Дар чанд ҷумла
Носир Ҳасанов, ҳунарманди шинохтаи тоҷик даргузашт

Носир Ҳасанов, ҳунарпешаи шинохтаи театру синамои тоҷик, ки солҳои дароз дар театри ба номи Лоҳутии пойтахт кор кардааст, рӯзи 20-уми феврал дар 86-солагӣ даргузашт.
Нурулло Абдуллоев, ҳунарпешаи театри ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, ба Радиои Озодӣ гуфт, Носир Ҳасанов то ҳафтае пеш саломату бардам ба назар мерасид, вале субҳи имрӯз хабари даргузашташро фаҳмиданд. Ба иттилои ӯ, Ҳасановро тибқи васияти худаш дар оромгоҳи "Сариосиё" ва дар паҳлӯи қабри модараш дафн мекунанд.
Носир Ҳасанов аз солҳои 60-уми садаи гузашта ба ин тараф дар Театри давлатии академии драмавии ба номи Лоҳутӣ фаъолият дошт. Ӯ пас аз хатми Донишкадаи санъати театрии ба номи А.В. Луначарскии шаҳри Маскав як муддат дар театри Хуҷанд нақш офарид ва баъдан ба театри Лоҳутӣ омад.
Дар ин театр ӯ ҳудуди 60 нақш офаридааст. Аз ҷумла, нақши Освалд дар намоишномаи "Шоҳ Лир"-и Шекспир, Муллоазим дар намоишомаи "Вопасин арӯси амиралмуъминин"-и Фазлиддин Муҳаммадиев, нақши Загареский "Дод аз дасти ақл"-и Александр Грибоедов ва дар даҳҳо намоишномаҳои дигар ҳунарнамоӣ кардааст.
Ортиқи Қодир, ҳунарпешаи шинохтаи тоҷик гуфт, марги Носир Ҳасанов барои ҳунари тоҷик талафоти сангин аст. Вай гуфт бо Ҳасанов дар чанд намоишнома ҳамкорӣ кардаву нақш офаридааст. «Носир Ҳасанов аз насле дар санъати театри тоҷик ба шумор меравад, ки ҳамроҳ бо Маҳмудҷон Воҳидов, Марям Исоева, Ҳошим Гадоев, Ҳабибулло Абдураззоқов ба театри тоҷик тозагӣ оварданд ва дар сабки баёну забон дигаргунӣ ворид намуда мактаби хоси худро замина гузоштанд", гуфт Қодир. Носир Ҳасанов натанҳо дар театр, балки дар филмҳо низ даҳҳо нақшҳои ёдмонданӣ бозидааст.
Аз ҷумла нақши Сафархӯҷа дар филми «Бачаҳои Помир», Қарошир дар филми машҳури «Ниссо», Носир дар филми «Ҳасани аробакаш», Дадаҷон дар филми «Ҷӯра-саркор»-ро бозидааст. Носир Ҳасанов аз соли 1963 узви Итиҳодияи синамогарони Тоҷикистон ва аз соли 1968 узви Иттифоқи ходимони театри Тоҷикистон буд.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Филми Шаҳроми Мокрӣ аз номи Тоҷикистон ба ҷоизаи “Оскар” пешбарӣ шуд

Филми коргардони эронӣ Шаҳроми Мокрӣ “Харгӯши сиёҳ, харгӯши сафед” аз ҷониби Тоҷикистон ба ҷоизаи бонуфузи синамоии “Оскар” пешбарӣ шуд. Дар ин бора рӯзи 29 сентябр чандин расонаи байналмилалӣ, аз ҷумла https://www.hollywoodreporter.com/ хабар додааст.
Ба навиштаи ин расона, драмаи детективии дар Тоҷикистон наворгиришуда “се қиссаи аз ҳам ҷудоро бозгӯ мекунад, ки дар як моҷарои асроромезе ба ҳам мепайванданд”. Ин филм аз номи Тоҷикистон ба қазовати озмуни синамогарни амрикоӣ фиристода шудааст. То имрӯз ин филм ҷоизаи Vision Asian Award-ро дар ҷашнвораи байналмилали Пусан бурда, инчунин қарор аст дар ҷашнвораҳои синамоии Лондон ва Чикаго ба намоиш гузошта шавад.
Қиссаи филм чунин аст, ки вақти наворгирии филме силоҳсозе дарк мекунад, ки аслиҳа сохта не, ҳақиқӣ аст. Як ҳунарпеша омада талаб мекунад, ки ба ӯ нақше бидиҳанд. Ва як қурбонии садамаи нақлиётӣ шабҳа мекунад, ки шояд ҳодисаи бо ӯ рухдода як кори махсус ташкилшуда аст. Дар ниҳоят ин се моҷарои гуногун дар як пайванди асроромезе ба ҳам мепечанд.
“Харгӯши сиёҳ, харгӯши сафед” филми чоруми калонҳаҷми Мокрӣ аст. Филмҳои гузаштаи ӯ “Моҳӣ ва гурба” (2013), «Ҳуҷум» (2017), «Ҷинояти бедиққат» (2020) дар ҷашнвораҳои мухталифи ҷаҳонӣ намоиш дода шудаанд. Филми охиран барандаи ҷоизаи ҷашнвораи Чикаго шудааст.
Сухангӯи Тоқаев аз мулоқоти президентони Қазоқистон ва ИМА акс нашр кард

Як ёвар ва ҳам сухангӯи президенти Қазоқистон Руслан Желдибой дар саҳифаи Телеграмаш акси Қосимҷомарт Тоқаевро бо президенти ИМА Доналд Трамп нашр кард. Ӯ рӯзи 29 сентябр ду акс нашр кард: дар яке Трампу Тоқаев ба ҳам даст медиҳанд ва дар дуюмаш аз тарафи дасти рости президентон ҳамсари президенти Амрико Мелания Трамп қарор дорад.
Маълум нест ин аксҳо кай бардошта шудааст ва чаро танҳо баъди чор рӯзи бозгашти Тоқаев аз ҷаласаи Маҷмаи кулли СММ нашр шуданд, чун эҳтимолан дар ҳамон рӯзҳои дар Ню Йорк будани Тоқаев гирифта шудаанд. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар Қазоқистон ишора кардаанд, ки ранги гарданбанди Трамп сурх аст ва ҳангоми суханрониаш аз минбари СММ гарданбанди кабуд дошт.
Эҳтимолан мулоқоти Трампу Тоқаев ҳангоми гаштугузор дар бинои СММ сурат гирифт, чун ҳеҷ хабаре дар бораи вохӯрии ду президент дар ҳошияи Маҷмаи кулл нашр нашудааст. Рӯзи 22 сентябр ду раҳбар телефонӣ бо ҳам гуфтугӯ кардаанд.
Трамп дар Ню Йорк як мулоқоти шахсӣ бо президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев дошт ва ӯ ягона раҳбари як кишвари Осиёи Марказӣ аст, ки бо раҳбари Амрико сӯҳбати ҳузурӣ анҷом додааст. Дар остонаи мубоҳисаҳои сатҳи олӣ дар СММ Қазоқистон ва Узбекистон бо ширкатҳои ИМА ба маблағи 12 миллиард доллар созишномаҳо барои хариди локомотив ва ҳавопаймоҳои ширкати “Боинг” имзо карданд.
Дар хабарҳои расмӣ аз Қазоқистон баъди бозгашти Тоқаев аз Ню Йорк дар бораи аз вазифа барканор шудани вазири корҳои хориҷӣ Мурат Нуртлеу ва сафири Қазоқистон дар ИМА Ержан Ошиқбоев хабар дода шуд. Дафтари президенти Қазоқистон сабаби ин барканориҳоро нашр накард.
Боздоштҳо дар робита бо заҳролудшавии 1900 тифли кӯдакистон дар Узбекистон

Дар Узбекистон аз рӯи парвандаи заҳролудшавии 1900 тифли кӯдакистон дар ҳафтаи гузашта ҳафт нафар боздошт шудааст. Радиои Озодлик менависад, ки дар ин бора аз сохторҳои ҳифзи қонун хабардор шудааст. Дар миёни боздоштшудаҳо масъулони се ширкати хӯроктаъминкунӣ ва корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти ширӣ мебошанд, ки бо таъмини хӯроквории кӯдакистонҳо машғул будааст.
Gazeta.Uz аз номи Кумитаи санитариюи эпидемиологӣ ва сиҳҳатии оммавии Узбекистон Нурмат Отабеков навишт, ки хӯроки кӯдакистонҳое, ки дар он заҳролудшавии оммавии тифлон сабт шудааст, аз тарафи се ширкати беруна харидорӣ мешуд. “Ҳарсе ширкат маҳсулоти ширӣ ва кефири равғанаш 3,2-дарсадиро аз ширкате дар ноҳияи Оққӯрғон дастрас мекард. Ин ширкат дар ноҳияи Учтеппаи Тошканд сабт шуда, истеҳсолоташ дар Оққӯрғон ба роҳ монда шудааст”. Отабеков гуфт, ки манзур ширкати Shark Milk Product аст, вале тафтишот идома дорад.
Ба иттилое, ки Радиои Озодлик дастрас намуд, ширкати Shark Milk Product ба Омонов Фазлиддин Фарҳодович, писари собиқ ҳокими ноҳияи Оққӯрғон тааллуқ дорад. Ба навиштаи ин манбаъ, ҳодисаи мисли ин бо маҳсулоти ширкати Shark Milk Product чор сол пеш ҳам рӯй додааст. Он замон додситонии кулл гуфт, ки парвандаи ҷиноӣ боз мешавад, вале натиҷаҳои таҳқиқотро расонаӣ накард.
Ҳолатҳои заҳролудшавӣ аз хӯрок дар бадани 1900 кӯдак мушоҳида шуда 900 тифл ба беморхона интиқол ёфтанд. Ҳамаи онҳо аз ҳарорати баланд, дилбеҳузурӣ ва дарди шикам шикоят мекунанд.
Ҳодисаи заҳролудшавии оммавӣ ҳафтаи гузашта рух дод ва кӯдаконро ба беморхонаҳои панҷ ноҳия интиқол доданд.
Дар шабакаҳо сабтҳое аз баъзе беморхонаҳо роҳ ёфт ва дар яке аз онҳо як ҳамшираи шафқат мегӯяд, ки беморон чунон зиёданд, ки дасти ёрӣ намерасад.
Омбудсмени кӯдак дар Узбекистон гуфт, ки раёсати тафтишоти ВКД дар вилояти Тошканд рӯзи 25 сентябр аз рӯи моддаи «вайрон кардани қонунҳои санитарӣ ваё мубориза бо эпидемияҳо» парванда боз кардааст.
Раҳбарони Суғду Бодканд кӯч додани сокинони наздимарзиро баррасӣ кардаанд

Раҳбарони вилоятҳои Суғди Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистон рӯзи 29 уми сентябр масъалаи масъалаи кӯчонидани сокинони деҳоти наздимарзиро, ки ҷонибҳо дар натиҷаи таъину аломатгузории марз ба мувофиқа расида буданд, баррасӣ кардаанд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти президенти Қирғизистон, дар ин мулоқот, ки дар Бодканд баргузор шуд, ҳамчунин раҳбарону шаҳру ноҳияҳо ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ду кишвар ширкат доштанд.
Ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои тоза кардани хати марз аз ҳавливу хонаҳо, дарахту биноҳои тиҷоратӣ зимни аломатгузорӣ ва ташкили корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни сокинонро, баррасӣ намуданд.
Раҳбарони Тоҷикистону Қирғизистон моҳи март дар шаҳри Бишкек Созишнома дар бораи аломатгузории марзи ду кишварро имзо карданд.
Мақомоти тоҷик ҷузъиёти созишномаи марзиро бо Қирғизистон ошкор намекунанд, вале бархе аз мақомдорони Қирғизистон қисман ин масъаларо шарҳ дода, гуфта буданд, ҷонибҳо ба хулосае омадаанд, чанд роҳу деҳаи аҳолинишнро бо ҳам иваз карданд.
Марзи Тоҷикистону Қирғизистон 1006 километр аст ва то моҳи март бисёре аз қитъаҳо баҳсӣ ба ҳисоб мерафтанд. Борҳо дар нуқтаҳои баҳсӣ ҷанҷол сар зада, боиси кушта ва захмӣ шудани даҳҳо низомӣ ва сокинони маҳаллии ду кишвар шуда буд. Мақомоти қирғизу тоҷик гуфтанд, ки имзои созишномаи марзӣ ба ин баҳсҳо хотима додааст.
ВКД аз соҳибони дронҳо хост, дастгоҳҳои худро сабти ном кунанд

Мақомоти тоҷик бо нашри як хабарнома аз соҳибони дрон ё паҳподҳо хостаанд, ки дастгоҳҳои худро аз нав сабти ном кунанд.
Раёсати ВКД дар Душанбе рӯзи 29 уми сентябр гуфт, афроди дорои бесарнишин бояд то 5-уми октябр барои ба қайд гирифтани он ба ин ниҳод ҳозир шаванд. Раёсат таъкид кардааст, ки нисбати онҳое, ки аз ин амр саркашӣ мекунанд, чора андешида мешавад.
Мақомот дар шарҳи сабаби даъвати дубораи сокинон барои сабти номи дронҳои худ гуфтааст, чунин "зарурият" ба миён омадааст.
Бесарнишинҳои хурд дар Тоҷикистон бештар барои сабти навор дар тӯю маросим ва ё барномаҳои телевизионӣ, истифода мешавад.
Солҳои ахир дар чорабиниҳои калони давлатӣ ҳам бо истифода аз даҳҳо дрон дар осмон, тасвирҳои гуногун намоиш дода мешуд.
Даъват аз сокинон барои ба қайдгирии дронҳои худ дар ҳолест, ки Тоҷикистон рӯзҳои 9-10 октябр мизбони саммити "Осиёи Марказӣ-Русия" ва ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошад.
Қарор аст раҳбарони чанде аз кишварҳо, аз ҷумла, президенти Русия ба Тоҷикистон сафар кунад ва бинобар ин, чораҳои амниятӣ ҳам дар кишвар сахттар мешаванд.
Президенти Тоҷикистон чор судяро аз кор озод кард

Рӯзи 29 сентябр бо фармони президент Эмомалӣ Раҳмон чор додраси тоҷик аз вазифаҳояшон озод шуданд.
Ба иттилои сомонаи президенти Тоҷикистон, аз ҷумла, Раҷабзода Ҳотам Назар аз вазифаи раиси суди ноҳияи Рӯдакӣ, Баротзода Ҳусейн Наҷот аз вазифаи раиси суди ноҳияи Рашт, Мирзозода Манучеҳр Ҳасан аз вазифаи судяи суди ноҳияи Рӯдакӣ ва Азизӣ Ҷалолиддин Азизхоҷа аз вазифаи судяи суди иқтисодии вилояти Хатлон бо сабаби ба кори дигар гузаштан озод карда шуданд.
Раҷабзода Ҳотам Назар, ки дар гузашта раиси суди ҳарбии горнизони Душанбе буд, давоми ду сол дар мақоми раиси суди ноҳияи Рӯдакӣ кор кардааст.
Баротзода Ҳусейн Наҷот давоми ҳашт сол дар мақоми раиси суди ноҳияи Рашт ифои вазифа кардааст.
Мирзозода Манучеҳр Ҳасан, ки дар гузашта дар мақоми судяи суди ноҳияи Рӯшони ВМКБ кор кардааст, давоми ҳафт соли охир дар суди ноҳияи Рӯдакӣ ифои вазифа мекард.
Азизӣ Ҷалолиддин Азизхоҷа то соли 2022 дар вазифаи судяи Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон кор мекард, давоми се сол дар мақоми судяи суди иқтисодии вилояти Хатлон ифои вазифа кардааст.
Мақомҳои нави судяҳои аз вазифа озодшуда феълан нашр намешавад.
Дар Тоҷикистон таъин ва озод кардани додрасҳо дар салоҳияти президент аст ва ба ҳамин хотир ҳам бисёр вақт мавриди танқид мебошад, чун, ба бовари мунаққидон, мустақилияти низоми додгоҳиро аз байн мебарад.
Фармони дигар
Инчунин рӯзи душанбе бо як амри президенти Тоҷикистон Соҳибзода Муҳаммадҷон Маҳмадалӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини якуми директори Маркази миллии қонунгузории назди президенти Тоҷикистон озод карда шуд.
Соҳибзода, ки давоми панҷ соли гузашта дар ин мақом кор кардааст, инчунин ба унвони як узви ҳизби ҳокими халқии демократӣ вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе мебошад.
Қарорҳои нав дар паи як маҷлиси ҳукумати Тоҷикистон нашр шуданд.
Путин ва Раҳмон телефонӣ гуфтугӯ карданд

Дар остонаи сафари президенти Русия Владимир Путин ба Тоҷикистон, рӯзи 29 сентябр раҳбарони ду кишвар телефонӣ сӯҳбат карданд.
Ба иттилои дафтари матбуоти Эмомалӣ Раҳмон, "сарони ду давлат масъалаҳои ҷории рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Россияро мавриди муҳокима қарор дода, оид ба ҷанбаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ мубодилаи афкор анҷом доданд".
Ҷузъиёти аз ин беши гуфтугӯҳои телефонии Раҳмон ва Путин нашр намешавад, вале дар хабарнома омадааст, ки раҳбарони ду кишвар ҷадвали мулоқотҳои сатҳи олии дарпешистодаро баррасӣ намуданд.
Қарор аст рӯзҳои 9-10-уми октябр президенти Русия ба Тоҷикистон сафар кунад. Феълан барномаи ин сафар ё масоили мавриди баррасӣ миёни ду раҳбар нашр намешавад, вале худи Путин гуфтааст, "ҳамкориҳои иқтисодӣ ва сармоягузорӣ" дар меҳвари ин дидору гуфтугӯҳо қарор мегирад.
Мулоқоти ду раҳбар дар ҳоле дар назар аст, ки муҳоҷирони корӣ дар Русия бо фишори бесобиқатарин дар таърихи равобити миёни ду кишвар рӯбарӯ ҳастанд ва тақрибан ҳар ҳафта мақомоти интизомӣ аз боздоштҳои бераҳмову ҳабс ва ихроҷи муҳоҷирон бо баҳонаҳои риояи қонунҳои муҳоҷират гузоришҳо нашр мекунанд.
Думаи давлатии Русия дар якуним соли баъди ҳамлаи маргбор ба толори "Крокус"-и Маскав, ки дар содир кардани он асосан шаҳрвандони Тоҷикистон гумонбар мебошанд, даҳҳо қонуни маҳдудкунандаи кору ҳузури муҳоҷиронро қабул кардаанд.
Маълум нест то куҷо дар дидорҳо дар Душанбе мақомоти баландпояи Тоҷикистон аз Путин ва ҳукуматаш беҳбуди вазъи муҳоҷирон ва риояи қонунҳо дар нисбати онҳоро дархост хоҳанд кард, чизе, ки бисёриҳо дар Тоҷикистон интизор доранд.
"Тӯдаи бекорхӯҷаҳои гузаро?" Пешниҳоди маҳрум кардани муҳоҷирон аз нафақаи иҷтимоии Русия

Вакилони Думаи давлатӣ аз ҳизби ЛДПР ё ҳизби либералу демократи Русия ба баррасии маҷлис тарҳи нави қонунеро пешниҳод карданд, ки мегӯяд, муҳоҷирони коргар дар ин кишвар бояд аз гирифтани нафақаи иҷтимоӣ маҳрум шаванд.
“Парламентская газета”, нашрияи расмии Думаи давлатӣ ин хабарро рӯзи 29 сентябр бо такя ба дафтари матбуоти ҳизб нашр кардааст. Гуруҳи ҳизбӣ ба раҳбарии Леонид Слутский, ки ҳамеша бо мавқеи нажодпарастонааш фарқ мекард, гуфтааст, соли гузашта дар Русия 600 ҳазор коргари хориҷӣ қарор дошт ва ин шумори рекордӣ аст. Ҳадди миёнаи нафақаи ин гурӯҳ сеяки маоши онҳоро ташкил медиҳад.
Слутский бо пешниҳоди тарҳи нави қонун гуфтааст, дар пасманзари “мушкилоти демографӣ ва амалиёти вижаи ҳарбӣ” (дар Русия ҷанги зидди Украинаро чунин ном мебаранд) “ҳар як тин ба ҳисоб аст” ва ин ҳам дар ҳолест, ки “муҳоҷирон дар бунёди ин давлат иштирок намекунанд ва бисёр вақт Русияву русҳоро бад мебинанд, аз ин давлат нафақа дарёфт мекунанд”.
Ин сиёсатмадор гуфтааст, “вақте нафахахӯрони мо тини ночиз мегиранд, пиронсолони рус барои додани пули хона ё харидани хӯрок пули кофӣ надоранд! Мо боз бояд тӯдаи бекорхӯҷаҳои гузароро таъмин кунем, ки қисми зиёдаш махсус барои гирифтани кӯмакҳои иҷтимоии ройгон меоянд?”.
Намояндагони ЛДПР пешниҳод карданд, ки нафақаҳои иҷтимоиро ба хориҷиҳову шахсони бешаҳрвандии сокини доимии Русия пардохт накунанд. Ин амали онҳо, ба гуфтаашон, низоми нафақаи Русияро аз «ӯҳдадориҳои беасоси иҷтимоӣ раҳо карда бори буҷадро камтар мекунад».
Ин даъват дар ҳолест, ки дар Русия дар давоми беш аз як соли охир даҳҳо қонуни нави маҳдудкунандаи ҳузур ва ҳуқуқи муҳоҷирон дар ин кишвар қабул шуд. Дар як ташаббуси ахир ҳизби "Русияи одил" пешниҳод намуд, ки вуруди оилаҳои муҳоҷирон ба ин кишвар манъ шавад. Инчунин, шуруъ аз имсол фарзандони муҳоҷирон танҳо баъди супоридани имтиҳон аз забони русӣ ба мактабҳо қабул мешаванд.
Вакилони парлумони Русия, ки ҳар сари чанд вақт бо ташаббусҳои нави маҳдудкунандаи муҳоҷирон садо баланд мекунанд, гӯё бо ҳам дар пешниҳоди чораҳои сангину бераҳмонатар дар ҳолати рақобат қарор доранд.
Аз сӯи дигар, ҷанги идомаёбанда алайҳи Украина ба буҷаи давлати Русия ҳам осеби сахт мерасонад ва зоҳиран, бо баҳонаи муҳоҷирон, мақомот дар асл мехоҳанд хароҷоти ҳатмии давлатиро дар баробари сокинон кам кунанд. Ба фарқ аз шаҳрвандони Русия, муҳоҷирон қишри беҳуқуқ ва осебпазиртарин ҳастанд ва дар сурати нагирифтани нафақаи қонунӣ ҳам гумон аст, ки битавонанд дар додгоҳ барои ҳуқуқи худ мубориза баранд.
Як тоҷик дар ҷанги зидди Украина кушта шуд

Як зодаи Тоҷикистон, ки дар сафи нирӯҳои мусаллаҳи Русия дар ҷанги зидди Украина кушта шудааст, дар вилояти Владимир ба хок супурда шуд. Ба навиштаи маъмурияти шаҳри Юрйев-Полскии вилояти Владимир, рӯзи 26 сентябр дар ин шаҳр маросими хоксупории Исломиддин Ҳикматович Раҳматови 23-сола баргузор шуд.
Дар хабари мақомот омадааст, ки Исломиддин Раҳматов соли 2002 дар Тоҷикистон таваллуд шуда баъдан ба Русия кӯчид. Ӯ бо вазорати мудофеаи Русия барои хидмати ҳарбӣ созишнома имзо кард ва дар артиш дар рутбаи снайпер ва разведкачии калон ё сарбози калони иктишофӣ хидмат мекард.
Ҷузъиёти бештар дар бораи марги ин низомӣ нашр намешавад, танҳо дар хабари расмӣ омадааст, ки Исломиддин моҳи августи соли 2025 «ба ҳангоми иҷрои супоришҳое дар ҷараёни амалиёти махсуси ҳарбӣ (мақомоти Русия ҷанги зидди Украинаро чунин ном мебаранд) дар қаламрави Украина, ЛНР, ДНР ҷон бохт».
Ба иттилои расмӣ, Раҳматовро дар шаҳри Юрйев-Полскии вилояти Владимир ба хок супурданд. Мақомоти ин шаҳр ё матбуоти дигари маҳаллӣ, ки хабарро бознашр кардааст, ҷузъиёте аз ин беш намедиҳад.
Раҳматов, ба эҳтимоли зиёд, яке аз даҳҳо зодагони Тоҷикистон аст, ки бо қабули шаҳрвандии Русия барои ширкат дар ҷанги зидди Украина сафарбар шудаанд.
Шумори дақиқи тоҷикону тоҷикистониёне, ки аз тарафи Русия дар ин ҷанг иштирок мекунанд, нашр намешавад. Аз ҷумла, Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон моҳи август дар як нишасти хабарӣ гуфт, «шумори расмии зодагони Тоҷикистон, ки дар Украина меҷанганд, мавҷуд нест».
Вале ба ҳисоби тарҳи давлатии Зистан мехоҳам"-и Украина, аз оғози соли 2025 беш аз 600 зодаи Тоҷикистон бо артиши Русия қарордод баста, ба ҷанг рафтаанд. Ин тарҳ дар маҷмӯъ номи 930 Тоҷикистониро нашр кард, ки ба ҷанг пайвастаанд ва тақрибан 200 нафарашон ҳам кушта шудаанд. Ба гуфтаи муаллифони пажӯҳиш, аксарият аз зиндонҳо ва қисме ҳам аз сохтмону бозорҳо ба ҷанг сафарбар шудаанд. Ба ин роҳ онҳоро бо ваъдаи раҳоӣ аз зиндон, пули калон ва ё пешниҳоди шиносномаи русӣ ҷалб мекарданд.
Толибон як шаҳрванди Амрикоро озод карданд

Ҳукумати Толибон дар Афғонистон рӯзи 28-уми сентябр як шаҳрванди дигари Амрикоро озод кардааст. Амир Амириро баъд аз дидори Адам Бёлер, фиристодаи вижаи Амрико дар умури гаравгонҳо раҳо карданд.
Ба гуфтаи давлати Амрико, Амирӣ аз моҳи декабри соли 2024 дар боздошт буд ва бо миёнҷигарии Қатар озод шуд.
Марко Рубио, вазири корҳои хориҷии Амрико бо нашри паёме дар шабакаи X (Твиттер) озодии Амириро тасдиқ ва аз Қатар барои кумак дар ин кор миннатдорӣ кардааст.
Вазорати корҳои хориҷии Толибон пештар дар шабакаи X эълом кард, ки "Имороти исломии Афғонистон имрӯз як шаҳрванди Амрикоро бо номи Амир Амирӣ аз зиндон озод кард".
Як манбаи огоҳ ба хабаргузории "Ройтерс" гуфтааст, Амирӣ панҷумин шаҳрванди Амрико аст, ки имсол бо миёнҷигарии Қатар аз сӯи Толибон озод шудааст.
Ноиби Трамп: Русия музокирот бо Украинаро рад кардааст

Муовини раисҷумҳури Амрико мегӯяд, дар ҳафтаи ахир Русия музокироти дуҷониба бо Украина ва гуфтугӯи сеҷонибаро бо Амрико рад кардааст.
Ҷей Ди Венс дар гуфтугӯ бо шабакаи Fox News гуфт, "мо тарафдори сулҳ ҳастем, аммо барои ин кор ҳузури ду тараф лозим аст". Венс умедворӣ кардааст, ки Маскав "бедор шуда, воқеиятро қабул мекунад".
Қаблан Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико аз нияташ барои гузарондани вохӯрии сеҷониба бо роҳбарони Русия ва Украина хабар дода буд. Президенти Русия барои вохӯрӣ бо Владимир Зеленский мувофиқа кардааст, аммо расидан ба тавофуқ дар масъалаи калидиро бо Киев имконнопазир гуфтааст.
Дар ҳамин ҳол маъмурияти Доналд Трамп мавзӯи интиқоли мушакҳои дурпарвози "Томагавк"-ро аз тариқи НАТО баррасӣ дорад. Ба гуфтаи Ҷей Ди Венс, тасмими ниҳоиро раиси ҷумҳур Доналд Трамп мегирад.
Рӯзномаи The Wall Street Journal пештар хабар дода буд, ки Трамп ба фиристодани мушакҳои дурпарвоз ба Украина мухолифат надорад.
Марк Рютте, дабири кулли НАТО эълон кардааст, ки ба эҳтимоли зиёд ҷанг миёни Русия ва Украина аз роҳи музокирот хотима меёбад. Рютте ваъда додааст, ки баъди ҳосил шудани тавофуқ ба Украина кафолати амниятӣ дода мешавад.
Расонаҳо аз кушта шудани як фармондеҳи тоҷикистонии ДОИШ хабар доданд

Расонаҳои покистонӣ аз кушта шудани як фармондеҳи тоҷикистонии ДОИШ дар шаҳри Мазори Шарифи Афғонистон хабар додаанд. Аз ӯ Муҳаммад Эҳсонӣ ном бурда шудааст, ки бо исми "Анвар" низ маъруф будааст.
Шабакаи телевизионии Покистон "24News" бо такя ба манобеъи амниятӣ гуфтааст, ки ин фармондеҳи шохаи "Хуросон" - и ДОИШ дар тарҳрезӣ ва иҷрои ҳамлаи маргталабона дар Пешовар дар соли 2022 даст дошт. Дар ин ҳамла 67 нафар кушта шуданд. Хабари кушта шудани Муҳаммад Эҳсониро телевизиони форсизабони "Афғонистон интернешнл" ҳам пахш кардааст.
Бар асоси ин гузориш, Муҳаммад Эҳсонӣ масъули ҷалб ва омӯзиши бомбгузорони маргталаби тоҷик барои анҷоми ҳамлаҳо дар хоки Покистон будааст. Вокуниши мақомоти Тоҷикистон дар робита ба кушта шудани фармондеҳи тоҷики ДОИШ маълум нест. Номи Муҳаммад Эҳсонӣ қаблан дар расонаҳо пахш нашуда буд ва барои ҳамин дар бораи шахсияташ маълумоте дар даст нест.
Созмони Милали Муттаҳид қаблан дар гузорише гуфта буд, ки ҳудуди ду ҳазор ҷангҷӯи ДОИШ дар Афғонистон ҳузур доранд. Аммо Толибон ин гузоришҳоро "таблиғ" хонда гуфтанд, гуруҳи тундрави ДОИШ дар Афғонистон ҳузур надорад.
Пештар гузоришҳое аз ҳузури Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи собиқи нерӯҳои вижаи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ва Муҳаммад Шарифов, маъруф ба Маҳдӣ Арсалон дар Афғонистон нашр шуда буд. Моҳи августи имсол як намояндаи додситонии кулли Тоҷикистон гуфт, мақомоти қудратии кишвар дар бораи зинда ва дар Афғонистон будани Гулмурод Ҳалимов ва Муҳаммад Шарифов маълумоти дақиқ дар даст надоранд.
Пешниҳоди вакили тоҷик: дастрасии наврасон ба шабакаҳои иҷтимоӣ манъ шавад

Як вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки дастрасии наврасони то 14-сола ба шабакаҳои иҷтимоӣ пурра манъ карда шавад. Вакил ҳамчунин пешниҳод кардааст, ки наврасони 14-17-сола танҳо бо иҷозаи хаттии волидайн аз шабакаҳои иҷтимоӣ истифода баранд.
Дилноза Аҳмадзода дар мақолае, ки нашрияи расмии "Народная газета" чоп кард, навиштааст, манъи дастрасии наврасон ба шабакаҳои иҷтимоӣ онҳоро аз маълумоти зараровар ҳифз мекунад.
Мақолаи Аҳмадзода охири моҳи май нашр шуда, ахиран ба расонаҳо роҳ ёфт. Вакили порлумон пешниҳод кардааст, ки ба қонун дар бораи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак тағйирот ворид шуда, дастрасии наврасони то 14-сола ба шабакаҳои иҷтимоӣ манъ шавад. Мақомоти Тоҷикистон ба ин пешниҳод ягон вокуниш накардаанд.
Баъзе коршиносони тоҷик мегӯянд, пурра маҳрум кардани наврасон аз истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ роҳи ҳал нест.
Таҷрибаи манъ кардани истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ барои наврасон дар баъзе кишварҳо ҷорӣ шудааст. Аз ҷумла мақомоти Австралия наврасони аз 16-сола поёнро аз дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ маҳрум мекунанд. Ин қонун аз моҳи декабри имсол ба иҷро медарояд.
Дар Молдова интихоботи порлумонӣ оғоз шуд

Рӯзи 28-уми сентябр дар Молдова интихоботи порлумонӣ баргузор мешавад. Нуқтаҳои овоздиҳӣ соати 7 боз шуданд ва қарор аст раъйдиҳандагон то соати 21 мавқеи худро маълум кунанд.
Ин интихобот барои Молдова сарнавиштсоз гуфта мешавад, чун маълум мекунад, ки роҳи ин кишвар барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо идома мекунад ё Молдова ба Русия наздик мешавад.
Дар интихоботи порлумонии Молдова 14 ҳизб ва чор номзади мустақил иштирок доранд. Рақобати асосӣ миёни ҳизби ҳокими "Амал ва ҳамбастагӣ" ва аҳзоби рӯ ба Маскав, аз ҷумла ҳизбҳои сотсиалистӣ ва комунистӣ мегузарад.
Мая Санду, раиси ҷумҳури феълии Молдова субҳи барвақт раъй дод ва аз шаҳрвандон хост, ки дар интихобот фаъолона ширкат карда, аз демократияи кишвар муҳофизат кунанд. "Молдова, хонаи ҳамаи мо дар хатар қарор дорад, имрӯз ҳамаи шумо муҳим ҳастед. Шумо метавонед бо раъйи худ кишварро наҷот диҳед", - гуфт Санду.
Ҳизби "Амал ва ҳамбастагӣ", ки роҳбараш Майя Санду аст, аз соли 2021 аксарияти курсиҳои порлумонро дар ихтиёр дорад. Аммо назарпурсиҳо нишон медиҳанд, ки ин ҳизб мумкин мавқеи худро аз даст диҳад.
Санду дар остонаи интихобот аз мардуми кишвараш хост, ба тарафдорӣ аз неруҳои рӯ ба Аврупо овоз диҳанд, чун Русия маблағи зиёде сарф кардааст то Молдоваро ба сӯи худ кашад. Раиси ҷумҳури Молдова мегӯяд, Русия "миллионҳо доллар сарф карда" талош дорад, ки овози интихобкунандагонро бихарад. Маскав дахолат дар умури дохилии кишварҳои дигарро рад мекунад.
Садҳо гектар замини ҷангалро аз мардум бозпас мегиранд

Ҳукумати Тоҷикистон дастур додааст, ки хоҷагиҳои деҳқонӣ садҳо гектар заминро ба ҷангал баргардонанд. Ин заминҳоро солҳо қабл барои ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ ба мардум дода буданд.
Тоҳир Амиршоҳзода, раиси Муассисаи ҷангали минтақаи Кӯлоб моҳи август дар нишасти хабарӣ гуфт, баргардони заминҳо бо дастури раиси ҷумҳур ва додситонии кул анҷом мешавад.
Ба гуфтаи мақомот, барои ташкили хоҷагии деҳқонӣ дар ҳудуди ҷангал қарори ҳукумати ҷумҳурӣ лозим аст. Ҷангалбонҳо мегӯянд, танҳо он хоҷагиҳое дар заминҳои ҷангал кишту корро давом медиҳанд, ки қарори ҳукуматро дар даст доранд.
"Тибқи қонун ҳамон хоҷагиҳои деҳқониеро эътироф мекунем, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба онҳо қарор додааст. Агар қарор надошта бошад, он замин дар ихтиёри идораи ҷангал аст", - гуфт Тоҳир Амиршоҳзода.
Видеоро инҷо бинед:
Ҷангалбонҳои минтақаи Кӯлоб дар ихтиёрашон 324 ҳазор гектар замин доранд. Аз ин миқдор 38 ҳазору 66 гектараш ба сокинон мувақатан дода шудааст. Маълум нест, ки чӣ қадар аз заминҳо бояд ба идораи ҷангал баргардонда шавад. То ин вақт додситонии кул қарори 16 хоҷагии деҳқониро бекор ва заминҳоро ба ҷангал баргардонидааст.
Тибқи омори пешниҳодкардаи Раиси Муассисаи ҷангали минтақаи Кӯлоб, дар ноҳияҳои Ховалинг, Шамсиддин Шоҳин, Балҷувон, Фархор 3610 гектар заминро дубора ба ихтиёри худ гирифтанд.
Соли 2022 ҳукумат барои васеъ кардани ҷангал барномаи махсус қабул кард. Бар пояи ин барнома, то соли 2040 бояд дар ҷангалҳои Тоҷикистон 2 миллиард дарахт шинонида шавад. Аз ин 860 миллион дарахт ба вилояти Хатлон рост меояд. Мувофиқи ин барнома, ҳамчунин то 30 дарсад чарогоҳҳо дар ҷангал кам карда мешаванд.