Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафорат ба Воронеж, ба суроғи 110 муҳоҷири "фиребхӯрда"-и тоҷик рафтааст. ВИДЕО


Муҳоҷирони тоҷик аз деҳаи Шубини Воронеж иддао карданд, ки корфармо онҳоро фиреб додааст.
Муҳоҷирони тоҷик аз деҳаи Шубини Воронеж иддао карданд, ки корфармо онҳоро фиреб додааст.

Кормандони Сафорати Тоҷикистон дар Маскав барои ҳали мушкили 110 муҳоҷири тоҷик дар Воронеж ба ин минтақа сафар кардаанд.

Рӯзи 14-уми октябр муҳоҷирони тоҷик аз деҳаи Шубини Воронеж иддао карданд, ки корфармо онҳоро фиреб дод ва ҳоло дар шароити ғуломӣ ба сар мебаранд. Ин гуруҳи муҳоҷирон, ба гуфтаи худашон, се моҳ пеш барои себчинӣ аз Тоҷикистон ба Русия рафтанд, вале ба ҷойи даромад гирифтан, баръакс, қарздор шудаанд.

Хадамоти матбуоти сафорати Тоҷикистон дар Русия рӯзи 15-уми октябр хабар дод, ки аз вазъи муҳоҷирон дар Воронеж огоҳ шудаанд ва сафорат кормандонашро барои ҳали мушкил ба Воронеж фиристод.

“Мо аз ин муҳоҷирон муроҷиат нагирифта будем. Вақте аз мушкили онҳо огоҳ шудем, кормандонамонро ин субҳ барои ҳали мушкил ба Воронеж фиристодем”,--хабар доданд аз Маркази матбуотии сафорати Тоҷикистон дар Русия.

Муҳоҷирон низ гуфтанд, ки аз сафорат бо онҳо тамос гирифтаанд ва пас аз нисфирӯзӣ қарор аст, бо намояндагони сафорат вохӯранд.

Дар миёни муҳоҷироне, ки гирифтори мушкил шудаанд, 12 зан низ ҳастанд, ки охири моҳи июл аз Тоҷикистон ба шаҳри Воронеж бурда шудаанд.

Видео аз рӯзи 14-уми октябр:

Як гуруҳ аз муҳоҷирони тоҷикро дар Русия сарсон кардаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:14 0:00

Ҷамила, яке аз занони муҳоҷир, гуфта буд, нафаре, ки онҳоро ба ин шаҳр овард, тоҷик аст, "вале худаш низ фиреб хӯрдааст". Ӯ гуфт, ки се моҳ боз маош нагирифтаанд.

"Сару либоси дуруст надорем. Либосҳои кӯҳнаи русҳоро мепӯшем. Моро дастгирӣ кунед. Аз пеши фиребгарҳо баред. Се моҳ шуд, ки даҳ ҳазор рубл доданд. Аз бонкҳо қарздорем. Кӯдаконамон гурусна", -- шикоят кард Ҷамила рӯзи 14-уми октябр.

Яке муҳоҷири дигар аз ин гуруҳ гуфт, "чор моҳ шуд, ки асирем. Ҳоле, ки мо дорем, саг надорад. Саги кӯча соҳиб дораду мо не."

Муҳоҷирони норозӣ 13-уми октябр дар назди идораи пулиси ноҳияи Астрогорский додхоҳӣ карданд. Онҳо мегӯянд, санадҳояшонро корфармо кашида гирифтааст ва ба ҷое рафта наметавонанд.

Солона ҳудуди як миллион шаҳрванди Тоҷикистон барои дарёфти ризқу рӯзӣ ба Русия мераванд. Маблағи фиристодаи онҳо барои иқтисоди хонаводаҳо дар Тоҷикистон муҳим хонда мешавад, вале муҳоҷирони тоҷик борҳо аз беҳуқуқӣ дар Русия шикоят кардаанд.

Муҳоҷирон борҳо мақомоти тоҷикро барои ҳифз накардани ҳуқуқи онҳо дар Русия низ танқид кардаанд. Вале мақомот ҳамеша гуфтаанд, то ҳадди имкон ба муҳоҷирон кумак мерасонанд ва маҳз бо дахолати онҳо чанд дафъа пули муҳоҷирон аз корфармоён рӯёнда шуд.

XS
SM
MD
LG