Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазорати тандурустии Тоҷикистон: 4 январ касе ба COVID-19 мубтало нашуд


Беморхонаи Истиқлол. Акс аз бойгонӣ
Беморхонаи Истиқлол. Акс аз бойгонӣ

Намояндагони Вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфтанд, ки рӯзи 4-уми январ гирифтории касеро ба бемории COVID-19 сабт накарданд. Дар як ҳафтаи охир бори чаҳорум аст, ки вазорат чунин изҳорот медиҳад. Баъзе афрод ба дурустии он шубҳа доранд. Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ аз 30-юми апрели 2020 то 4-уми январи 2021 дар умум 13 ҳазору 300 нафар ба коронавируси нав гирифтор шуда, қариб 98 дарсади онҳо шифо ёфтаанд. Ба гуфтаи мақомот, беморӣ боис ба марги 90 кас шудааст. Мутахассисону коршиносон мегӯянд, омори Вазорати тандурустӣ дуруст нест ва миқёси сирояти беморӣ ва талафот аз он ба маротиб бештар аст.

XS
SM
MD
LG