари дувуми муҳоҷирпазир аз Тоҷикистон аст, квота барои муҳоҷирони меҳнатиро кам кардааст.
Ба иттилои хабаргузории Zakon.kz., Вазорати меҳнати Қазоқистон ҳаҷми квотаро 3 дарсад аз шумораи умумии қувваи кории ин кишвар муайян кардааст, ки ин ҳудуди 270 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Ин омор нисбат ба соли гузашта камтар будааст.
Квота барои ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ барои кор дар соли 2024 ҳамагӣ 271,3 ҳазор нафар муқаррар гардида буд. Дар назар аст, ки ин қарор аз 17-уми январи имсол амалӣ шавад.
Бо зиёд шудани фишору мушкилоти муҳоҷирони тоҷик дар Русия, шумори онҳое афзоиш ёфт, ки дар ҷустуҷӯйи кору даромад роҳи Қазоқистонро пеш гирифтанд. Ба гуфтаи огоҳони умур, зоҳиран ба ҳамин сабаб тафтиши муҳоҷирон дар ин кишвар сахттар шудааст.
Дар фурудгоҳҳои Қазоқистон чораҳои амниятиро тақвият додаанд ва хориҷиёнеро, ки ба ин кишвар мераванд, сахт тафтиш мекунанд.
Бино ба омори мақомот, шумори муҳоҷирони тоҷик дар ин кишвар тақрибан даҳуним ҳазор нафар аст. Тоҷикон дар Қазоқистон асосан дар бозор ва сохтмон кор мекунанд.
Як вакили рус аз муҳоҷирон хостааст, бо ӯ ба ҷанг раванд
Виталий Милонов, вакили Думаи давлатии Русия, аз муҳоҷирони боздоштшуда дар Санкт-Петербург хостааст, ки ба ҷанг дар Украина бираванд. Аз навори суҳбатҳояш бармеояд, ки посухи муносиб нагирифтааст. Ӯ наворро рӯзи 6-уми январ дар Телеграм гузошт.
"Онҳо намехоҳанд, ки ба майдони ҷанг бираванд. Ҳарчанд шикоят доранд, пул ва ҷойи зист надоранд," – гуфт вакили порлумони Русия.
Вай афзудааст, "мисол, ман омодаам, бо онҳо ба Горловка равем, ба шаҳри Дзержинский ҳамла кунем, аммо онҳо намехоҳанд."
Даҳҳо муҳоҷирро ҳангоми санҷиши хобгоҳ дар Санкт-Петербург дастгир карданд. Ин амалиёт бо дархости Виталий Милонов сурат гирифтааст.
Ӯ мегӯяд, сокинон аз ҳукумати маҳаллӣ хоста буданд, ки дари хобгоҳҳои муҳоҷиронро бибандад, аммо касе ба додашон нарасид.
Дар наворҳо дида мешавад, ки даҳҳо муҳоҷир дар сардӣ дар кӯча истодаанд. Виталий Милонов иддао кард, ки санади будубоши аксар муҳоҷирон мушкил дорад.
Ҳарчанд Русия ба нерӯи кории арзон ниёз дорад, дар моҳҳои охир сиёсати бадбинонаеро нисбат ба муҳоҷирон пеш гирифтааст.
Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, Русия шароити муҳоҷиронро беҳтар намекунад ва онҳоро фишору азият медиҳад. Солона ҳазорон муҳоҷир бо баҳонаҳои гуногун боздошт ва аз Русия ихроҷ мешаванд.
Ҳудуди як миллион тоҷикистонӣ дар Русия кору зиндагӣ мекунанд.
Боздошти ҳафт хориҷӣ, аз ҷумла ду амрикоӣ, дар Венесуэла
Дар Венесуэла ҳафт хориҷӣ, аз ҷумла ду амрикоӣ ва се украиниро бо гумони тарҳрезии таркишҳо ва суиқасд ба ҷони сиёсатмадорони ин кишвар дастгир кардаанд.
Ба навиштаи "El Universal", президенти Венесуэла Николас Мадуро мухолифонро ба омодагӣ ба ҳамла гунаҳкор кард.
Мадуро рӯзи 7-уми январ, се рӯз пеш аз маросими савгандёкунияш дар ин бора изҳорот дод.
Интихоботи президентӣ дар Венесуэла моҳи июли соли 2024 гузашт.
Мақомот Николас Мадуроро баранда эълон карданд. Мухолифон мегӯянд, ӯ рақобатро ба номзади ягонаи онҳо, Эдмундо Гонсалес, бохтааст.
Гонсалес дар Исапания паноҳандагии сиёсӣ гирифта, аммо дар оғози моҳи декабр гуфт, ки ба зудӣ дар пойтахти Венесуэла мешавад ва ҳамчун раисҷумҳур савганд ёд хоҳад кард.
Ба иттилои Николас Мадуро, дар моҳҳои ноябр ва декабри соли 2024 дар Венесуэла 125 "зархариди хориҷӣ" дастгир карда шудаанд, аммо тафсилот надод.
Эъдоми садҳо кас дар соли 2024 дар Эрон
Мақомоти Эрон дар соли 2024 дастикам 901 нафар, аз ҷумла беш аз сӣ занро эъдом кардаанд.
Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, ин омори баландтарин дар нуҳ соли охир дар Ҷумҳурии Исломист.
Комиссари олии ҳуқуқи башари СММ рӯзи 7-уми январ дар гузорише гуфт, танҳо дар як ҳафтаи охири моҳи декабр қатли тақрибан 40 кас сабт шуд.
Волкер Турк вазъро “бисёр ташвишовар” хонд ва афзуд, “замоне фаро расид, ки Эрон мавҷи ҳамеша афзояндаи қатлҳоро боздорад.”
Аз ин пеш Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) мақомоти Эронро танқид кард, ки аз ҳукми эъдом (қатл) ба унвони абзоре барои тарсондан ва саркӯби камшуморон ё ақаллияти қавмӣ, мухолифони сиёсӣ ва хориҷиҳо истифода мебарад.
Мулоқоти сарвазирони Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон
Сарвазирони Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон ниҳоӣ кардани масъалаи марз, ҳамлу нақл ва ҳамкориҳоро баррасӣ кардаанд.
Мулоқоти Қоҳир Расулзода, Одилбек Қосималиев ва Абдулло Орифов рӯзи 8-уми январ дар нуқтаи пайванди марзҳои давлатии се кишвар сурат гирифт. Ҷое, ки Суғди Тоҷикистон, Бодканди Қирғизистон ва Фарғонаи Узбекистонро бо ҳам мепайвандад.
Қирғизистон солҳо боз бо Тоҷикистон ва Узбекистон дар робита ба таъйину нишонагузории сарҳад баҳс дорад.
Бишкек ва Тошканд то кунун раванди таъйини марзи муштаракро анҷом додаанд.
Ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон рӯзи 4-уми декабри соли 2024 марзнигорӣ ё кашидани хати сарҳадро ба поён расонданд.
Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон, гуфт, ҳуҷҷатҳои марбут ба марзнигорӣ моҳи январ ба порлумон ворид ва он гоҳ ҷузъиёти созишнома маълум хоҳад шуд.
Сарвазирони Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон гуфтаанд, мулоқоти рӯзи чоршанбе "тақдири минтақаро барои даҳсолаҳои оянда муайян мекунад".
"30 ҳазор кас кӯчонда шуд". Сӯхтор дар маҳаллаи сарватмандони Лос Анҷелес
Сӯхтор дар як маҳаллаи сарватмандон дар Лос Анҷелес хонаҳоро вайрон карда, сабаби танбашавии зиёд дар роҳҳо гардид.
Ҳодиса рӯзи 7-уми январ рух дод.
Сӣ ҳазор кас аз зери дуди азиме, ки як қисми зиёди шаҳрро печонда буд, ба ҷойи амн кӯчонда шуданд.
Ба иттилои мақомот, қариб се ҳазор ҳектар майдони Пасифик Палисейдс, маҳалле дар байни Санта Моника ва Малибу оташ гирифт.
Питер, яке аз сокинон, гуфт, "фикр кардам, ки бояд ин ҷоро тарк кунам. Ҳар чизе, ки аз даст рафт, рафт. Дигар коре карда наметавонам."
Оташнишонҳо талош карданд, ки сӯхторро хомӯш кунанд. Ҳавопаймоҳо аз Уқёнуси Ором об оварданд.
Волии Калифорния аз сокинон хост, ки дастурҳоро дар бораи кӯчидан риоя кунанд ва ҳушдор дод, ки дар натиҷаи боди сахт мумкин аст сӯхтори бештар сар занад.
Бодҳои сахту хушки ғарбӣ аксаран дар фасли тирамоҳ сар мезананд, аммо ин ҳодиса дар Калифорнияи Ҷанубӣ ҳар фасли сол метавонад ба вуқуъ ояд.
Ҷойи нигаҳдории Гулнора Каримоваро дигар кардаанд
Гулнора Каримова, духтари президенти пешини Узбекистон Ислом Каримовро аз зиндони занонаи Зангиота ба колонияи сукунатӣ ё маҳбаси низомаш нармтар кӯчондаанд.
Бахши узбекии Радиои Озодӣ рӯзи 7-уми январ бо такя ба чанд манбааш дар ин бора хабар дод.
Қарор рӯзи 19-уми декабри соли 2024 бо дархости маъмурияти зиндон содир шудааст. Масъулони маҳбас гуфтаанд, ки Каримова сеяки давраи ҷазоро адо кард.
"Гулнора Каримова бо панҷ-шаш ҷомадон хушҳолона аз зиндон рафт. Ҳангоми хайрухуш маҳбусонеро, ки дар солҳои охир ба одамони наздикаш табдил шуда буданд, ба оғӯш гирифт," – гуфтааст яке аз маъмурони зиндон.
Дар Вазорати корҳои дохилӣ, раёсати зиндонҳо ва идораи Омбудсмени Узбекистон хабари ба колонияи сукунатӣ гузарондани Гулнора Каримоваро на тасдиқ ва на рад карданд.
Гулнора Каримова дар замони президентии падараш, Ислом Каримов, соҳиби мансабҳои баланди дипломатӣ шуда, сарвати зиёд ба даст овардааст. Ҳамчунин бо тахаллуси Гугуша овозхонӣ мекард ва ба тарроҳӣ машғул буд.
Соли 2013 ба зидди ӯ бо иттиҳоми ғорати пул ва саркашӣ аз пардохти молиёт (андоз) парванда кушода, дертар панҷ сол аз озодӣ маҳрум карданд.
Бори дувум, соли 2020, бо айби "ғорати маблағҳои буҷа ва бастани шартномаҳо бар зарари Узбекистон, инчунин, аз худ кардани амволи дигарон бо тамаъҷӯӣ" ӯро ба 13 солу 4 моҳи дигар маҳкум карданд.
Аз баҳори соли 2019 дар зиндони занонаи Зангиота буд.
Нурулло Алиев дар UFC бо размикори амрикоӣ рақобат мекунад
Нурулло Алиев, размикори тоҷик дар муҳорибаҳои омехта (ММА), дар мусобиқоти "UFC Vegas 101" шаби 12-уми январ дар шаҳри Лас-Вегаси ИМА муқобили Ҷо Солекии амрикоӣ рақобат мекунад.
Нурулло Алиеви 25-сола аввалин варзишгар аз Тоҷикистон аст, ки ба созмони UFC (Ultimate Fighting Championship) дохил шуд ва то ҳоло шикастнопазир мебошад. Ӯ дар 9 қувваозмоӣ дастболо шуда, дутоашро бо нокаут анҷом додааст. Қадаш 1,78 метр, вазнаш сабук (70 кг) аст.
Рақиби размикори тоҷик Ҷо Солекии 31-сола аз 18 рақобати худ дар 13-тоаш пирӯз шуда, 5-тоашро бохтааст. Қадаш 1,75 метр, вазнаш 70 кг мебошад.
Нурулло Алиев дар аввалин рақобаташ дар мусобиқоти "UFC Vegas 70" моҳи феврали соли 2023 дар шаҳри Лас-Вегаси иёлати Невадаи ИМА Рафаэл Алвеси бразилиро шикаст дода буд.
Дар раунди аввал Алвес ба довар шикоят кард, ки Алиев ангушташро газидааст. Нурулло бо кам кардани як имтиёз муҷозот шуд. Аммо ба ин нигоҳ накарда, размикори тоҷик дилпурона мубориза бурд, ӯ ҳам аз лиҳози ҷисмӣ пурқувват буд ва ҳам аз ҷиҳати маҳорат аз рақибаш камӣ надошт. Дар натиҷа Алиев ба Алвес бо тасмими доварон ғалаба кард (29-27, 29-27, 28-28).
Нурулло Алиев дар моҳи сентябри соли 2022 дар Лас-Вегас дар муҳорибаҳои омехта, дар доираи мусобиқаи интихобии Dana White's Contender Series барои бастани шартнома бо UFC ба рақиби амрикоиаш Ҷош Уик бо нокаути фаннӣ дар сонияҳои охирини раунди аввал ғолиб шуд. Қаблан размикори тоҷик дар мусобиқоти GFC ва AMC Fight Nights иштирок мекард.
Баъди муҳориба Нурулло Алиев ба Dana White's Contender Series – ташкилоте, ки ба ҷустуҷӯи размикорони боистеъдод барои бо UFC шартнома бастан машғул аст, гуфта буд, омода аст аллакай баъди як ҳафта дар мусобиқаи ин созмон иштирок намояд.
Алиев аз соли 2018 дар муҳорибаҳои размии омехта ширкат меварзад. Вай дар се қувваозмоии охирин дар вазни нимамиёна ҳунарнамоӣ мекард. Вале ӯ пеш аз рақобат дар силсилаи довталабони Dana White's Contender Series дар вазнкашӣ ба вазни сабук шомил шуд.
Нурулло Алиев барои чаҳор рақобат бо созмони UFC шартнома баст ва ваъда дод, ки баъди ду сол камарбанди қаҳрамониро хоҳад гирифт. "Ман дар назди худ мақсад гузоштаам, ки сарфи назар аз мушкилиҳо бояд ду сол пас қаҳрамони UFC шавам. Ё ҳадди ақал дар рӯйхати панҷ варзишгари беҳтарини ин ташкилот бошам, то ҳар замон UFC тавонад барои ман рақобати қаҳрамонӣ пешниҳод кунад", - гуфт Нурулло Алиев дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.
Нурулло Алиев, ки 16-уми октябри соли 1999 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст, устоди варзиши Тоҷикистон дар намудҳои гуштии озод ва самбои размӣ, инчунин устоди дараҷаи байналмилалӣ дар риштаи панкратион мебошад. Алиев дар мусобиқоти UFC бо лақаби Tajik Eagle (Уқоби тоҷик) маъруф аст.
Ҳоло дар UFC Тоҷикистонро чаҳор размикор намояндагӣ мекунанд, ки се нафарашон ба наздикӣ рақобатҳои худро баргузор менамоянд.
Рӯзи 18-уми январ Муин Ғафуров (19-6, UFC 1-2) қувваозмоии навбатии худро бо Риня Накамураи шикастнопазири ҷопонӣ (9-0, UFC 3-0) анҷом медиҳад. Он дар мусобиқоти UFC 311 баргузор мешавад.
Муҳаммад Наимов (UFC 3-1, 11-3) 1-уми феврал дар мусобиқоти UFC Fight Night 250 дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ бо намояндаи Австралия Каан Офли (UFC 0-1, 13-3-1) қувваозмоӣ мекунад. Танҳо Лоиқ Раҷабов то ҳол рақиби нав надорад.
Мавқеи размикорони тоҷик дар радабандии UFC чунин аст: Муҳаммад Наимов дар ҷойи 24-ум, Муин Ғафуров дар ҷойи 46-ум, Нурулло Алиев дар ҷойи 62-юм, Лоиқ Раҷабов дар ҷойи 69-ум.
Ҳабси як сокини 70-солаи Ҳамадонӣ бо гумони куштани ҳамсараш
Мирзошариф Раҳмонов, сокини ҳафтодсолаи ноҳияи Ҳамадониро, ки ба куштани ҳамсараш гумонзад аст, дар охири моҳи декабри 2024 аз бемористон ба боздоштгоҳ бурдаанд.
Ӯ дар миёнаи моҳи ноябр ҳамсараш Сарагул Ояҳмадоваро бо корд ба қатл расонда, талош кардааст, худро низ бикушад, аммо наҷот дода шуд. Тақрибан якуним моҳ дар бемористон муолиҷа гирифт.
"Пизишкон вайро ҷарроҳӣ карданд. То охири моҳи декабр зери назорат буд. Баъд аз сиҳат шудан ба Боздоштгоҳ интиқол доданд," – гуфт як манбаи огоҳ рӯзи 6-уми январ.
Ба зидди Мирзошариф Раҳмонов бо иттиҳоми одамкушӣ (банди 104-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон) парванда кушодаанд. Ба вай солҳои дарози зиндон таҳдид мекунад.
Як манбаъ дар Раёсати корҳои дохилии минтақаи Кӯлоб рӯзи 6-уми январ гуфт, Мирзошариф Раҳмонов пайваста бо ҳамсараш ҷанҷол мекард. "Шаби 16-уми ноябр ба хона маст омада, бо корд ӯро задааст," – гуфт мусоҳиби мо.
Мавқеи шахси гумонзад ва наздиконаш ба ҳодиса ва ҳабси ӯ маълум нест.
Ҳомиёни ҳуқуқ ин парвандаро як намунаи дигари хушунат ба занон дар Тоҷикистон номиданд.
Се кишвари Осиёи Миёна масъалаи марзро баррасӣ мекунанд
Қарор аст, имрӯз, 8-уми январ Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон, Одилбек Қосималиев, раиси Девони вазирони Қирғизистон ва Абдулло Орипов, сарвазири Узбекистон мулоқот намуда, масъалаҳои марзӣ байни се кишварро баррасӣ кунанд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Девони вазирони Қирғизистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, мулоқоти сеҷониба дар нуқтаи пайванди марзҳои давлатии Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон баргузор мегардад. Аммо мушаххас гуфта нашудааст, ки ин минтақа дар куҷо аст.
Гуфта мешавад, дар ин мулоқот созишномаҳое, ки қаблан байни президентҳои се кишвар дар робита ба масъалаҳои марзӣ мувофиқа шуда буданд, мавриди баррасӣ қарор мегиранд.
Ин мулоқот дар ҳоле сурат мегирад, ки Қирғизистон солҳост бо Тоҷикистон ва Узбекистон дар робита ба аломатгузории марз, баҳс дорад.
Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон ахиран дар як нишасти матбуотӣ гуфт, моҳи январ ҳуҷҷатҳои марбут ба аломатгузории сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон ба парлумони ин кишвар ворид мешавад ва он гоҳ ҷузъиёти созишномаи марзӣ бо Тоҷикистонро ошкор мекунанд.
Боздошти як гурӯҳи қочоқбарон дар Душанбе бо 127 кг маводи мухаддир
Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз боздошти як гурӯҳи қочоқбарони маводи мухаддир, хабар дод.
Бино ба наворе, ки Телеграм канали ин ниҳод пахш кардааст, аз дастгиршудагон ба миқдори 127 килограмм воситаҳои гуногуни нашъадор дарёфту мусодира карда шуд.
Ҳамаи ин панҷ нафар шаҳрвандони Тоҷикистон буда, ба гуфтаи мақомот Шамсулло Ҳукуматов, марди 50-солаи сокини пойтахт, гурӯҳро роҳбарӣ мекардааст.
Ӯ дар суҳбат бо мақомот иқрор мешавад, ки маводи мухаддирро аз Афғонистон барояш интиқол додаанд. Ба гуфтаи мақомот, Шамсулло Ҳукуматов қаблан барои хариду фурӯши маводи мухаддир маҳкум шуда буд.
Маълум нест, ки ин навор дар чӣ шароите сабт шудааст.
Феълан ин гурӯҳи нашъаҷаллоб дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, нисбаташон парвандаҳои ҷиноӣ оғоз шудааст ва тафтишот идома дорад.
"Шермуҳаммади Шоҳиён ба тарки мақом омода мешавад"
Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон, ки ӯро аз шахсони мавриди эътимоди президент Эмомалӣ Раҳмон медонанд, то ду моҳи дигар аз мақомаш истеъфо хоҳад дод.
Ӯ дар руйхати ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ номзад ба вакили порлумон аст ва дар ҷойи аввал.
Як манбаи наздик ба Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 7-уми январ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, Шоҳиён барои тарки мақом омодагӣ мебинад.
Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, ки нахост номаш зикр шавад, “Шоҳиён дар чанд ҷаласаи охир гуфт, супориш гирифтааст, ба кор дар порлумон гузарад”.
Шермуҳаммади Шоҳиён 63-сола аст ва аз соли 2015 то кунун раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон.
Ӯ дар интихоботи соли 2010 низ вакили Маҷлиси намояндагон интихоб шуда, як сол дар мақоми раиси Кумитаи тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амнияти порлумон кор кардааст.
Аз моҳи феврали соли 2011 то соли 2015 раиси Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон буд.
Дар гузашта дар мақоми муовини вазири адлия, мушовири давлатии президент ва раиси Шӯрои адлияи Тоҷикистон кор кардааст.
Барканорӣ ва таъйини раисони чор ноҳия дар Тоҷикистон
Раисони чор ноҳияро дар вилоятҳои Хатлону Бадахшон аз мақом барканор ва ба ҷойи онҳо афроди навро таъйин карданд. Тағйирот рӯзи 7-уми январ сурат гирифт.
Бино ба фармони раисҷумҳури Тоҷикистон, Фирӯза Шарифӣ аз мансаби иҷрокунандаи раиси шаҳри Норак озод ва ба ҷойи ӯ Иброҳим Мирзозода таъйин шуд. Шарифӣ дар моҳи январи соли 2024 ба ин мақом расида буд.
Зарифхуҷа Шоҳиён, ки аз соли 2019 раиси ноҳияи Панҷ буд, дигар дар ин мақом нест. Ҷойи ӯро ба Акмал Иброҳимиён доданд.
Наҷмиддин Давлатзода дар курсии раиси ҳукумати ноҳияи Ванҷ Одинашо Мародзодаро иваз кард. Мародзода аз соли 2021 дар ин мақом кор мекард.
Додарҷон Ҷобирзода аз мансаби раиси ноҳияи Нуробод озод ва ба ҷояш Фатҳуддин Солеҳзода таъйин шуд.
Дар фармонҳо сабаби барканории ҳамаи онҳо “гузаштан ба кори дигар” гуфта шудааст, аммо маълум нест ба кадом вазифа.
Аз оғози моҳи январ дар баъзе аз идораҳои давлатӣ ва ҳукуматҳои маҳаллӣ дар Тоҷикистон тағйироти кадрӣ ҷараён дорад.
Бахтиёр Сафаров, сардори ширкати "Central Asia Consulting” дар Вашингтон, дар суҳбати пешинааш бо Радиои Озодӣ гуфта буд, "таъйиноти кадрие, ки солҳои дароз дар ҳукумати Тоҷикистон мушоҳида мекунем, бештар монанди намоишҳои театрӣ ҳастанд, на ислоҳоти воқеӣ."
Нерӯҳои Русия панҷ низомии асирафтодаи Украинаро куштаанд
Тарҳи Deep State ва Додситонии вилояти Донетски Украина нерӯҳои Русияро дар ду маврид ба куштани панҷ низомии асирафтодаи украинӣ муттаҳам карданд.
Ин ҳодисаҳо рӯзи 3-юми январ дар ду минтақаи вилояти Донетск сабт шудааст.
Deep State мегӯяд, нерӯҳои Русия дар деҳаи Нескучное дасти се сарбози таслимшудаи Украинаро баста, аз пушти сарашон паронданд.
Ба иттилои Додситонӣ, дар ҳамон рӯз низомиёни Русия дар ноҳияи Времевка ду сарбози украиниро ба асорат гирифта, сипас тир задаанд.
Омбудсмен ё Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Украина Дмитрий Любинетс гуфт, дар ин бора ба Кумитаи Байнулмилалии Салиби Сурх ва Созмони Милали Муттаҳид муроҷиат кард.
"Ин созмонҳо бояд ба ҷониби Русия фишор оваранд, то ин гуна амалҳоро бас кунанд", - гуфт ӯ.
Любинетс дар аввали моҳи декабри 2024 гуфта буд, ки аз оғози ҳамлаи густурдаи Русия ба Украина (моҳи феврали соли 2022) то кунун 177 мавриди қатли асирони ҷангии украинӣ аз сӯи артиши Русия тасдиқ шудааст.
Мурофиаи навбатии Саркози. Ин дафъа дар пайванд ба Қаззофӣ
Муҳокимаи Николя Саркози, раисҷумҳури пешини Фаронса, рӯзи 6-уми январ дар шаҳри Порис (Париж) сар шудааст.
Ӯро ба муомилаи коррупсионӣ бо раҳбари пешини Либия Муаммар Қаззофӣ дар миёнаҳои солҳои 2000-ум муттаҳам медонанд.
Дар сурати тасдиқи иттиҳом, ба Саркози то даҳ сол зиндон таҳдид мекунад. Мурофиа се моҳ тӯл хоҳад кашид.
Муфаттишон гуфтаанд, Николя Саркози соли 2005 бо Қаззофӣ вориди муомила шуда, дар солҳои 2006-2007 аз ӯ на камтар аз 50 миллион доллар дарёфт ва дар маъракаи интихоботӣ истифода кард.
Дар иваз, ба гуфтаи онҳо, Фаронса аз режими Қаззофӣ, ки он замон таҳти фишори байнулмилалӣ монда буд, мадад расондааст.
Президенти собиқи Фаронса иттиҳомро напазируфта, ҳуҷҷатҳои пешниҳодии муфаттишонро қалбакӣ номид.
Ин мурофиаи севуми додгоҳии Николя Саркози аст. Сиёсатмадори 70-сола моҳи марти соли 2021 ба харид ва фурӯши нуфуз гунаҳкор дониста ва ба се соли зиндон маҳкум шуда буд. Ду соли он шартӣ буд.
Николя Саркози аз соли 2007 то соли 2012 раисҷумҳури Фаронса буд.
Конгресс пирӯзии Доналд Трампро дар интихобот тасдиқ кард
Конгресси Амрико рӯзи 6-уми январ пирӯзии Доналд Трампро дар интихоботи президентии моҳи ноябри соли 2024 тасдиқ кард.
Ӯ ва муовинаш рӯзи 20-уми январ савганд хоҳанд хӯрд.
Тасдиқи натиҷаҳои интихобот дар Конгресс як раванди маъмулӣ дар Амрикост.
Аммо дар моҳи январи соли 2021, ҳангоми тасдиқи пирӯзии Ҷо Байден, тарафдорони Доналд Трамп ба Конгресс ҳамла карда, бо пулис даргир шуданд.
Садҳо нафар, аз ҷумла 140 корманди полис ҷароҳат бардоштанд.
Теъдоди зиёди ҳамлаварон то ҳол дар зиндон ҳастанд, вале Доналд Трамп ваъда додааст, ки онҳоро афв хоҳад кард.