Дар ин барнома корбарон аз фурудгоҳи Кӯлоб ба мо видео фиристоданд, ки дар он дида мешавад, дастгоҳи интиқоли бағоҷ кор намекунад ва мусофирон бо даст бағоҷҳоро ҳаракат медиҳанд.
Видеои дигар ҳам, ки ба дасти мо расид, аз фурудгоҳи Душанбе аст. Муаллифи видео шикоят дорад, ки на ҳама ронандаҳои таксӣ иҷозаи мусофир бурдан аз фурудгоҳро доранд. Ӯ мегӯяд, раҳбарони фурудгоҳ танҳо таксиҳоеро ба он ҷо роҳ медиҳанд, ки ба онҳо мақбул ҳастанд.
Иддаои Майрам Содиқова ва Мастона Зайниддинова, сокинони шаҳри Душанбе, аз ин ки ду корманди пешини Раёсати корҳои дохилии пойтахт онҳоро шиканҷа кардааст ва бояд ҷазои сахт гиранд, дар саҳифаҳои Радиои Озодӣ вокунишҳои мухталифро ба бор овард. Онҳо гуфтанд, ки ду корманди пулис, ки ҳоло дар боздошт қарор доранд, бо бадтарин шева зимни як бозпурсӣ онҳоро шикоят карда буданд.
Далер Қурбонов, дар саҳифаи Фейсбуки Радиои Озодӣ навиштааст, ки "ин амали ғайриинсонӣ дар Тоҷикистон кай бас мешуда бошад?"
Зоҳиран, ӯ зери таъсири нақли ин ду зан навиштааст, ки "онҳое, ки шиканҷаро раво мебинанд, зану фарзанд, падару модар надоранд? Оё онҳо ҳам ба мисли инҳо инсон ҳастанд, ё махлуқоти ғайр?"
Нафари дигар бо номи Раиси дар миёни даҳҳо шаҳрнавис ба нақли ин занҳо бовар накардааст Ӯ гуфтааст, "ҳамаш дурӯғг аст, корманди давлат дар ҳаёташ ин хел намекунад".
Нафари дигар бо номи "Ҳимоятгар" дар шарҳе дар сомонаи Радиои Озодӣ навиштааст, ки ин ҳама хусумати шахсии ҳамин хонавода мебошад ва дар суд ягон даъвояшон исбот нашуд".
Давоми як ҳафтаи ахир дар бораи иқдоми ронандаҳои бархе таксиҳо дар Душанбе, ки бӯсу канор дар дохили мошинҳояшон барои мусофиронро манъ карда буданд, баҳсҳо зиёд буд.
Корбаре бо номи Саида дар сомонаи Радиои Озодӣ навиштааст, "сад дар сад тарафдори он ронандаҳои таксие ҳастам, ки зидди бӯсу канор дар дохили мошинашон ҳастанд".
Ӯ гуфтааст, ки бӯсу канори ҷуфтҳо дар дохили мошин ноҳурматӣ ба ронанда аст. "Ҳарими шахсӣ"-ро дар даруни мошине, ки моликаш каси дигар аст, амали сохтан норавост! Мизоҷ дар мошини бегона меҳмон аст, навиштааст ӯ.
Ӯ навиштааст, дар бархе ҳолат ронандаҳои таксӣ ба зиндагии мусофирон дахолат мекунанд. Ба навиштаи ӯ, боре духтари ҳамсояи онҳоро як ронандаи таксӣ барои руймол надоштан суханҳои қабеҳ гуфтааст.
"Муҳаммадӣ" корбари дигар дар Инстаграми Радиои Озодӣ навиштааст, ки агар ронандаҳои таксӣ бусу канор ва мусиқиро манъ карданд, фардо савор кардани баъзе мусофиронро манъ мекунанд. Ӯ гуфтааст, "ҳарчанд аксарияти таксиҳо аз худи ронандаҳост, вале хатсайр давлатист ва қоидаро бояд танҳо давлат мукаррар кунад".
Умеда Мамадҷонова дар Фейсбук аз ин амали ронандаҳои таксӣ истиқбол кардааст. Ба навиштаи ӯ, таксӣ ҷойи ҷамъиятӣ ҳисоб мешавад ва бояд ҳар нафар худашро дар ҷойи ҷамъиятӣ эҳтиром кунад.
Ба ин баҳсҳо дар сомонаи Радиои Озодӣ ва саҳифаҳои мо дар "Фейсбук"-у "Инстаграм" ҳамроҳ шавед. Дар охир як видеои дигаре дорем, ки аз Русия фиристодаанд. Наворбардори видео мегӯяд, миёнравҳо онҳоро ба Русия бо ваъдаи ҷойи кор даъват карда, дар марз онҳоро беҷою бепулу бекор раҳо мекунанд
Шумо ҳам фиристодани видео ва хабарҳои худро ба мо фаромӯш накунед.