Дар чанд ҷумла
Додситонӣ шиканҷа шудани зани муттаҳам ба озори кӯдакро таҳқиқ мекунад
Додгоҳ, мурофиаи пурсарусадои занеро ки ба сузанзанӣ ба бадани тифли худ муттаҳам буд, муваққатан боздошт ва талаб намуд, ки таҳти шиканҷа эътироф кардани гуноҳи ӯ санҷида шавад. Қарор аст, ин таҳқиқ аз сӯи Додситонии кулл анҷом шавад. Ҳоло масъалаи таҳти шиканҷа иқрор шудани модар ба амали худ дар нисбати фарзанадаш як гиреҳи бастае дар ошкор кардани қазияи мазкур боқӣ мондааст.
Худоёр Ёрматов, вакили дифои ин зан, 2-юми ноябр дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, аз додрас хостааст қазияро додситони кулл аз нав таҳқиқ ва муттаҳами аслиро пайдо кунад. Ин вакили дифо гуфт, зерҳимояш аз пурсишҳои аввал гуфтааст, ки ҷурмро зери фишору шиканҷа ба ӯҳда гирифтааст. “Аз ин хотир мо ҳам гуфтем ки, бигузор додситонии кулл аз нав инро таҳқиқ кунад ва хулосаи худро гӯяд”.
Муҳайё Ёқубова, модари Мудассир Каримов, тифле, ки табибон охири моҳи июн дар баданаш беш аз 10 сӯзан ёфтанд, рӯзи 3-юми октябр дар толори додгоҳ гуфт, қаблан гуноҳро зери фишору таҳдиди пулис ба гардан гирифта буд, “аммо дар асл ин корро накардааст”.
Ҳодиса аввали моҳи июли имсол расонаӣ шуд ва мақомот Муҳайё Ёқубоваи 26-сола, модари Мудассир Каримови яксоларо барои содир кардани ин ҷиноят гумонбар донистанд. Мақомот гуфтанд дар баёноти муқаддамотӣ модар иқрор шудааст, ки ба хотири аз Русия ба Тоҷикистон баргардондани ҳамсари муҳоҷираш ба чунин кор даст задааст. Иддаое, ки ин модар рад мекунад.
Аммо Муҳайё Ёқубова ба суоли аввалини додрас ва додситон, ки оё ӯ ба бадани фарзандаш беш аз даҳ сӯзан халондааст, посухи рад дод. Вай гуфт, рӯзи 6-уми июли имсол дар бозпурсии панҷсоатӣ, ин иттиҳомро зери фишор ва таҳдиди маъмурони милиса ба гардан гирифтааст. Муҳайё Ёқубова гуфт: “Онҳо таҳдид карданд, ки даҳ сӯзанро ба бадани худам мехалонанд ва мебинанд, ки чӣ гуна дард мекашам. Ҳамчунин дар шуъбаи корҳои дохилӣ, ки қариб панҷ соат маро бозпурсӣ карданд, гапҳои бад гуфтанд. Аз тарси рафтори номуносиби панҷ нафаре, ки маро бозпурсӣ мекарданд, ночор гуноҳро ба гардан гирифтам. Гуфтам, “ҳар чизе, ки мехоҳед, гӯед, ҳамонро мегӯям”.
Ҳоло парвандаи ин модар дар додгоҳ, бар асоси моддаи 110, қисми 2, яъне “қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ” баррасӣ мешавад. Барои ин ҷиноят аз 8 то 12 соли зиндон пешбинӣ шудааст.
Аввали моҳи июли имсол табибони бемористони Қарияи Боло аз ошкор шудани 10 сӯзан дар бадани як кӯдаки 9-моҳа хабар дода ва қотеона таъкид карданд, ки кӯдак сӯзанҳоро мустақилона фурӯ набурдааст. Ташхиси рентгенӣ сӯзанҳоро дар косахонаи сар, поёни ноф, пойҳо, гардану қафаси сина ва бахшҳои дигари ҷисми кӯдак ошкор кард. Ин сӯзанҳо дар баъзе қисматҳои бадани кӯдак дар зери пӯст ва ҷойҳои амиқ фурӯ рафтааст. Дар нахустин ҷарроҳӣ табибон 6 сӯзанро берун овардаанд.
Мудассир фарзанди дуввуми хонавода аст. Падари кӯдак дар муҳоҷирати корӣ дар Русия буда, модар масъулияти тарбияи фарзандонро ба ӯҳда дорад. Табибоне, ки ин тифлро ҷарроҳӣ карданд, мегӯянд, чунин ҳодиса дар таҷрибаи кории онҳо бесобиқа буд.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Зане, ки Путинро танқид мекард. Аз қатли Политковская 20 сол гузашт
Аз қатли рӯзноманигор Анна Политковская, мунаққиди шинохтаи Кремл, ки ҷанги Маскавро дар Чеченистон бозтоб медод ва маҳдуд шудани демократияро дар Русия бармало месохт, бист сол гузашт.
Ӯ рӯзи 7-уми октябри соли 2006 дар назди хонааш дар Маскав бо зарби чаҳор тир кушта шуд.
Вера, духтари Анна Политковская, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "мавзӯи асосии нигоштаҳои модарам ривояти саргузашти одамони одӣ буд. Ва ин ки чӣ гуна низоми сиёсӣ ва ҳарбӣ як фарди одиро пахш мекунад."
Вай афзуд, аммо ҷомеаи Русия ҳушдорҳои модарашро ҷиддӣ нагирифт: "Мардум мегуфтанд, муболиға мекунӣ. Ту ҳама чизро тира мебинӣ. Ҳанӯз ҳамон вазъият ҳоким аст. Ҳама чиз, ҳатто дар муқоиса бо ончи ӯ беш аз бист сол қабл пешбинӣ карда буд, бисёр шадидтар шудааст."
Политковская Путинро муттаҳам мекард, ки демократияро дар Русия аз байн мебарад. Ӯ дар Чеченистон поймоли ҳуқуқи одамонро аз сӯи нерӯҳои Русия ва инчунин Рамазон Қодиров, раҳбари мавриди ҳимояти Кремл, ҷамъ меовард.
Вера, духтари Анна Политковская мегӯяд, агар ӯ зинда мебуд, ҳанӯз ба хабарнигорӣ идома медод.
"Маълум аст, ки ӯ ба Украина мерафт. Ҷамъоварии маълумотро дар бораи он шуруъ мекард, ки ҳамаи ин рӯйдодҳо ба зиндагии мардуми одӣ чӣ гуна таъсир мерасонанд," – афзуд Вера Политковская.
Дар Русия панҷ касро бо гуноҳи куштани Политковская зиндонӣ карданд, аммо то ҳол фармоишгари қатли ӯ маълум нест.
Рамазон Қодиров, раҳбари Чеченистон ва яке аз қаҳрамонҳои гузоришҳои Политковская ҳанӯз дар қудрат аст. Иттиҳомҳо дар бораи даст доштани ӯ дар куштору шиканҷа кам нашудаанд.
Навор дар Инстаграм:
Садама дар Ҳисор. Як модар бо ду кӯдакаш ҷон бохтааст
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз як садамае хабар дод, ки дар рӯзи 5-уми октябр ҷони се нафар, аз ҷумла як тифли яксоларо гирифтааст.
Дар баёнияе, ки вазорат рӯзи 7-уми октябр дар саҳифааш дар Фейсбук нашр кард, омадааст, фалокат дар шоҳроҳи Душанбе-Турсунзода, дар ҳудуди деҳаи Ғуриёти шаҳри Ҳисор, рӯй дод.
Ба иттилои манбаъ, Ҳамдам Ниёзов, ронандаи мошини “Kia K5”, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи мазкур модари 29-сола Шукрона Табарова ва тифлони 9-сола ва яксолаи ӯро, ки аз роҳи пиёдагардон мегузаштанд, пахш кардааст.
Ҳарсе узви як хонавода дар ҷойи ҳодиса ҷон додаанд.
Вазорат гуфтааст, ҳодисаро таҳқиқ мекунад ва аксеро аз ҷойи ҳодиса нашр кардааст, ки дар он мошини сахт осебдидаву нимавайронае дида мешавад. Аммо гуфта нашудааст, ки сабаби фалокат чӣ буд ва кадом тараф қоидаи ҳаракатро риоят накардааст.
Рӯзе пештар аз ин, ВКД гуфта буд, ки дар ноҳияи Шаҳритус як тифли 5-соларо низ мошин зада ва куштааст.
Садамаҳои нақлиётӣ дар Тоҷикистон ҳамвора як мавзӯи доғ дар кишвар боқӣ мемонанд.
Бино ба омори Вазорати корҳои дохилӣ, танҳо дар шаш моҳи соли 2026 дар натиҷаи 531 садама 287 нафар ҷон бохта, 508 каси дигар маҷрӯҳ шудаанд. Ба ибораи дигар фақат дар ним сол ҳар рӯз дар роҳҳои Тоҷикистон на камтар аз як нафар ба ҳалокат расида ва се каси дигар захм бардоштаанд.
Роҳҳои ноҳамвор, додани парвона бидуни таҷрибаи кофӣ ва донистани қоидаҳои ронандагӣ ба мардум ва суръати баланду беэътиноӣ ба қоидаҳои ҳаракат дар роҳро аз сабабҳои маргумири зиёду фоҷиаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон медонанд.
Бозии охирини Лионел Месси дар ҳайати мунтахаби Аргентина
Лионел Месси, ситораи ҷаҳонии футбол, рӯзи 6-уми октябр бори охир дар ҳайати мунтахаби Аргентина ҳунарнамоӣ кард.
Қуваозмоии дӯстона миёни дастаҳои Аргентина ва Бенин дар шаҳри Буэнос-Айрес бо ҳисоби се бар ҳеч ба фоидаи соҳибони майдон ба поён расид.
Месси дар ин бозӣ як дафъа аз зарбаи ҷаримавии 11-метрӣ тӯбро ба ҳадаф расонд.
Ӯ тӯли ду даҳсола узви дастаи мунтахаби Аргентина буда, аз ҷумла дар соли 2022 соҳиби Ҷоми ҷаҳонии футбол шудааст.
Корномаи асосии Месси бо дастаи футболи Барселона мебошад, ки чанд дафъа қаҳрамони Испания ва барандаи Ҷомҳои Аврупоӣ шудааст.
Ӯ аввалин футболбоз дар ҷаҳон аст, ки 8 дафъа барандаи Тӯби Тилоӣ, яъне аз назари хабарнигорону коршиносони соҳа беҳтарин футболбози ҷаҳон эътироф шудааст.
Барои худоҳофизӣ бо Месси рӯзи 6-уми октябр садҳо ҳазор нафар ба майдонҳои пойтахти Аргентина баромада буданд.
Ҳарчанд Месси аз ҳунарнамоӣ дар сафи мунтахаби Аргентина даст кашидааст, аз футбол берун нахоҳад буд. Вай дар дастаи Интер Маями сабқат дар қаҳрамонии футболи ИМА-ро идома медиҳад.
Сабукии дигари Тоҷикистону Эрон ба шаҳрвандони ҳамдигар
Тоҷикистон ва Эрон рафтуои мардуми худро ба хоки ҳамдигар осон кардаанд.
Акнун барои он шаҳрвандони Тоҷикистону Эрон, ки шиносномаи хориҷӣ доранд ва мехоҳанд бо роҳи заминӣ ё тавассути давлати севум ба ин ду кишвар бираванд, раводид ё виза зарур нест.
Сайидҷон Шафизода, муовини сардори Раёсати иттилоот ва матбуоти Вазорати корҳои хориҷӣ, гуфт, ин муқаррарот аз 5-уми октябр ба иҷро даромад.
То ин дам танҳо шаҳрвандоне, ки бо ҳавопаймо байни ду кишвар рафтуо мекарданд, аз гирифтани раводид озод буданд.
"Низоми мазкур тавассути гузаргоҳҳо, аз ҷумла гузаргоҳҳои заминӣ, фурудгоҳҳои байналмилалӣ ва хатсайрҳои ҳавоӣ аз кишварҳои сеюм… амалӣ карда мешавад," – афзуд Сайидҷон Шафизода.
Шаҳрвандони Тоҷикистон ва Эрон ҳақ доранд ба муҳлати 30 рӯз (дар давоми се моҳ) бидуни раводид ба кишварҳои якдигар ворид ё аз он берун шаванд ва ё муваққатан иқомат кунанд.
Муносибати Тоҷикистону Эрон, ки чандин сол сарду печида буд, соли 2019, пас аз имзо шудани санаде тағйир ёфт ва рӯ ба гармӣ овард. Ин ду кишвар забону фарҳангу таърихи ягона доранд ва дар айни замон аз ҳампаймонҳои муҳиму муштараки Русия ба шумор мераванд.
Даҳҳо тоҷикистонӣ бо мақсади саёҳату тиҷорату табобат ба Эрон мераванд. Шаҳрвандони Эрон ҳам бештар барои тиҷорату дидани Тоҷикистон меоянд.
Тасмими нави Душанбеву Теҳрон дар ҳолест, ки парвози ҳавопаймоҳои ширкати эронии "Вориш” аз Эрон ба Тоҷикистон бо сабаби таҳримҳои Амрико дучори мушкил гаштааст.
Вазорати хазинадории Амрико аз 8-уми сентябр ҳамаи ширкатҳои ҳавопаймоии Эронро ба рӯйхати таҳримҳои худ шомил карда, аз 23-юми сентябр таҳримҳои дуюмдараҷаро барои расонидани хидматрасонӣ ба ҳама гуна ҳавопаймои эронӣ дар саросари ҷаҳон ба иҷро даровард.
Ҳалзен барандаи ҷоизаи Нобел дар бахши физика шуд
Профессор Франсис Ҳалзен аз Белгия барандаи имсолаи ҷоизаи Нобел дар бахши физика шуд.
Дар ин бора рӯзи 6-уми октябр дар маросиме дар Стокҳолм хабар доданд.
Ҳалзен дар Донишгоҳи Висконсин-Медисони Амрико кор мекунад.
Ҷоизаро барои нақши ҳалкунандаи ӯ “дар эҷоди зарраи нейтринои IceCube ва кашфи нейтринои баландэнержии астрофизикӣ” тақдим намуданд.
Франсис Ҳалзен соли 1988 аввалин касе буд, ки пешниҳод кард яхро дар Қутби Ҷанубӣ истифода карда, нейтринои аз кайҳони дур ба замин расандаро маълум кунанд.
Соли 2011 бо заҳматҳои ӯ дар Антарктида расадхонае бо номи IceCube таъсис шуд ва он аз яхи калоне дар ҳаҷми як километри мукааби насбшуда бо дастгоҳҳои ба нур ҳассос иборат мебошад. Ба шарофати ин кор соҳаи нави илм бо номи астрономияи нейтринӣ эҷод гардид.
Қарор аст, ба зудӣ номи барандагони ҷоизаи имсолаи Нобел дар бахши кимиё, адабиёт ва барандаи ҷоизаи сулҳ эълон шавад.
Фиристодаи вижаи Трамп гуфт, “ӯ мехоҳад ба Узбекистон равад”
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, барои дидани Узбекистон майл нишон додааст, аммо замони сафари ӯ ҳанӯз маълум нест.
Дар ин бора Паоло Замполли, фиристодаи вижаи Трамп дар масоили шарикии ҷаҳонӣ, дар суҳбат бо телевизиони давлатии "Узбекистон 24" дар шаҳри Тошканд хабар дод.
Ӯ аз ҷумла гуфт: "Президент барномаи зиёди корӣ дорад, вале ӯ ба ман дар бораи нияти сафар ба Узбекистон гуфта буд. Ман ҳам ҳамеша ин мавзуъро матраҳ мекунам. Як рӯз ҳатман ба Узбекистон меояд. Умедворам, ки ин сафар ҳарчи зудтар анҷом мешавад."
Ин хабар дар остонаи сафари ҳайати бузурги тиҷоратии Амрико ба Узбекистон ва мулоқоти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо котиби давлатии ИМА Марко Рубио дар шаҳри Самарқанд нашр шудааст.
Қарор аст, нишаст моҳи октябр барпо шавад ва ба қавли Серҷио Гор, фиристодаи вижаи Амрико дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ, мақсади он тақвияти мавқеи тиҷоратии Вашингтон дар Осиёи Марказӣ аст.
Паоло Замполли дар мусоҳибааш таъкид кардааст, ки муносибатҳои президенти Амрико Доналд Трамп бо Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбекистон бисёр хуб аст. Мирзиёев борҳо Трампро барои боздид аз Узбекистон даъват кардааст.
Маъмурияти Кохи Сафед солҳои охир ҳамкориро бо кишварҳои Осиёи Марказӣ бештар карда, аз ҷумла дастрасӣ ба маъданҳои табиии ин кишварҳоро муҳим донистааст.
Амрико ба Тоҷикистон як низоми паҳподӣ дод
Амрико ба Горди миллии Тоҷикистон як низом ё сомонаи ҳавопаймоҳои бесарнишин дода, онро “имконияти нав ва тақвияти шарикӣ” номидааст.
Сафорати Иёлоти Муттаҳида 6-уми октябр дар баёнияе гуфт, ин низоми паҳподӣ “барои тақвияти амният дар сарҳад ва вокуниши муассир ба ҳолатҳои фавқулода мусоидат хоҳад кард”.
“Иёлоти Муттаҳида ва Тоҷикистон дар 35 соли гузашта барои эҷоди минтақаи амнтар ва босуботтар бо якдигар ҳамкорӣ кардаанд,” – гуфта шудааст дар баёнияи сафорат.
Манбаъ ҷузъиёти дигаре наовардааст.
Иёлоти Муттаҳида аз соли 1991 то кунун ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 400 миллион доллар кумаки амниятӣ кардааст.
Ин ёриҳо асосан барои ҳифзи сарҳад, мубориза бо терроризм, омӯзиши нерӯҳои амниятӣ ва рушди зербунёдҳо дар марз сарф шудаанд.
Вашингтон дар ин муддат беш аз даҳ дидбонгоҳи сарҳадиро дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон низ сохта ё таъмир кардааст. Аз ҷумла, бунёди қисми сарҳадии “Айвоҷ” дар ноҳияи Шаҳритус 14,5 миллион доллар харҷ дошт.
Номи барандагони ҷоизаи Нобел дар бахши тиб маълум шуд
Номи барандагони имсолаи ҷоизаи Нобел дар бахши физиология ва тиб рӯзи 5-уми октябр эълон шуд. Онро муҳаққиқон Карл Дейссерот, Петер Ҳегеман ва Георг Нагел барои "кашфиёт дар бахши каналҳои ионии ҳассос ба нур ва оптогенетика" гирифтанд.
Кумитаи Нобел гуфт, Ҳегеман ва Нагел сафедаи "каналородопсин"-ро кашф карданд, ки ҳангоми ворид шудан ба ҳар ҳуҷайрае дар баробари нур ҳассос мешавад.
Донишманди сеюм Дейссерот "ин сафедаро ба калиде бо қобилияти назорати нурӣ барои ҳуҷайраҳои асаб табдил додааст".
"Акнун ин шеваи назорат аз аломатҳои асабро бо ёрии нур оптогенетика меноманд ва он аҳамияти ҷаҳонӣ касб кардааст," -- навиштааст Кумитаи Нобел.
Оптогенетика имкон медиҳад, ки роҳи ташаккулёбии хотира, эҳсосот ва рафтор дар мағзи сари инсони зинда мушоҳида шавад. Кумитаи Нобел навишт: “Ҳар рӯз як ихтирои нав мешавад, ки ба кашфи асрори инсоният – тарзи кори мағзи сари одам имкон медиҳад."
Бо шурӯи ҳафтаи эълони барандаҳои ҷоизаи Нобел, қарор аст, номи ғолибони ин ҷоизаи бонуфузтарини ҷаҳонӣ дар бахши физика, кимиё, адабиёт, иқтисод ва сулҳ базудӣ маълум шавад.
Тоҷикистон чораҳои беҳдоштиро дар марз тақвият додааст
Тоҷикистон баъди гузоришҳо дар мавриди вабо дар Русия бо ҳадафи пешгирӣ аз бемории сироятии хатарзо чораҳои беҳдоштиро дар гузаргоҳҳои марзӣ тақвият додааст.
Дафтари матбуоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон рӯзи 5-уми октябр хабарро тасдиқ кард, аммо ҷузъиёт надод.
Дар ҳамин ҳол, хабаргузории "Азия-Плюс" аз қавли Саид Давлатзода, сардори раёсати амнияти санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ, навишт, ки ҳарорат ё таби мусофиронро дар сарҳад месанҷанд.
Инчунин, ба гуфтаи ӯ, аз мусофирон пурсида мешавад, ки оё нишонаҳое аз дилбеҳузурӣ, дарди сар, заъфи бадан ва дарди мушак доранд ё на.
Ӯ аз мусофироне, ки аз Русия меоянд, даъват кардааст, ҳангоми доштани яке аз ин нишонаҳо ҳатман ба мутахассисон муроҷиат кунанд.
Сабаби роҳандозӣ шудани чунин тадбирҳо марги як зани 28-сола дар бемористоне дар вилояти Иркутски Русия мебошад.
Матбуот ва саҳифаҳои мухталиф дар Телеграм навиштанд, ки ин зан рӯзи 25-уми сентябр дар як озмоишгоҳ шишаи дорои манбаи ваборо шикаст ва худаш ба беморхона интиқол ёфт. Мақомоти беҳдоштӣ гуфтанд, ин зан аз “илтиҳоби шуши табиаташ номаълум” даргузашт.
Дар Қазоқистон ва Қирғизистону Узбекистон ҳам эълон карданд, ки чораҳои беҳдоштиро дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ сахттар кардаанд.
Ҳамлаи шабонаи Русия бо 205 паҳпод ба Украина
Мақомоти низомии Украина гуфтанд, ки Русия шаби 4 ба 5-уми октябр бо 205 паҳпод ё ҳавопаймои бесарнишин ба ин кишвар ҳамла кард.
Аз ин теъдод танҳо 172 паҳподро маҳв намудаанд.
Шаҳрдори Харков, Игор Терехов, гуфт, бар асари бархӯрди паҳподҳои Русия ба манзилҳои истиқоматӣ як нафар кушта ва дастикам ҳашт тан захмӣ шуд.
Хадамоти давлатии ҳолатҳои фавқулодаи Украина хабар дод, ки низомиёни Русия ба ноҳияи Индустриали Харков низ ҳамла кардаанд.
Дар натиҷа бинои дуошёнаи маъмурӣ ва чанд мошин оташ гирифта, ба хонаҳои мардум зарар расид.
Дар ҳамин шаб вилояти Одесса низ мавриди ҳамла қарор гирифтааст. Ҳарчанд касе осеб надид, ба қавли раиси маъмурияти вилояти Одесса Олег Кипер, “сӯхтори густурдае сар зад.”
“TAS” наворҳои Галустянро дар Душанбе аз саҳифаҳояш пок кардааст
Ширкати сохтмонии “TAS International Group” наворҳои ҳузури Михаил Галустян, ҳаҷвнигори русро дар як ҳамоиш дар Душанбе аз саҳифаҳояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ пок кардааст.
Михаил Галустян, ки бештар ӯро барои нақшҳои таҳқиромезаш нисбат ба муҳоҷирони тоҷик мешиносанд, рӯзи 30-юми сентябр бо даъвати ин ширкат ба Тоҷикистон омада буд.
Масъулони “TAS” сабаби ҳазфи наворҳоро шарҳ надодаанд, вале пештар аксу видеои пешвози ҳаҷвнигори рус ро бо нону намак ва иштирокаш дар муаррифии як тарҳи сохтмониро дар Душанбе нашр карда буд.
Сафари Михаил Галустян ба Тоҷикистон хашми фаъолони тоҷикро дар шабакаҳои иҷтимоӣ барангехт. Аксарият даъвати ӯро “таҳқир ба миллат” номида, дархост карда буданд, ки ӯро ба кишвар роҳ надиҳанд.
Галустян ба ин даъватҳо ҳеч вокунише накардааст.
Нақши Михаил Галустян дар силсиланамоиши ҳаҷвии “Наша Russia” дар соли 2010 эътирози тоҷиконро ба бор оварда буд.
Дар ин мазҳакаи телевизионӣ ду муҳоҷири корӣ бо номҳои "Равшан" ва "Ҷамшуд" нодону бесавод тасвир ёфтаанд, ки қоидаҳои одитарини зиндагиро намедонанд ва гуё ба забони тоҷикӣ гап мезананд.
Ин мазҳакаи телевизиониро фаъолони муҳоҷирон таҳқири тоҷикон номида буданд.
Михаил Галустян 46 сол дорад ва дар тарҳи телевизионии “Наша Russia” нақши “Равшан”-ро бозӣ кардааст.
Саида Мирзиёева гуфт, бо Трамп мулоқот кард, аммо ҷузъиёт надод
Саида Мирзиёева, духтари калонии раисҷумҳури Узбекистон ва ҳамзамон раҳбари дастгоҳи иҷроияи президенти ин кишвар, бо нашри аксе аз мулоқот бо раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп хабар дод.
Ӯ рӯзи 2-юми октябр дар саҳифааш дар шабакаи “Х” навишт, ки дидору гуфтугӯ бо раҳбари Иёлоти Муттаҳида барояш мояи ифтихор аст.
Мирзиёева ҳамин хабарро дар саҳифааш дар Телеграм ҳам нашр кард, аммо ҷузъиёт надод. Маълум нест, дар ин дидор дар бораи чӣ суҳбат шудааст. Кохи Сафед ҳам дар ин бора хабаре нашр накардааст.
Саида Мирзиёева бо як сафари корӣ дар Иёлоти Муттаҳида қарор дорад. Ӯ ҳафтаи гузашта аз минбари Маҷмаи умумии Созмони Милал ба унвони намояндаи кишвараш суханронӣ кард.
Вай дар мақоми раиси дастгоҳи иҷроияи президенти Узбекистон салоҳиятҳои худро бештар ва ҷойгоҳашро қавитар кардааст. Саида Мирзиеёваро як муддаии эҳтимолии курсии президентӣ дар оянда дар Узбекистон меноманд.
Вазъи саломатии муҳоҷирони кориро дар Тоҷикистон кӣ месанҷад?
Маркази миллии таҳқиқоти пизишкӣ дар Русия масъули санҷиши тиббии муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон таъйин шудааст.
Қарорро дар ин бора Михаил Мурашко, вазири тандурустии Русия, рӯзи 28-уми сентябр тасдиқ кард.
Намояндагони ин марказ пеш аз сафар вазъи саломатии муҳоҷиронро дар Тоҷикистон хоҳанд санҷид. Аз хадамоти ин идора ҳамчунин барои ирсоли гурӯҳии муҳоҷирон ба кор дар Русия истифода хоҳад шуд.
Ҳанӯз Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар бораи иҷрои ин қарор хабар надодааст, аз ҷумла маълум нест, ки идораи санҷиши саломатии муҳоҷирон дар куҷо ва дар чӣ шароит амал хоҳад кард.
Созишномаи ташхиси муҳоҷирон моҳи октябри соли 2025 аз сӯи мақомоти Тоҷикистону Русия имзо шуда, баъди тасвиб аз сӯи порлумонҳои ду кишвар иҷроӣ гардид.
Ин санад "қоидаҳои муоинаи тиббии шаҳрвандони Тоҷикистон, инчунин расондани хадамоти дигари тиббиро тибқи қонунгузории Русия ба танзим меорад".
Ҳар сол садҳо ҳазор нафар барои кор аз Тоҷикистон ба Русия мераванд.
Муҳоҷирон борҳо аз мушкил будани гирифтани санади тиббӣ дар Русия шикоят кардаанд. Ҳоло рӯшан нест, ки бо гузаштан аз муоинаи тиббӣ қабл аз сафар, ин мушкили муҳоҷирон то куҷо кам хоҳад шуд.
Боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон бо гумони ифротгароӣ дар Абхозистон
Мақомоти интизомии Абхозистон аз боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон хабар доданд, ки ба гуфтаи онҳо ба таблиғи ифротгароӣ ва ҳимояти ошкоро аз фаъолиятҳои террористӣ муттаҳам мешавад.
Дар як видеое, ки мақомоти амниятии Абхозистон рӯзи 2-юми октябр дар Фейсбук нашр кардаанд, гуфта мешавад, Хуршед Ойматови 36-сола аз Тоҷикистон, дар ин ҷумҳурии худхонда иқомат мекард ва пайваста ақидаҳои исломи ифротиро аз тариқи интернет паҳн мекард.
Дар ин видео, ки саҳнаи боздошти шаҳрванди Тоҷикистон дар як вайронаро ҳам нишон медиҳанд, гуфта мешавад, ӯро дар ҳамкорӣ бо ФСБ ё Хадамоти Амнияти Федеролии Русия дастгир карда, барои муҳокима ба дасти маъмурони амниятии ин кишвар супурдаанд.
Назари муттаҳам ба ҷиноят маълум нест, вале дар гузашта афроди дигаре бо айни иттиҳом дар Абхозистон дастгир шудаанд.
Даъвати тирамоҳии ҷавонон ба артиш. Мақомот чӣ мегӯянд, мардум чӣ?
Маъракаи тирамоҳии даъвати ҷавонон ба артиши Тоҷикистон рӯзи якуми октябр шуруъ шуд.
Расонаҳои давлатӣ аз маросими ботантанаи гусели ҷавонон ва мақомоти баъзе аз шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон “аз сад дарсад” иҷро шудани нақша хабар доданд.
Пушти ин маросими ботантана воқеиятҳои дигарест, ки аксар аз тарси мақомот аз гуфтанашон метарсанд.
Ҳарчанд, мақомот аз ихтиёрӣ ҷалб шудани ҷавонон хабар медиҳанд, чанд падару модар аз шаҳру ноҳияҳои гуногун рӯзи 2-юми октябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки аз қабл зери фишор фарзандони муҳоҷирашонро аз хориҷ баргардонда, ба артиш фиристоданд.
Мақомот мегӯянд, шароит дар артиш хуб шудааст, вале марги сарбозон дар артиш ва ҷалби ҷавонони маъюб ҳанӯз дида мешавад.
Радиои Озодӣ танҳо дар як соли охир дар бораи марги наздик ба 10 сарбоз ва ҷалби ду ҷавони бемор ба артиш хабар дод.