Дар ин барнома мушкили муҳоҷирону мусофирони тоҷикро аз Алмато то Маскаву Дубай бозтоб медиҳем, ки коронавирус сабаб шуд, дар ин шаҳрҳо дармонанд. Ба шаҳре ҳам меравем, ки муҳоҷирони тоҷик корашонро ҳамчунон идома медиҳанд. Ва аз як муҳоҷир мешунавем, ки инсон дар рӯзҳои карантин дар утоқи танг бештар аз ҳама ба чӣ эҳтиёҷ дорад.
Густариши коронавирус, ки то ҳол дар саросари ҷаҳон тақрибан 1 миллион нафарро ба бемории КОВИД19 гирифтор кард, бештар аз ҳама аҳволи муҳоҷирону мусофиронро бад кард. Гурӯҳе аз муҳоҷирони тоҷик аз шаҳри Алматои Қазоқистон ба Радиои Озодӣ наворе фиристоданд, ки вазъи онҳоро дар ҳолати карантин бозгӯ мекунад.
Дар ин навор онҳо мегӯянд, "дар ҳоли карантин қарор дорем, аз хона баромада наметавонем. Инҷо зиёд ҳастем. Мо мехоҳем ба Тоҷикистон равона шавем, аммо рафта наметавонем. Илтимос аз шумо моро раҳо кунед".
Айни сарнавиштро даҳҳо муҳоҷиру мусофири тоҷик дар шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Арабӣ доранд ва худашон мегӯянд, ки чӣ ҳол доранду чӣ мехоҳанд.
"Инҳо муҳоҷирони тоҷик дар Дубай. Қариб тӯли як моҳ мешавад, ки ҳаминҷо хобанд. Визаҳои баъзе аз бачаҳо тамом шудааст. Наметавонанд, ба ватани худ баргарданд. 27-уми март билет гирифта буданд. Бисту ҳафтум парвоз нашуд, намедонем, билетҳояшон сӯхт ё чӣ шуд. Мо хоҳиши худро ба Радиои Озодӣ расонданием, ки ба ҳукумати Тоҷикистон бирасонад, ки муҳоҷирони тоҷик дар чӣ ҳоланд, чӣ мушкил доранд".
Дар видеои дигар аз Маскав як ҷавоне нақл мекунад, ки баъди як ҳафта интизорӣ дар фурудгоҳ барои рафтан ба Тоҷикистон, ночор ба хонае ба пойтахти Русия баргашт, ки онҷо низ карантин эълон шудааст.
"Як ҳафта мешавад, ки дар инҷо хобем, берун намебароем. Берун офтобӣ аст, лекин мо аз хона берун намеоем, дар хона нишастаем. Ин писар як ҳафта дар аэропорт хоб буд, бозгашта омад, нишастааст инҷо, бечора. На пули билеташро баргардонда метавонад, қарздор шудааст. Инҷо омадааст, хоб аст, дар ин хона".
Дар видеои дигар, ки аз Красноярск фиристода шудааст, ду муҳоҷири тоҷик мегӯянд, ки "кор нест, барои рӯзгузаронӣ аз карантин гурехта, инҷо омадем. Замин ях аст, якуним метр кандем, ҳоло ҳам ях аст. Ба табар меканем, ки ягон сум кор кунем, барои рӯзгузаронӣ, кор нест, чӣ кор карданамонро намедонем. Хайр, мо як кор ним кор ёфтем, мардум садҳо нафар дар хонаҳо маҳкам, пули хӯрдан надоранд, пули патент медиҳанд".
Аммо теъдоде аз муҳоҷирони кории тоҷик ба мо чанд видео аз нимҷазираи Қрим фиристода ва гуфтанд, ки онҳо корашонро идома медиҳанд ва ҳеҷ кас ҳам нагуфтааст, ки дар хона нишинанду безарурат берун наоянд.
"Дар ҳамаи корхонаҳои давлатии Федератсияи Россия карантин эълон кардаанд, дар корхонаи мо кор. Карантин гуфтанӣ гап вуҷуд надорад. Хушбахтона ҳама сиҳату саломат аст. Чил нафар кор мекунем, ягон кас айни ҳол ба карантин равона нагардидааст. Бачаҳои тоҷик меҳнат мекунанд".
Шоирҷон - яке аз муҳоҷирони тоҷик дар Маскав низ дар карантин аст. Ӯ мепурсад, ки аз чӣ роҳе метавонем рӯзҳои сахтро паси сар кард.
"Дар шаҳри Маскав қарор дорем, дар карантини муваққатӣ ва рӯзҳои худро дар хона паси сар мекунем. Мумкин аст, ки карантин то санаҳои 14- 15 апрел давом кунад. Ба ҳамаи ҳамватанони азиз сабру таҳаммул хоҳонам. Дар ин рӯзҳо бисёр душвор аст дар хона нишастан. Бисёре аз ҳамватанони мо то онҷое, ки хабар дорем, аллакай маблағҳояшон тамом шудааст, бисёриҳо барои супоридани иҷорапулӣ маблағ надоранд ва бисёр як шароити вазнине имрӯзҳо аз сар мегузаронем ва Худо кунад, ки ин рӯзҳоро ба зудӣ паси сар кунем ва аз пайи кору зиндагии худ шавем. Ба ҳама саломатӣ ва сабру таҳаммул хоҳонам".
Сиҳату саломат бошед ва Шумо ҳам видеову назарҳои худро сабт кунед ва ба мо бифристед. Худу хонаводаву азизонатонро эҳтиёт кунед. То дидор дар барномаи дигар.
Корбарони азиз!
Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!