Акбари Турсон
МО ҲАМА ШЕРОН, ВАЛЕ… ШЕРИ АЛАМ!
Дигарон бар ғосибон зӯроваранд,
Мо фақат бар асли худ зӯроварем!
Лоиқи Шералӣ
Дар ҷаҳони мутамаддин як хулосаи фалсафии шоири бузург ва ватанпарвари асили рус Александр Пушкин вирди забон шудаст, ки гуфта: «Иззату икроми айёми гузашта хислатест, ки тамаддунро аз ваҳшигарӣ фарқ мекунад»! Тавассути ин ҳикмати фаромаконӣ ахлоқи волое нураафканӣ мекунад, ки ба вежа дар дилу зеҳни ховарзодагон ба сони рангинкамон бозтоб мешавад. Чаро ки барои эшон суннат оғозу анҷоми рӯзгор бувад!
Чунончӣ, ба наздики муаллимони ахлоқу одоби Аҷам кӯрнамакӣ сангинтарин гуноҳи ахлоқӣ ва зишттарин хислати одамӣ мебошад. Барои то чӣ андоза дар менталитети тоҷик реша гирифтани ин ҳукми маънавии ниёгонамонро ба некӣ дарк кардан ғамномаи шоири дардошноямон Лоиқи Шералӣ «Фарёди бефарёдрас»-ро кушода манзумаи зеринашро як хонда бароед, ки дар авҷи заҷркӯшиҳои хонаводагиамон дар ғояти ғаму ғуссаи таърихӣ ба унвони як навъ тавбаи миллӣ нигошта буд. Зимнан, тарафайни даргир ин фарзи таърихию қарзи ахлоқиро то кунун расман ба ҷо наоварда созишномаи 1997-ро андар оташбас дар заминаи ризоияти миллӣ ба як коғази холӣ аз арзиши маънавию аҳамияти иҷтимоӣ табдил доданд!
Эй ношукрбандагон, нонпешипозада, қавми балозада,
Аз ҳам ҷудошуда, бо ҳам наёмада, моем «мо»зада!
Моро, ки «мо»-и худ ба қимати нахӯд арзон фурӯхтем,
Моро намак зада, моро фалак зада, моро худо зада!
Мо, тоҷикон, сириштан мардуми гузаштагаро ҳастем, вале гузаштагароиҳоямонамон омиёна бувад, яъне ки қаҳрамонҳои воқеии гузааштаамонро ба таври бояду шояд намешиносем. Садриддини Айниро гирем. Чун Устод нахустраҳбари Академияи илмҳо буданд, салоҳи кор медонам, ки пеш аз ҳама ва беш аз ҳама андар мақом ва нуфузи илмию фарҳангии ишон куллан биандешам.
Умдатарин ҳақиқате, ки дар сатҳи академӣ таъйиду таъкид кардан шарт бувад, ин аст: Аллома Айнӣ бунёдгузори воқеии илми тоҷикшиносӣ буданд. Ва кореро сарбаландона анҷом додаанд, ки хоси аллома буда ба шаъни ӯ рост меояд: ҳам забон (аз таърихи пайдоишаш сар карда то луғати забони зинда), ҳам саъату ҳунар (хосса мусиқӣ), ҳам антропологияи тоҷикон (ба вежа тааммули интиқодии хусусиятҳои менталитети халқ) ва ҳам таърихи қавми тоҷик (андешаи айёми гузашта дар ҳамбастагии бӯъдҳои сиёсӣ, ахлоқӣ ва рӯҳониву равонии) он таҳлилу таркиб карда баромада, дар зимн бузургони қавмашонро (аз Фирдавсию Абӯалии Сино гирифта то Саъдию Бедил) ба ҷаҳониён муаррифӣ намудаанд.
Ҳақиқатан ҳам, ба қавли ховаршиноси маъруфи москвагӣ марҳум Йӯсуф Брагинскӣ, ки худ аз ҷумлаи тоҷикшиносони варзида дар шумор меояд, то оғози фаъолияти илмии Айнӣ этноними «тоҷикон» мафҳуми сирф мардумшинохтӣ (этнографӣ) буду бас. Ва маҳз устод Айнӣ тавассути кандукови пайвастаи илмию фарҳангиашон этноними «тоҷикон»-ро ба унвони як қавми аъзам ва бостонитарин дар Осиёи Марказӣ ҷиҳати таърихию фарҳангӣ ғанӣ карда ба антропологияи тоҷикшинохтӣ заминаи мустаҳками илмӣ фароҳам оварданд. Аз ин ҷиҳат Б. Ғ. Ғафуров маҳз Устод Айниро “падари миллат” хондаанд, ки баёни воқеъ бувад. Гарчанде, ки бӯъди сиёсии ташаккул ва татаввури халқи тоҷик ба унвони миллат маҳз ба шарофати саъю кӯшиши илмию сиёсии худи академик Бобоҷон Ғафуров таъйину тасдиқ шуд имрӯз.
Ва аммо баъд, оё имрӯз мо буду шуди корномаи таърихии Садриддини Айниро ба унвони “падари миллати тоҷик”, фидокориҳои шаҳвандонаю иқдоми яккатозонаи эшонро дар шоҳроҳи бедории сиёсию мадании халқашон ба некӣ медонем ва чунонки бояду шояд, ба қадрашон мерасем? Идораи шаҳрдории Душанбе хидматҳои беназири барҷастатарин Қаҳрамони Тоҷикистонро қадр карданӣ шуда, қарор додаст, ки дар пойтахтамон зиёратгоҳи боҳашаматтари Айниро бино кунад. Бисёр хуб, лекин ҳамзамон қадамгоҳи қудсии Устод: Хона-музеяшонро шикастан ба кӣ ва бар чӣ даркор будааст?! Балки фақат ба сабаби он, ки дар аҳди шӯравиҳо сохта буданд ва онро ҳамчун ёдгории замони гузашта аз байн бурдан мебояд?!
Кавдано! Баҳс баҳси чойхонаи «Роҳат» нест! Сухан андар Таърихи Миллат меравад, ки онро бозсозӣ кардан мумкин нест, вагарна ба бозсӯзӣ табдил меёбад!!
Кадом як планкаши ҳамадон, вале аз одату суннати тоҷик бехабар, гуфтааст, ки бинои музей «бенамуд» аст! Нисбат ба чӣ? Балки дар қиёси қуттиҳои серқабатае, ки ба унвони манзилгоҳи мардум дар кӯҳистони зилзиласор месозанд?! Ҳаққо, ки ин амру амал хотирнигаҳдорӣ нест, нишони хотирозорию мавриди хотирпарешониҳост! Фоҷиаҳои калонмиқёси пойтахтҳои Туркманистону Ӯзбакистон аз ёд наафтаанд-ку!..
Андешаномаи мухтасарамро боз аз қавли манзуми Лоиқи ҷигарсӯхта хулоса мекунам, ки яке аз қурбониҳои муҳити ҷангҷӯши пасошӯравиамон буд.
Ту, худнашнохта, худнозият чист?
Сари ҳар бом парчамбозият чист?
Даҳон пуркафк андар роҳи миллат,
Чу дар сар ақл не, сарбозият чист?!