Дар чанд ҷумла
Путин аз фишори беруна ба Беларусу Қирғизистон гуфт ва Раҳмон аз ду ташаббуси Тоҷикистон

Президенти Русия Владимир Путин гуфт, ки “талошҳои фишорoварии хориҷӣ” болои Беларус, Қирғизистон ва Молдова “ғайри қобили қабул аст”. Рӯзи 10-уми ноябр, зимни ифтитоҳи ҷаласаи сарони кишварҳои Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой Путин гуфт, ки Беларус ҳоло “таҳти фишори беруна қарор дорад”.
Давоми се моҳ аст, ки дар Беларус бо талаби истеъфои Александр Лукашенко мардум намоишҳои эътирозӣ барпо мекунанд. Лукашенкоро баъди интихоботи президентии баҳсбарангези 9-уми август баранда эълон карданд, вале мухолифон ва ҳам Ғарб мегӯяд, ки натиҷаҳои овоздиҳӣ тақаллуб шудааст.
Дар ин ҳама таҳаввулот ва ҳам саркӯби хушунатомези эътирозгарон Маскав аз Минск пуштибонӣ кард. Путин гуфт: “Баъди интихоботе, ки дар кишвари онҳо баргузор шуд, дӯстони беларусии мо таҳти фишори бесобиқа қарор доранд, дар муқобили таҳримҳо ва ҳам амалҳои таҳрикомезе қарор доранд, ки ба сарашон аз роҳи таблиғоту ҷанги иттилоотӣ мерезад”.
Лукашенко қаблан гуфта буд, ки дар пушти эътирозҳои ҷараёндошта дар Беларус Иттиҳоди Аврупо истодааст. Ба иттилои маркази ҳомии ҳуқуқи инсони “Весна” рӯзи 8-уми ноябр полиси Беларус дар шаҳрҳои Минск, Гомел, Витебск, Жлобин ва дигар шаҳрҳо 1024 нафарро боздошт кард. Дар миёни онҳо ҳадди аққал шаш нафарашон журналистон мебошанд. Ба иттилои ин марказ, бархе боздоштшудаҳо дертар озод гардиданд. Дар наворҳои видеоии ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳёфта дида мешавад, ки мардон, аксарашон бо либоси мулкӣ дар тан, эътирозгаронро бо шеваи бисёр бераҳмона дошта ба замин мезананд ва баъдан ба мошини полис бор мекунанд. Бо назардошти чунини вазъият Бритониё ва ИМА ҳамчун роҳи ҳалли буҳрон ба интихоботи нав дар Беларус даъват карданд.
Путин инчунин гуфт, ки ду ҷумҳурии дигари собиқи Шӯравӣ – Қирғизистон ва Молдова ҳамчунин “фишори беруна”-ро эҳсос мекунанд.
Дар Қирғизистон дар пайи эътирозҳои дастаҷамъӣ аз натиҷаҳои интихоботи парлумонӣ бӯҳрони сиёсӣ ба амал омад ва президенти он кишвар Сооронбой Ҷеенбеков охири моҳи октябр ба истеъфо рафт. Дар интихоботи президентии 1-уми ноябри Молдова номзади рӯ ба Аврупо Майя Санду баранда шуд ва ҳоло бояд дар даври дуюми интихобот дар муқобили номзади рӯ ба Маскав Игор Додон муборизаро идома диҳад. Ҳарду рӯйдод ба Кремлин писанд набудаанд ва зимни воқеаҳои Қирғизистон кумакҳои молии худро ба ин кишвар муваққатан қатъ карда буд.
Путин инчунин гуфт, ки оташбаси бар сари Қаробоғи Кӯҳӣ бо миёнҷигии Русия ҳосилшуда бояд роҳро ба сулҳ дар Арманистону Озарбойҷон ва ҳам минтақаи Қафқози Ҷанубӣ боз кунад. Путин афзуд, ки дар ҷаласаи сарони кишварҳои Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой изҳороти муштараке дар заминаи роҳҳои муқобила бо коронавирус қабул мешавад.
Даъвати Тоҷикистон ба пуштибонии ду ташаббус
Вебсайти президенти Тоҷикистон хабар дод, ки ҷаласаи сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой ба таври видеоконфронс баргузор шуд ва Эмомалӣ Раҳмон ҳам аз Душанбе истода дар кори он иштирок кард.
Дар суханронии худ Раҳмон даъват кардааст, ки ташаббуси Тоҷикистон дар заминаи ташкили “Маркази доимамалкунандаи зиддимуходиротии Созмони ҳамкории Шонгҳой ва Фонди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”-ро пуштибонӣ кунанд. Ҳанӯз вокуниши кишварҳои узв ба ин даъват маълум нест.
Инчунин бар асоси муқаррароти ин созмон, раҳбарии давраии СҲШ дар соли 2021 аз Русия ба Тоҷикистон гузашт.
Ба узвияти СҲШ Чин, Ҳинд, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбекистон шомил ҳастанд. Аксари таҳлилгарон ин эътилофро василаи сиёсии Русия ва Чин мешуморанд. Он дар ибтидо бо номи "Панҷгонаи Шонгҳой" таъсис ёфта, ҳадафаш ҳалли мушкилоти марзи байни Чин ва давлатҳои тозаистиқлоли Шӯравӣӣ пешин буд ва мусоидат кард, ки ин кишварҳо қисме аз қаламравҳои худро ба Чин диҳанд, то масъалаи даъвоҳои марзӣ аз байн равад.
Афғонистон, Беларус, Эрон ва Муғулистон дар ин созмон мавқеи нозирро дошта, Арманистон, Озарбойҷон, Камбоҷа, Непал, Туркия ва Шри-Ланка кишварҳои муколамакунандаи шарик ба шумор мераванд.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Додгоҳ парвандаи марги Судайси дусоларо баррасӣ мекунад

Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аввали моҳи сентябр ба баррасии парвандаи марги як тифл дар яке аз кӯдакистонҳои Душанбе оғоз мекунад.
Рӯзи 26-уми август дар Додгоҳи ноҳияи Сино ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки мурофиа ҳафтаи оянда баргузор мешавад. Парвандаро Хуршед Исозода, муовини раиси додгоҳ, баррасӣ мекунад.
Рӯзи 19-уми май дар кӯдакистони "Суолу ҷавоб" дар шаҳри Душанбе, Судайси дусола ба ҳалокат расид. Навори ҷон кандани ин кӯдак, ки ба панҷараи рахти хоб овезон шуда буд, вокунишҳои зиёдро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба миён овард.
Ба гуфтаи намояндагони додгоҳ, дар курсии айбдорӣ ду нафар нишастаанд, ки якеашон мураббии кӯдакистон ва дувумӣ корманди Идораи беҳдоштӣ (СЭС) аст.
Ҳардуи онҳо ба "хунукназарӣ" дар корашон муттаҳам мешаванд ва бо шарти берун нарафтан аз ҷойи зист дар озодӣ будаанд.
Намояндагони Додситонии кулли Тоҷикистон аввали моҳи август гуфта буданд, ки дар робита ба марги тифл дар кӯдакистон 5 нафар ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд.
Дар Додгоҳи ноҳияи Сино гуфтанд, мурофиаи ин парванда озод баргузор мешавад.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон пештар гуфта буд, ки мураббӣ вазифаи худро дуруст иҷро накарда, вақти хоби кӯдакон онҳоро танҳо гузоштааст. Дар натиҷа "аз беэҳтиётӣ писари 2-сола аз гарданаш дар панҷараи рахти хоб овезон шуда ба ҳалокат расидааст".
Бо вуҷуди дар озодӣ будан, назари мураббии кӯдакистон ва дигар гумонбарони парванда то ин лаҳза дастрас нест. Пештар Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон ҳам гуфт, кори кӯдакистони "Суолу ҷавоб" ғайриқонунӣ буд.
Идомаи даргирӣ миёни нерӯҳои Украина ва Русия дар Днепропетровск

Ситоди кулли артиши Украина тасдиқ кардааст, ки даргирии артиши ин кишвар бо нерӯҳои Русия дар вилояти Днепропетровск идома дорад. Дар айни замон артиши Украина хабарҳоро дар бораи ишғоли ду деҳа аз сӯи нерӯҳои Русия рад кард.
Дар хабари Ситоди кулли артиши Украина омадааст, ки нерӯҳои ин кишвар бо низомиёни рус дар ноҳияҳои Запороже ва Новогеоргиевск ҷанг доранд. Ин ду деҳа дар ғарби вилояти Днепропетровск ва дар марз бо вилояти Донетск ҷойгир шудаанд.
"Артиши Украина пешравии ишғолгаронро боздошта, назорати деҳаи Запорожеро идома медиҳанд", -- омадаааст дар хабари артиши Украина. Дар иттилоия ҳамчунин омадааст, ки даргириҳои сахт дар ноҳияи Новогеоргиевск идома доранд.
Пештар Ситоди кулли артиши Украина хабари расонаҳои русӣ дар бораи ҷанг дар вилояти Днепропетровскийро шарҳ намедод. Лоиҳаи мониторингии украинии DeepState пештар навишта буд, нерӯҳои Русия чанд вақт шуд, ки дар минтақаи Днепропетровский ҷанг доранд.
Вазорати дифои Русия аз тасарруфи чанд минтақаи аҳолинишин, аз ҷумла ноҳияҳои Запороже ва Новогеоргиевск, хабар дода буд. Сухан дар бораи чанд деҳаи начандон калон меравад.
Рэпсарои тоҷикро 30 ҳазор сомонӣ ҷарима бастаанд

Пулиси Душанбе Рамазон Муродов, маъруф ба "Ралик", рэпсарои тоҷикро барои беиҷозат рондани мошин боздошт карда, додгоҳе дар пойтахт ӯро 30 ҳазор сомонӣ ҷарима бастааст.
Раёсати корҳои дохилии Душанбе рӯзи 26-уми август хабар дод, ки ин ҷавони 27-сола қаблан бо қарори додгоҳ панҷ сол аз ҳаққи рондани мошин маҳрум шуда буд. Сабаб идораи нақлиёт дар ҳолати мастӣ будааст.
Ба иттилои пулиси Душанбе, Рамазон Муродов "қарори додгоҳро сарфи назар карда, боз ҳам дар ҳолати сархушӣ ва баъди истеъмоли маводи нашъадор" ронандагӣ кардааст.
Назари Рамазон Муродов ва наздиконаш ба қазия маълум нест. Ӯ дар саҳифааш дар Телеграм танҳо навиштааст, ки "аҳволи ман хуб аст".
Рамазон Муродов, ки дар миёни як гурӯҳ ҷавонон шинохта аст, моҳи июли соли 2024 барои таҳқири роҳбарони сохторҳои қудратӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, боздошт шуда буд. Ӯ чанд дафъа аз боздошт ва шиканҷа шуданаш аз сӯйи кормандони пулис шикоят карда буд.
Ширин Ибодӣ: Ҷумҳурии Исломӣ оянда надорад

Раҳбари олии Эрон рӯзи 24-уми август дар дидор бо ҳаводоронаш иддао кард, ки танҳо як рӯз пас аз ҳамлаи артиши Исроил ба Эрон бархе қудратҳои ғарбӣ ҳамроҳи "як фарди эронӣ" дар Брюссел нишасте баргузор карданд, то дар бораи "ҷойгузинии Ҷумҳурии исломӣ" тасмим бигиранд.
Алии Хоманаӣ дар суханронии худ бо ситоиш аз "иттиҳоди мардум" дар ҷанги 12-рӯза байни Эрон ва Исроил гуфт, "душман дарёфтааст, ки роҳи мубориза бо Ҷумҳурии исломӣ эҷоди ихтилофи дохилӣ аст, на ҷанг."
Ӯ тарафдорони гуфтугӯи мустақимрбо Амрикоро "зоҳирбин" хонд ва гуфт, ки "душманӣ"-и Вашингтон бо Эрон решаӣ ва "ҳалношуданӣ" аст. Алии Хоманаӣ ҳамчунин Амрикоро ба талош барои "ба зону даровардани миллати Эрон" муттаҳам кард ва онро "тавҳин ба эрониён" донист.
Ширин Ибодӣ, барандаи Ҷоизаи Нобел ва фаъоли ҳуқуқи башар, ки дар нишасти рӯзи 14-уми июн суханронӣ карда буд, гуфтаҳои Хоманаиро рад кард ва изҳор дошт, ки ӯ ҳақ дорад аз ояндаи Ҷумҳурии исломӣ нигарон бошад.
Ӯ дар суҳбат ба Радиои Фардо, бахши эронии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ гуфт, "он чизе, ки дар конфронс баррасӣ шуд, ин буд, ки сохтори сиёсӣ нотавон аст ва бояд аз ҷониби мардум сарнагун карда шавад ва барои ин ба ҷуз ваҳдат дар байни мухолифин роҳе нест."
Ҷиноҳҳои мухолифи ҳукумати Эрон бинобар ихтилофҳои амиқи идеологӣ ва дидгоҳҳои гуногун солҳо бар сари барномаи муайяне барои ояндаи Эрон ваҳдати назар надоранд. Аммо Ширин Ибодӣ, вакили дифоъ ва фаъоли ҳуқуқи башар, исрор дорад, ки "пешрафти зиёде" дар ин ҷабҳа ба даст омадааст, ки ба гуфтаи ӯ, ҳамон чизе аст, ки раҳбари олии Эронро нигарон кардааст.
Барандаи Ҷоизаи сулҳи Нобел рӯзи 25-уми август гуфт, "ба ҳамин сабаб Хоманаӣ бо шитоб аз паноҳгоҳ берун омад, то худро ба унвони фарде муаррифӣ кунад, ки ҳар кореро мехоҳад анҷом медиҳад, аммо ҳеч кас ба суханонаш бовар намекунад".
Хоманаӣ, ки фармондеҳи кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон низ ҳаст, пас аз нопадид шудан дар маҳзари умум пас аз ҳамлаи ҳавоии Исроил алайҳи Эрон дар 13-уми июл мавриди интиқодҳо қарор гирифт.
Тақдими 36 хона ба онҳое, ки дар заминларза бехонаву дар монда буданд

Ба 36 оила дар ноҳияи Тоҷикобод, ки бар асари заминларза хонаашон пурра ё қисман вайрон шуда буд, манзил додаанд. Тақдими хонаҳо рӯзи 26-уми март дар деҳаи навбунёде дар ҷамоати Лангари Шоҳ сурат гирифт.
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, дар ин маросим гуфтааст, аксар деҳаҳои Тоҷикобод дар мавзеъҳои осебпазир ҳастанд ва бояд манзилҳои истиқоматӣ ба офатҳои табиӣ тобовар сохта шаванд.
Заминларзаи вайронгар дар ноҳияи Тоҷикобод рӯзи 13-уми апрели имсол рух дод. Дар натиҷаи он як наврас ҷон бохта, 16 нафар ҷароҳат бардоштанд.
Вебсайти президенти Тоҷикистон навишт, ки дар ин ҳодиса 33 хона пурра ва 164 манзил қисман вайрон шуда, чанд мактабу бунгоҳи тиббӣ низ осеб диданд. Зиёни расида 8 миллион сомонӣ, муодили тақрибан ҳаштсад ҳазор доллар ҳисоб шудааст.
Ба қавли дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ, дар зарфи чор моҳ дар деҳаҳои осебдидаи Қалъаи Лаби Об ва Лангари Шоҳ барои 197 оила манзили истиқоматӣ сохта додаанд. Маълум нест, ҳамаи хонаҳо аз пули давлат сохта шудаанд ва харҷи онҳо аз ҷайби соҳибкорону тоҷирон будааст. Пештар баъзе аз зарардидаҳо ба Радиои Озодӣ шикоят карда буданд, ки барои азнавсозии хона ё оғилу ҳаммоми худ ёрие дарёфт накарданд.
Минтақаи Рашт дар гузашта ҳам шоҳиди заминларзаҳои сахте шуда, соли 2020-2021 бар асари зилзила панҷ сокини Тоҷикобод ба ҳалокат расида, наздик ба шаст хона дар чаҳор деҳаи ин ноҳия осеб диданд.
Заминҷунбиҳо дар ин минтақа фоҷиаи 10-уми июли соли 1949-ро ёдрас карданд, ки чун зилзилаи Ҳоит маъруф буда, сабаби марги 32 ҳазор нафар гашта буд. Аз он вақт бунёди манзил дар ин ҷо талаботи хос дорад, ки на ҳамеша риоят мешавад.
“Эҳтимол ҳаво сахт ғуборолуд шавад.” Ҳушдори ҳавошиносони тоҷик

Ҳавошиносони тоҷик мегӯянд, эҳтимол то ду рӯзи дигар ҳавои Тоҷикистон сахт ғуборолуд шавад ва аз ин рӯ онҳое, ки бемории роҳҳои нафас ё ҳассосият доранд, зарур аст, камтар ба берун бароянд.
Идораи ҳавошиносӣ рӯзи 25-уми август гуфт, ки рӯзҳои 26-27-уми август дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе бо сабаби хокбориш сатҳи олудагии ҳавои кишвар бисёр баланд хоҳад шуд.
Дар ин баёния омадааст, ки ба шаҳрвандон тавсия дода мешавад, аз сайругашти зиёди рӯзона дар хиёбонҳо, кӯчаҳо, хусусан дар наздикии роҳҳои сернақлиёт худдорӣ намоянд.
Ба гуфтаи пизишкон, дар чунин ҳавои олуда бемориҳои музмини роҳҳои нафас авҷ мегиранд.
Ҳавошинсони тоҷик ҳамчунин гуфтаанд, ки ҳавои олуда ба гарду ғубор ба кӯдакон, пиронсолон, занони обистан ва гирифторони бемори диққи нафас ва дил доранд, таъсири бад дорад.
Баъзе раҳбарони Осиёи Миёна рӯзи истиқлоли Украинаро табрик гуфтанд

Аз миёни панҷ кишвари Осиёи Марказӣ роҳбарони танҳо се давлат раисҷумҳури Украинаро ба рӯзи истиқлоли ин кишвар табрик кардаанд.
Владимир Зеленский, президенти Украина, дар саҳифааш дар Фейсбук номаи шодбоши роҳбарони Қазоқистон, Узбекистон ва Туркманистонро ба муносибати Рӯзи истиқлоли Украина нашр кард.
Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбекистон, изҳори умед кардааст, ки муносибатҳои Тошканд ва Киев дар асоси манофеи ду кишвар рушд мекунанд.
Сардор Бердимуҳаммадов, президенти Туркманистон ба Зеленский саломатӣ ва барор дар корҳои давлатӣ таманно кардааст.
Украина рӯзи 24-уми август 34-солагии истиқлоли худро ҷашн гирифт.
Маълум нест, ки роҳбарони Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳамтои украинии худро ба рӯзи истиқлоли ин кишвар табрик карданд ё не.
Дар сомонаи президенти Тоҷикистон ва расонаҳои дигари расмӣ чунин хабаре нест.
Шодбошӣ ба рӯзи истиқлол як таҷрибаи маъмул дар равобити дипломатӣ мебошад.
Истирдоди як гумонбар аз Русия ба Тоҷикистон

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз истирдоди як гумонбар аз Русия хабар додааст.
Ин ниҳод 25-уми август дар хабарномае навишт, Баҳриддин Миров, сокини 45-солаи шаҳри Ваҳдат бо иттиҳоми "содир кардани амалҳои ифротгароӣ, тамаъҷӯӣ, бандитизм, азобу уқубат ва гаравгонгирӣ", дар ҷустуҷӯ буд.
Назари ин сокини Ваҳдат, ки ба гуфтаи мақомот бо тахаллуси "Ҳоҷи Файз" кор мекард, маълум нест.
Мақомот ҳам ҷузъиёт надодаанд, ки ин сокини Ваҳдат кай ва чигуна ҷиноятҳоро анҷом додааст.
ВКД танҳо гуфт, Баҳриддин Миров дар шаҳри Челябински Русия дастгир ва ба Тоҷикистон истирдод шуд.
Мақомот аз шаҳрвандон хостаанд, ки агар аз ин мард шикоят дошта бошанд, ба Вазорати корҳои дохилӣ муроҷиат кунанд.
Назари пайвандони Баҳриддин Миров ҳам феълан дастрас нест.
Ҳамасола аз Русия ба Тоҷикистон чандин нафар истирдод мешаванд.
Дар солҳои ахир чандин мунтақиди давлат, аз ҷумла, фаъолон аз Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон аз Русия ба Тоҷикистон истирдод ва сипас ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум шуданд.
Эмомалӣ Раҳмон ба духтараш Озода Раҳмон унвон дод

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ба духтараш Озода Раҳмон, ки аз соли 2016 раиси Дастгоҳи иҷроияи президент аст, унвони фахрии Корманди шоиста додааст. Маросим рӯзи 25-уми август дар шаҳри Душанбе гузашт.
Дар ҳамин рӯз дар маҷмуъ ба дусад нафар унвону ҷоизаҳои давлатӣ додаанд.
Аз ҷумла, ҳунармандон Тӯрахон Аҳмадхонов ва Исфандиёр Ғуломзода унвони Ҳунарпешаи халқӣ, рӯзноманигор Латофат Кенҷаева унвони Шоири халқӣ ва Юнус Юсуфӣ унвони Нависандаи халқии Тоҷикистонро гирифтанд.
Вебсайти президент навишт, ки "23 нафар бо унвони фахрии Корманди шоиста... 3 нафар бо ордени Дӯстӣ, 1 кас бо ордени Шараф дараҷаи I, 11 нафар бо ордени Шараф дараҷаи II, 107 кас бо медали Хизмати шоиста ва 7 нафар бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонда шуданд."
Мақомот мегӯянд, ин ҷоизаву унвонҳо дар остонаи 34-умин солрӯзи истиқлоли Тоҷикистон тақдим шуд ва ба касоне, ки "дар хизмати давлатӣ, рушди илму фарҳанг ва дигар бахшҳои иқтисоди миллӣ дастовардҳои баланди меҳнатӣ ва фаъолияти самарбахш" доштанд. Намояндагони мухолифин дар хориҷа тақдими баъзе аз ҷоизаҳоро ба маврид дониста, дурустии баъзеи дигарро зери шубҳа мегузоранд.
Озода Раҳмон, духтари раисҷумҳури Тоҷикистон, нуҳ сол боз раиси Дастгоҳи иҷроияи президент аст. Ӯ ба ҷуз унвони Корманди шоистаи Тоҷикистон, ордени "Шараф" (дараҷаи як), рутбаи мушовири давлатии адлия ва рутбаи дипломатии сафири фавқулода ва мухторро дорад.
Духтари 46-солаи президент Раҳмон дар гузашта дар сафорати Тоҷикистон дар Амрико ва дар мақоми муовини вазири корҳои хориҷӣ кор кардааст. Шавҳараш Ҷамолиддин Нуралиев дар гузашта муовини аввали раиси Бонки Миллии Тоҷикистон буд.
Дар ҳамлаи Исроил ба Ғазза чанд хабарнигор кушта шудааст

Дар пайи ҳамлаи артиши Исроил ба маҳалли Беморхонаи Носир дар Ғазза 19 кас, аз ҷумла чанд хабарнигор кушта шудаанд. Дар ин бора Вазорати тандурустии Ғазза хабар додааст, ки зери назорати "Ҳамос" аст.
Ба гузориши расонаҳо, дар ҳамлаи Исроил дастикам чор хабарнигоре кушта шудаанд, ки бо расонаҳои байнулмилалӣ ҳамкорӣ мекарданд.
Оҷонсии Ассошиэйтед Пресс аз марги Марям Дагга хабар додааст, ки бо ин оҷонсӣ ва дигар расонаҳо ҳамкорӣ мекард. Ҳусайн ал-Масрӣ, навобардори ҳамкори Ройтерз, Муҳаммад Салом, хабарнигори "Ал-Ҷазира" ва аксабардораш Муоз Абу Тоҳо низ дар ҳамлаи Исроил кушта шудаанд. Дар миёни журналистон захмиён низ ҳастанд.
Гузориш шудааст, ки неруҳои ҳавоии Исроил ба атрофи Беморхонаи Носир ду маротиба зарба задаанд. Артиши Исроил феълан ин хабарро шарҳ надодааст. Ба маълумоти рӯзномаи "Таймз Исроил", ба эҳтимоли зиёд ҳамла аз сӯи неруҳои заминӣ анҷом шудааст. Қаблан Исроил далели ин гуна ҳамлаҳоро ҳузури ҷангҷӯёни "Ҳамос" гуфта буд. Гуруҳи "Ҳамос" дар Амрико ва Иттиҳоди Аврупо созмони террористӣ шинохта шудааст.
Тибқи омори Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон, баъд аз шурӯи ҷанг дар Навори Ғазза дар моҳи октябри 2023, зиёда аз 190 рӯзноманигор дар ин борика кушта шудаанд.
"Pamir Inside" аз марги як фаъоли дигари бадахшонӣ дар зиндон хабар дод

Вебсайти "Pamir Inside", ки ҳодисаҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро бозтоб медиҳад, аз марги як фаъоли дигари бадахшонӣ дар зиндонҳои Тоҷикистон хабар дод. Ин расона рӯзи 24-уми август бо такя ба манбаъҳои худ навишт, ки Боғшо Иматшоеви 67-сола ҳанӯз моҳи феврали имсол даргузашта, хабари маргаш нав дастрас шудааст.
Ба навиштаи "Pamir Inside", Боғшо Иматшоев соли 2023 баъди бозгашт аз Русия дастгир ва бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо созмонҳои фаъолияташон мамнуъ ба шаш сол ҳабс маҳкум шуда буд. Ӯро дар зиндони шаҳри Хуҷанд нигоҳ медоштанд.
Манбаъҳои расона гуфтаанд, ки вазъи саломати Иматшоев рӯзи 26-уми январи имсол бад шуда, тақрибан як моҳ дар ҳолати беҳушӣ дар Бемористони вилояти Суғд буд ва дар ҳамон ҷо ҷон дод. Мақомот хабарро шарҳ надодаанд.
Дар ҳашт моҳи охир хабари марги панҷ фаъоли зиндонӣ аз Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар маҳбасҳои Тоҷикистон расонаӣ гашт. Аз ин пеш дар бораи марги Қулмамад Паллаев, Аслан Гулобов, Музаффар Давлатмиров ва Эроншо Мамадраҳимов гузориш расида буд. Онҳо дар соли 2022 ва пас аз амалиёти нерӯҳои давлатӣ дар Рӯшону Хоруғ дастгир ва ба муҳлатҳои тӯлонӣ зиндонӣ шуда буданд. Мақомот онҳоро ба терроризму ҷиноятҳои дигар гунаҳкор карданд, вале наздиконашон хулосаи Додгоҳро напазируфтанд.
Хабари марги Боғшо Иматшоев дар ҳоле нашр шуд, ки пештар ҳашт созмони байнулмилалӣ, аз ҷумла Созмони ҷаҳонии зидди шиканҷа ва ҳамкорӣ барои ҳуқуқи башар марги зодагони Вилояти Бадахшонро дар зиндонҳои Тоҷикистон маҳкум карда, аз мақомот хоста буданд, ки таъқибу саркӯби помириҳоро бас кунанд.
Ҳомиёни ҳуқуқи башар дар изҳороти худ шароити номуносиби боздоштгоҳҳо, адами дастрасӣ ба ёрии пизишкӣ ва марги дастгиршудаҳоро аз мушкилиҳои идомадор дар Тоҷикистон номбар кардаанд. Вазири адлияи Тоҷикистон моҳи августи имсол гуфт, ки ба ҳама маҳбусони бемор дар зиндонҳои кишвар ёрии пизишкӣ расонда мешавад. Дарёфти иттилои алтернативӣ аз вазъи зиндониён дар Тоҷикистон хеле мушкил аст. Хабарнигорони мустақил имкони боздид аз зиндонҳоро надоранд.
Аз тоҷикон хостаанд, бо худ ба Русия ҳазориспанд набаранд

Додситонии кулли Тоҷикистон аз мардуми кишвар хостааст, ки ҳангоми сафар ба Русия бо худ рустании шифобахши “ҳазориспанд” набаранд, зеро мумкин аст ба зиндон маҳкум шаванд.
Додситонӣ рӯзи 21-уми август бо нашри баёнияе гуфт, “ҳазориспанд” аз моҳи феврали соли 2024 ба рӯйхати рустаниҳои дорои маводи мухаддир ва моддаҳое ворид карда шудааст, ки ба мағзи инсон таъсир мегузорад ва рафтору табъи ӯро тағйир медиҳад.
Ҳафтаи гузашта хабаре нашр шуд, ки мақомоти Русия ду зани тоҷикро барои бо худ доштани “ҳазориспанд” дастгир ва якеро ба 8 сол зиндон маҳкум кардаанд.
Маълум нест, ин шаҳрвандони Тоҷикистон кай ҷазо гирифтаанд.
Дар баёнияи Додистонии кул омадааст, ки бар асоси Кодекси ҷиноии Русия вобаста ҷазо барои бо худ бурдану ғайриқонунӣ нигаҳ доштани ҳазориспанд аз ҷаримаву ихроҷ аз Русия то ба зиндони якумрӣ таъйин шудааст.
Таври маълум дар Тоҷикистон ҳазориспандро ҳамчун василаи зиддиуфунӣ ё бар тибқи боварҳои кӯҳна барои дур кардани таъсири чашми бад истифода мебаранд.
Қатар ба сохтмони "Роғун" 50 миллион доллар медиҳад

Бунёд ё Хазинаи Қатар дар мавриди рушд барои идомаи сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" 182 миллион риёли қатарӣ ($50 млн) ҷудо кардааст.
Ба гузориши расонаҳои қатарӣ, созишномаро Фаҳд Ҳамад Ал-Сулайтӣ, мудири Хазинаи Қатар оид ба рушд бо Вазири молияи Тоҷикистон имзо кардааст.
Вазорати молияи Тоҷикистон ҳам бо нашри ин хабар гуфтааст, 50 миллион доллар қарзи боимтиёз аст. Муҳлат ва шарту шароити ин қарз эълон нашудааст.
Дар хабари Вазорати молия танҳо омадааст, ҳадафи лоиҳа "саҳм гузоштан ба амнияти миллии энергетикӣ ва дастгирии рушд" дар Тоҷикистон аст.
Мудири Хазинаи Қатар оид ба рушд дар ҷараёни сафараш ба Тоҷикистон аз неругоҳи "Роғун" низ дидан кардааст.
Ҳукумати Тоҷикистон талош дорад барои то охир сохтани нерӯгоҳи "Роғун" аз хориҷ сармоя дарёфт кунад. То ин вақт Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки исломии рушд ва баъзе кишварҳо аз сармоягузорӣ ба сохтмони "Роғун" хабар доданд.
Русия ва Украина даҳҳо асирро иваз кардаанд

Русия ва Украина рӯзи якшанбеи 24-уми август гуруҳи нави асиронро иваз карданд. Ба гузориши Вазорати дифои Русия, табодули асирон аз рӯи усули "146 ба 146" анҷом шуд. Имороти Муттаҳидаи Араб барои иваз кардани асирон миёнаравӣ кардааст.
Ба ҷуз асирон, инчунин Русия ва Украина чанд шаҳрванди мулкиро низ иваз кардаанд. Ба гуфтаи Омбудсмени Русия, 8 сокини вилояти Курск баргардонда шуданд. Татяна Москалкова гуфт, ин нафарон аз моҳи феврали соли 2025 дар Украина нигоҳ дошта мешуданд.
Президенти Украина Владимир Зеленский низ табодули асиронро тасдиқ кардааст. Гузориш шудааст, ки ба ҷуз низомиён инчунин рӯзноманигор Дмитрий Хилюк ва собиқ волии Херсон низ ба Украина бозгардонда шудаанд. Ин нафарон соли 2022 аз сӯи неруҳои Русия боздошт шуда буданд.
Бритониё як бонки Қирғизистонро барои кумак ба Русия таҳрим кард

Британияи Кабир "Капитал Бонк”-и Қирғизистон ва мудири онро ба далели кумак ба Русия таҳрим кардааст.
Мақомоти Бритониё гуфтанд, Русия барои хариди маҳсулоти ҳарбӣ ин бонки Қирғизистонро истифода бурдааст. Намояндагони "Капитал Бонк" гуфтанд, онҳо дар давр задани таҳримҳо ба Русия кумак накардаанд ва фаъолияташон дар асоси қонунгузории Қирғизистон аст.
Бритониё ҳамчунин бозори асъори рақамии Grinex--ро таҳрим кард, ки дар Қирғизистон сабти ном шудааст. Амрико ҳам пештар ин бозори асъори рақамӣ ё криптавалютаро ба рӯйхати сиёҳ ворид карда буд.
Маҷаллаи бритониёии Financial Times ҳанӯз охири моҳи июни имсол навишта буд, ки ба воситаи бозори асъори рақамии Grinex амалиётҳо ба маблағи 9 миллиард доллар анҷом шудаанд.
Чанд ширкатҳои хусусии Қирғизистон, аз ҷумла Tengricoin, Old Vector, Altair Holding SA низ ба рӯйхати сиёҳи Бритониё ворид шуданд.