Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раванди рӯ ба рушди паҳншавии коронавирус дар Осиё ва Амрико


Ҳинд. Акс аз бойгонӣ.
Ҳинд. Акс аз бойгонӣ.

Шумораи гирифторон ва қурбониён аз бемории COVID-19 дар бархе кишварҳои осиёӣ ва қораи Амрико ба таври чашмрас афзоиш ёфтааст. Дар ҳамин ҳамин ҳол, бисёре аз кишварҳои аврупоӣ рафта-рафта дар ҳоли боз кардани марзҳо ҳастанд.

Рӯзи якшанбеи 14-уми июн Чин аз сабти бештарин гирифторон ба ин беморӣ дар ду моҳи ахир хабар дод. Дар ин рӯз дар Чин 57 нафар аз ин беморӣ фавтиданд. Эрон ҳам хабар дод, ки дар ин рӯз 107 дар дар ин кишвар аз бемории КОВИД-19 ҷон бохтанд.

Рӯзи якшанбе Ҳинд эълон кард, ки дар ин кишвар дар як рӯз 12 ҳазор нафар ба ин беморӣ гирифтор шуданд. Шумораи умумии мубталоён ба COVID-19 дар дувумин кишвари сераҳолии ҷаҳон ба 320 ҳазор нафар расидааст.

Ҳукумати Ҳинд эълон кардааст, ки 500 вагони роҳи оҳанро дар Деҳлӣ ба бемористони муваққатӣ табдил хоҳад кард. Афзоиши гирифторӣ ба ин беморӣ дар Ҳинд, боиси камбуди тахти хобҳо дар бемористонҳо шудааст.

Дар Токио -- пойтахти Ҷопон, ҳукумат 47 ҳолати нави гирифторӣ ба COVID-19 -ро таъйид кардааст, ки дар 40 рӯзи гузашта бесобиқа будааст.

Сеул -- пойтахти Кореяи Ҷанубӣ низ ҳамчунон пас аз як давраи коҳиши чашмрас, бо афзоиши беморон рӯбарӯ шудааст.

Ҳатто дар Сингапур низ нахустин бор дар як моҳи ахир як ҳолати гирифторӣ сабт шудааст. Ин кишвари хурд дар Ҷануб-Шарқи Осиё муддате аст, ки бо мавҷе аз сирояти беморӣ дар миёни коргарони хориҷӣ, ки дар хобгоҳҳои умумӣ зиндагӣ мекунанд, рӯбарӯ аст.

Дар Амрико низ шумораи иёлатҳое, ки бо мавҷи нави паҳншавии коронавирус рӯбарӯ шудаанд, афзоиш ёфтаст. То кунун дар Амрико беш аз 2 миллион ба ин беморӣ гирифтор шуда, зиёда аз 115 ҳазор ҷон бохтаанд.

Дар Бразил, кишвари дигар дар қораи Амрико, то кунун 850 ҳазор нафар ба ин беморӣ гирифтор шуда, 43 ҳазор нафар ҷони худро аз даст додаанд.

Дар умум шумораи гирифторон ба ин беморӣ дар саросари ҷаҳон аз 7,8 миллион нафар ва шумораи фавтидагон аз 430 ҳазор тан гузаштааст.

Дар бораи омори расмӣ ва мавридҳои таъйидшуда дар бархе кишварҳо, чӣ ба сабаби шеваи тест гирифтан, ё кайфияти озмоишҳо, шаффофият дар маълумотрасонӣ ва масъалаҳои дигар, қатъият вуҷуд надорад.

Дар Аврупо аммо марзҳо дар ҳоли боз шудан аст. Олмон, Белгия, Юнон, Фаронса ва Ҷумҳурии Чех марзҳоро кушодаанд ва Австрия низ қарор аст аз рӯзи сешанбе ба сафи онҳо бипайвандад.

Албатта озодии рафтуомад шомили шаҳрвандони Аврупо ва касоне мешавад, ки дар минтақаи маъруф ба Шенген зиндагӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG