Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Озодӣ Онлайн: "Милисаҳои мо на хоҳар мемонанд, на модар" ВИДЕО


Program Screenshot
Program Screenshot

Бараҳна кардани муҳоҷирони тоҷик дар Русия албатта ёдатон ҳаст. Аввал дар ҳамин бора суҳбат мекунем ва сипас дар бораи зиндагӣ дар Тоҷикистон.

Додситонии Тоҷикистон мунтазир аст, ки мақомоти Русия бигӯянд, чаро баъди боздошти чанд муҳоҷир, милисаҳои рус онҳоро нимбараҳна ва масхара карданд. Баҳси дарозе дар "Инстаграм" дар ин бора идома дорад ва шумо ҳам метавонед ҳамроҳ шавед.

Як коргар бо номи Иброҳимӣ бо муроҷиат ба додситонӣ гуфтааст, хуб мешавад, агар ҳуқуқи мардумро дар ҳамон дохил муроот кунанд. Ӯ менависад, "онҷо Русия аст. Шумо ҳуқуқи моро дар ҳамон Тоҷикистон ҳимоят кунед. Дар шӯъбаҳои умури дохилӣ, ҳол аз ин бадтар аст. Барои як авбошӣ мебаранд, хоҳару модаратро дашном медиҳанд. Бовар кунед, ман чизеро мегӯям, ки дидаам".

Нодирахон худи муҳоҷиронро танқид карда, гуфтааст, ки рафтори дуруст надоранд. Ӯ мегӯяд, "қадр кардани миллат як чиз аст, аммо вақте ҳамватанони мо дар кишвари бегона чунин рафтор мекунанд, ҳеҷ боиси ифтихор нест. Омаданд, оромона кор кунанд. Ин кишвар ба онҳо баръакси ватани худашон нон медиҳад".

Озодӣ Онлайн: "Милисаҳои мо на хоҳар мемонанд, на модар"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:57 0:00

Ба қавли Азизбек Шарипов, муроҷиати додситонии Тоҷикистон ба мақомоти Русия натиҷаи баръакс медиҳад. Азизбек гуфтааст, "бо ин номае, ки навиштанд, 1000 ё 2000 тоҷики дигарро депортатсия ва ё ихроҷ мекунанд ва инҳо ҳам чизе намегӯянд".

Навиштаи баҳсбарангези дигаре, ки метавонед дар вебсайт бихоне, блоги Зеварбону Рауфӣ як духтари тоҷик аст, ки мегӯяд, дар Тоҷикистон барои ҳаққи худ садо баланд кунӣ, гирифтори дарди сар мешавӣ.

Корбаре бо номи Ватандӯст муаллифи навиштаро офарин хондааст, ки ба қавли ӯ, далерона камбудиҳои ҷомеаи Тоҷикистонро ошкор гуфтааст. Ин корбар мегӯяд, онҳое бадхоҳи миллатанд, ки фақат ситоиш мекунанд.

Анрӣ низ бо Зеварбону ҳамақида аст, ки гуфтааст, намехоҳад муаллиму духтур дар Тоҷикистон қашшоқ бошанд. Ба қавли ӯ, муаллими тоҷик, ки тарбиятгари тамоми ҷомеа аст, дар вақти дарс ёдаш ба шиками гуруснаи кӯдаконашон аст, ба ҷойи онки донишу малакаашро барои дарс сарф кунад.

Аммо корбаре бо номи Саида муаллифро танқид кардааст, ки иғво бармеангезад, чун ӯ дар дар Тоҷикистон озод аст. Ҳар чӣ дилаш хост мекунад. Саида ҳамаи ончиро, ки Зеварбону навиштааст, пуч ва фитна номидааст.

Шумо ҳам видеоаву аксу фикру андешаҳоятонро фиристед аз тариқи Вотсапп, Вайбер ва Телеграму Имо. Мунтазири видеоҳо ва навиштаҳои шумо ҳастем. То дидор дар барномаҳои дигар.

XS
SM
MD
LG