Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар чанд ҷумла

Тоҷикистон низ чашм ба ваксинаи русӣ дӯхтааст, вале мунтазири натиҷаи озмоишҳост

Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки мунтазири натиҷаҳои ниҳоии озмоиши ваксинаи русӣ ба зидди COVID-19 ҳастанд ва сипас бар сари хариди он суҳбат хоҳанд кард.

Самариддин Ализода, муовини вазири тандурустии Тоҷикистон, рӯзи 30-юми сентябр дар як нишаст дар Душанбе гуфт, "феълан бо Русия дар бораи харидани ваксинаи зидди коронавирус гуфтугӯ надоранд". Вай афзуд, танҳо баъд аз онки ваксинаи зидди коронавирус дар Русия ҳама зинаҳои санҷишро гузарад, дар бораи харидани он меандешанд.

Чунин изҳори назари муовини Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар ҳолест, ки қаблан манбаъҳо дар ҳамин вазорат гуфта буданд, ҳукумати Тоҷикистон бо мақомоти Русия шароити харидани ваксинаи зидди бемории COVID-19-ро баррасӣ мекунад.

Як мақомои баландпояи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон рӯзи 21-уми сентябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "айни замон миёни Тоҷикистон ва Русия ба сари ваксина музокирот идома дорад".

Русия рӯзи 11-уми август эълон кард, ки ваксинаи зидди COVID-19-ро расман сабт кардааст, вале як идда пажӯҳишгарон ба коромад будани он шубҳа доранд. Русия маъракаи эмкуниро дар бадани 40 ҳазор нафар шуруъ кард ва ин як марҳилаи санҷишӣ аст.

Ҳоло даҳҳо маркази тадқиқотӣ дар ҷаҳон беш аз сад ваксинаро озмоиш мекунанд. Бино бар эъломияҳо, Амрико, Чин ва Бритониё беш аз дигар кишварҳо дар роҳи ҳосил кардани ваксинаи коромад ва собитшуда наздиканд.

Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ, аз 30-уми апрел то санаи 29-уми сентябр дар Тоҷикистон 9 726 нафар ба короновируси нав сироят ёфтанд. Шумораи қурбониён аз ин беморӣ 75 нафар будааст.

Аммо бинобар мушоҳидаҳои корбарони фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ, омори расмии мақомот миқёси воқеии сирояти беморӣ ва талафот дар Тоҷикистонро нишон намедиҳад ва теъдоди беморону фавтидагон бештар аз он аст, ки Вазорати тандурустӣ мегӯяд.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Таҳминаи гумшуда, ёфт шуд, вале на зинда

Акси Таҳмина Шарифоваро наздиконаш дар ихтиёри Радиои Озодӣ гузоштанд
Акси Таҳмина Шарифоваро наздиконаш дар ихтиёри Радиои Озодӣ гузоштанд

Пас аз як моҳи ҷустуҷӯҳо, рӯзи 7-уми март ҷасади Таҳмина Шарифова, донишҷӯйи 21-солаи як омӯзишгоҳи тиббии Душанбе ёфт шуд.

Ӯ дар оғози моҳи феврал бенишон шуда буд ва тамоми ин муддат волидонаш бо умеди пайдо кардани Таҳмина ҷустуҷӯро идома медоданд.

Акси ӯ дар Инстаграми Радиои Озодӣ зиёда аз 2 миллион бор дида шуда, афроди зиёде ба ин кофтуков шарик гашта буданд.

Атохуҷа Шарифов, падари Таҳмина рӯзи 7-уми март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, як рӯз пеш аз мақомоти интизомӣ ба онҳо хабар доданд, ки пайкари духтаре пайдо шудаву дар сардхонаи Ҳисор аст ва рафта шиносоӣ кунанд.

“Субҳи имрӯз оварда, дар Душанбе ба хок супурдем. Аз куҷо ва чӣ тавр пайдо шудааст, ҳанӯз аниқ намедонем. Нишонаҳояш маълум буд, як дандони зард дошт ва ҳамон либосу кроссовкиҳояш дар пояш буд,” – гуфт, падари Таҳмина бо лаҳни пур аз андӯҳ.

Аз нопадид шудани ин донишҷӯ волидонаш моҳи феврал ба Радиои Озодӣ хабар дода буданд. Ба нақли онҳо Таҳмина рӯзи дуюми феврал баъди бозгашт аз дарс бедарак шуд. Зангҳои пайиҳами телефонии волидон он шаб беҷавоб монда, пас аз соати даҳ телефонаш пурра хомӯш шудааст.

Атохуҷа Шарифов мегӯяд, ӯ тамоми ин муддат дар раванди ҷустуҷӯҳо ҳамроҳ бо кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ширкат мекард ва рӯдхонаву шаҳру ноҳияҳоро мекофтанд.

“Занг меомад, ки дар фалон ҷо духтареро дидаанд, тавассути дурбинҳои назоратӣ медидем, аммо нишону хабаре аз ӯ набуд. Ҳатто ба ОВИР рафтем, то бубинем, ки шиносномаи хориҷӣ нагирифта бошад.” - афзуд, вай.

Наздиконаш мегӯянд, дар бораи сабабҳои марги ӯ чизе намедонанд. Қазияи маргу омилҳои бедарак шудани Таҳминаро Додситонии ноҳияи Фирдавсии Душанбе таҳқиқ хоҳад кард. Мақомот ҳанӯз расман дар бораи фарзия ва дарёфтҳояшон хабар надодаанд.

Хабаргузории Азия – Плюс гуфтааст, пайкари Таҳминаро дар наздикии марз бо Узбекистон пайдо кардаанд.

Ин бори аввал нест, ки дар Тоҷикистон баъди чанд муддати нопадидшавии духтаре, тани беҷони ӯро пайдо мекунанд. Ҳар сол дар кишвар даҳҳо нафар нопадид мешавад ва ин мавзӯъ сабаби ҳаросу нигаронӣ ҳам шудааст.​

Исроил бо 80 ҳавопаймои ҷангӣ Теҳронро бомбаборон кард

Артиши Исроил эълон кард, ки субҳи 7-уми март бо истифода аз 80 ҳавопаймои ҷангӣ ба бомбаборони Теҳрон идома додааст.

Сокинони пойтахти Эрон низ дар шабакаҳои иҷтимоӣ мегӯянд, садои таркишҳои зиёд ва пайиҳамро шунидаанд.

Дар изҳороте, ки шаби гузашта нашр шуд, артиши Исроил ҳадафҳои худро "иншооти низомии Эрон, майдонҳои партоби мушак ва дигар ниҳодҳои ҳарбӣ дар Теҳрон ва манотиқи марказии Эрон" эълон кард.

Бархе аз расонаҳо аз таркишҳо дар маҳалҳои маскунӣ ва кушта шудани афроди осоишта дар Теҳрон хабар додаанд.

Пештар иттилоъ расида буд, ки манотиқе дар наздикии шаҳри Экбатон ва фурудгоҳи Меҳрободи Теҳрон ҳамлаҳои шадиди ҳавоӣ анҷом ёфта, идораи давлатии ноҳияи 16 дар Нозиободи Теҳрон низ мавриди ҳамлаи ҳавоӣ қарор гирифтаанд.

Мақомоти Эрон дастур додаанд, ки сокинон дар хонаҳои худ монанд ва танҳо 20 дарсади кормандони давлатӣ ба коргоҳҳо рафта, занон кори худро аз манзил идома диҳанд.

288 шаҳрванди Тоҷикистонро аз Эрон берун оварданд

То бегоҳии 6-уми март 288 шаҳрванди Тоҷикистон аз Эрон берун оварда шуданд.

Як намояндаи Вазорати корҳои хориҷӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, 172 нафар тариқи сарҳади Озарбойҷон ва 116 кас ба воситаи Туркманистон аз Эрон баромаданд. Вазорат таъкид кардааст, ки намояндагиҳои дипломатӣ бо шаҳрвандон "ба таври шабонарӯзӣ дар тамосанд" ва кӯмак мерасонанд.

Пас аз ҳамлаҳои Амрикову Исроил ба Эрон, дар рӯзи 28-уми феврал ҳарими ҳавоии шуморе аз кишварҳои минтақа баста шуд ва даҳҳо ҳазор мусофиру сайёҳи хориҷӣ дар Ховари миёна банд монданд.

Сафоратҳои Тоҷикистон дар Эрон ва Иморот вазифадор карда шудаанд, ки шаҳрвандонеро, ки нияти баргаштан ба ватанро доранд, рӯйхат кунанд.

Садҳо шаҳрвандони Тоҷикистон то имрӯз бархе аз ин кишварҳо, аз ҷумла Эронро тарк карданд.

Мақомоти Тоҷикистон рӯзи 4-уми март ҳам аз берун овардани 219 нафар аз Эрон хабар дод. Ба иттилои ВКХ 118 кас ба воситаи Туркманистон ва 101 нафар аз тариқи Озарбойҷон бароварда шуданд.

Аз ин пеш масъулин аз роҳандозии парвозҳои чартерӣ барои овардани тоҷикистониҳое, ки дар кишварҳои арабӣ банд мондаанд, иттилоъ дода буданд. Рӯзи 5-уми март ширкати “Сомон Эйр” 115 нафарро аз шаҳри Абузабии Имороти Муттаҳидаи Араб ба Душанбе овард.

Ширкати ҳавопаймоии Fly Dubai рӯзи 6-уми март 117 нафар, аксаран шаҳрвандони Тоҷикистонро аз Дубай ба Душанбе овардааст.

Мақомот дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ эълон карданд, ки то оғози парвозҳо ба мусофирон хӯрок ва ҷойи хоб медиҳанд. Баъзе аз шаҳрвандони Тоҷикистон мегӯянд, пулҳояшон тамом шуда буд, вале дар меҳмохонаҳо ройгон ҷой наёфтанд.

Узбекистон ба занони маҳбус иҷозаи таҳсили фосилавӣ дод

 О-1)
О-1)

Ба занони маҳбус дар Узбекистон имкон дода мешавад, ки тариқи фосилавӣ дар мактабҳои олӣ таҳсил кунанд.

Президенти ин кишвар, Шавкат Мирзиёев дар чорабиние бахшида ба Ҷашни байналмилалии занон дар ин бора хабар додааст.

Нашрияи Gazeta.uz аз қавли раиси ҷумҳур навиштааст, ки дар зиндонҳои ин кишвар ҳоло 2589 зан адои ҷазо мекунанд. 1239 нафари онҳо танҳо соҳиби маълумоти миёна буда, ягон тахассус надоштаанд. Беш аз 400 зани зиндонӣ майли таҳсил дар донишгоҳро доштаанд.

"Ин занон, ки бо сабабҳои гуногун ва ё аз рӯйи ноогоҳӣ даст ба ҷиноят задаанд, шаҳрвандони ҳамин кишвар ҳастанд. Мо бояд ҷиддан дар бораи ба ҳайёти солим баргардондан ва дубора ба узви комилҳуқуқи ҷомеа табдил ёфтани онҳо андеша кунем", — гуфтааст, Мирзиёев.

Барои супурдани имтиҳоноти дохилшавӣ ва таҳсили фосилавии ба занони маҳбус шароит фароҳам оварда мешудааст. Президент таъкид кардааст, ки барои онҳое, ки тариқи шартнома ба донишгоҳ дохил мешаванд, қарзи бефоиз дода мешаванд. Ин маблағро онҳо бояд баъди баромадан ба озодӣ ва соҳиби кор шудан ба давлат баргардонанд.

Ҳамкориҳои низомии Тоҷикистон ва ИМА

Акс аз сомонаи Горди миллии Вирҷиния
Акс аз сомонаи Горди миллии Вирҷиния

Низомиёни Горди миллии Вирҷиния ва ҳамтоёнашон аз Тоҷикистон дар як даври омӯзишии муштараке иштирок карданд. Дафтари матбуоти Горди миллии Вирҷиния рӯзи 5-уми март навишт, ки давраи омӯзишӣ рӯзҳои 2 то 6-уми феврали имсол дар госпитали ҳарбии шаҳри Душанбе барпо гардид ва дар ҷараёни он роҳи расонидани ёрии оҷили тиббӣ ба ҳангоми амалиёти низомӣ ва аз майдони ҷанг берун бурдани маҷрӯҳон намоиш дода шуд.

Дар машқҳои панҷрӯза, ки дар чаҳорчӯби Барномаи ҳамкориҳои давлатии миёни Вирҷиния ва Тоҷикистон барпо гардид, 20 корманди вазорати дифоъ, нирӯҳои марзбонӣ, Горди миллӣ ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон иштирок карданд.

Кӯмак ба маҷрӯҳон дар майдони ҷанг дар ҳолати хунравии шадид, ба ҳангоми мушкили роҳи нафас, гардиши хун, осеби сар, сармои бадан ва дигар мавзӯъҳо аз намунаҳои асосии ин дарсҳо буд.

Капитан Кристофер Ҳангерфорд гуфтааст, “чунин табодули тиббӣ на фақат бо донишҳои зарурӣ таъмин мекунад, балки робитаҳои касбиро қавӣ намуда, ҳамдигарфаҳмии миёни ду кишвар, тақвияти ҳадафҳои муштарак дар заминаи омодагӣ ва фаъолияти амалии ходимони тиббро боло мебарад”.

Моҳи июли соли 2023 ба ҳамкориҳои расмии миёни Горди миллии Вирҷиния ва Тоҷикистон бист сол пур шуд. Низомиёни амрикоӣ мегӯянд, дар доираи ин ҳамкориҳо беш аз 200 барномаву ҳамоишҳое дар доираи ҳадафи ягонаи мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, вокуниши сареъ дар ҳолатҳои изтирорӣ ва такмили ихтисоси низомиён амалӣ гардид.

Озарбойҷон дипломатҳои худро аз Эрон берун мебарад

Ҷайҳун Байрамов
Ҷайҳун Байрамов

Ҷайҳун Байрамов, вазири корҳои хориҷии Озарбойҷон, гуфт, Боку ҳайати дипломатии худро аз қаламрави Эрон берун мебарад.

Ӯ рӯзи 6-уми март дар нишасти хабарӣ гуфт: “Ин ҷараён ба сафорат дар Теҳрон ва консулгарии генералӣ дар Табрез рабт дорад. Феълан дар ин самт кори зарурӣ пеш бурда мешавад”.

Байрамов гуфт, дар пасманзари ҳодисаҳое, ки дар минтақа ҷараён дорад, намешавад ҷони мардумро дар хатар гузошт, аз ин рӯ омодагиҳо барои берун бурдани кормандон ҷараён доранд.

Рӯзи 5-уми март чор ҳавопаймои бесарнишин ба шаҳри Нахҷувони Озарбойҷон ҳамла карданд. Ба иттилои мақомот, яке аз онҳо ба бинои терминали фурудгоҳ зарба зада, дигаре дар наздикии мактабе дар деҳаи Шакаробод уфтод. Дар ин ҳамла чор нафар осеб дидааст. Озарбойҷон масъулиятро ба дӯши Эрон вогузор кард.

Дар ВКХ ва Вазорати дифои Озарбойҷон бо чораҳои ҷавобӣ таҳдид карда, ба сафири Эрон дар Боку нотаи эътирозӣ супурданд. Президент Илҳом Алиев ҳодисаи рухдодаро амали террористӣ номид. Ӯ аз Эрон талаб кард, ки ҳодисаро шарҳ диҳанд, маъзарат хоҳанд ва гунаҳкоронро ба ҷавобгарӣ кашанд.

Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон даст доштани ин кишварро дар ирсоли паҳподҳо рад карда, гуфт, Эрон “истиқлоли ҳамаи кишварҳо, бахусус мусалмонон ва ҳамсояҳоро эҳтиром мекунад”. Теҳрон масълиятро ба дӯши Исроил вогузор кард.

Вазири корҳои хориҷии Эрон Аббос Ароқчӣ дар тамоси телефонӣ бо Байрамов гуфт, ин ҳодисаро муфаттишону низомиён таҳқиқ мекунанд.

Пизишкиён аз баъзе талошҳо барои миёнҷигарӣ хабар дод

Масъуд Пизишкиён
Масъуд Пизишкиён

Масъуд Пизишкиён, раисҷумҳури Эрон, гуфтааст, “баъзе аз кишварҳо талошҳоеро барои миёнҷигарӣ шуруъ кардаанд”, вале аз ҳеч давлате ном нагирифт.

Вай рӯзи 6-уми март дар шабакаи “Х” навишт, “мо пойбанди сулҳи пойдор дар минтақа ҳастем, аммо дар дифоъ аз иззат ва иқтидори кишварамон сари сӯзане тардид надорем.”

Амрико ва Исроил рӯзи 28-уми феврал ба Эрон ҳамла карданд, ки бар асари он раҳбари олии ин кишвар оятуллоҳ Алии Хоманаӣ ва шуморе аз фармондеҳони баландпояи низомӣ кушта шуданд.

Эрон дар вокуниш ба ҳамлаҳои Амрико ва Исроил, ба Исроил ва чандин кишвари арабии ҳавзаи Халиҷи Форс, ки мизбони пойгоҳҳои низомии ИМА ҳастанд, ҳамлаҳои густарда анҷом дод.

"Нобудии мушакҳои режими Эрон", "нобудсозии нерӯҳои баҳрии он", "итминон аз инки нерӯҳои мавриди ҳимояти Эрон дигар натавонанд ҷаҳонро бесубот кунанд" ва "итминон аз инки Эрон ҳаргиз натавонад ба силоҳи ҳастаӣ даст ёбад" аз ҳадафҳои амалиёти Амрикову Исроил номбар шудааст.

навшуда

Ҳавопаймои Fly Dubai 117 нафарро аз Дубай ба Душанбе овардааст

Фурудгоҳи байнулмилалии Дубай, 2-юми марти 2026
Фурудгоҳи байнулмилалии Дубай, 2-юми марти 2026

Ширкати ҳавопаймоии Fly Dubai рӯзи 6-уми март 117 нафарро аз Дубай ба Душанбе овардааст.

Як намояндаи Вазорати корҳои хориҷӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, аксари онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд.

Ин гурӯҳи мусофирон дар пайи ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон ва зарбаҳои ҷавобии Ҷумҳурии Исломӣ дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ банд монда буданд.

“Дар пайи музокирот бо мақомоти Иморот, қарор шуд, ҳавопаймои ширкати Fly Dubai даҳҳо мусофири дармондаро аз Дубай ба Душанбе интиқол диҳад,” -- афзуд намояндаи ВКХ.

Мусоҳиби мо гуфт, интиқоли шаҳрвандон ба Тоҷикистон тавассути ширкати “Сомон Эйр” ҳам давом мекунад ва ба эҳтимоли зиёд рӯзи 7-уми март як ҳавопаймо хоҳишмандонро аз Иморот биорад.

Амалиёти низомии Амрикову Исроил зидди Эрон рӯзи 28-уми феврал сар шуд. Эрон дар посух ба пойгоҳҳои низомии Амрико дар Ховари Миёна, аз ҷумла Имороти Муттаҳидаи Араб, зарба зад ва вазъро печидаву фазоро барои парвози ҳавопаймоҳо баст.

Мақомот дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ эълон карданд, ки то оғози парвозҳо ба мусофирон хӯрок ва ҷойи хоб медиҳанд. Баъзе аз шаҳрвандони Тоҷикистон мегӯянд, пулҳояшон тамом шуда буд, вале дар меҳмохонаҳо ройгон ҷой наёфтанд.

“Каме пул доштем, сарф кардем. Сипас ба сафорат занг задем, бо як таксӣ 500 дирҳам фиристоданд,” – гуфт як мусофири бандмондаи тоҷик бо шарти нанавиштани номаш.

Пештар баъзе аз мусофирони тоҷик гуфта буданд, ки ба фарқ аз Дубай дар меҳмонхонаҳои Абузабӣ ройгон истодаанд, агарчи харҷи рӯзонаашон низ зиёд аст.

Аз шурӯи нооромиҳо дар Ховари Миёна садҳо тоҷикистонӣ ба ватан баргардонда шудаанд.

Ба иттилои ВКХ, то бегоҳии 6-уми март аз Эрон 288 шаҳрванди Тоҷикистон бароварда шуд. 172 нафар тариқи сарҳади Озарбойҷон ва 116 кас ба воситаи Туркманистон.

"Аз ин теъдод, танҳо рӯзи шашуми март 30 нафар аз тариқи Озарбойҷон ва 2 нафар тариқи Туркманистон бароварда шуданд. Тамосҳо ва мусоидати шабонарӯзии намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон ба шаҳрвандон дар кишварҳои Ховари Миёна идома дорад," - гуфт як намояндаи вазорат.

Ширкати “Сомон Эйр” рӯзи 5-уми март 115 нафарро аз шаҳри Абузабии Имороти Муттаҳидаи Араб ба Душанбе овард.

Fly Dubai 117 нафарро аз Дубай ба Душанбе овард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:46 0:00

Тоҷикистон ва Узбекистон ба ҳимоят аз кафтор бархостаанд

Сабти шабонаи кафтор дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ
Сабти шабонаи кафтор дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ

Тоҷикистон ва Узбекистон мехоҳанд, кафтори рах-рах ба Эъломияи ҳифзи ҳайвоноти муҳоҷири ваҳшӣ ворид карда шавад. Кафтори рах-рахро дар Тоҷикистон гурги дулта ва ё “мурдахор” низ мегӯянд.

Қарор аст, дар охири моҳи март дар Бразилия ҷаласаи кишварҳои имзогузори Эъломияи ҳифзи ҳайвоноти муҳоҷири ваҳшӣ баргузор шавад. Ин мавзуъ онҷо ба баррасӣ гирифта мешавад.

Душанбе ва Тошканд ба ҳомиёни табиати ваҳшӣ гуфтаанд, ки ба эъломия ворид кардани кафтори рах-рах барои ҳифзи он аз нобудшавӣ дар саросари олам мусоидат мекунад.

Бино ба “Рӯйхати сурх”-и Иттиҳоди байнулмилалии ҳифзи табиат, кафтори рах-рах ба қатори ҳайвоноти дар ҳоли нобудшавӣ дохил мешавад. Ҳоло шумори ин ҷонвари ваҳшӣ аз 5 ҳазор то наздики 10 ҳазор мерасад ва хатари то рафт кам шудани саршумори он вуҷуд дорад.

Азбаски кафтор ҳаёти пинҳонкоронаи шабонаро пеш мебарад, дақиқ ҳисоб кардани саршумори он имкон надорад.

Кафтори рах-рах аз оилаи ба ном кафторҳои “Hyaenidae” аст, ки ба он гурӯҳ инчунин кафтори холдор, кафтори қаҳваӣ ва кафтор ё гурги хокӣ дохил мешаванд.

Кафтори рах-рахро мешавад дар шароити бешазору нимабиёбонҳо ва ҳам манотиқи кӯҳии Осиёву Африқо ва Ховари Миёна вохӯрд. Ин ҷонварон вобаста ба захираи ғизо метавонанд дар қаламравҳои маҳдуд ё васеъ ҳаракат кунанд.

Афзоиши босуръати кишоварзӣ, шаҳрсозӣ, рушди зерсохторҳо ва дигар фаъолияти инсон, аз ҷумла шикору тиҷорат, боиси кам шудани саршумори кафтор мешавад.

"Касе лозим аст, ки оромиш орад." Трамп дар бораи раҳбари ояндаи Эрон

Муҷтабо Хоманаӣ
Муҷтабо Хоманаӣ

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, дар мусоҳибааш бо нашрияи Axios гуфт, мехоҳад дар интихоби раҳбари ояндаи Эрон шахсан нақш дошта бошад.

Трамп гуфт, ҷойгузини эҳтимолии оятулло Алии Хоманаӣ, ки рӯзи 28-уми феврал дар амалиёти ҳарбии Амрико ва Исроил кушта шуд, писари ӯ Муҷтабо Хоманаӣ аст, вале ишора кард, ки ӯро дар ин мақом дидан намехоҳад.

"Барои ман писари Хоманаӣ қобили қабул нест. Ба мо оне лозим аст, ки ба Эрон оромишу сулҳ меорад", -- гуфт Доналд Трамп.

Ӯ афзуд, таъйини шахсеро, ки самтгириҳои сиёсии Алии Хоманаиро идома медиҳад, дастгирӣ нахоҳад кард: "Мисле, ки бо Делси (Родригес) дар Венесуэла шуд, ман бояд дар ин таъйинот ҳам иштирок кунам."

Доналд Трамп
Доналд Трамп

Axios айни замон таъкид мекунад, ки вазири дифоъ ё ҷанги Амрико Пит Ҳегсет ва дигар мақомоти амрикоӣ мегӯянд, тағйири режим дар Эрон ҳадафи асосии ин амалиёт нест. Онҳо мегӯянд, вазифаи Вашингтон суст кардани тавонмандиҳои мушакӣ, барномаи ҳастаӣ ва нерӯҳои дарёии Эрон мебошад.

Як рӯз пеш аз ин гуфтугӯҳо нашрияи The New York Times хабар дод, ки дар пайи ҷаласаи Шӯрои хубрагон Муҷтабо Хоманаӣ номзади асосӣ ба мақоми раҳбари нави олии Эрон гардид.

Бархе раҳбарони динӣ хостаанд, субҳи 4-уми март дар бораи таъйин шудани Муҷтабо Хоманаӣ хабари расмӣ нашр кунанд, аммо баъзе дигарон дар ин шӯро ҳушдор додаанд, ки ин хабар ӯро ба як ҳадафи нави Амрико ва Исроил табдил медиҳад.

Муҷтабо Хоманаии 56-сола як сиёсатмадори пурнуфуз буда, солҳои дароз дар сояи падараш қарор дошт.

Дар миёни номзадҳои дигар ба мақоми раҳбари олии Эрон Ҳасан Хумайнӣ, набераи бунёдгузори Ҷумҳурии Исломӣ ҳам номбар мешавад.

Амрико ва Исроил рӯзи 28-уми феврал ба Эрон ҳамла карданд, ки бар асари он раҳбари олии ин кишвар Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ ва шуморе аз фармондеҳони баландпояи низомӣ кушта шуданд.

Эрон дар вокуниш ба ҳамлаҳои Амрико ва Исроил, ба Исроил ва чандин кишвари арабии ҳавзаи Халиҷи Форс, ки мизбони пойгоҳҳои низомии ИМА ҳастанд, ҳамлаҳои густурда анҷом дод.

Боздошти 7 корманди "Ошадбанк"-и Украина дар Маҷористон 

Равобити Киев ва Будапешт баъди он дубора бад шуд, ки Украина идомаи интиқоли нафти русиро тавассути лӯлаи "Дружба" ба Венгрия рад кард
Равобити Киев ва Будапешт баъди он дубора бад шуд, ки Украина идомаи интиқоли нафти русиро тавассути лӯлаи "Дружба" ба Венгрия рад кард

Рӯзи 5-уми март дар Венгрия ё Маҷористон ҳафт корманди "Ошадбанк"-и Украина боздошт шуданд.

Дар ин бора дафтари матбуоти ин бонк ва вазири корҳои хориҷии Украина Андрей Сибига хабар доданд.

Сибига гуфт, кормандон дар ду мошини марбут ба бонк тавассути Австрия ба самти Украина ҳаракат мекарданд ва дар дохили мошин барои таъмини кори маъмулии бонк пули нақд доштанд.

Дар дохили ду мошин дар умум 40 миллилон доллар, 35 миллион евро ва 9 кило тило будааст. Ҷониби Украина мегӯяд, ин бор тибқи талаботи гумруки Аврупо сабт шуда буд.

"Ошадбанк" аз мақомоти Венгрия ё Маҷористон тақозо кард, ки ба зудтарин фурсат кормандону бори боздоштшударо озод ва барои ба ватан баргаштани онҳо шароит фароҳам кунанд. Як манбаи "РБК-Украина" гуфт, ки ин ду мошини бонк дар ҳудуди маркази зиттиреррористии Венгрия қарор доранд.

Вазири корҳои хориҷии Украина гуфт, “дар асл гап дар бораи гаравгонгирӣ ва дуздии пул аз ҷониби Венгрия аст”. Ӯ афзуд, сабаби боздошт ва ҳам вазъи кормандони боздоштшуда маълум нест ва бо онҳо имкони тамос вуҷуд надорад.

Мақомоти Венгрия ҳанӯз хабари боздошти кормандони бонки Украинаро шарҳ надодаанд.

Равобити Киев ва Будапешт баъди он дубора бад шуд, ки Украина идомаи интиқоли нафти русиро тавассути лӯлаи "Дружба" ба Венгрия рад кард. Украина мегӯяд, дар пайи ҳамлаҳои Русия ин лӯла осеб дидааст. Будапешт бовар дорад, ки ин кор далели сиёсӣ дорад. Дар посух мақомоти Венгрия додани 90 миллиард евро қарзи Иттиҳоди Аврупоро ба Киев вето карданд.

Нахуствазири Венгрия Виктор Орбан рӯзи 5-уми март гуфт, Будапешт василаҳои фишорро ба Украина дорад, то интиқоли нафт тавассути лӯлаи "Дружба" аз сар гирифта шавад.

Вай инчунин таъкид кард, ки Будапешт то замони азсаргирии кори лӯлаи нафт транзити борҳои барои Украина хеле муҳимро қатъ мекунад. Орбан дар мусоҳибааш бо радиои Kossuth иқрор шуд, ки ба ӯ таҳдиди президенти Украина Владимир Зеленский хуш наомад, ки гуфт, ӯ метавонад ба ҳарбиёни украинӣ суроғаи шахсеро, ки қарзи онҳоро масдуд кардааст, бидиҳад.

Трамп аз нерӯҳои Эрон хост, силоҳҳои худро ба замин гузоранд

Доналд Трамп, Кохи Сафед, 5-уми марти 2026
Доналд Трамп, Кохи Сафед, 5-уми марти 2026

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, аз низомиён, афсарони полис ва Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон даъват кард, ки силоҳҳояшонро ба замин гузошта, аз пуштибонии рӯҳониёни ҳоким дар ин кишвар даст кашанд. Дар иваз, ба қавли Трамп, ба онҳо "масунияти комил" аз ҳар гуна ҷазо ваъда мешавад.

"Мо ҳар соат мушаку паҳподҳои Эронро маҳв мекунем. Касе бовар намекард, ки бо чунин суръат аз байн бурдани онҳо имкон дорад... Мо низомиёни нерӯмандтарин дар рӯйи олам дорем. Нерӯи баҳрии Эрон аз байн бурда шуд. Дар се рӯз 24 киштӣ маҳв гашт. Ин миқдори бузург аст. Силоҳи зиддиҳавоӣ ва нерӯҳои ҳавоии онҳо аз байн бурда шудаанд,” – афзуд раисҷумҳури Амрико.

Доналд Трамп ҳамчунин гуфт, аз ҳамлаи гурӯҳҳои курд ба Эрон ҳимоят мекунад. Вай дар суҳбат бо хабаргузории "Рейтерс" гуфт, "фикр мекунам, бисёр хуб аст, ки онҳо мехоҳанд ин корро анҷом диҳанд. Ман комилан аз он ҳимоят мекунам". Бо ин ҳол, ӯ дар бораи инки оё Амрико барои ҳамлаи гурӯҳҳои курд мадад кардааст ё не, аз изҳори назар худдорӣ кард.

Дар рӯзҳои охир шуморе аз расонаҳо гузориш додаанд, ки ниманизомиёни курди эронӣ бо Амрико дар бораи инки чӣ гуна метавонанд ҳамлаҳоро алайҳи нерӯҳои амниятии Ҷумҳурии Исломӣ оғоз кунанд, машварат кардаанд.

Аббос Ароқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон, рӯзи 5-уми март гуфт, кишвараш барои ҳар гуна ҳамлаи эҳтимолии заминӣ омода аст ва афзуд, чунин иқдоме “барои душманони Ҷумҳурии Исломӣ фоҷеабор хоҳад буд”.

Дар ҳоле ки Амрико ва Исроил ба ҳамлаҳои худ алайҳи Эрон идома медиҳанд, Ароқчӣ ба шабакаи хабарии NBC News гуфт, "мо мунтазири онҳо ҳастем" ва афзуд, "мо итминон дорем, ки метавонем бо онҳо муқобила кунем ва ин барояшон як фоҷеаи бузург хоҳад буд".
Дар ҳамин ҳол, нигаронӣ зиёд аст, ки амалиёти зидди Эрон ба низоъ дар Ховари Миёна ва фаротар аз он табдил хоҳад ёфт. Аз оғози амалиёт кишварҳои ҳампаймони Амрико дар Халиҷи Форс бо ҳамлаҳои мушаку паҳподҳои Эрон дучор шуданд.

Рӯзҳои охир мушаку паҳподҳои Эрон ба Исроил, Туркия, Озарбойҷон, Кипр ё Қибрис ва ҳатто Шри Ланка расидаанд. Шри Ланка дар масофаи 3900 километр аз Эрон қарор дорад ва дар онҷо киштии зериобии Амрико як киштии ҷангии Эронро маҳв кард.

Барканории чанд мансабдор дар Мастчоҳ дар пайи шикояти сокинон

Дар бораи танбеҳ ё ҷазо гирифтани афроди барканоршуда хабаре нашр нашудааст
Дар бораи танбеҳ ё ҷазо гирифтани афроди барканоршуда хабаре нашр нашудааст

Раҳбарони додгоҳ, додситонӣ ва пулиси ноҳияи Мастчоҳ аз мақомҳояшон барканор шудаанд.

Дар бораи сабаби ин тағйир сомонаи президенти Тоҷикистон рӯзи 6-уми март чизе нагуфта, аммо хабар додааст, ки ба ҷойи онҳо шахсони “кордону соҳибтаҷриба ва дорои малакаи хуби назорату роҳбарӣ таъин гардиданд”.

Барканории раҳбарони мақомоти қудратӣ дар ноҳияи Мастчоҳ дар ҳолест, ки чанд моҳи охир сокинон аз бадрафтории нозирони роҳ ва дигар кормандони мақомоти интизомӣ шикоят доштанд.

Дар як наворе, ки рӯзи 3-юми март корбарон аз ноҳияи Мастчоҳ фиристоданд, дида мешавад, ки чанд нозири роҳ бо ронандагон кашокаш доранд.

Расман гуфта намешавад, ки тасмими Эмомалӣ Раҳмон барои ин дигаргунӣ то куҷо ба шикояти сокинон пайванд дорад. Ҳамчунин, дар бораи танбеҳ ё ҷазо гирифтани афроди барканоршуда хабаре нашр нашудааст.

Танҳо ишораи сомонаи президент ин аст, ки корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд дар доираи қонун амал кунад ва вазифаҳои худро “пурра ва софдилона” анҷом диҳад.

Эрон мегӯяд, барои ҳар гуна амалиёти заминӣ омода аст

Курдистони Эрон ҳаммарз бо Курдистони Ироқ дар рӯзҳои гузашта мавриди ҳамлаҳои Амрико ва Исроил қарор гирифт.
Курдистони Эрон ҳаммарз бо Курдистони Ироқ дар рӯзҳои гузашта мавриди ҳамлаҳои Амрико ва Исроил қарор гирифт.

Аббос Ароқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон рӯзи 5 март гуфт, ки кишвараш барои ҳар гуна ҳамлаи эҳтимолии заминӣ омода аст ва афзуд, ки чунин иқдоме барои душманони Ҷумҳурии исломӣ "фоҷеабор" хоҳад буд.

Дар ҳоле, ки Амрико ва Исроил ба ҳамлаҳои худ алайҳи Эрон идома медиҳанд, Ароқчӣ ба шабакаи хабарии NBC News гуфт, "мо мунтазири онҳо ҳастем" ва афзуд, "мо итминон дорем, ки метавонем бо онҳо муқобила кунем ва ин барои онҳо як фоҷеаи бузург хоҳад буд".

Чанд соат пеш аз ин изҳороти Аббос Ароқчӣ, Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико гуфта буд, ки аз ҳамлаи гурӯҳҳои курд ба Эрон ҳимоят мекунад.

Трамп дар гуфтугӯ бо хабаргузории "Рейтерз" гуфт, "фикр мекунам бисёр хуб аст, ки онҳо мехоҳанд ин корро анҷом диҳанд. Ман комилан аз он ҳимоят мекунам".

Бо ин ҳол, ӯ дар бораи инки оё Амрико барои ҳамлаи гурӯҳҳои курд кӯмак кардааст ё не, аз изҳори назар худдорӣ кард.

Дар рӯзҳои ахир шуморе аз расонаҳо гузориш додаанд, ки ниманизомиёни курди эронӣ дар рӯзҳои гузашта бо Амрико дар бораи ин, ки чигуна метавонанд ҳамлаҳо алайҳи нерӯҳои амниятии Ҷумҳурии исломиро оғоз кунанд, машварат кардаанд.

Боздошти як зодаи Узбекистон дар Исроил

Вазорати корҳои хориҷаи Узбекистон боздошти як зодаи ин кишварро пас аз нашри як навор дар Исроил шарҳ дода, гуфтааст, қазияро консулгарии ин кишвар таҳти назари худ гирифтааст.

Ба иттилои Вазорат, як муҳоҷири узбекистонӣ ҳангоми баланд шудани бонги хатар ва ҳамлаҳои мушакӣ дар хиёбони Исроил наворе сабт карда, лаҳзаи фирори одамон ба паноҳгоҳҳоро тасвир ва ҳазл кардааст. Аз ин шаҳрванди Узбекистон Н.Х ном бурда шудааст.

Ин наворро бархе аз сокинон ва мақомоти Исроили таҳқиромез хонда, лаҳзаи боздошти ӯро сабту нашр кардаанд.

Ба иттилои мақомоти Узбекистон, дар бораи навори ҷавони узбекистонӣ, ки дар "ТикТок" ва дигар шабакаҳо паҳн шуда буд, як шаҳрванди Исроил ба пулис шикоят бурдааст.

Консулгарии Узбекистон гуфтааст, дар ҳоли ҳозир ин ҷавон дар ҷойи амн қарор дорад. Ин ниҳод аз узбекистониҳо дар Исроил хостааст, қонунгузории ин кишварро риоя кунанд ва дар рафтору гуфтор эҳтиёткор бошанд.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG