Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хадамоти зиддиинҳисорӣ фармони баҳсбарангезро бекор кард. ВИДЕО, САДО


Икромиддин Вализода
Икромиддин Вализода

Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон қарори ҷанҷолбарангези худро дар бораи афзоиши нархи Интернет ва гуфугӯҳои мобилӣ бекор кард. Фармони навро рӯзи 24-уми апрел раиси тозатаъйини ин ниҳод Икромиддин Вализода тасвиб намуд.

"Фармони Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4-уми марти соли 2019, рақами 31, "Дар бораи таърифаҳои алоқаи барқӣ" аз эътибор соқит дониста шавад", - гуфта шудааст дар номаи расмии Хадамоти зиддиинҳисорӣ ба ширкатҳои мобилӣ. Нусхаи ин нома дар ихтиёри Радиои Озодӣ аст.

Вокунишҳо ба лағви қарори боло бурдани нархи Интернет
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:12 0:00
Линки мустақим

  • Як рӯз пеш хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон хабар дода буд, ки "нархи истифодаи интернет ва арзиши таърифаҳои ширкатҳои мобилӣ ба ҳолати аввала баргардонида шуд" ва "нисбат ба шахсони масъуле, ки ба ин кор роҳ доданд, чораҷӯӣ карда шуд".

Масъулони чанд ширкати мобилии Тоҷикистон ҳам хабар доданд, ки ба зудӣ таърифа ва нархи пешинаи Интернетро барқарор мекунанд. Онҳо барои эҷоди нороҳатӣ аз мардум маъзарат хостанд.

Ширкати "Тселл" шаби 23-юми апрел бо нашри иттилоияе гуфт, "дар ҳоли ҳозир корҳои фаннӣ ҷараён дорад, то таърифа ва хидматрасониҳои қаблӣ дубора фаъол шавад."

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Қарори боло бурдани нархи Интернет бекор карда шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:33 0:00

"Мегафон-Тоҷикистон" дар баёнияе аз қатъи фармони болоравии нархи Интернет ва гуфтугӯи мобилӣ хабар дод. Масъулони ширкат гуфтанд, ба зудӣ дастури президенти Тоҷикистонро барои фаъол кардани хадамоту таърифаҳои қаблӣ иҷро хоҳанд кард.

Ширкатҳои мобилии Тоҷикистон рӯзи 18-уми апрел нархи Интернет, гуфтугӯи мобилӣ ва NGN-ро боло бурданд. Нархи як мегабайт Интернети мобилӣ бо дарназардошти андоз аз арзиши иловашуда ва аксиз 6,2 дирам ва қимати як гигабайти он 62 сомонӣ таъйин шуд. Қаблан як гигабайт Интернет аз 30 то 35 сомонӣ буд.

Аз ин тасмим Кумитаи андози Тоҷикистон ҳам ҷонибдорӣ карда, онро барои ҷамъоварии молиёти бештар муҳим донист. Назар Одиназода – муовини аввали раиси Хадамоти зиддиинҳисорӣ – дар суҳбате бо Радиои Озодӣ гуфта буд, то имрӯз қимати як мегабайт Интернет дар кишвар то 50 дирам буд ва онҳо баръакс онро поин оварда, ба 5 дирам (бе андоз аз арзиши иловашуда ва аксиз) расонданд.

Мухолифони қарори боло бурдани нархи Интернет мегуфтанд, беш аз як миллион аҳолии Тоҷикистон дар хориҷ кору иқомат мекунанд ва ягона василаи иртиботи волидон ё зану фарзанди онҳо бо муҳоҷирон Интернет аст.

Ин баҳс тӯли ду ҳафта ба шиддат дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷараён дошт. Баъди талошҳои бенатиҷа барои поин бурдани нархи истифода аз Интернет, фаъолони ҷомеа тасмим гирифтанд, бо як муроҷиатномаи дастҷамъӣ ба раиси ҷумҳур ва додситони кул муроҷиат кунанд. Онҳо рӯзи 22-юми апрел ба ҷамъоварии имзо дар Душанбе оғоз карданд.

Шоми 23-юми апрел ғайриинтизор хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон хабар дод, ки "нархи истифодаи интернет ва арзиши тарофаҳои ширкатҳои мобилӣ ба ҳолати аввала баргардонида шуд" ва "нисбат ба шахсони масъуле, ки ба ин кор роҳ доданд, чораҷӯӣ карда шуд".

Дақиқ гуфта нашудааст, ки афроди масъули боло бурдани нархи Интернет дар Тоҷикистон кӣ буданд ва чӣ ҷазо гирифтанд? Ва зарари маънавӣ ва молие, ки сокинон тайи тақрибан ду ҳафтаи охир диданд, чӣ гуна ҷуброн хоҳад шуд? Дар ҳоле ки рӯзи сешанбе раиси Хадамоти зиддиинҳисорӣ, ниҳоди масъули боло бурдани нархи Интернет ва гуфтугӯи мобилӣ, аз мақоми худ озод ва ҳамон рӯз муовини раиси Дастгоҳи иҷроияи президент таъйин шуд.

XS
SM
MD
LG