Дар чанд ҷумла
"Ҳосили гандум дар Қазоқистон кам шуд", вале нархи орд дар Тоҷикистон афзуд
Масъулони Вазорати кишоварзии Тоҷикистон сабаби болоравии нархи ордро дар кишвар ба “кам шудани ҳосили гандум дар Қазоқистон” пайванд доданд. Онҳо ҳамзамон гуфтанд, ба арзон ё дар як сатҳ нигоҳ доштани қимати орд талош мекунанд.
Дар як моҳи охир нархи орд дар Тоҷикистон боло рафта, як халтаи 50-килоии он қариб ба 300 сомонӣ расидааст.
Абдуқодир Ятимов, масъули Вазорати кишоварзӣ, ба хабаргузории давлатии “Ховар” гуфтааст, Тоҷикистон "танҳо 50-60 фоизи сокинони мамлакатро бо гандуми ватанӣ таъмин менамояд ва боқимонда аз воридот вобастагӣ дорад."
Ӯ сабаби гарон шудани нархи ордро “камбориш омадани сол ва кам шудани ҳосили гандум дар Қазоқистон” номидааст.
Тоҷикистон гандумро асосан аз Қазоқистон ва як миқдори камтарро аз Русия меорад. Ба гуфтаи мақомот, барои таъмини мардуми Тоҷикистон солона 700 ҳазор тонна орд лозим аст.
Пештар мақомот аз ҳисоби захираҳои давлатӣ талош карда буданд, нархи маҳсулоти ниёзи аввалро муътадил нигоҳ доранд, аммо мутахассисон мегӯянд, ин чиз барои танзими нарх кофӣ нест.
Аъзои порлумон моҳи марти имсол Оҷонси захираҳои моддии давлатиро ҳангоми овардани маҳсулоти хӯроквориву сӯзишворӣ аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда (НДС), аксиз ва боҷи гумрукӣ озод карданд.
Вакилон гуфтанд, додани ин имтиёз барои муътадил нигоҳ доштани арзиши маҳсулоти ғизоӣ ва сӯзишворӣ мебошад. Ин тасмим баъдан норозигии баъзе аз ширкатҳои дигарро ба миён овард.
Орд маҳсулоти асосӣ барои ҳар оилаи тоҷикистонӣ аст ва болоравии нархи он ба буҷаи хонаводаҳо таъсир мерасонад. Аммо фақат нархи орд нест, ки дар ҳафтаҳои охир боло меравад.
Қимати сӯзишворӣ ҳам дар ду моҳи охир ба таври камсобиқа баланд рафт. Мақомот сабаби гарон шудани маводи сӯхтро ба гарон шудани қимати нафт дар бозори ҷаҳонӣ рабт доданд. Баъди боло рафтани нархи сӯзишворӣ, роҳкиро ҳам дар кишвар қимат шуд.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
СММ аз нокомии музокироти Покистон ва Толибон нигаронӣ кард
Созмони Милали Муттаҳид аз нокомии гуфтугӯҳо барои ҳалли муноқиша миёни Покистон ва ҳукумати Толибон дар Афғонистон, ибрози нигаронӣ кардааст.
Ин созмон ибрози умедворӣ кардааст, ки ду тараф дубора ба ҷанг рӯ наоваранд. Покистон ва ҳукумати Толибон якдигарро ба хотири бенатиҷа мондани ин гуфтугӯҳо айбдор мекунанд.
Стефан Дуярич, сухангӯи дабири кулли СММ рӯзи 29 октябр зимни нишасти хабарӣ дар Ню-Йорк дар посух ба ин пурсиш, ки оё Созмони Милал аз нокомии гуфтугӯҳои Покистон ва ҳукумати Толибон нигарон аст, гуфт, "албатта, ки нигароне ҳастем".
Ӯ афзуд, бо вуҷуди ба миён омадани монеаҳо дар ин гуфтугӯҳо, Созмони Милали Муттаҳид ҳанӯз умедвор аст, ки даргириҳо дубора оғоз нашаванд.
Пас аз шикасти ин гуфтугӯҳо, мақомҳои покистонӣ ҳушдор доданд, ки чун музокирот натиҷа надоштааст, оташбас миёни ду тараф дар маърази хатар қарор дорад.
Артиши Покистон шаби 9 ба 10 октябр ба шаҳри Кобул ва вилояти Пактико ҳамла кард ва сипас нерӯҳои Толибон дар марзи ду кишвар ба нерӯҳои покистонӣ ҳамла карданд. Дар ҷараёни ин даргириҳо даҳҳо нафар аз ҳар ду тараф кушта шуданд.
Пешниҳоди аз имтиҳон озод кардани кӯдакони муҳоҷирони русзабон
Вакилони Ҳизби коммунисти Русия пешниҳод доранд, ки кӯдакони муҳоҷирони русзабонро аз имтиҳони забони русӣ озод кунанд. Лоиҳаи тарҳи қонун аллакай ба Думаи давлатии Русия ироа гардидааст.
Дар сурати қабули он, кӯдакони муҳоҷироне, ки забони модариашон русӣ аст, ҳангоми қабул ба мактаб аз супоридани имтиҳони ҳатмии забони русӣ озод мегарданд.
Муаллифон гуфтанд, кӯдакони хориҷие, ки забони модарияшон русӣ аст, аз назари фарҳангӣ ба русҳо наздиканд ва бо забони онҳо ҳарф мезананд.
Тибқи ин тарҳ, тартиби озод кардани чунин кӯдакон аз имтиҳони забони русиро Вазорати маорифи Русия муайян мекунад.
Аз 1-уми апрели соли равон фарзандони муҳоҷирон дар Русия ӯҳдадор шуданд, ки ҳангоми қабул ба мактабҳои ин кишвара имтиҳони ҳатмии забони русӣ супоранд.
Боздошти як ҷавон, ки худро ба пулис "наздик" гуфта, аз мардум пул мегирифт
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти як ҷавон дар шаҳри Хуҷанд хабар дод, ки худро ҳамчун наздики кормандони ҳифзи ҳуқуқ муаррифӣ карда, аз мардум барои хизматҳояш маблағ мегирифтааст.
Ин ниҳод шоми 29 октябр бо пахши як навори видеоӣ гуфт, Обид Наимови 24- сола, сокини шаҳри Хуҷанд давоми моҳи ҷорӣ аз як сокини шаҳри Истаравшан бо ваъдаи озод намудани бародари маҳкумшудааш, беш аз 34 ҳазор сомонӣ гирифтааст.
Ҳамчунин вай моҳи июли соли равон бо ҳамин шева аз як сокини шаҳри Душанбе бо ваъдаи ин, ки мошинашро аз ҷаримагоҳи Бозрасии давлатии автомобилӣ мебарорад, 1500 сомонӣ гирифта, барои эҳтиёҷоти шахсии худ истифода бурдааст.
Обид Наимов дар ин барномаи иқрор мешавад, ки барои ба бовари мардум даромадан худро аз наздикони кормандони ҳифзи ҳуқуқ муаррифӣ кардааст.
Тасдиқи дурустии ҳарфҳои ӯ аз дигар манбаъҳо дастрас нест. Ва низ маълум нест, ки навор дар чӣ шароите сабт шудааст.
ВКД мегӯяд, ки дар ҳоли ҳозир гумонбар дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, нисбаташ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
ФСБ аз бонкҳо хост, ки маълумоти муштариёнро ба ин созмон бидиҳад
Хадамоти амнияти федеролии Русия ё ФСБ аз бонкҳои Русия хостааст, мукотиба бо муштариён ва маълумоти бонкии онҳоро барои ниҳодҳои қудратӣ ҳифз кунад.
Бахши русии Радиои Озодӣ бо такя ба хабаргузории РБК навиштааст, ки ташкилоти қарзӣ бояд то соли 2027 низом ё системаи тафтишотӣ – фаврӣ ва дастгоҳҳои махсусе ро насб кунанд, ки ба сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ имкон медиҳад, ба таври фосилавӣ дар бораи муштарии бонк маълумот дастрас кунад.
Тибқи қонун чунин барномаҳоро бояд онҳое насб, кунанд, ки масъулияти паҳн кардани иттилоъро доранд. Хадамоти амнияти Федеролӣ бар ин аст, ки бонкҳо чунин мақомро доранд, чун дар сомона ва замимаҳои мобилии онҳо корбарон имкон доранд, байни ҳам мукотиба кунанд.
Дар феҳрасти паҳнкунандагони маълумот аз соли 2019 хадамоти “Сбербанк Онлайн” шомил шудааст. Дар бонкҳои калони Русия ин талаби ФСБ-ро шарҳ надодаанд.
Доналд Трамп бо раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ мулоқот мекунад
Мақомоти расмии Амрико гуфтаанд, ки раиси ҷумҳур Доналд Трамп бо раҳбарони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ мулоқот мекунад.
Хабаргузории “Рейтерз” рӯзи 28-уми октябр бо такя ба як манбаи огоҳ аз ин ҳамоиш навиштааст, вохӯрии раҳбари Амрико бо президентҳои Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистону Қирғизистон ва Туркманистон ҳафтаи оянда сурат хоҳад гирифт. Масъулини Қасри сафед, ин мулоқотро, ки бино ба гузориши “Рейтерз” қарор аст, рӯзи 6-уми ноябр баргузор шавад, шарҳ надоданд.
Кристофер Ландау, муовини вазири корҳои хориҷии Амрико, пас аз дидор бо мақомоти расмии Узбекистон гуфт, ки президент Шавкат Мирзиёев, ҳафтаи оянда бо Доналд Трамп мулоқот хоҳад кард. “Сафари ӯ бояд роҳро барои як мулоқоти олӣ байни раҳбарон боз кунад” – навиштааст, Ландау рӯзи сешанбе дар саҳифааш, дар шабакаи иҷтимоии X.
Раисиҷумҳури Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев ҳам чанд рӯз пеш, эълон кард, ки дар ин мулоқот ширкат мекунад. Вай аз Доналд Трамп барои даъват изҳори сипос намудааст. Мақомоти тоҷик ҳанӯз расман дар бораи ин ҳамоиш ва барномаи дидори президенти кишвар бо раҳбари Амрико хабаре надодаанд. Ҳафтаи равон сафари Доналд Трамп ба кишварҳои осиёӣ шурӯъ шуд.
Қарор аст, рӯзи панҷшанбе вай бо Си Ҷинпин раиси ҷумҳури Чин мулоқот кунад. Трамп талош дорад, пеш аз гуфтугӯ бо Си Ҷинпин дар бораи созиши тиҷоратӣ миёни ду иқтисоди бузурги ҷаҳон, мавзеи Вашингтонро тақвият кунад.
Омбудсмен аз Русия барои мулоқот бо маҳбусони рус ба Тоҷикистон омад
Ваколатдори ҳуқуқи инсони Русия барои шиносоӣ бо вазъи маҳбусони рус аз як зиндон дар Тоҷикистон боздид кард.
Татяна Москолкова, омбудсмени рус дар муассисаи ислоҳии ЯС 3/1 - Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон бо маҳбусон аз Русия мулоқот кардааст.
Дар ин бора рӯзи 27-уми октябр, дар сомонаи ваколатдори ҳуқуқи инсони Тоҷикистон иттилоъ дода шудааст. Манбаъ навиштааст, Москалкова дар вохӯрӣ бо зиндониёни рус аз онҳо дар бораи шароити муассиса ва сиҳатияшон пурсон шудааст. Вай ҳамчунин аз ҷойи хобу, қисми тиббӣ ва ҷойҳои дигари зиндон дидан кардааст.
Маҳбусони рус ба омбудсмени кишвари худ аз дурии роҳ ва душвор будани дидорбинӣ бо наздиконашон шикоят карда, хостори мусоидат барои истирдоди онҳо ба ватанашон шудаанд.
Мақомот нагуфтаанд, ки дар ин зиндон чӣ теъдод маҳбуси рус нигаҳдорӣ мешавад. Моҳи сентябр омбудсмени тоҷик ҳам дар Муассисаи ислоҳии ЯС 3/1-и Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон, бо маҳбусони хориҷӣ, аз ҷумла зиндониён аз Русия дидору сӯҳбат карда буд.
Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон, ки аз вазъи Тоҷикистон мушоҳида мекунанд, мақомотро борҳо барои барои поймолшавии ҳуқуқ, азияту озор ва ҳам шиканҷа дар муассисаҳои баста танқид кардаанд.
Боздиди ваколатдор Татяна Москолкова аз вазъи зиндониёни рус дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки аз дидору сӯҳбати Омбудсмени тоҷик аз шароити зиндониёни ин кишвар дар маҳбасҳои Русия хабаре нарасидааст.
Ин ҳам дар ҳоле, ки даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистон дар зиндонҳои Русия нигаҳдорӣ мешаванд ва бахши зиёди онҳо маҷбуран ба ҷанги Украина бурда шудаанд. Аксарияти дигар дархост кардаанд, ки барои идомаи адои ҷазо ба Тоҷикистон интиқол дода шаванд.
Аз соли нав нархи патент дар Русия боло меравад
Бо наздик омадани соли нав мақомот дар шаҳру навоҳии мухталифи Русия тасмимашонро дар бораи боло бурдани нархи патент, барои фаъолияти муҳоҷирон дар ин кишвар, эълон карданд.
Масъулин дар вилояти Новосибирск гуфтанд, қимати иҷозатномаи корро 11 дар сад боло мебаранд, аз соли 2026 нархи патент дар ин вилоят 10 ҳазору 860 рублро ташкил хоҳад дод, ки нисбат ба соли ҷорӣ, 2950 рубл бештар будааст. Мақомоти ин вилоят гуфтанд, аз 58 ҳазор муҳоҷири корӣ дар Новосибирск 37 дар садаш тоҷиконанд.
Маблағи ҳармоҳа барои иҷозати кор дар Санкт - Петербург низ аз якуми январ аз 6 ҳазор рублӣ русӣ ба 8 ҳазор хоҳад расид. Ин афзоиш ҳам ба Санкт Петербуг ва ҳам ба вилояти Ленинград дахл дорад, зеро мақомот тасмими муштарак гирифтаанд.
Дар вилояти Иркутск ҳам муҳоҷирон барои патент, ба ҷойи 10 ҳазору 900 рубл бояд 12 ҳазору 231 рубл пардохт кунанд. Қонунгузорон дар Камчатка рӯзи 28-уми октябр эълон карданд, ки қимати патент аз 9 ҳазору 27 рубл ба 13 ҳазору 776 рубл боло бурда мешавад.
Дар вилояти Свердловск қарор шуд, ки барои муҳоҷирон аз соли нав патент бо арзиши 9 ҳазору 500 рубл пешниҳод шавад. Ҳоло нарх 7 ҳазору 500 рубл аст.
Аксари муҳоҷирони тоҷик дар Русия тариқи патент фаъолият доранд ва пайваста аз нархи баланди он шикоят мекунанд. Бидуни патент дар Русия кор кардан манъ аст ва ҳамасола садҳо муҳоҷир бо ҳамин далел ронда мешаванд.
Моҳи гузашта президенти Русия дар мулоқоташ бо сарони ҳизбҳои Думаи давлатӣ масъалаи бекор кардани патент ва тариқи саҳмияҳо ба Русия овардани муҳоҷиронро баррасӣ карда буд.
Ҷаримаи як нозир барои "дузди"-и нерӯи барқ
Оҷонсии назорати энергетикӣ аз ошкор шудани ҳолати “дуздӣ”-и барқ аз ҷониби як корманди "Шабакаҳои тақсимоти барқ"-и шаҳри Хуҷанд ва соҳиби як нуқтаи шустушӯйи нақлиёт хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, корманди Шабака дар машварат бо соҳибкор ва бо роҳи ғайриқонунӣ ба нуқтаи шустушӯи нақлиёт нерӯи барқ пайваст кардааст.
Барои ин амал вай бо иттиҳоми “иҷро накардани уҳдадориҳо ва талаботи муқарраркардаи қоидаҳои истифодаи захираҳои энергетикӣ” ҷарима шудаанд.
Оҷонсӣ миқдори ҷаримаро ошкор накардааст. Назари корманди "Шабакаҳои тақсимоти барқ" ва соҳибкор дар робита ба ин қазия маълум нест.
Бино ба иттилои Додситони кулли Тоҷикистон дар ним сол барои истифодаи ғайриқонунӣ ва ё дуздиву таъхир дар пардохти ҳаққи нерӯи барқ 3800 нафарро ба ҷавобгарии моддиву интизомӣ ва маъмурӣ кашидаанд.
Дар саросари Тоҷикистон 190 парвандаи ҷиноӣ боз шуда, ба гуфтаи додситон, бештар аз 270 миллион сомонӣ зиёни расидаро ҷуброн кардаанд.
Даъват ба сафи артиши Русия аз ин пас тамоми сол сурат мегирад
Думаи давлатии Русия рӯзи сешанбе қонунеро қабул кард, ки бар асоси он метавонанд, ҷавононро тамоми сол ба сафи артиш даъват кунанд. Дигар даъват ба сафи нерӯҳои мусаллаҳ мавсимӣ нахоҳад буд, вале даъватшудагонро ба ҷойи хидмат дар як сол ду бор мефиристанд.
Дар сурати имзои қонун, кумиссиёнҳои даъват ба сафи артиш тамоми сол кор мекунанд, муоинаи тиббии даъватшудагону ташхиси равонии онҳо муназзам идома меёбад.
Муаллифони қонун гуфтаанд, ки ин кор метавонад, сифати даъват ба сафи нерӯҳои мусаллаҳи Русияро боло барад, ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, мақомот мехоҳанд, аз ин роҳ низомеро ба роҳ монанд, ки пайваста сафи артишро бо сарбоз пур кунад.
Зоҳиран ҷанги Русия дар Украина ва талафоти афзояндаи артиши он дар ҷанг, мақомоти Русияро маҷбур кардааст, ки дар ҷустӯҷуи роҳҳои нави сафарбарии ҷавонон ба артиш ва ҳамингуна ба ҷанг бошанд.
Додгоҳи Итолиё амр дод, шаҳрванди Украинаро ба Олмон бисупоранд
Додгоҳи болоӣ дар шаҳри Болоняи Итолиё амр додааст, ки Сергей Кузнетсов, шаҳрванди Украинаро ба Олмон бидиҳанд, чун муфаттишон собит кардаанд, ки ӯ дар таркиши лӯлаи гази «Маҷрои шимолӣ-1» ва «Маҷрои шимолӣ-2» даст дорад.
Додгоҳ ҳукми додгоҳҳои поёниро дар бораи истирдод накардани Кузнетсов беэътибор кардааст. Вакили дифои гумонбар дар ҷиноят Никола Канестрини гуфтааст, ки аз ин ҳукм ба Додгоҳи болоии таҷдиди назар дар Итолиё шикоят мебарад, зеро дар ҷараёни тафтишот ба қонуншиканиҳои зиёд роҳ додаанд.
Ба гуфтаи муфаттишони Олмон, 26-уми сентябри соли 2022 гурӯҳи иборат аз 6 нафар як қаиқро бо санадҳои сохта иҷора гирифтаанд ва бо асбобҳои ғаввосӣ дар се шохаи лӯлаҳои гази «Маҷрои шимолӣ» маводи тарканда насб кардаанд. Лӯлаи мазкур, ки Русияро ба Олмон мепайвандад, як роҳи муҳими таъмини газ барои Олмон буд. Додситонии Олмон мегӯяд, Сергей Кузнетсов, яке аз ҳамоҳангсозони вайронгарӣ дар лӯлаи газ будааст.
Худи ӯ иддаоро рад карда ва гуфтааст, ки ҳангоми таркиши лӯла дар Украина буд. Сергей Кузнетсовро моҳи августи соли 2025 бо дархости Олмон дар Итолиё дастгир карданд.
Пораи азиме аз як пирях дар Тоҷикобод канда шудааст
Пораи азиме аз як пиряхи бузург дар қаторкӯҳҳои Исмоили Сомонӣ канда шуда, аз тариқи дара ба поён лағжидааст. Ин қаторкӯҳ дар ҳудуди ноҳияи Тоҷикобод ҷойгир аст.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон хабар дод, ки ҳодиса нимарӯзи 25-уми октябр рух додааст ва ин анбори азими ях соати 11 ҳаракат карда, соатҳои 14 нисбатан ором гирифтааст.
Ба иттилои манбаъ, дарозии пиряхи ҷудошуда ҳудуди 2 километр буда, баландиаш 25 метр ва паҳнои он 150-200 метр мебошад.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳои видеоӣ аз ҳаракати ин пирях нашр шудааст ва муаллифон баландии онро гоҳо то 50 метр, барашро 200-300 метр ва дарозии онро тахминан 7,5 километр гуфтаанд.
Ба иттилои мақомоти тоҷик ин ҳодиса талафоти ҷонӣ ва хисороти дигар дар пай надоштааст. Аммо ба гуфтаи мутахассисон, бар асари бориши боронҳои сахт ва такроран кандани пирях аз баданаи пиряхи бузург, он метавонад ба бархе деҳаҳои ҷамоати деҳоти Қалъаи Лаби Об хатар дошта бошад.
Дар Тоҷикистон беш аз 14 ҳазор пирях вуҷуд дорад. Тоҷикистони кӯҳистонӣ бо пиряхҳои хурду бузургаш манбаи аслии об дар Осиёи Марказӣ аст, вале дар 30 соли ахир ба сабаби гармоиши курраи Замин бештар аз 1000 пирях комилан аз байн рафтаанд.
Мақомоти Тоҷикистон борҳо масъалаи обшавии пиряхҳоро дар ниҳодҳои байналмилалӣ, аз ҷумла, СММ матраҳ карданд, аммо то ҳол тадбире муассир барои пешгирӣ аз обшавии кӯҳҳои бузурги ях дар назар гирифта нашудааст.
Трамп бо нахуствазири Ҷопон мулоқот кард
Раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп рӯзи 27 октябр дар нахустин дидори худ бо нахуствазири нави Ҷопон Санаэ Такаити гуфт, ҳампаймонии Вашингтон ва Токио дар болотарин сатҳ аст.
Трамп, ки дар оғози сафари осиёии худ вориди Токио шуд, дар дидор бо Санаэ Такаити дар иқоматгоҳи нахуствазир гуфт, ифтихор мекунад дар нахустин рӯзҳои корӣ "яке аз бузургтарин нахуствазирҳои Ҷопонро мулоқот мекунад".
Санаэ Такаити низ бо таъкид бар пайванди ду кишвар гуфт, мехоҳад "асри тиллоии наве" дар ҳампаймонии Ҷопон ва Амрико эҷод кунад.
Ин дидор дар ҳоле анҷом мешавад, ки Трамп дар талош аст пеш аз гуфтугӯ бо Си Ҷинпин, раисҷумҳури Чин, дар бораи созиши тиҷорӣ миёни ду иқтисоди бузурги ҷаҳон, мавзеи Вашингтонро тақвият кунад.
Интизор меравад, ки ду тараф дар Токио дар мавриди масоили амниятӣ ва тиҷорӣ суҳбат кунанд. Ҷопон бинобар таниш бо Чин, буҷаи дифоии худро ба ду дарсади Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ, афзоиш додааст.
Се кӯдаки бепарастори тоҷикро аз Русия баргардонидаанд
Консулгарии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия аз баргардонидани 3 ноболиғ ба Тоҷикистон хабар дод.
Консулгарӣ бо пахши як хабар гуфтааст, ки бо мусоидати Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 23-юми октябр 3 нафар шаҳрванди ноболиғи Тоҷикистон, ки дар ҳудуди Русия бепарастор монда буданд, ба ватан баргардонида шуданд.
Дар бораи шахсияти кӯдакону он, ки чӣ гуна онҳо бе парастор монданд, мақомот ҷузъиёте надодаанд. Қаблан ҳам мақомоти тоҷик чандин шаҳрванди ноболиғро, ки дар Русия бесаробон монда буданд, ба ватан баргардониданд.
Занозании муҳоҷирон дар Маскав вакилони русро асабонӣ кард
Баъди занозании гурӯҳӣ дар шаҳри Маскав вакилони Думаи давлатӣ хостаанд, ки назорат бар муҳоҷирон боз ҳам сахттар шавад. Алексей Журавлев, муовини аввали раиси Кумитаи дифоъи Думаи Давлатӣ дар мусоҳиба бо Gazeta.ru гуфтааст, Русия ба издиҳоми муҳоҷирони идоранашаванда ниёз надорад.
Вакили рус аз қарори лағви шаҳрвандӣ ва ихроҷи ду саркардаи задухӯрд пуштибонӣ кардааст. Вакили дигари рус Михаил Матвеев гуфтааст, агар теъдоди муҳоҷирон дар сохтмонҳо коҳиш дода шавад, муноқиша кам мегардад.
Рӯзи 25-уми октябр дар маҷмааи истиқоматии «Прокшино»-и Маскав занозании гурӯҳӣ ба вуқӯъ пайваст, ки дар он даҳҳо муҳоҷир, бо белу калтак ба ҳам дарафтодаанд. Дар видеои ин ҷанҷол дашномҳо ба забони тоҷикӣ зиёд шунида мешавад. Дар маҷмӯъ, беш аз 80 нафар боздошт ва ба идораи пулис бурда шуданд.
Ба зидди 19 нафар бо иттиҳоми авбошӣ парванда боз кардаанд, боқимонда ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидаанд. Дар Русия баҳсу ҷанҷол миёни муҳоҷирон барои кор зиёд иттифоқ меафтад. Дар аксар маврид, муҳоҷиронеро, ки дар занозаниҳои гурӯҳӣ иштирок мекунанд, аз қаламрави Русия меронанд.
Ҳамлаи паҳподҳои Украина ба Маскав ва дигар гӯшаҳои Русия
Cергей Собянин, раиси шаҳри Маскав гуфт, ки низомиёни Русия аз шоми 26-уми октябр то субҳи 27-уми октябр на камтар аз 34 паҳпод ва ё дронҳои озими шаҳри Маскавро дар фазо нобуд кардаанд. Ҳеч гузорише дар бораи хисорот ва ё талафот нарасидааст.
Шабона бар асари ҳамлаҳои паҳподҳои украинӣ фурудгоҳҳои Домодедово ва Шереметеворо бастанд ва субҳи 27-уми октябр кори онҳо дигарбора идома кард. Дар вилояти Брянск, ба гуфтаи раиси ин вилоят Александр Богомаз, дар натиҷаи зарбаи паҳпод ба як мусофирбар ронандаи он кушта шудааст ва панҷ мусофир ҷароҳат бардоштаанд.
Дар вилояти Курск ҳамлаи паҳпод сабаби оташсӯзӣ дар назди як истгоҳи тақсими барқ шудааст. Вячеслав Гудков, раиси вилояти Белгород хабар додааст, ки дар натиҷаи ҳамлаҳои паҳподии Украина ба ин вилоят дар як шабонарӯзи гузашта 1 нафар кушта шуда, 23 каси дигар аз ҷумла 3 кӯдак ҷароҳат бардоштаанд.
Дар вилояти Калуга ба гуфтаи мақомоти инҷо 5 бинои истиқоматӣ осеб дидааст. Вазорати дифои Русия гуфтааст, ки дар маҷмуъ 200 паҳподи Украинаро дар фазо радёбӣ ва нобуд кардааст.